Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз ин рӯ, онҳо дар фикри баланд бардоштани савияи маърифати тиббии худ нестанд, дар кори муолаҷа фаъолона иштирок намекунанд ва табибро аксар вақт бо камхабарӣ ва бетарафии худ дар ҷабҳаи нигаҳдории тандурустӣ яккаву танҳо мегузоранд.
Хулоса, табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббиянд, то бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар мубодала карда тавонанд. Бинобар ин, ба забони тоҷикӣ гардондани китоби «ал-Қонун»
ва дар ихтиёри посдорони ин забон гузоштани он барои аз миён бардоштани монеаи забонии ёдшуда тақозои замон ва як иқдоми ниҳоят зарурист, зеро ҳеч китобе дар содагии матолиб, фарогирии соҳаҳои гуногуни тибби асримиёнагӣ ва ҳомили тамоми истилоҳоти тиббии қадимаи мо будан ба пояи «ал-Қонун» намерасад ва гузашта аз ин, китоби мазкур ба дил ва рӯҳи мардуми тоҷик бисёр наздик ва азиз аст. Шубҳае нест, ки барои пешрафт ва инкишофи забони тиббии омма, баланд бардоштани савияи худшиносии тиббии онҳо ва ба ҳам наздику мунис сохтани табибу бемор нақши бағоят бузург хоҳад бозид.
Собиқаи тарҷима
«Ал-Қонун» ба забоне таълиф шудааст, ки то инқилоб дар миёни аҳли илми мардуми мо ривоҷ дошт ва донистани он мояи ифтихор ва нишондиҳандаи дараҷаи саводнокӣ ба ҳисоб мерафт. Забони арабӣ барои мардуми мо ба иловаи забони дину идеология будан, забони илмӣ низ буд. Бинобар ин, аксарияти табибони пешин аз забони арабӣ бархурдории комил доштанд ва барои ба забони тоҷикӣ гардондани «ал-Қонун» чандон эҳтиёҷ набуд.
Вале бо вуҷуди он баъзе кӯшишҳое низ дар ин роҳ шудааст. Аз ҷумла, Мулло Фатҳуллоҳ ибни Фахруддини Шерозӣ китоби аввали «ал-Қонун»-ро ба забони форсӣ тарҷима кардааст ва ин тарҷима соли 1306 ҳ. (1888м.) дар Ҳинд ба усули чопи сангӣ ба табъ расидааст. Тарҷимаи мазкур ба сабки охири асримиёнагии саршор аз арабият анҷом ёфтааст ва дар баъзе ҳолатҳо аз ҳадди тарҷима таҷовуз карда, сурати шарҳро ба худ мегирад.
Тарҷимаи дигар иборат аз бахши ташреҳи китоби аввал буда, муаллифи он номаълум аст ва ин порча аз тарҷимаи «ал-Қонун» ба шакли дастнавис дар китобхонаи «Фотеҳ»-и Истанбул маҳфуз будааст. Ин буд баъзе аз кӯшишҳои асримиёнагӣ барои ба забони форсӣ гардондани «ал-Қонун».
Аммо аввалин иқдом барои ба усули ҳозиразамон тарҷима ва нашр кардани китоби «ал-Қонун» ба қалами донишманди эронӣ Абдурраҳмон Шарафкандӣ тааллуқ дорад.
Ҷилди аввали «ал-Қонун» таҳти тарҷимаи ин донишманд, бо таҳшияву таълиқоти илмии ду нафар мутахассиси тиббӣ
– доктор Абулқосими Покдоман ва доктор Муҳаммадризои Ғифорӣ ва зери назари доктор Ҳусайни Ирфонӣ соли 1357 ш./ 1979 м. дар Теҳрон ба табъ расидааст. Аммо тақдири тарҷима ва нашри ҷилдҳои баъдӣ ба мо маълум нест.
Ҷилди якуми тарҷимаи мазкур дар асоси нусхаи чопии «ал-Қонун», ки соли 1294 ҳ./ 1877 м. дар Булоқи Миср нашр шудааст, бо эътимод ва муқояса бо тарҷимаи англисии ин ҷилд, ки аз тарафи доктор Мазҳаршоҳ тарҷима ва дар Карочӣ соли 1966 ба табъ расидааст (39), сурат мегирад. Аз ин рӯ, дар баъзе ҳолатҳо тарҷимон агар матни арабиро бисёр печидаю муғлақ дарёфта бошад, мафоди онро аз тарҷимаи англисӣ овардааст. Сабки тарҷима бисёр хубу ифодакунанда аст, вале маҳдуд ба шеваи маҳаллии забони форсист. Масалан, ба ҷои калимаи «пудина»-и солими ҳамафаҳм шакли вайроншудаи гуфтугӯии он «пуна» омадааст. Илова ба ин, барои ба осонӣ дарёфтани матолиби муҳим тарҷимон ба иҷтиҳоди худ дар зимни фаслҳо баъзе унвонҳову табақабандиҳои нав ворид кардааст, ки ин то андозае таркиби матни аслиро тағйир медиҳад.
Оид ба қисмати таълиқот, ки аз тарафи мутахассисони соҳаи тиб нигошта шудааст, албатта, мо чизе гуфта наметавонем, вале дар асоси як далел метавон изҳори назар кард, ки шореҳон дар ин бобат чандон диққат ба харҷ надодаанд. Масалан, дар шарҳи мафҳуми «хилтҳо» чунин овардаанд: «Ахлот… моеест, ба чаҳор навъ: хунӣ, балғамӣ, сафровии зард ва сафровии сиёҳ. И. П. Павлов, физиолоҷисти шаҳири шӯравӣ, дар инсон чаҳор навъ хилт ёфтааст, ки дақиқан ба ахлоти дамавӣ, балғамӣ, сафровӣ ва савдовии мутақаддимин мутобиқат дорад». Аввалан, ин ки хилтҳо чаҳор ҷавҳареанд, ки пешиниён барои нишон додани асоси моддии чаҳор намуди мизоҷи инсон ба тахмин вазъ кардаанд. Бинобар ин, шарт нест, ки чаҳор хилти қадимиён ҳатман бошад ва агар бошад, ҳатман асоси чаҳор мизоҷ бошад. Кашфиёти дар ҳақиқат доҳиёнаи қадимиён дар зимни ин нуқтаи назар чаҳор мизоҷ аст, на чаҳор хилт. Дуввум ин, ки И. П. Павлов дар ҳеч ҷой даъво накардааст, ки чаҳор хилти қадимиёнро ёфтааст, балки ӯ маҳз чаҳор мизоҷи қадимиён дарёфтаро мавриди ситоиш қарор дода, алоқамандӣ ва айнияти онҳоро бо чаҳор намуд аз фаъолияти системаи олии асаб нишон додааст.
Ба ғайр аз ин, муставои тарҷима чандон қудрати моддию маънавии кунунии мардуми Эронро ифода намекунад, зеро анъанаҳои тибби қадима дар он ҷо ҳанӯз зиндааст, табибони баландихтисоси ҳозиразамон кам нестанд, забоншиносону матншиносони арабидони мӯшикоф ёфт мешаванд ва матну маводди ёрирасон ба қадри кифоят ҳаст, вале аз ин имконот ба таври шоиста истифода нашудааст. Ё худ, бино ба маълумоти Яҳёи Маҳдавӣ фақат дар китобхонаҳои расмии Эрон зиёда аз 22 нусхаи хаттии «ал-Қонун» маҷуд аст, ки дар миёни онҳо якчанд нусхаи мумтозу комил низ ёфт мешавад, вале мутаассифона, ҳеч кадом аз инҳо барои тарҷима мавриди истифода қарор нагирифтаанд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, хидмати донишмандони эронӣ шоистаи ситоиш аст ва ҳар чӣ дар ҳаққи тарҷимаи «ал-Қонун» ба форсӣ то имрӯз шуда бошад, маҳз ба қалами сеҳрангези эшон тааллуқ дорад.
Ҳамин тариқ, аз рӯи маълумотҳои мавҷуда тарҷимаи комили «ал-Қонун» ба ҳеч як аз шаклҳои забони форсӣ то ҳол анҷом наёфтааст.

пешина
аз 1215
навбатӣ