Қонуни тиб

Равғани бон сахт қавист.
Фасли ёздаҳум андар баёни пешоб кардан андар ҷои хоб
Сабаби ин истирхои мушакҳост ва гоҳе тезии пешоб аз барои он ёварӣ кунад. Аммо кӯдаконро бошад, ба ҳангоми ин сахтии хоб кумак расонад ва ҳар гоҳ пешобашон ояд, табиат ва иродаи ноаёне, ки шабеҳ ба иродаи нафаскашист, онро пеш аз бедор шудани эшон берун биронанд.
Ҳар гоҳ эшон устувортару мустаҳкамтар шаванд, хоб сабуктар ва андомҳои нотавон қавитар шуда, дигар пешоб нахоҳанд кард.
Илоҷ: Илоҷи чунин [беморон] чун илоҷи касоне бувад, ки ба истирхои обгаҳ, чакидани пешоб ва чакмезак гирифторанд ва хусусан доруҳои ҳалилагии бо росан ва майъа сохташуда [суд доранд]. Аз чарбҳо равғани бон ба ғоят хуб аст. Ба изофаи ин чунин [беморон] бояд ба ҳоле бихобанд, ки ғизои сабук хӯрда бошанд, то ки сабук бихобанд ва бояд оби бисёр наошоманд ва хештанро ба пешоб кардан [пеш аз хоб] маҷбур кунанд. Гоҳе бархе [аз ин беморон] андар ҳоли хоб ба тақозои қувваи ронанда ва қувваи ҳискунандаи пешоб чунин хаёл кунанд, ки андар яке аз ҷойҳои мувофиқ мезида истодаанд ва ин ҳол барояшон одат бишавад. Агар ин гуна ҷой мавҷуд бошад ва агар он ба мисли халоҷо, обхона ва ягон гӯшаи саҳроӣ бошад, [бемор] кӯшиш кунад, ки [хаёлан] он ҷойро дигаргун созад, андар он ҷой масҷидҳо ва ё биноҳои дигаре бисозад ва инро андар хаёлаш устувор бидорад. Баъд ҳар бор ки ҳангоми хоббинӣ бад-он ҷой бирасад ва ба ёд орад, ки ин ҷой аз ҳоли пешин баргашта аст, қувваи иродавӣ бо ҳамин аз сабуксории пинҳонии ҳисшавандаи худ рӯй бигардонад ва ӯро андар хоб бо вуҷуди дархости қувваи ронанда то андозае худдорӣ кардан падид ояд ва [бемор] зуд аз хоб бедор шавад.
Яке аз доруҳои аз барои чунин [беморон] санҷидашуда [доруи зерин аст]: бахшҳои баробареро аз чилғӯза, мурр ва кундур гирифта, бо се уқия шароб то ба як уқия расидани он биҷӯшонанд ва сипас онро полида, бо як дирам равғани мӯрд биошоманд. Чунин пиндоранд, ки агар гурдаи харгӯшро хушк карда, як бахш аз он, як бахш аз тухми шибит ва ним бахшӣ аз оқирқарҳо ва тухми карафс бигиранд ва ба як ошомидан ҳар боре аз он дуним дирам бо як уқия оби сард биошоманд, аз барои ин [беморӣ] сахт судманд бувад. Аз барои ин низ мағзи сари харгӯши даштӣ бо шароб нофеъ аст. Агар қурсҳоеро, ки аз хамир сохта, андар он миқдоре аз саргини кабӯтар ҳамроҳ кардаанд, бо оби сард биошоманд, ба ғоят суд бахшад. Ё мурро агар ношито бо шароб бихӯранд, шифо бахшад. Гоҳе аз барои ин [беморӣ] ҳуқнаҳое суд бахшанд, ки аз доруҳои пешоббанданда бигиранд ва ба андаруни обгаҳ бифиристанд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни зиёбетус
Ин бемориест, ки [ба ҳангоми он] об баробари ошомидан андар муддати кӯтоҳе чунонки ҳаст, берун ояд.
Нисбати ин беморӣ ба чизи ошомида ва андомҳои хосси он чун нисбати лағжонии меъда ва рӯдагон ба хӯрданиҳост. Ин бемориро ғайр аз «зиёбетус» номҳои дигари юнонӣ низ буда, онро гоҳе «зиёсқус»136 ва «қаромис»137 гӯянд. Ба забони арабӣ инро «даввора», «дӯлоб» ва «зилқулкиля» номанд. Бархеҳо гуфтаанд, ки ин иллат ногаҳон рӯй диҳад, аз баҳри он ки вай ҳолати табиӣ буда, берун аз ирода ба амал ояд, вале лағжонии рӯдагон бошад, оҳиста-оҳиста ба амал ояд, аз баҳри он ки дорои ҳис ва ирода бувад. Ин гуфтаи беҳосил аст. Гоҳе онро «бемории маҷроҳо ва гузаргоҳҳо»138 номанд. Худованди он ташна монад ва чун биошомад, сероб нагардад, балки обро баробари ошомидан берун андохта, онро нигоҳ доштан натавонад.
Сабаби дӯлоб ҳолати гурда аст. Ин 1) ё аз сабаби нотавоние, ки гурдаро рӯй додааст ва фарохию кушодагии даҳонаҳои маҷроҳое ба амал ояд, ки ҳангоми андар обгаҳ қарор гирифтани фазлаи обӣ баста нашаванд. (527) Гоҳе ин ҳолат аз сабаби сардие падид ояд, ки бар тан ва ё бар ҷигар фармонраво шудааст ва гоҳе аз ошомидани оби сард ва ё сахт афсурдани сармои шадид ба амал ояд. 2) Ё аз сабаби шиддатнокии қувваи кашандае ба амал ояд, ки ба гармии қавии ғайри табиии бо модда ва ё бидуни модда вобастагӣ дорад. Ин намуд бештар рӯй дода, ба ҳангоми он гурда аз ҷигар беш аз андозаи таҳаммули он [фазлаи обӣ] кашида, онро биронад. Сипас он боз аз ҷигар бикашад ва ҷигар бошад, аз андомҳои барини худ бикашад. Ҳамин тариқ кашидани фазлаи обӣ ва рондани он пайваста давом кунад. Худ ҳамедонӣ, ки агар ягон ҷисми равон сахт ронда шавад, ба зарурати хало [чизи дигарро] аз паси хеш бикашад ва бо ҳамин гурӯҳ-гурӯҳ аз паси ҳам бираванд. Ин бемории бад аст ва мумкин аст боиси гудозиши тан ва бемории диққ бигардад, аз баҳри он ки рутубатҳои тан бисёр кашида шаванд ва ин танро имконият надиҳад, ки аз тариқи ошомидани об рутубати зиёдатии барояш лозимиро бигирад. Нишонаҳои [дӯлобро] бошад, аз он чи, ки то ин вақт хондӣ, медонӣ ва шинохтаӣ.
Илоҷ: Бештари дӯлобе, ки ориз гардад, аз сабаби гармии оташӣ ориз бигардад. Бинобар ин бештари илоҷи он иборат аз ин аст, ки бо ёрии тараҳо, меваҳо ва руббҳои сарди пешоб наметозондагии аз қабили коҳу ва хашхош сардиоварию тарифизоӣ кунанд, [беморро] андар ҳавои сарди тар нишонанд ва ё андар обзани сард ба андозаи қариб афсурдаю кабуд шудан бинишонанд, то ташнагияш шиканад, гурдааш сард шуда, мушакҳояш мустаҳкам гарданд. Аз барои ин беморӣ бӯидани кофур, нилуфар ва дигар хушбӯиҳои сард судманд аст. Яке аз тадбирҳои барои ин ғараз судманд хоб оварондан ва ташнагиро фаромӯш сохтан аст. Тадбири ташнагӣ тадбири пеш аз ин ёдшуда бувад ва агарчи оби бисёре дода шавад ҳам, бояд ба [тадбири] ёдшуда пардохт. Аз ҳама беҳтар он аст, ки ба бемор оби ниҳоят сард дода, сипас маниши гаштан оваронанд ва ин корро якчанд бор такрор кунанд. Бояд фазлаи обиро аз гурда бо ёрии қай ва арақоварии қавӣ бикашанд.
Карахт сохтани ноҳияи паҳна яке аз тадбирҳои судманд бувад, зеро он қувваи об тақозокунандаро бихобонад ва он об кашидан низ натавонад. Яке аз чизҳое, ки бояд аз он парҳез кард, ранҷ овардан бар миён ва тановул карда ни чизҳои пешобтозонанда бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор