Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

Мӯйсафед бархосту хирсро кашида ба таҳхона овард.

Рӯзи дигар кампир гӯсоларо барои чаро кардан ба алафзор бароварду ба хона баргашт. Аз беша гург баромад. Ба назди гӯсола омаду пурсид:
— Ку бигӯй, ту кистӣ?
— Ман гӯсораи коҳӣ, баданам қатронӣ.
— Аз қатронат андаке ба ман бидеҳ то ба паҳлуям, ки сагҳо газидаанд, бимолам.
— Бигир.
Гург чанг зад, ки қатрон бигирад, вале панҷааш ба бадани гӯсола часпид. Кампир аз тиреза нигоҳ карда дид, ки гӯсола гургро кашида оварда истодааст. Ба зудӣ мӯйсафедро хабар кард. Мӯйсафед гургро ҳам ба таҳхона даровард.

Рӯзи сеюм кампир боз гӯсоларо ба чарогоҳ баровард. Ин дафъа ба назди гӯсола рӯбоҳаке давида омад.
— Ту кистӣ? — пурсид рӯбоҳак.
— Ман гӯсораи коҳӣ, баданам қатронӣ.
— Ба ман андаке коҳ бидеҳ, то ки ба паҳлуям бигузорам. Аз газидани сагҳо порае аз пӯсту мӯям канда шудаанд.
— Бигир!
Панҷаи рӯбоҳак ҳам ба бадани гӯсола часпид. Мӯйсафед рӯбоҳакро ҳам дар таҳхона ҷой кард. Рӯзи дигар харгӯшак ба даст афтод ва мӯйсафед ӯро низ ба таҳхона даровард.

Мӯйсафед дар назди таҳхона нишасту кордашро тез кардан гирифт. Хирс аз ӯ пурсид:
— Мӯйсафед, барои чӣ кордатро тез мекунӣ?

пешина
аз 87
навбатӣ