Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Илоҷҳо. Бояд асосҳои муолаҷаи сахтии ҷигар ва доруҳои он тааммул карда шаванд, чаро ки айни ҳамин роҳи муолаҷаи сахтии гурда бувад. Агар ба иллати бисёрии хуни савдовӣ эҳтиёҷ ба раг задан биафтад, чунин кунанд. Гоҳе аз барои ин ошомидани тухмиҳое суд бахшад, ки нармкунандаю ҳалсозандаанд. Мисоли инҳо тухми марв, тухми катон, тухми хитмӣ, ҳулба ва хасакдона буванд, (496) ки аз онҳо доруҳои кӯфта омода созанд ва ба ҳасби ҳоҷат бо онҳо доруҳои пешобтозонанда биомезанд. Пешобтозониро набояд ба ифрот расонид, зеро бахши ситабр боқӣ монда, санг бигардад. Баръакс, пешоби [беморро] муроот намоянд ва ҳар бор, ки ситабр бигардад, ба иътидол битозонанд ва ҳар бор, ки [аз ситабрӣ] боз монад, тадбири пазондан пеш бигиранд. Яке аз нишонаҳои пазиши вай ин аст, ки пешоб фаровон ояд. Аз барои ин, масалан, бо равғани қуст, равғани нордин, равғани занбақ, равғани бобуна, равғани шибит ва равғани даҳмаст равғанмолӣ ва гармибандӣ кардан судманд аст. Аз зимодҳо зимодеро ба кор баранд, ки аз бобуна, шоҳафсар ва тухми катон сохта бошанд. Гоҳе ба муқл, уша, сакбина, пиҳи хирс, пиҳи шер, мағзи устухони гов ва гавазн ва ба дигар чизҳое эҳтиёҷ афтад, ки аз онҳо марҳамҳо ва зимодҳо бисозанд ва ба кор баранд. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бувад, ки масалан, муқл ва уша ва инчунин бобуна, хори хасак, шоҳафсар ва баспояро андар ҷӯшонидаи доруҳои пешобтозонанда бигудозанд ва аз онҳо ба бемор бидиҳанд.
Фасли чаҳорум андар баёни решҳои гурда

Сабабҳои решҳои гурда айнан сабабҳои ҳамаи дигар решҳо буванд, ки онҳо аз сабабҳои гусастани пайвастагӣ ва сипас рим кардани он иборатанд. [Решҳо] гоҳе аз сабаби шикофта шудан, кафидан ва бурида шудани рагҳо, ки ба сабабҳои андар ин гуна ҳолатҳо маълум вобастагӣ дорад, гоҳе ба сабаби кафидани кафгирак ва гоҳе ба сабаби берун омадани санг ба амал оянд. Гоҳе мумкин аст ба сабаби ё хилтҳои зардавӣ, ё хилтҳои бураноки саҳҷовар ва ё хилтҳои часпаке ба амал оянд, ки ин гуна хилтҳо ҳангоми ба зӯр канда шудан аз ҷойи часпидаи хеш саҳҷ ба амал оранд. Решҳои гурда назар ба решҳои обгаҳ ва решҳои маҷроҳои миёни ҳар ду камтар баданд. Ҳолати решҳои маҷроҳо миёни ҳолати решҳои [гурда ва обгаҳ] биистад. Сабабаш ин аст, ки беҳ шудани решҳои андоми асабнок назар ба решҳои андоми гӯштӣ душвортар бувад. Бештари решҳое, ки андар маҷроҳо ориз бигардад, аз он сабаб аст, ки модда сафровии саҳҷовар аст ва ё санги харошанда ҷой дорад. Ин решҳо гоҳе хӯранда буванд ва гоҳе не. Бисёр вақт аз сабаби решҳои гурда решҳои равоне падид оянд, ки ҳарчанд сайлони онҳо гоҳе ба ҳангоми покии тан баста шавад ва ба ҳангоми пурӣ бозояд, вале, албатта, беҳ нахоҳанд шуд.
Реше, ки хубрим аст, чандон бимнок нест ва на низ бими васеъшавӣ ва хӯраро дорад. Реше, ки бадрим аст, аз он фарохшавию хӯра ба амал омада ба марг бикашад. Ҳар киро гурда пора шавад, бимирад. Бисёр бошад, ки сари омос ба сӯи берун моил буда, бад-он сӯй бикафад.
Нишонаҳо. Нишонаҳои решҳои гурда ин аст, ки ҳамроҳи пешоб хуноба ва бахшҳои мӯймонанди далидагии сур

хи гӯштӣ берун оянд. Гоҳе худованди он андар ҷойгоҳи гурда дард ҳис кунад. Гоҳе пеш аз он пешоби хунӣ, ё кафгираке андар гурда ва ё аз сабаби канда шудани санг дард ба амал оянд. Гоҳе бар падид омадани [реш] кӯфтагӣ ва ё садмаи воқеъшуда гувоҳӣ диҳанд. Аммо ба ҳангоми кушодашавии [раг] ягон дарде ҳис карда нашавад ва пайваста ва кам-кам омадани пешоби хунӣ аз он гувоҳӣ диҳад, зеро агар пешоби хунӣ аз сабаби кафидани кафгирак ва ё шикофта шудани ягон раге аз сӯи барсӯ ба амал омада бошад, ду-се рӯз давом хоҳад кард. Агар беш аз ин давом кунад, пас, ба сабаби кушода шудани [даҳони раг] ва ё ба сабаби ягон реше ба амал омадааст. Агар [пешоби хунӣ] муддати дароз давом кунад ва андар ин ҳол тағйири ранг ва ё омехтани рим ҷой дошта бошад, пас, вай танҳо ба сабаби решест, ки андар гурда ва ё обгаҳ падид омада бошад. Ин пешоби хунӣ заифкунанда аст ва ҳарчанд ки миқдори он ҳама вақт кам аст, вале думодум омадани он боиси рехтани миқдори зиёде [аз хун] хоҳад шуд. Фарқи миёни решҳои гурда ва обгаҳ он аст, ки решҳои гурда ҳамроҳ бо чакмезак ва омосҳои обгаҳ ҳамроҳ бо душвории пешоб бувад. Қишрҳо ба ҳангоми решҳои гурда сурх ва ба ҳангоми решҳои обгаҳ сафед буда, агар аз худи обгаҳ оянд, бузургу ситабр ва агар аз маҷроҳо оянд, хурди тунук буванд. Инчунин фарқро аз маҳалли дард бидонанд, зеро маҳалли дарди ҳар кадом гуногун аст. [Маҳалли дард] [ҳангоми решҳои гурда андар барсӯ],109 ҳангоми решҳои маҷроҳо андар миёна ва ба ҳангоми решҳои маҷрои нара фурӯтар аз ҳамагон бувад.
Гоҳе дард ба ҳангоми решҳои маҷроҳо мушкил бигардад ва ҳар соате чун дарди зодан боло гирад. Гоҳе бо ёрии қувваи дард бар фарқи дилхоҳ метавон огоҳӣ пайдо кард, зеро дарди решҳои обгаҳ сахттар бувад, аз баҳри он ки (497) обгаҳ андоми асабии дорои ҳисси қавист. Омадани пешоби хунии думодум ҳарчанд аз ҷумлаи далелҳои ҳар ду ҳолат аст, вале ба ҳангоми [реши] обгаҳ хун ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам аз ҷиҳати омезиш бо пешоб камтар бувад. Агар худованди решҳои гурда ва ё обгаҳ баъд аз хуноба пешоб кардан хун пешоб кунад, аз ин бар хӯра шудан ҳукм кунанд. Гоҳе бар мушкил шудани решҳои гурда ва палидии онҳо аз тариқи кам пазируфтани илоҷ, дарозии муддати [беморӣ], бисёрии шини [пешоб], ранги бади сабз доштани чизи бо пешоб беруноянда ва ниҳоят бадбӯй будани [пешоб] огоҳӣ пайдо кунанд.
Илоҷ. Нахустин коре, ки бояд ба ҳангоми муолаҷаи решҳои гурда ва обгаҳ карда шавад, муътадил сохтани хилтҳо ва аз ҳолати зардавӣ ва буранокӣ ба ҳолати хушӣ гардонидани онҳост, то онҳо бар реш реш зам накунанд. [Низ] бояд аз ҳар гуна чизи тез, талх, шӯр ва туруш парҳез кунанд ва об кам биошоманд, то ҳоҷат ба пешоб кардан камтар биафтад ва ҳаракати гурда аз сабаби чизи ба сӯяш ҷоришаванда ва аз он ҷудошаванда бикоҳад. Чунки қонуни илоҷи решҳо оромӣ фароҳам сохтан аст. Яке аз роҳҳои муътадил сохтани хилтҳо, агар лозим ояд, раг задан аст ва [низ] исҳоли латифи тунуке бувад, ки албатта, сахт набошад ва ба ҳангоми он хилтҳои тез ба якборагӣ берун оварда нашаванд. Ин гуна исҳол ба таври латиф [хилтҳоро] аз тан биронад ва ба изофаи ин онҳоро ба ғайри ҷиҳати гурда бигардонад. Ҳар қадар ки аз истеъмоли доруи исҳоловарандаи талх ҷуз ба ҳангоми зарурат худдорӣ карда шавад, беҳтар хоҳад буд. Низ беҳтар он аст, ки модда нахуст муътадил гардонида ва баъд аз он хусусан аз тариқи қай берун оварда шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ