Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас онро бо равғани гов оҳиста ва аз ғайри сӯзонидан доғ кунанд.
Баъд, якчанди он тухми ноҷу изофа карда, бар вай ба андозае ангубин афкананд, ки сиришта шавад. Онро бо каме мастако ва дорчинӣ биомезанд ва [аз оташ] бардошта, ҳамчун ҳалво пора кунанд. [Ҳалвои] дигар: Ангубинро бо ҷӯшонидан ситабр карда, бар вай чилғӯза, тухми газар, дорфилфил, шақоқул, дорчинӣ ва тухми индов бипошанд ва аз он чизе мисли гувориш бисозанд. Агар тухми индов ва газар маъқул набошад, ба ҷои он сақиздона ва каме мушк афкананд.
Аз шаробҳо шаробҳои ширин, шаробҳои мавизие, ки аз мавизи ба ҳақиқат ширин сохта шудаанд ва ҳамаи он шаробҳое, ки як андоза ситабрӣ доранд, барои эшон созгор буванд. Сифати як шаробе, ки аз барои эшон созгор аст:
индов, шалғам ва анҷирро гирифта, бо об биҷӯшонанд ва биполанд. Сипас, оби мавизи таркардаи ҷӯшонидаи полидаро гирифта, ҳамаро ба миқдори баробар биомезанд ва бо ёрии пониз ба он ширинӣ бахшанд. Сипас, онро барои набиз шудан то расидан нигоҳ доранд. Як шароби дигаре, ки аз мост: хори хасак, индов, газар ва шалғамро гирифта, андар об сахт биҷӯшонанд ва обашро биполанд. Сипас, ба ҳар як бахш об чаҳоряки шашяки як бахш пониз ва ё шакари сурх, чаҳоряки шашяки як бахш анҷири бустӣ ва ними шашяки як бахш мавизи тоифии ширини хуб ва шашяки ҳафтяки як бахш норги ли кӯфтагиро набиз бихобонанд, то бирасад. [Шароби] дигаре, ки аз мост:
фишурдаи ангурро гирифта, андар даҳ мани он як ман150 аз доруи зерин афкананд: аз тухми индов, тухми шалғам, бузайдон, тухми морчӯба, «забони гунҷишк», донаи анори даштӣ, луъбати барбарӣ, тухми газар ва ҳар ду навъи баҳман бахшҳои баробар гирифта, бисованд ва андар кисае гирифта, онро суст бибанданд. Сипас, онро бо фишурдаи [ангур] андар хум андохта, [муддате чанд нигоҳ доранд, то бирасад ва] ҳар боре онро биҷунбонанд.
Шароби дигар: газар ва анҷирро андар оби бисёр биҷӯшонанд ва онро полида, андар обаш мавизи дона баргирифтаро биҷӯшонанд. Сипас, онро полида, бар вай пониз афкананд ва бигузоранд, то ба ҷӯш ояд. Оби [маъдани] оҳан ва обе, ки андар он оҳани тофтаро хомӯш карда бошанд, қавикунандаи [боҳанд].
Фасли дувоздаҳум андар баёни бисёрии шаҳват

Агар баробари [280] фузунии шаҳват тан қавию серхун, мизоҷ дуруст, синну сол ҷавон ва имконияти бидуни заъф ҷимоъ кардан бошанд, ҷуз ба ҳангоми зарурати
сахт ҳоҷат нест, ки ба тадбиру шикастани он пардохта
шавад, зеро шикастани шаҳват боиси сустии мизоҷ ва
мондагии қувват бигардад. Бидон, ки зода шудани манӣ
дилу танро қувват бахшад, ва кам таваллуд шудани он
рангро табаҳ ва хотираву ҳушро суст кунад. Агар чунин
[касон] ба ковоктанию зуд арақ кардан гирифтор бошанд, боистӣ ба варзишҳои омодасозанда бипардозанд
ва агар битавонанд бо оби сард оббозӣ кунанд. Бояд он
шаҳватеро шикаст, ки ба пурии беандозаи аз гармӣ ва ё
тарӣ падидомада алоқманд аст ва андар ин ҳол [онро]

бо истифроғ муътадил созанд. Агар сабаби шаҳват тезии манӣ ва ё бисёрии он бувад ва баробари он ба иллати қавӣ будани мӯриҳои манӣ ва ба эҳтиёҷи тан нигоҳ накарда, моддаи маниро ба сӯи худ кашидани онҳо тан заиф бошад, чунонки ба тасодуф бархе андомҳо аз бархеи дигар қавитар офарида шаванд, андар ин ҳол аз паси истифроғи манӣ сабукӣ дарёфта хоҳад шуд. Ё мумкин аст шаҳвати беандоза ба хориш ва табишҳои андар мӯриҳои манӣ падидомада вобаста бошад, чунонки занонро ба иллати хоридани даҳони раҳм чунин ҳол рӯй дода, бо ҷимоъ кардан шаҳваташон паст нагардад. Ё мумкин аст аз сабаби (545) дамиши зиёд ба амал ояд ва бинобар ин гоҳе аз сабаби қароқури бе дард чунин иттифоқ афтад, ки нара сахт бихезад. Худовандони савдоро олат бисёр биистад. Шаҳвати мардон андар кишварҳо, ҳавоҳо ва фаслҳои сард шиддат ёбад, аз баҳри он ки сардӣ қуввати эшонро ҷомеътар созад, вале ҳолати занон баръакс аст ва қувваи хомӯшшудаи эшон аз [гармӣ] ба ҷӯш ояд. Мании эшон ниҳоят сард аст. Бар пушт хобидан яке аз василаҳои хестани нара бувад.
Нишонаҳо: Нишонаҳои дурустии тан ва нишонаҳои пурӣ аз қабили чизҳоест, ки бароят пӯшида нестанд. Нишонаи тезии манӣ ин аст, ки манӣ зуд ва бо тезию сӯзиш берун ояд, ҳангоми пешоб сӯзиш ҳис карда шавад ва аз паси [рехтани об] заъф падид ояд. Нишонаи [шаҳвати баланди] танҳо ба манӣ вобастабуда ин аст, ки андар тан аз ҳолатҳои қуввату бисёрии хун ягон чизи қобили эътиборе дида нашавад. Гоҳе мумкин аст баробари он заъф ҷой дошта бошад, вале манӣ зиёд буда, думодум иҳтилом рӯй диҳад, миқдори рехташудаи манӣ зиёд буда, танро заифӣ оварад. Нишонаи хориш ин аст, ки ҷимоъ шаҳватро афзоиш диҳад. Гоҳе мумкин аст шаҳват зиёд бошаду об не ва аз паси ҷимоъ дард бархезад. Нишонаҳои дамиш сахт истодани нара ва пеш аз он хӯрдани чизҳои бодангез буванд. Мизоҷи дамишоваранда чун мизоҷи савдовист.
Дармонҳо: Илоҷи он бахш, ки аз сабаби пурии гарм падид омада аст, раг задан, ғизои сабук хӯрдан ва чизҳои сардиовар тановул кардан аст. Онеро, ки аз сабаби пурии тар ба амал омада аст, бо доруҳои гарме муолаҷа кунанд, ки хушксозандаи манӣ буда, мо онҳоро ёд хоҳем кард ва барои то ба мӯриҳои манӣ рафта расидан бо онҳо доруҳои боҳангез ҳамроҳ кунанд. Илоҷи [шаҳвати] аз тезии манӣ вобастабуда ин аст, ки хилтҳоро аз тариқи хӯрдани, масалан, коҳу, хурфа ва тухми он, коснӣ, каду, хиёри дароз, меваҳо ва кашнизи сабз муътадилу сард бисозанд, масалан бо нилуфар, обсабз151 ва мумравғанҳое зимод ниҳанд, ки аз равғанҳои сард сохта шуда бошанд, фишурдаи найшакари тар ва кофурро ба тариқи ҳам тило ва ҳам ошомиданӣ ба кор баранд, бар пушт пулакчаҳои сурбӣ ниҳанд, оби сард биошоманд, андар бистари катонӣ ва монанди он бихобанд ва ғизоҳои худро аз наску хурфа ва касони гувориши қавидошта аз қариси шикамба бисозанд. Агар [шаҳват] аз сабаби бисёр зода шудани манӣ бошад, илоҷи ин низ чунин бошад, ки мӯриҳои маниро бо ёрии доруҳои сардифизояндаи мо ёдкарда сард созанд. Оне, ки ба хоришу табишҳо вобастагӣ дорад, илоҷаш аз раг задан, ба исҳол берун кардани моддаи гарм, муътадил сохтани мизоҷ ва ба кор бурдани тилоҳои сардиоварандаи ёдшуда иборат аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ