Қонуни тиб

Баъзе мулоҳазаҳо оид ба тарҷимаи русии «ал-Қонун»
Солҳои 1950–1960 ба ҳиммати баланди бародарони ӯзбек китоби «ал-Қонун» ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ ба шакли пурра тарҷима ва ба табъ расонида шуд. Дар кори тарҷимаи русӣ ва ба нашр ҳозир кардани он як ҳайъати калони илмӣ иборат аз 8 нафар арабшиносони баландихтисос аз қабили узви вобастаи АИ ҶШС Ӯзбекистон П. К. Булгаков, У.И. Каримов, доктори илмҳои филологӣ марҳум Ю. Н. Завадовский (1909–1979), В. В. Матвеев, номзади илмҳои филологӣ С. М. Мирзоев (1885–1961), номзади илмҳои филологӣ А. Р. Расулов, номзади илмҳои филологӣ М. С. Салье (1899–1962) ва К. В. Юнусов ба сифати тарҷимонҳо, доктори илмҳои филологӣ А.
К. Арендс (1893–1977) ба сифати муҳаррири филологӣ, аъзои ҳақиқии АИТ ИҶШС профессор В. Н. Терновский (1888–1976) ба сифати муҳаррири тиббӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни тиббу биология, аз қабили аъзои ҳақиқии АИТ ИҶШС фармаколог С. В. Аничков, узви вобастаи АИТ ИҶШС фармаколог В. М. Красик (1894– 1964), аъзои ҳақиқии АИТ ИҶШС отоларинголог Б. С.
Преображенский, аъзои ҳақиқии АИТ ИҶШС невропотолог И. Н. Филимонов, узви вобастаи АИТ ИҶШС офтальмолог Б. Н. Архангельский, узви вобастаи АИТ ИҶШС профессор Б. Д. Петров, профессор А. Ф. Гаммерман, доктори илмҳои тиб проф. В. П. Калашников, узви вобастаи АИ Ӯзбекистон А. А. Аскаров, доктори илмҳои тиб В. К. Ҷумъаев ва профессорон И. К. Комилов ва И. И. Компансев ба сифати нозирон ва мушовирони тиббӣ иштирок намуданд.
Дар ихтиёри тарҷимонҳо акси беҳтарин ва қадимтарин нусхаҳои хаттии «ал-Қонун» аз қабили нусхаҳои Лейден, Ленинград ва Озарбойҷон, нусхаҳои чопии он аз қабили нусхаи Рум (соли 1593 м.) ва нусхаи Булоқ (соли 1877 м.), шарҳу ҳошияҳои муътабари «ал-Қонун» аз қабили шарҳи Фахруддини Розӣ ва шарҳи Қутбуддини Шерозӣ, осори ҳукамои Юнон, ки марҷаи асосии «ал-Қонун» аст, аз қабили осори Буқрот (460–355 қабл аз м.), Теофрастус (370
– 285 қабл аз м.), Дисқуридус (асри I милодӣ) ва Ҷолинус (131–201 м.), тарҷимаҳои лотинӣ ва ба забонҳои аврупоӣ анҷом ёфтаи «ал-Қонун», адабиётҳои дастурӣ ва фарҳангҳои истилоҳию махсуси лозима қарор доштанд. Бинобар ин, тарҷимаи русии «ал-Қонун» дар ҷаҳон ягона тарҷимаи комили илмӣ ва ба усули ҳозиразамон ба табъ расида ба шумор меравад.
Мо ҳангоми ба забони тоҷикӣ гардондани «ал-Қонун» аз нашри якуми тарҷимаи мазкур ба таври васеъ истифода бурдем ва ин то андозае ба мо ёрӣ расонда, кори тарҷимаро осон намуд. Вале бояд қайд кард, ки дар аснои кор ва муқоясаи матни русӣ бо асли арабии он як қатор саҳву хатоҳо ва нуқсонҳои дар тарҷимаи русӣ ҷойдошта маълум гардиданд ва мо умдатарини онҳоро дар қисми тавзеҳот ва ё дар зимни фарҳанги истилоҳоти «ал-Қонун» ёд кардаем. Маҷмӯи ин нуқсонҳоро метавон ба ду навъ тақсим намуд: навъи якум иборат аз он аст, ки номҳои илмии бисёре аз рустаниҳо ва маводди доруӣ нодуруст муайян шудаанд, баъзе калимаву ибораҳо ба сабаби нохоно будани матни аслӣ ва ё хато истинсох шудан ғалат тарҷима шудааст, бисёр истилоҳҳои тиббии муарраб ва хусусан номҳои доруҳо номуайян боқӣ мондаанд ва як қатор мафҳумҳои истилоҳӣ дар бахшҳои гуногуни «ал-Қонун» ба шаклҳои гуногун ифода ёфта, қоидаҳои ихтисора хуб риоя нашудааст; навъи дуввум аз он иборат аст, ки дар баъзе ҳолатҳо мазмуни тарҷима ба асли арабии он мувофиқат намекунад, баъзан ҳудуди ҷумлаҳои сода ва алоқаи тобеии миёни онҳо дақиқ муайян нашудааст, баъзе сархатҳо беҷо омадаанд ва дар натиҷа ин бахш аз тарҷима равиши умумии мантиқии фикри муаллифро хуб ифода накардааст.
Ҳоло мо ба тариқи намуна барои ҳар яке аз ин ду навъ нуқсонҳо як мисолӣ меоварем. Мисоли якум: Дар саҳ. 363 матни русии бахши якуми китоби севвуми «ал-Қонун» ибораи зерин омадааст: «…или прикосновением к рыбе раад которую называют «сверкающей…». Ин тарҷимаи таҳтуллафзии ибораи арабии зерин аст: «ав массу-р-раъодати-л-мусаммо борқо». Аз ин ибора ҳоло мавзӯи баҳси мо калимаи «борқо» аст, ки ба русӣ «сверкающая» тарҷима шудааст. Яъне тарҷимон эҳтимол «борқо»-ро шакли тасҳифшудаи «барқоъ» гумон карда, онро ҳамчун калимаи асили арабӣ ба русӣ «сверкающая» тарҷума кардааст.
Вале ҳангоми ба тоҷикӣ тарҷима кардан чун дар фарҳангҳои арабии дастрас ба маънои номи моҳӣ омадани калимаи «борқо» ва ё «барқоъ»-ро пайдо накардем, моро чунин шубҳа ба миён омад, ки ин калима ё шакли тасҳифшудаи ягон калимаи юнонист ва ё агар арабӣ бошад, тарҷимаи таҳтуллафзии ягон мафҳуми юнонист. Бинобар ин, мо хостем, ки аз тариқи якояк дида баромадани тамоми номҳои моҳиҳо дар фарҳангҳои ба забони юнонӣ алоқаманд, шакл ва ё мазмуни аслии онро муайян кунем. Дар натиҷа маълум шуд, ки дар забони юнонӣ умуман ҷинси моҳии раъодаро «нарке» мегуфтаанд ва маънои лафзии он «хобоваранда» ва ё «карахткунанда» будааст.
Табиист, ки агар калимаи юнонии мазкур ба алифбои арабӣ навишта шавад, шакли «норқо» ва ё бад-он наздикро хоҳад гирифт. Таҳриф шудани ин калима дар арабӣ аз шакли «норқо» ба шакли «борқо» чандон душвор нест, зеро дар матнҳои қадимӣ аксар вақт ба гузоштани нуқтаҳо чандон эътибор намедоданд ва дар сурати бе нуқта навишта шудани аввали ин калима (…) мо онро бемалол «норқо», «борқо» ва ё ҳар тавре ки салоҳ бинем, хонда метавонем. Пас, «борқо» шакли тасҳифшудаи «норқо» будааст, на «барқоъ».
Илова бар ин, чунон ки баъдан маълум шуд, ин калима дар матни нусхаи чопии Булоқ низ ба шакли саҳеҳи он – «норқо» омада будааст, вале мутарҷим аз чӣ сабаб бошад, ки варианти дар дигар нусхаҳо ба шакли тасҳифшудаи «борқо» омадаи онро савобтар пиндошта, онро ба иҷтиҳоди худ ба «барқоъ» табдил дода, сипас ба русӣ «сверкающая» тарҷима кардааст.
Дар яке аз фарҳангҳои ихтиологӣ нуҳ намуд аз ин ҷинс моҳӣ, яъне, моҳии раъода (норқо) ёд шудааст, ки ду намуди он аз рӯи маҳалли паҳншавӣ метавонад ҳамин моҳии дар «ал-Қонун» бо номи «норқо» ёдшуда бошад:
Torpedo marmorata Risso (мраморный электрический скат); Torpedo torpedo L.(глазчатый электрический скат), ки муродифоташ Torpedo narke Risso ва Torpedo ocellata Rafines мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё