Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар ҳолати якум баробари дидани нишонаҳои ёдшуда ба муолаҷа пардохта, худи ҳамон соат нештар зананд, то хун ҷорӣ шавад ва зимоде иборат аз намак ва сиркоро андар пораи катонӣ гирифта, бар [андом] биниҳанд, то аз фосид шудан боз дорад. Андар ҳолати дуввум, ки он бими [беҳад] рафтани хун аст, беҳтар он аст, ки беморро андар обҳои доруҳои қабзкунандаи ёдшуда нишонанд ва бар маҳалли [хунравӣ] кундур ва зоги суда ниҳода, аз болои он пунбапора ва аз болои пунбапора пунбапораи дигари бузурге бигузоранд, ки бо сирко ва об тар карда бошанд.
Агар бибинӣ, ки раги бузурге ва ё шараёне бурида шудааст, андар илоҷи он бастанро ба кор бибар ва агар хун рӯй тофта, баста нагардад ва [реш] беҳ нашавад, [беморро] андар сиркои тез бинишон. Гоҳе аз барои [ба дигар сӯ] кашидани хун туро ба раг задан эҳтиёҷ биафтад ва гоҳе чунин зарурат пеш ояд, ки бар зиҳор ва пайғулаҳо доруҳои карахткунанда биниҳӣ. Яке аз ҳолатҳое, ки аз сабаби шикофтан ва сайлони хун рӯй диҳад, ин аст, ки лахте аз хун ба сӯи обгаҳ рафта, андар даҳони он баста шавад ва пешоб ба душворӣ ояд. Андар ин гуна ҳолат ногузир бояд ангушт андар маҳалли шикофта дароварда, чизи ранҷоварро аз даҳони обгаҳ ва гардани он яксӯ карда, берун оваранд. Ин маҳалро бо сирко ва об муолаҷа кунанд, то хуни баста ҳалшуда берун ояд. Яке аз чизҳое, ки ба сабаби [чок кардан] рӯй диҳад, қатъи насл бувад. Нишонаҳои баде, ки бо зуҳури онҳо пизишкро бар марги [бемор] бовар ҳосил шавад, чунинанд: дарди зери ноф шиддат ёбад; андомҳои атрофӣ сард шаванд; таб баланд шуда, табларза ориз гардад; ва иштиҳо биафтад. Сипас, агар шиддатнокии дарди маҳалли чоккарда афзоиш ёбад, ҳукак падид ояд ва шикам ҷунбиши нописанд кунад, пас, марг наздик бувад. Нишонаҳои хуб чунинанд: ақл боз ояд; иштиҳо беҳ шавад; ва рангу намуди зоҳирӣ сахт дуруст бошанд.
Фасли ҳаштум андар баёни омоси гарм ва кафгираки обгаҳ

Гоҳе агарчи бисёр набошад ҳам, аз сабаби моддаи хунӣ, ё сафровӣ ва ё мураккаб андар обгаҳ омоси гарм падид ояд, ки ин иллати бад бувад. Ин бисёр вақт (512) хусусан андар бачагон ба сабаби санг, дардангезии он ва обгаҳро харошидани он рӯй диҳад.
Нишонаҳо: Бар будани омос андар обгаҳ ҳолати таб, банд шудани пешоб, ё ба душворӣ омадани он ва ё чакрачакра чакидани он далолат кунанд. Банд гардидани [пешоб] ҳангомест, ки агар [бемор] бар паҳлу хобида пешоб кунад, вале миқдоре аз онро рост истода рехтан битавонад. Гоҳе бироз банд шуда, зиҳор ва тиҳигоҳ дамиш оваранд ва ба изофаи он дарди халандаву дилзананда ҳис карда шавад. Гоҳе аз берун сурхӣ намудор шавад. Бар [омос] аз тариқи сабукӣ ёфтани бемор аз гармибандӣ метавон огоҳӣ ёфт. Он аразҳое, ки ба ҳангоми омос ориз бигарданд, инҳост: ташнагии сахт; зардаи холис қай кардан; дамкӯтоҳӣ; сардии андомҳои атрофӣ ба ҳадде, ки қариб гарм кардан нашаванд; ҳазён гуфтан; сиёҳ шудани забон; зиён бидидан аз ҳар гуна чизи тез ва пешобтозонанда, хусусан

ҳангоме, ки хилтҳои тан гарм буванд. Бар будани [омос] синну сол ва сабабҳои пеш гузашта ва ҳозира, ки онҳоро ҳамедонӣ, далолат кунанд. Аз ҳама бадтарин ин аст, ки ба ҳангоми омос ҳарорати таби тез пайваста давом кунад, баста шудани пешобу бироз шиддат ёбад ва дард сахттар шуда, андар пешоб нишонаҳои пухтагӣ набошад. Ин гуна [омос] марговар аст. Аксар вақт ин ҳангоме бошад, ки [омос] кафгирак шуда бошад. Аммо агар андар пешоб дурди ба зер равандаи сафед ва ҳамвор зоҳир бигардад, ин умедбахштар бувад.
Аммо ба ҳангоми кафгирак бошад, намудҳои гуногуни фарошо ва табҳои гуногуне мушоҳада шаванд, ки мисоли онҳоро мо андар боби кафгиракҳои гурда овардем.
Ҳамчунин бар пухтагии [кафгирак] нармӣ, ором шудани аразҳо, пухтагии пешоб ва шини он далолат кунанд.
Бар кафидани он пешоби римнок гувоҳӣ диҳад. Агар нишонаҳои пухтагӣ зоҳир нагарданд ва [кафгирак] накафад, андар арзи як ҳафта [беморро] ҳалок хоҳад кард. Бештари хуроҷҳои обгаҳ рӯ ба сӯи гардани он доранд ва гоҳе ба тарафҳои дигар низ майл кунанд. Онҳо гоҳе мумкин аст ба сӯи андаруни обгаҳ ва гоҳе мумкин аст ба сӯи дигар сар оваранд.
Муолаҷаи омоси обгаҳ: Андар оғоз бояд ба қадри қувват аз босалиқи чап хун бигиранд, зеро ин нахустини илоҷҳои ин [беморӣ] ва бартарини онҳост. Агар андар ин ҳол ҳарорати ниҳоят шадид ҷой дошта бошад, зуд ба истеъмоли кӯтоҳмуддати зимодҳои пасгардонандаи модда бипардозанд. Андар ин кор ба ифрот нараванд ва на низ ба муддати дароз биниҳанд, зеро ин зиёнвар буда, зуд омосро сахт кунад. Баръакс, агар аз истеъмоли доруҳои ковоккунанда оғоз кунанд ва аз барои ин кор монеае аз қабили ҳисси баланд андар миён набошад, беҳтар хоҳад буд, чаро ки ин андом асабист. Бинобар ин осудагии бемор аз гармибандӣ ҳангоми гармибандӣ кардан бо исфанҷҳову пашминаҳои андар обе ғӯтонида бештар фузунӣ ёбад, ки андар он об доруҳои нармкунандаю ҳалсозанда ҷӯшонида бошанд. Инҳоро ба шакли масонаҳои дамидаи пури оби гарм ва равғанҳои латифсозандаву нармкунанда кардашуда ва ғайрае ба кор баранд, ки андар боби илоҷи гурда донистӣ. Ба изофаи ин агар бемор тоб овардан тавонад, андар оғоз ба латифсозӣ пардохта, масалан, луоби аспғулро андар шири хар ва ё оби ҷавро андар шири хар карда, бо қосотир пош диҳанд. Ин беосебтар хоҳад буд. Баъд аз он шири харро бо пиҳҳо, сипас хиёршанбарро андар шири зан карда, бар тартибе, ки ба ҳасби марҳилаҳои омос муайян кунанд, [пош диҳанд]. Гоҳе бо инҳо ба ҳасби тартиби онҳо ҳуқна рехтан суд бахшад. Аз зимодҳои хубе, ки баъд аз гузаштани марҳилаи оғоз ба кор баранд нони майда, кунҷиди муқашшар бо шир, равғани бунафша, равғани бобуна ва монанди инҳо ба шумор бираванд. Инчунин, шалғами ҷӯшонида ниҳоят хуб аст. Низ, бедаи ҷӯшонида ба шакли гармибандӣ ва ё зимод ниҳодан ҳамин гуна бувад. Ҳар гоҳ як ҳафта гузарад ва [омос] ба марҳалаи интиҳоӣ наздик шавад, орди боқилӣ, тухми катон ва бобунаро бо мусаллас ба кор баранд. Ҳар гоҳ омос паст шавад, раги софин бизананд ва доруҳои ҳалкунандаи аз қабили зимодҳо ва марҳамҳо будаеро, ки андар боби гурда ёд шудаанд, фаровон ба кор баранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ