Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар ин гуна ҳолат аз истифроғ овардан, пок сохтан, латиф сохтани ғизо ва ба нармӣ ба кор бурдани доруҳои ҳалкунанда чора нест. Мо марҳами паямбаронро, ки ба салихиён (ёрони Масеҳ, алайҳиссалом) мансуб аст, ҳангоми хукакҳои душвори решшуда ба ғоят таъсирнок дарёфтем, лекин бояд ба нармию созандагӣ ба кор бурд.
Яке аз марҳамҳои аз барои хукакҳо дӯстдошта марҳами диёхилун аст. Гоҳе бо ин марҳам доруҳои дигареро биомезанд, ки онро таъсирноктар кунанд ва мисолашон инҳост: бехи савсан, ки хусусан андар ин бора дорои хосият аст; саргини буз; саргини гӯсфанд; тухми сипандон; бехи хиёри даштӣ; мавизи кӯҳӣ; анҷире, ки пеш аз пухтан афтида, хушк шуда бошад; ё орди боқилӣ; бодоми талх; ва муқл. Ҳамаи инро бо он [марҳам] ҷамъ намуда, ба кор бибаранд.
Яке аз марҳамҳои хуб ба сифати зерин аст: аз орди ҷав, боқилӣ ва пиҳи ғоз як бахшӣ ва аз бехи ҳанзал, шабби яманӣ, бехи савсан ва зифти тар ним бахшӣ гирифта, баъд аз гудохтани пиҳу зифт андар равғани зайтун ҳамаро аз тариқаи маълуми совидан бо равғани зайтуни куҳан ҷамъ созанд. Як марҳами хубе, ки андар як ҳафта ва ё камтар аз он, яъне андар се рӯз хукакҳои сахтро ҳал кунад ва Ҷолинус онро андар Қотоҷонис тавсиф кардааст, онро аз хардал, тухми газна, гӯгирд, кафки дарё, зарованд, муқл, уша, равғани зайтуни куҳан ва мум бисозанд.
Дигар аз доруҳое, ки бар онҳо биниҳанд, зифти омехта бо орд ва ё бо унсул, ё зифти омехта бо бехи совидаи каранб, бехи кабар бо муқл, боқили мисрӣ бо сирко ва ангубин, ё бо сикангубин ва ё саргини гов мебошанд, ки ҳамаро якҷоя ва ё бо сирко ҷӯшонида [ба кор бибаранд]. Ҳамаи инҳоро бо пиҳи хук ва ё бо равғани зайтун [бигиранд].
Як доруе, ки хуб аст: чаҳор бахш ҳулба ва як бахшӣ оҳак ва натрунро гирифта, ҳамаро бо ангубин якҷоя созанд. Низ, бехи хиёри даштӣ ва барги даҳмастро ба шакли кӯфта бо сақизи хинҷак ва ё хокистари ҳар дуро бо [сақизи хинҷак] ҷамъ карда, [ба кор бибаранд]. Инчунин, орди говдона, саргини буз ва гӯсфанди хусусан кӯҳиро бо пешоби кӯдак якҷоя намуда, доруи олуданӣ бисозанд.
Ё як доруи дигар: даҳ бахш мурр, ҳафт бахш уша, панҷ бахш мавизаки асалии булут,161 як бахшӣ қинна, ки он борзад бувад ва шухи ошиёни магаси ангубинро гирифта, ҳамаро бикӯбанд.
Низ як ратлӣ аз мавизаки асалии хоида ва ротиёнаҷ ва се уқия борзадро андар ҳован афканда, ба ҳам ҷамъ созанд ва ин доруи олудании хубе бувад.
Яке аз доруҳои хуб: аз [мум],162 самғи санавбар, пиҳи бенамаки хук, ганданои кӯҳӣ ва зангор бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо доруи олуданӣ бисозанд.
Инчунин: як бахш ротиёнаҷ, ду бахш пӯсти мис ва аз ҳар кадоми шабби яманӣ ва зирних (134) чаҳор бахшӣ гирифта, аз онҳо доруи олуданӣ бисозанд.
Доруи қатрон, доруи хиёри даштӣ, доруи кундуша, доруи бо номи «асандус»163 маъруф ва доруҳое, ки аз анвоъи морҳо бисозанд, ҳама аз ҷумлаи доруҳои хуб ба шумор бираванд. Намуди содаи [доруи мор] чунин аст: мори мурдаро андар деге бигиранд, ки онро бо гили ҳикмат

андуда, андар танӯри фурӯзон бигузоранд, то хокистар шавад. Сипас ин [хокистарро] бо як чанди хеш аз сиркое бисириштанд, ки онро бо ангубини ним ба ним гирифта омехта бошанд. Аз ҷумлаи доруҳои хуб доруест, ки аз қардамоно, сипандон, саргини кабӯтар ва бо равғани зайтун бисозанд. Ҳамаи инҳо танҳо-танҳо низ судманд буванд. Орди говдона чи якҷоя бо онҳо ва чи алоҳида бо сирко ва ангубин ва ё бо зифт, мум ва равғани зайтун ҳамчунин аст. Низ, мавизи кӯҳӣ, натрун, ротиёнаҷ ва орди говдонаро гирифта, бо ангубин ва сирко ҷамъ созанд. Ё агар бехи савсан ва зағирро гирифта, андар шароб биҷӯшонанд ва баъд андар он ба миқдоре, ки мушоҳада тақозо кунад, саргини кабӯтар изофа кунанд ва ҳамаи онро ҳамчун зимод ба кор баранд, аҷиб хоҳад буд.
Пешоби шутури арабӣ ва бастаи онро чун ба шакли зимод ва ё марҳам ва омехта бо доруҳои хукакҳо санҷидаанд, судманд будааст. Муғос яке аз зимодҳои шигифтор аст.
Бархе аз [пизишкон], яъне ал-Киндӣ тасдиқ кардааст, ки агар нармустухони шохи бузро бисӯзанд ва як ҳафта ҳар рӯз ду дирамӣ ба бемор бидиҳанд, биошомад, ӯро шифо бахшад. Ҳар моҳе як ҳафта бояд чунин кард.
Бидон, ки бархе аз хукакҳо як андоза кайфияти саратонро доранд. Андар ин гуна ҳол бояд доруҳои гарми164 ёдшударо бо равғани гул сиришта, рӯзгоре чанд бигузоранд ва сипас ба кор баранд. Ба ҳангоми хукакҳое, ки мизоҷан бештар гарманд, доруҳои кашандаро набояд ба ифрот ба кор бурд, балки онҳоро, масалан, писти гандум бо оби кашниз кифоят бувад. Аз ин ҳам қавитар мурр бо дучанд аз ҳузаз аст, ки онҳоро бо оби кашниз маъҷун сохта бошанд. Чигунагии зиёд гирифтани оби кашниз ва ё зиёд гирифтани доруи дигар ба ҳасби мушоҳада ва ба муҷиби шиддатнокӣ ва ё камии афрӯхтагӣ бувад. Яке аз тадбирҳои судманд андар бинӣ афкандани равғани донаи шафтолуи муқашшари сӯхта мебошад.
Агар ба ҳангоми муолаҷаи хукакҳо ба истифода аз оҳан эҳтиёҷ биафтад, бояд ин чунин корро ба ҳангоми хукакҳои ҳамҷавори рагҳои бузург,165 рагҳои шариф ва асабҳо ба оҳистагию эҳтиёт иҷро намуд. Як кас ҳангоми шикофтани баъзе хукакҳо хато карда, ба як шохаи асаби баргарданда осеб расондааст ва аз ин овози [бемор] тамоман бекор шудааст. Гоҳе чунин ориз бигардад, ки асабро осебе нарасонанд, лекин онро андар баробари сардӣ кушода доранд ва аз ин мизоҷаш бад шуда, то ҳангоме аз кор бимонад, ки аз тариқи гарм кардан мизоҷи ӯ барқарор карда нашавад. Гоҳе ба хато видоҷро осеб бирасонанд ва андар ин ҳолат видоҷи аз ҳама хавфнок онест, ки дарунтар хобидааст. Бинобар ин бояд бари беосебтарро бурида, хукаки бад-он ҷой алоқамандро берун овард ва боқиро бо доруи тез нест кунанд, вале ба бари офатнок даст нарасонанд.
Фасли нуҳум андар баёни омосҳои сахт

Намуди холиси омоси сахти бо номи «сақирус» маъруф онест, ки на ҳис ӯро ҳамроҳӣ кунад ва на дард. Агар
ҳангоми он як миқдор ҳис, агарчи андак бошад ҳам, ҷой
дошта бошад, вай сақируси холис нахоҳад буд. Намуди
холис ва ҳам намуди ғайри холиси он, ки дорои як миқ дор ҳис аст, бе дард буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ