Қонуни тиб

Бинобар он [обгаҳ] ба ҳангоми рондан пешобро пурра фаро гирифтан натавонад, то ки онро ба таври табиӣ фишурда, берун кунад. Гоҳе сабаби он сардӣ ва ё гармии беруна ё кӯфтагӣ ва ё бисёр банд шудани пешоб бошад.
[Ба сахтӣ омадани пешоб] мумкин аст ё ба сабабе, ки андар маҷро, яъне гардани обгаҳ ва андар пешоброҳа ҷой дорад, ё ба сабабе, ки андар қувват рӯй додааст, ё ба сабабе, ки андар афзор, яъне мушак, ҷой дорад, ё ба сабабе, ки андар андоми фиристонандаи [фазлаи обӣ] ҷой дорад ва ё ба сабабе, ки андар пешоб ҷой дорад, вобаста бувад.
Сабаби андар маҷро ҷойдошта мумкин аст ё аввалӣ ва ё ба анбозӣ бувад. Сабаби аввалӣ суддаест, ки ё андар худи обгаҳ аст ва ё ба анбозӣ. Суддаи андар худи [обгаҳ] ҷой дошта ба сабабҳои [зерин] ба амал ояд: ё омоси гарм; ё омоси сахт; ва ё ягон чизи ситабре аз қабили: рутубат, ё хуни баста, ё хуноба, ки бисёр вақт сабаби судда бигардад, ё санг, ё боди халалрасонанда, ё озах, ё гӯштгирифтагии реш, ё афсурдагии сардии сахт ва ё афсурдагии гармии сахт, чунонки ба ҳангоми табҳои сӯзон ва иллатҳои гудозанда [чунин гармӣ] руй диҳад. Гоҳе [судда] ба сабаби реши обгаҳ ва ё ба сабаби азҳамкашидагии сахт ва суддаоваре ба амал ояд, ки обгаҳро ориз шуда бошад, чунонки ҳангоми ба сахтӣ омадани пешоб ва баста шудани он касеро чунин ҳол рӯй диҳад, ки пешобро ба ифрот нигоҳ дорад ва дар натиҷа обгаҳ таранг шуда, маҷро баста гардад. Ин гуна нигоҳ доштани [ба ифрот] шабона ба сабаби хоб ва рӯзона ба сабаби гирифториҳо рӯй диҳад.
Он баста шудани пешобе, ки ба суддаи муштарак вобаста аст, бад-ин гуна ба амал ояд, ки масалан, андар рӯда, ё заҳдон ва ё ноф ягон омоси гарм ва ё сахт ҷой дошта бошад ва ё ба ҳангоми он бирози хушк, ё балғами бисёри азҳамкашанда, ё боди халалрасонандаи азҳамкашанда ва ё омосе мавҷуд бошад, ки аз аввал андар мақъад падид омада бошад. Ё мумкин аст ба сабаби заҳир, ё буридани бавосир, ё дарди бавосир ва ё кафидагиҳои дардноки [мақъад] ба амал ояд. Ё масалан, андар ноҳияи фурӯсуви устухони пушт ягон омос ва печидагие рӯй диҳад ва ё чунин ориз шавад, ки хояҳо ба сӯи мароқ бардошта шаванд ва бинобар он маҷроро фишор дода, ба барсӯ бикашад, танг кунад ва берун омадани пешобро душвор созад. Бинобар он пешоб бо дард ва андак-андак берун ояд. Гоҳе мумкин аст сабаби душворсозандаи пешоб ва бандандаи он дарде бошад, ки ба сабаби решҳои маҷро ва бидуни судда ва омос падид ояд. Бинобар он ҳар бор, ки [бемор] пешоб кардан бихоҳад, дард ҳис кунад ва аз ин рамида бо мушакҳои шикам обгаҳро фишор нахоҳад дод ва хусусан агар ба изофаи ин мушакҳо гирифтори заъф, ташаннуҷ ва ғайра бошанд, [бемор бихоҳад ҳам, натавонад]. Вале агар бемор худро ба пешоб кардан маҷбур кунад, пешобаш аз ҷиҳати камият ва кайфият ба таври табиӣ рехта, дард ором ёбад. Агар ба қаҳр пешоб кунад, низ чунин ҳолат руй диҳад. Гоҳе мумкин аст худованди ин гуна сахтии пешоб ба қатра-қатра чакидани пешоб гирифтор буда, чунин бошад, ки кам-кам омадани он барояш таҳаммулпазир бувад.
Аммо сабабе, ки ба қувват вобаста аст, ё ба қувваи ҳассос ва ё муҳаррика ва ё ба қувваи табиӣ вобаста аст.
Ба ҳангоми [душвории пешобе], ки ба сабаби қувваи ҳассос ба амал омадааст, чунин бошад, ки ҳисси обгаҳ ва ё мушаки онро офате расида аст ва он аз қувваи ронанда тақозои рондани қавӣ ва ё тақозои умуман рондан накунад. Ё мумкин аст ин офат [андомҳои] мабдаъиро расида бошад, чунонки ба ҳангоми фаронитус ва лисарғус фаромӯшхотирӣ ва камҳиссӣ руй диҳанд. Оне, ки ба сабаби қувваи ҳаракатдиҳанда вобаста аст, бад-ин гуна бувад, ки мушак худро кушода насозад ва ё аз ҳолати кашидагӣ ба кушодагӣ наояд ва аз кашидагӣ озод нагардад. Ё мумкин аст мушакҳои шикам ба сабаби заъфи қувват ва ё ба сабаби ягон ҳолати андар хеш рӯйдода аз қабили азҳамкашидагӣ ва монанди он ба қувваи ҳаракатдиҳанда итоат кардан натавонанд ва чизи андар обгаҳ бударо нафишоранд. Оне, ки ба сабаби қувваи табиӣ вобаста аст, бад-ин гуна бувад, ки қувваи ронанда ба иллати бадмизоҷии гуногун заиф бигардад [ва ин бадмизоҷӣ] ё гарм, ки ин камтар рӯй диҳад, ё сард, ки ин бештар бувад ва ё бо модда хоҳад буд, чунонки бадмизоҷии гарм бо тезии пешоб ва бадмизоҷии сард бо рутубатҳои ковоккунанда ва ё азҳамкашанда ҷой дошта бошанд. Гоҳе сабабгори ин нотавонӣ чунин аст, ки ихтиёр бо ёрии бастан ба табиат муқобилият кунад ва бинобар он қувваи ронанда нотавон шавад.
Аммо сабабе, ки андар мушак ҷой дорад, ё ягон офати мизоҷӣ, ё омос ва ё ягон офати асабиест, ки аз қабили ташаннуҷ, ё истирхо ва ё бекор шудани қувваи ҳаракат бувад ва он ба иллати афтидагӣ, ё кӯфт ва ё дигар чизе ба амал ояд, ки андар худи обгаҳ ва ё андар саргаҳҳои он аз қабили шохаҳои асаб, ё ҳароммағз ва ё мағз ҷой дорад. [Душворие], ки ба сабаби андоми фиристанда падид ояд, бад-ин гуна аст, ки андар гурда ягон омоси гарм, ё сахт, ё санг, ё нотавонии қувваи аз барсӯ кашанда ва ё нотавонии қувваи ба фурӯсӯ ронанда ҷой дорад (519) ва ё мумкин аст ҷигар ба сабаби ҳолатҳои истисқоӣ фазлаи обиро ҷудо карда, фиристондан натавонад. Ин бахш [бемориро] бо ҳамаи шохаҳояш метавонӣ як боби ҷудогона ва ё аз боби кампешобӣ шуморӣ.
[Душворие], ки ба сабаби камии пешоб рӯй диҳад, бадин гуна аст, ки пешоб тез буда, бисӯзонад. Онро бисёр вақтҳо санҷидаанд. Гуфтаанд, ки ҳар киро ба душворӣ омадани пешоб ҷой дошта, аз паси он ба заҳир гирифтор шавад, андар рӯзи ҳафтум бимирад ва ин ба шартест, ки агар таб рӯй дода, пешобро бисёр натозонда бошад. Бидон, ки гоҳе баъд аз сӯзиши пешоб ва аз байн рафтани он андар ғуддае, ки аз болои он пешоб билағжад, хушкӣ руй дода, боиси ситабрӣ ва баста шудани пешоб бигардад. Бинобар он боистӣ тадбири тариовар ба кор бурд, то чунин ҳолат падид наояд.
Нишонаҳо: Нишонаҳои [баста шудани пешобе], ки ба сабаби сардии мизоҷ рӯй диҳад, аз инҳо иборатанд: пешоб ба изофаи ситабрӣ ва ё тунукӣ сафед бошад ва пеш аз [зуҳури беморӣ] бисёр ба қазои ҳоҷат бархезанд, бисёр гармоба кунанд, сардӣ ҳисс кунанд ва дигар нишонаҳо вуҷуд надошта бошанд. Аммо ба ҳангоми он [баста шудане], ки ба сабаби гармист, сӯзиши пешоб ва афрӯхтагӣ ҳис карда шавад. Агар сабаб афсурдагии аз сардӣ ба амал омада бошад, далели он суд дидан аз ковоксозист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор