Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фалси ҳаштум
илоҷи намлаи говарсӣ, ки
яке аз намудҳои намла аст

Аз миёни намудҳои намла муолаҷаи намлаи говарсӣ ба муолаҷаи худи намла монанд аст, вале ба ҳангоми бо исҳол [муолаҷа] кардани он беҳтар он аст, ки андар таркиби доруи исҳоли он қувваи, масалан, турбид бо он чизе ҷой дошта бошад, ки сафроро ба исҳол оварад ва агар дорои қувваи афитимун бошад, беҳтар хоҳад буд, зеро андар ин миён аз будани савдо ва ё балғаме гузир нест, ки бо сафро омехта бошанд. Сипас мозу, газмозак, сандал, пӯстҳои анор ва гили арманиро гирифта, ҳамаро бо қадре аз сирко ва оби гул ба ҳам якҷоя созанд, ки сӯзиш наоваранд ва баъд онро бо пар бар [намла] биолоянд. Шири навдӯшида аз барои муолаҷаи ин иллат сахт созгор аст.
Ҳар гоҳ аз марҳалаи оғоз бигузарад, бояд онро, масалан, бо сари сӯхтаи моҳии шӯр аз тариқи тило намудан бо шароби тунд муолаҷа кунанд. Агар ба хушкиоварии ба ғоят қавӣ эҳтиёҷ биафтад, аз он ҳам қавитар ин аст, ки барги кӯфтаи райҳони кӯҳиро гирифта, андар он қалқадис биафзоянд ва ба кор бибаранд. Аз ин ҳам қавитар зангор ва гӯгирди зарди сӯхта аст, ки аз онҳо бо шароб ва ё бо оби кундаи токи ҳангоми сӯхтан таровида доруи олуданӣ омода созанд. (118) Фасли нуҳум «ахгар»136, «оташи форсӣ» ва ғайра

Ин ду номро гоҳе ба ҳар табише бидиҳанд, ки хӯранда, обилакунанда ва сӯзонанда буда, ба мисли сӯхтагии оташу доғниҳӣ хушкрешӣ ба амал орад, вале гоҳе аз инҳо исми «оташи форсӣ»-ро ба он табише аз ҷинси намла бидиҳанд, ки хӯранда, сӯзонанда ва дорои обилаҳои хазанда ва рутубат бувад. Вай сафровимоддаи камсавдо ва кам фурӯнишаста бошад. Вай бо табишҳои бисёр ва хурд ба амал ояд ва чунин бинамояд, ки андар он ҷой хилти тези бисёр ҷӯшишу табиш падидоваранда ҷой дорад.
Исми «ахгар»-ро бар чизе итлоқ кунанд, ки маҳалли худро сиёҳ намуда, андомро чун ангишт бигардонад ва бидуни рутубат бувад. Вай серсавдову фурӯнишаста ва табишҳояш ками бузургҳаҷм ва мисли боқилии мисрӣ бошанд. Гоҳе мумкин аст андар он ҷой ҳеҷ табише ба амал наояд, балки аз оғоз ҳамчун ахгар падид ояд. Ҳамаи инҳо мисли гар бо хориш оғоз ёбанд. Гоҳе «оташи форсӣ» ва ахгар обила карда, аз онҳо таровише ба монанди он чизе битаровад, ки ҳангоми доғмониҳо битаровад [ва он] сӯзонанда буда, маҳалли [дардро] бисӯзонад ва хокистарии сиёҳгун ва гоҳе арзизӣ бувад. Гирди он сахт афрӯхта буда, рангаш на сурхи холис, балки моил ба сиёҳӣ бошад.
Оне, ки ба исми «ахгар» махсус аст, сиёҳ буда, буни реш оташгун бошад ва тобиши ахгарӣ бидиҳад.
Аз миёни ҳар ду «оташи форсӣ» зудтар зоҳир шуда, зудтар ҳаракат кунад, вале «ахгар» оҳистатару нишастатар падид ояд.
Моддаи инҳо айни моддаи [дигар] табишҳо ва қубост, лекин ба ҳангоми «оташи форсӣ» тез бувад. Он чи аз инҳо андар гӯшт падид ояд, ба осонӣ ҳал шавад ва он чи андар асаб падид ояд, устувортару дертар ҳалшаван

да бувад. Ҳар кадом аз ин ду аз зардаи зарди сӯхтаи омехта бо савдо падид ояд. Ҳамчунин аз ҳар дуи инҳо хушкрешии сиёҳ ба амал ояд. «Оташи форсӣ»-ро сафровият шадидтар асту «ахгар»-ро савдовият. Ту метавонӣ ҳар дуи инҳоро ба сабаби як маънои умумӣ доштанашон нахуст «ахгар» номида, сипас ба намуд ҷудо бикунӣ ва ё метавонӣ ҳар дуро ба сабаби худи ҳамон маъно «оташи форсӣ» номида, сипас ба намуд ҷудо созӣ. Ё метавонӣ барои ҳар маъное як ном гузорӣ. Ҳамаи ин [намуд номниҳиро] ба кор бурдаанд ва инҳо аз ҳам чандон фарқе надоранд.
Гоҳе ба ҳангоми инҳо ва ҳангоми намудҳои намла ва [намлаи] говарсии бад табҳои сахти бад ва ҳалоккунанда ба амал оянд. Гоҳе ин [табишҳо] ба сабаби вабо падид оянд ва бисёр бошад, ки онҳо фалағмуниро монанд ва андар оғози пайдоиш ва хусусан андар соли вабоовар ба сиёҳӣ бигароянд.
Фасли даҳум илоҷи «ахгар» ва «оташи форсӣ»

Аз задани раг чора нест, то ки хуни сафровӣ ба истифроғ берун равад. Агар иллат бимнок бошад, ногузир бояд хунравиро то ба ҳадди беҳушӣ бирасонд. Гоҳе хусусан ба ҳангоми ахгар ба ҷарҳи амиқ эҳтиёҷ биафтад, то хуни бади андар он банд буда, ки табиати заҳрро дорад, берун резад. Агар модда моил ба сафровӣ бошад, чунин кор накунанд. Аммо оид ба муолаҷаи мавзеъӣ бошад, [бояд гуфт, ки] масалан, аз муолаҷаи «ахгар» чора нест, лекин набояд доруи олуданӣ ба ҳангоми «ахгар»
сахт сардиоваранда бошад, зеро модда ба ситабрӣ бигарояд ва низ он ба гунаест, ки баргаштани андаке аз он ҳам ба андарун таҳаммулнопазир аст, аз баҳри он ки вай моддаи заҳрнок бувад. Низ набояд доруҳои сахт қабзкунандаро ба кор бурд, зеро модда ситабри дер ҳалшаванда аст. Доруҳои ҳалкунандаро на ба ҳангоми оғози [беморӣ] ва на ба ҳангоми ба гаштан оғоз намудани илтиҳоб набояд ба кор бурд, зеро онҳо кайфияти моддаро афзоиш хоҳанд дод. Баръакс, бояд доруҳои хушккунандаеро ба кор бибаранд, ки ба изофаи ронандагӣ каме сардиоварандаю ҳалкунанда бошанд. Мисоли инҳо зимодест, ки аз забони барра, наск ва нони серсабӯс бисозанд,
– зеро гавҳари ин гуна нон латифтар бувад, – [62] ва ё он зимодҳоест, ки ба ҳамин монанд буда, андар Қарободин навишта шудаанд. Низ бояд мозуро бо сиркои хамрӣ ва замчро низ бо сиркои хамрӣ [ба кор бурд].
Яке аз доруҳои андар ин ҳангом ва минбаъд хуб [доруи зерин аст]: анори турушро гирифта, пора кунанд ва андар сирко то нарм шудан биҷӯшонанд. Сипас онро совида, бар порае бигиранд ва ба кор бибаранд. Ин андар ҳама ҳолат созгор аст ва ин иллатро ҳам андар марҳалаи оғоз ва ҳам анҷом барканад. Андар зимни доруҳои ин марҳала гавзи сабзу барги он бо пист, низ мавизу анҷир (119) бо шароб ва равғани хашхоши сиёҳ бидароянд. Аз ҳама беҳтар он аст, ки аз маҷмӯи инҳо зимод омода созанд.
Яке аз доруҳои андар бештари ҳолатҳо созгор чунин аст: ду дирамӣ афюн, ақоқиё, зоги сурх ва пӯстҳои анор, як дирам шукуфаи мис ва як дирам тухми банг. Амсоли ин гуна доруҳоро бар [омосе] биниҳанд, ки ҳанӯз реш нашуда бошад, вале ба ҳангоми омоси реш шуда аз истеъмоли доруи хушккунандаи қавӣ чора нест ва мисоли он доруи Андарун,137 [доруи] фаросиюн, қурсҳои сулувондурус,138 доруи қайшур бо шароби ширин ва ё майпухта ва дигар доруҳоеанд, ки андар илоҷи сурхбоди решшуда ва намлаи говарсӣ оварда шудаанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ