Қонуни тиб

Ин [бахшҳоро] аз он ҷое, ки омосро иҳота кардаанд, бибуранд ва ҳамаи рагҳои ғизодиҳандаи [саратонро] якто намонда бизананд. Баъд аз ин бигузоранд, то аз он хуни зиёд биравад. Гоҳе пеш аз он танро аз моддаи бад аз тариқи исҳол ва рагзанӣ пок созанд ва сипас покии онро бо ғизоҳои хубкамму кайф додан ва бо тақвият додани қувваи ронандагии андом нигоҳ доранд. Вале буридан аксар вақт бар бадии ӯ биафзояд. Гоҳе баъди буридан ба доғ ниҳодан эҳтиёҷ биафтад, вале гоҳе доғ ниҳоданро хатари бузург бошад ва ин ҳангомест, ки агар саратон ба андомҳои сарвар ва нозук наздик бувад. Яке аз пешиниён ҳикоят кардааст, ки пизишке пистони ба саратон гирифтори [занеро] чун аз бун буридааст, пистони дигар ба саратон гирифтор шудаст. Ман мегӯям, ки шояд он андар роҳи саратон шудан будааст ва ин ҳолат ба он тасодуф афтодааст ва ё ин шояд аз тариқи бад-он сӯй гузаштани модда рӯй дода бошад. [Эҳтимоли ахир] дурусттар бувад.
Фасли чаҳордаҳум зикри тадбири исҳол овардан ба ҳангоми саратон170
Ба бемор борҳо бо фосилаҳои якчандрӯзӣ андар миён ҳар боре чаҳор мисқол афитимун бо оби панир ва ё оби ангубин ва ё ҷӯшонидаи афитимун бо сикангубин бояд бидиҳанд, вале ба касони боқувват ёраи харбақ бояд дод.
Фасли понздаҳум зикри доруҳои аз берун гузоштании саратон
Мурод аз доруҳои аз берун гузоштании саратон чаҳор ғараз бошад: аслан бартараф кардани саратон, ки ин душвор аст; пеши зиёдшавии онро гирифтан; пеши решшавии онро гирифтан; ва муолаҷаи реши он.
Ба ҳангоми доруҳое, ки бо онҳо саратонро бекор кардан бихоҳанд, ба он доруҳое муроҷаат кунанд, ки хусусияти ҳал кардани моддаи бади ҳосилшуда ва рондани моддаи омодаи андар андом ҳосил шуданро доранд, вале набояд онҳо сахт қавӣ ва баҳаракатоваранда бошанд, зеро доруҳои қавӣ бадии саратонро афзоиш хоҳанд дод.
Ҳамчунин, аз доруҳои сӯзишовар низ боистӣ онро дур дошт. Бинобар ин доруҳои аз барои он хуб доруҳои маъдании шуста мебошанд. Мисоли он тӯтиёи шустаест, ки бо он аз равғанҳо, масалан, равғани гул ва равғани хайрӣ омехта бошанд. Аммо ба боз доштани афзоиши он аз тариқи мағлуб сохтани модда, ислоҳи ғизо, бо доруҳои пасгардонандаи маъруф тақвият додани андом ва аз тариқи ба кор бурдани доруҳои андудании маъданӣ ноил шаванд. Мисоли [андуданиҳои маъданӣ] андуданиест, ки аз судаи санги осиёб ва санги фасон бигиранд ва ё андудании аз моддае сохта шуда бошад, ки аз рутубати равғани гул ва ё оби кашнизи бар зерсанг рехта андар миёни рӯсангу зерсанги сурбӣ ба тариқи ҳал шудан ҳосил шавад. Низ, зимод кардани ғӯраи ангури кӯфта хубу судманд аст.
Доруҳое, ки мурод аз онҳо пеши решшавӣ гирифтан аст, ҳамон доруҳои андуданиест, ки аз барои боз доштани афзоиш ёд шуданд, вале ба шарте ки сӯзишоваранда
набошанд. Ҳамаи онҳо хусусан ҳангоме суд бахшанд, ки агар онҳоро бо моддаи андар миёни рӯсангу зерсанги сурбӣ падид оянда, ки ёд шуд, омехта созанд. Агар андар маҷмӯи [онҳо] гили махтум, ё гили арманӣ, ё равғани зайтуни норасид, ё оби ҳамешабаҳор, ё сафеда бо фишурдаи коҳу, ё луоби аспғул ва ё сафедаи сурбӣ бидароянд, таркиби хубе падид хоҳад омад. (138) Яке аз тадбирҳои ба ғоят судманд ин аст, ки саратони рӯдии тозаро хусусан бо иқлимиё зимод кунанд.
Аз барои муолаҷаи реш яке аз тадбирҳои хуб ин аст, ки ҳамеша болои онро бо пораи катони андар оби ангури сагак оғушта бипӯшонанд ва ҳар бор, ки қариби хушкидан ояд, бар вай аз он об бипошанд. Аз мағзи гандум, кундур ва сафедаи арзизӣ як дирамӣ ва аз гили арманӣ, гили махтум ва сабри шуста ду дирамӣ гирифта, ҳамаро якҷоя бисованд ва бар реши тар ба шакли хока ва бар реши хушк ба шакли марҳами бо равғани гул омода сохта ба кор бибаранд. Гоҳе инро хокистари саратон ҳамроҳи мумравғане суд бахшад, ки бо равғани гул сохта бошанд ва аз ҳама беҳтар он аст, ки бо вай, масалан, иқлимиё омехта созанд.
Гоҳе дигар аз барои он доруи тӯтиё ва тӯтиёи шуста бо оби хурфа ва ё бо луоби аспғул судманд буванд.
Фасли шонздаҳум андар баёни омосҳои бодӣ ва дамидагиҳои мушакҳо
Бархе аз омосҳои бодӣ аз бухори латиф хезад ва шабеҳи бодгирифтагӣ ва ба равиши он бошад. Бархе дигар аз бухори бодӣ хезад, ки онро «дамидагӣ» хонанд ва хусусияти муқовамат намудан ва тобандагӣ дорад. Гоҳе агар даст бар вай бизананд ва хусусан агар андар фазое ҷамъ шуда бошад, ки чун [фазои] меъдаву рӯдагон, ё чун фазои миёни пардаҳои болои устухонҳову худи устухонҳо, ё чун фазои миёни пардаҳои болои мушакҳову мушакҳо ва ё чун фазои миёни пӯшиши ватарҳо кушод бошад, овоз барорад. Гоҳе ин [бодҳо] мумкин аст на андар миёни фазоҳои кушод даромада бошанд, балки андомҳои пайвастаро аз ҳам ҷудо карда, андар миёни онҳо даромада бошанд ва ё андар худи андомҳо зода шуда, боиси даридани онҳо гардида бошанд. Бод ба сабаби зичию ситабрии хеш ва ба сабаби зичии чизи гирди онро гирифта ва тангии масомҳои он боқимонда банд бигардад. Гоҳе мумкин аст ягон касро гумон ояд, ки яке аз андомҳои ӯ, масалан, зонуяш, варам карда, эҳтиёҷ ба шикофтан дорад, вале чун онро бишикофанд, фақат бод берун ояд.
Фасли ҳафтдаҳум андар илоҷ
Илоҷи оне, ки ба бодгирифта монанд аст, чун илоҷи бодгирифта бошад, вале ба ҳангоми илоҷи дамидагӣ ба доруе эҳтиёҷ бошад, ки пӯстро ковок кунад, чизи андар вай бударо ба таҳлил берун орад ва бар маҳалли [беморӣ] муддати дароз истодан тавонад. Ногузир бояд он ба ғоят латиф бошад, то ба тавассути латифии бахшҳои хеш сахт андарун рафтан битавонад. Гоҳе ба ниҳодани миҳҷамаҳои бе буриш эҳтиёҷ биафтад, то онҳо дамидагиро бикашанд.
Аз ҷумлаи доруҳои аз берун гузоштании он равғанҳои гарм ба шумор бираванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор