Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

ГӮСОЛАИ КОҲИВУ ҚАТРОНИ

Замоне пиру кампире мезистанд. Онҳо хеле камбағал буданд, ҳатто бузу мург ҳам надоштанд. Рӯзе кампир ба мӯйсафедаш гуфт:

  • Эй мӯйсафед, аз чӯбу коҳ гӯсолае бисоз ва ба танааш қатрон1 бимол.
  • Гӯсоларо ту чӣ кор мекунӣ? - ботааҷҷуб пурсид мӯйсафед.
  • Ту бисоз, он тарафаш кори ман.
    Мӯйсафед аз чӯбу коҳ гӯсола сохт ва ба баданаш қатрон солид.

Субҳгоҳон кампир гӯсоларо чаро бароварду ба хона баргашт. Аз беша хирсе баромад. Гӯсоларо диду ба наздаш омада пурсид:

  • Ту кистӣ?
    Гӯсола ба забон омаду гуфт:
  • Ман гӯсолаи коҳӣ, баданам қатронӣ.
  • Агар қатронӣ бошӣ, аз он андаке ба ман бидеҳ, то ба паҳлуи харошидаам бимолам.
  • Бигир, - гуфт гӯсола.
    Хирс ба паҳлуи гӯсола чанг зад, панҷааш ба қатрон часпид. Зӯр мезад, вале панҷаашро гирифта наметавонист. Кампир аз тиреза нигоҳ мекард, ба мӯйсафедаш гуфт:
  • Нигоҳ кун, гӯсолаи мо хирсро қапид.

1 Қатрон - шираи часпак ва равғанмонанди сиёҳе, ки аз чӯби дарахтони санавбар, ар-ар ва ангишт мегиранд

пешина
аз 87
навбатӣ