Қонуни тиб

Ҳар киро гувориш заиф бошад, баъди ҷимоъ қароқур рӯй диҳад.
Бархе аз мардумон ба мизоҷи бад гирифторанд ва агар аз ҷимоъ дур шаванд, тоса ҳис кунанд, тану сарашон гарон бигардад, ба хашм оянд ва иҳтилом бисёр рӯй диҳад.
Агар [чунин одамон] ба ҷимоъ дода шаванд, меъдаи эшон заиф шуда, бихушкад. Беҳтар он аст касоне аз ҷимоъ парҳез кунанд, ки баъди ҷимоъ эшонро табларза, хунукхӯрӣ, зиқи нафаси хафӣ, хафақон, фурӯрафтагии чашмон ва бастагии иштиҳои таом рӯй диҳанд. Ҳар киро синааш дардманд ва ё заиф бошад ва ё меъдааш камқувват бувад, агар тарки ҷимоъ кунад, ин барои ӯ беҳтарин тадбир хоҳад буд ва бигузор аз заноне дурӣ ҷӯяд, ки бача биафтонанд.
Ҷимоъро бархе намудҳои бад аст. Масалан, зан бар фарози мард бихобад, ки ин яке аз намудҳои бади ҷимоъ буда, аз он бими рӯй додани истисқои хоя, дамиш, решҳои сӯрохи нара ва обгаҳ бувад, зеро манӣ ба сахтӣ биҷаҳад ва эҳтимоли онро дорад, ки бархе чизҳо аз сӯи [андоми] зан андар сӯрохи нара биравад.
Бидон, ки нигоҳ доштани манӣ ва аз рехтан боз доштани он сахт зиён дорад ва гоҳе боиси ғайб задани яке аз тухмҳо бигардад. Набояд ба ҳоле ҷимоъ кард, ки ҳоҷати бироз ва ё пешоб рондан бедор шуда бошад ва на низ ба ҳангоми варзиш, ё ҳаракат ва ё баъди инфиолоти нафсонии қавӣ дуруст бувад.
Ба бачаҳо расидан ба наздики ҷумҳур қабеҳ ва андар шариат ҳаром аст. Ин аз як ҷиҳат бештар ва аз ҷиҳати дигар камтар зиён дорад. Аз ҷиҳати он, ки ба ҳангоми расидан бо бачаҳо табиат аз барои рехтани манӣ ба ҳаракати бештаре ниёзманд аст, бинобар ин, бештар зиён дорад ва аммо аз ҷиҳати он, ки ба ҳангоми ин гуна расиш манӣ чандон бисёр намерезад, чунонки ба ҳангоми расидан ба занон бирезад, бинобар ин камтар зиён дорад.
Баъди ин андар ҳукм расидане биистад, ки на ба сӯи фарҷ бувад. (536) Фасли ҳафтум андар баёни вақтҳои ҷимоъ
Набояд бо шиками пур ҷимоъ кард, зеро ин гуворишро боз дошта, зудтар ва ба шакли душвортар ба бемориҳое гирифтор кунад, ки ба муҷиби ҳаракат кардан бо шиками пур падид оянд. Агар ягон касро чунин ҳол иттифоқ афтад, бояд баъди он каме ҳаракат кунад, то ки таом андар меъда ҷойгир шавад ва бар сари он нагардад ва сипас ҳар қадар ки битавонад, хоб равад. Низ, набояд бо шиками холӣ ҷимоъ кард, зеро ин зиёнвартар ва бар табиат гаронтар буда, гармии модарзодиро бештар бикӯшад ва бештар гудозишу диққ оварад. Баръакс, бояд ҳангоми аз меъда фурӯ рафтани таом, пурра ба анҷом расидани гувориши якуму дуввум ва андар миёнаи гувориши севвум ҷимоъ намуд. Ин андар мардумон ҳар гуна бувад ва набояд ба гуфтаи касе эътибор дод, ки гӯяд:
«Бояд баъд аз ҳама ҷиҳат ба анҷом расидани гувориш ҷимоъ намуд», зеро ин ҳангом ҳангоми холигии шикам буда, тан ба аз ҳам ҷудо кардани [ғизо] оғоз карда бо
шад ва андар ҳамаи андомҳо бақияе аз ғизо ҳанӯз андар тариқи гуворидан бувад. Бархе аз мардумонро ҳангоми ин гуна ҳолат андар соатҳои аввали шаб фаро расад ва он ҳангом аз ҷиҳати чизҳои ёдшуда созгортарин ҳангомҳои ҷимоъ бувад. Аз ҷиҳати дигар баъди ин гуна ҷимоъ хоби дарозе ба амал омада, ба ҳангоми он қувват қавӣ бигардад ва об ба сабаби хоб будани зан андар раҳм қарор бигирад.
Набояд ҷуз аз паси шаҳвати ростиние ҷимоъ кард, ки онро на нигаристан, ё тааммул, ё хоридан ва сӯзиш, балки бисёрии манӣ ва пурии [хояҳо] бедор карда бошад.
Ҳамаи ин аз барои дурустии қуввати [мард] кумак кунад. Ҳангоми хом мондани ғизо, баъди истифроғҳои қавие аз қабили қай ва исҳол ва [низ баъди] ҳайза, дарунрави (зараб) ногаҳонӣ, ҳаракатҳои баданию нафсонӣ, ба ҳангоми ҳаракати пешобу бироз ва баъди раг задан бояд аз ҷимоъ парҳез кард. Мумкин аст ҷимоъ бо ёрии хушкиоварии худ ва аз сӯи рӯдаҳо ба дигар суй гардонидани моддаҳо дарунрави (зараб) куҳанро хушк кунад. Бояд андар замони гарм ва кишвари гарм аз ҷимоъ дурӣ ҷуст.
Мард бояд ба ҳангоме аз он парҳез кунад, ки танаш тафсида ва ё сард шуда бошад, вале ҷимоъ кардан баъди тафс беосебтар аз он аст, ки баъди сардӣ карда шавад.
Ҳамчунин баъди рутубат беҳтар аз баъди хушкист. Беҳтарин вақти ҷимоъ барои касони муътадил ҳангоми санҷидашудаест, ки чун баъд аз муддате дурӣ ҷустан аз ҷимоъ андар ин ҳангом ҷимоъ ба кор баранд, аз он сабукӣ ёфта, нафсашон осуда ва ҳиссашон тезтар бигарданд.
Андар баёни мании зоё ва ғайри зоё: Мании шахси маст, пир, кӯдак ва каси бисёр ҷимоъкунанда зоё нест.
Аз мании каси андомҳояш офатрасида кам рӯй бидиҳад, ки кӯдаки солим зода шавад. Агар нара сахт дароз бошад, масофаи ҳаракати манӣ дароз гардида, манӣ ба ҳангоме андар раҳм рафта бирасад, ки гармии модарзодияш шикаста бошад ва бинобар ин, аксар вақт аз он бача нахоҳад шуд.
Андар баёни нишонаи касе, ки ҷимоъ кардааст: Пешобаш дорои риштаҳо ва нахҳое бошад, ки бо якдигар омехта буванд.
Фасли ҳаштум андар баёни нуқсони боҳ
Сабаби ин ё андар худи нара, ё андар андомҳои манӣ, ё андар андомҳое, ки миёни андомҳои сарвар ва андомҳои ҷимоъ миёнчиянд, ҷой дорад, ё ба сабаби андомҳои ҳамҷавори махсус, ё ба сабаби кам будани дамиш андар бахшҳои фурӯсуви тан ва ё ба сабаби кам будани он андар тамоми тан ба амал ояд. [Нуқсоне], ки ба сабаби худи нара ҷой дорад, ё бадмизоҷии нара бувад ва ё нотавонии беандозаи он. Оне, ки ба сабаби хояҳо ва мӯриҳои манист, ё бадмизоҷии содаи ба ифрот бувад ё мураккаб бо хушкӣ, ки ин аз ҳама бад аст ва ё [бадмизоҷие], ки ба ҳангоми он танҳо хушкӣ ҳукмфармо бошад. Гоҳе ин гуна [нуқсон] ба камҳаракатии манӣ ва газандагии ҳушёркунанда надоштани он вобаста аст.
Ҳатто мардумоне ёфт шаванд, ки мумкин аст эшонро мании бисёр бошад, вале ҳар гоҳ ҷимоъ кунанд, ба иллати фишурдагӣ нарезад ва бо вуҷуди ин эшонро шабҳо иҳтилом рӯй диҳад, аз баҳри он ки мӯриҳои манӣ шаб гарм шаванд ва аз ин манӣ низ гарм шуда, тунук бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор