Қонуни тиб

Низ, яке аз чизҳои барои эшон судманд ин аст, ки ҳар рӯз ношито ду уқия ҷӯшонидаи мӯрддона, амруди хушк ва хурмои Ҳирун [истеъмол кунанд]. Мурр яке аз доруҳои хуби ин [беморист]. Маҳлаб, мушки замин, кундур, хуланҷон, рими оҳан ва кашниз низ чунин буванд.
(529) Нусхаи як дору: аз гунди бедастар, қуст, мурр, ҳошо, ҷафти булут ва оқирқарҳо ба миқдори баробар гирифта, бо оби мӯрди тар аз онҳо ҳабб бисозанд. Як ошомиданӣ аз он як дирам ва пеш аз хоб бувад.
Як ҳуқнаи аз барои ин [беморӣ] хуб, ки гурдаро қавӣ созад: аз фишурдаи хори хасаке, ки онро то қавӣ шудан ҷӯшонида бошанд, аз мағзи устухони гӯспанд ва хояи он ва аз пиҳи гурдаи буз, ки кафки онро гирифта бошанд, ба миқдори баробар гирифта, ҳамаро ҷамъ созанд. [Сипас] аз шири навдӯшида, равғани зард, равғани дунба ва равғани сақиздона бахшҳои баробаре бигиранд, ки маҷмӯъи онҳо якчанди чизҳои аввалӣ бошад. Баъд, инҳоро бо якдигар омехта, ҳуқнарезӣ кунанд.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни пешоби хунӣ, хунобагӣ, пешоби мисли оби гӯштшуста, мӯйдор ва дигар пешобҳои ғайримуқаррарии ба ҳаминҳо монанд
Хуне, ки ба ҳангоми пешоби хунии холис ояд, ё хунест, ки аз фарози андомҳои гурдаву обгаҳ, масалан, аз ҷигар ва ё аз тамоми тан омада, ё ба пурии беандозае вобаста аст, ки боиси гусастани пайвастагии рагҳо бар се ҷиҳати маълум гардида бошад, ё ба тарки [хунравии] одатӣ, ё ба бурида шудани ягон андом ва ё ба он чизҳои дигаре вобастагӣ дорад, ки худ ҳамедонӣ ва ё ба тариқи буҳрон ва пок сохтани фазлаҳо бувад, ё ба ягон садма, ё маъюбӣ, ё афтидагӣ ва ё кӯфтагии хунро нороҳаткунанда ва ё ба чизҳои ба ҳамин равишбуда вобастагӣ дорад, вале ин ҳолат камтар рӯй диҳад. Ё хунест, ки аз гирду пеши андомҳои пешоб омада, ба рагҳое вобаста бошад, ки ба сабаби ягон кӯфтагӣ, ё афтидагӣ, ё бод ва ё фишурдани сардии сахт ва ё ба сабаби ягон хӯрае бурида шудаанд, ё боз гардидаанд ва ё кафидаанд. Гоҳе [хун] аз сабаби азҳамкашидагии қавӣ ва кузози қавӣ падид ояд. Гоҳе гунае аз пешоби хунӣ ба гудозиши бахши гӯштӣ ва хуни тунук гардидани он ва ё ба ниҳоят тунук будани хуни тан вобаста аст ва агар ин ҳолат бо қавӣ будани гурда рост ояд, хуни зиёд кашида хоҳад шуд. Андар ҳолати якум барои ба осонӣ рехтани хун ду чиз ёрӣ диҳанд, зеро он ба равиши фазлаҳо ояд ва дигар ин, ки онро қивоме нест, то бо ёрии он [аз рехтан] рӯй гардонад. Андар ҳолати дуввум як чиз ёварӣ кунад, яъне гурда онро сахт бикашад ва ба сӯи обгаҳ биронад.
Аммо пешоби хунии ба оби гӯштшуста монанд ё аз сабаби нотавонии [қувваҳои] гуворандаю ҷудосозандаи гурда ва ё аз сабаби нотавонии ин ду қувваи андар ҷигар буда ба амал ояд. Пешоби хунии бо хилтҳои ситабр омехта бошад, аксар вақт ба нотавонии гурда вобаста аст. Чизи шабеҳ ба мӯй пешоб кардан низ ҳамчунин бувад. Гоҳе сабабгори ин нотавонии гувориши гурдаҳост ва гоҳе аз сабаби нотавонии гувориши рагҳо ба амал ояд. Ин баъ
зан ниҳоят дароз буда, қариб ба ду ваҷаб бирасад ва гоҳе ба сафедӣ ва гоҳе ба сурхӣ бизанад. Ин аз он сабаб дароз бошад, ки андар печу хамҳои рагҳои гурда ва ё дигар [андомҳо] ва аз ғизоҳои ситабр, ширҳо ва аз донагиҳое аз қабили боқилӣ ва ғайра ба вуҷуд ояд. Чунин чизҳо пешоб кардан на бад-он андоза хатарнок аст, ки аз берун омадани онҳо дил биҳаросад ва бимнок шавад.
Аммо пешоби римӣ ва пешоби хунии омехта [272] бо рим бошад, гоҳе аз сабаби кафидани кафгиракҳо, ки андар андомҳои барин аз қабили шуш, сина ва ҷигар ҷой дошта, ҳар яки инро ту андар ҷои худаш донистӣ, ё аз сабаби ягон омоси андар андомҳои пешоб кафида ва ё ба сабаби решҳои хоришнок ва ё бехориши ин [андомҳо] ба амал ояд. Пешобҳои ситабр бошанд, ё ба сабаби покшавӣ, буҳрон ва рондашавии [фазлаҳои тан] ба амал омада, аз паси он сабукӣ ҳосил шавад ва ё аз сабаби бисёрии фазлаҳои ситабре ба амал ояд, ки ба заъфи гувориш вобаста бошад. Аммо пешобҳои равғании ба осонӣ беруноянда бар гудозиши пиҳ гувоҳӣ диҳанд. Аз барои тафсилоти инҳо бояд ба гуфтаҳои мо андар боби пешоб муроҷаат намуд. Буқрот гуфтааст: «Агар пешоби хунӣ бе дард, кам-кам ва гоҳ-гоҳе ояд, боке надорад, вале агар пайваста ояд, мумкин аст таб рӯй диҳад ва рим пешоб карда шавад».
Нишонаҳо: Бар пешоби хунии холисе, ки аз сабаби пурӣ ва сабабҳои бад-он алоқаманд падид ояд, сабабҳои пурӣ далолат кунанд ва нишонаҳои ин сабабҳо аз қабили он чизҳоест, ки худ ҳамедонӣ. Ба ҳангоми пешоби хуние, ки ба сабаби боз шудан ва кафидани рагҳо ба амал ояд, [хун] бе ягон дард ва поку холӣ аз омехтагӣ берун ояд, вале хуни аз боз шудан оянда андак-андак ва хуни аз кафидану пора шудан ба фаровон бирезад.
Андар обгаҳ на чунин кушодашавӣ ва кафидане ба амал ояд, ки баробари он хуни бисёр пешоб карда шавад, чунонки андар гурда чунин бошад, чароки (530) фазлаи обӣ ба шакли полида ба сӯи обгаҳ ояд, вале хуни ғизоӣ бошад, аз тариқи рагҳои хурде бирасад, ки онҳо ба обгаҳ танҳо ғизо расонанд ва андар онҳо хуни зиёд набошад. Вале ба сӯи гурда хуни бисёре омехта бо фазлаи обӣ ояд ва фазлаи обӣ ба наздики он полида бигардад.
Ба гурда рагҳои бузурге пайвастаанд, ки хунро аз он ҷудо карда, ба андомҳои дигар бифиристанд. Бинобар ин хуни гурда беш аз миқдори мавриди ниёзмандии ӯ ва фаровон буда, рагҳояш устувор, хуб ҷойгиршуда ва яксон нестанд. Вале рагҳои обгаҳ бошад, паноҳида буда ба иллати [хуб]ниҳодии хеш андар маърази таркидану кафидан нестанд.
Хуни аз решҳо оянда бо каме дарднокӣ ояд ва агар хӯра ҷой дошта бошад, миқдори он андак буда, рангаш ба сиёҳӣ бизанад ва гоҳе бӯи бад бидиҳад. Ин гуна [пешоби хунӣ] аксар вақт аз паси бемориҳо ба амал ояд ва бисёр бошад, ки баробари он пардаҳову хуноба ва гоҳе хунобаву рим берун оянд. Андар ин миён, чунонки аз нишонаҳои решҳо ва нишонаҳои чизҳои ба равиши решҳо буда донистӣ, гоҳ-гоҳе хуни покиза ояд. Бар пешоби хунии аз гудозандагӣ буда гудозиши [тан] гувоҳӣ диҳад ва хуни тунуке, ки ҳамроҳи пешоб ояд, мисли сӯхтагӣ буда ва чунон аст, ки гӯӣ чакидаи кабоб бошад. Далели пешоби ху ние, ки ба сабаби тунукии хун ояд, ин аст, ки хуни аз тариқи раг задан беруномада ниҳоят тунук бошад ва нишонаҳои дигареро наметавон пайдо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор