Қонуни тиб

Ҳар гоҳ омос бикафад, таб ва табларза ногузир нест шаванд. Агар хуноба сафеди ҳамвор ва ғайри бадбӯй буда, ҳамроҳи пешоб берун ояд, ин аз ҳама хуб аст ва агар хун ва рими сафед ояд, низ чунин бувад. Вале ҳар чи бар хилофи ин бошад, ба ҳасби мухолафаташ бадтар хоҳад буд.
Илоҷ. Нахустин дармон ба ҳангоми ғолиб будани хун ин аст, ки аз тариқи задани раги босалиқ қатъи сабаб кунанд. Гоҳе чунин эҳтиёҷ биафтад, ки баъди он раги зери зону бизананд ва агар он раг намудор набошад, софин бояд зад. Агар андар ин ҳол ба изофаи [ғолибияти] хун хилтҳои тез ҷой дошта бошанд, ба қадри имкон аз тариқи ҳуқнаҳои нарми луобӣ низ исҳол ба амал оваранд. Беҳтарин чизе, ки бо он исҳол оваранд, оби панир ва хиёршанбар бувад. Оби панир моддаро ба сӯи рӯдаҳо бигардонад, бишӯяд, бизудояд, сардӣ оварад, бипазонад ва решҳоро беҳ кунад. Хиёршанбар низ ба нармӣ исҳолу пазиш оварад.
Оби шакар ва ангубини бисёр омехта низ ба ҳамин поя бувад. Агар имконияти нахуст муътадил сохтан ва сипас исҳол овардани хилт бошад, чунин кор кардан беҳтар хоҳад буд. Набояд исҳол сахт ва қавӣ ба амал оварда шавад, зеро ин ба сабаби рехтани хилти бисёр ба рӯдаҳои ҳамҷавори гурда зиёни бузург бирасонад. Оби ҷав яке аз чизҳоест, ки андар ин ҳангом бояд пайваста ба кор бурда шавад. Албатта, набояд пешоб тозонд ва ба бемор хусусан ҳангоме ки тан пок нест, тухмиҳо ва фундуқакҳои аз онҳо сохта дод, зеро хилтҳо ба сӯи гурда битарованд.
Ҳар гоҳ пухтагӣ дуруст бигардад, он гоҳ пешоб битозон.
Ба муҷиби ин, яъне андар ин гуна ҳолат, ҳарчанд об аз як ҷиҳат шифобахш аст, вале бояд то пок шудани тан ҳар қадар ки мумкин аст, [беморро] об ошомидан нагузоранд.
Об ҳарчанд ба сабаби сардиоварӣ ва тариоварӣ аз барои омосҳои гарм созгор аст, лекин азбаски тохтани пешоб нороҳатӣ оварда, ба сӯи омос рехтани [модда] гавҳари омосро фишор хоҳад дод, бинобар ин, об ба сабаби ҳаракати хеш зиёновар буда, бо камияти хеш беш аз манфаати ба сабаби кайфият оварандааш зиён хоҳад овард. Ба изофаи ин вай ҳамроҳи худ хилтҳоеро ба сӯи гурда барад, ки фуруд омадани онҳо ба сӯи гурда бо ёрии об осон бигардад.
Агар [254] аз ошомидани об чора набошад, бояд [ба бемор] оби хуши равшани сард бидиҳанд, то аз тариқи кашидану макидан биошомад ва набояд сардияш ба ҷое бошад, ки монеи пазиш бигардад. Андар ин ҳангом [беморонро] аз хӯрдани гӯшт ва ширинӣ дур бидоранд. Оби гарм эшонро зиён дорад ва ҳар гуна чизи билфеъл сахт гарм низ чунин бувад. Умуман, оби бисёр холӣ аз ин нест, ки бо ҳаракату гузариши хеш гурдаро ранҷур кунад ва барои омосҳову решҳо бошад, ҳеҷ чиз ба оромӣ намерасад. Намудҳои гуногуни гармоба ҷуз баъд аз паст шудани шиддати омосҳои гарм аз барои эшон созгор нестанд.
Аз доруҳои ошомиданӣ, тилоҳо, ҳуқнаҳо ва ғайра нахуст бояд он доруҳоеро ба кор баранд, ки боздорандаанд, сипас бо онҳо миқдоре аз доруҳои зудоянда, нармкунанда ва пазонандаро биомезанд, ки муносиби бузургӣ ва ё хурдии омос бошад ва баъди ин доруҳои зудоянда ва ковоккунандаро ба кор баранд. Бояд аз миёни доруҳои зудоянда ва ковоккунанда онҳоеро баргузид, ки газанда нестанд.
Агар ба иллати бузургии омос ба доруи қавии газанда эҳтиёҷ афтад, беҳтар он аст, ки ғолиби онҳо доруи ғайри газанда бошад. Ҳамчунин, агар андар он ҷо хилтҳои газандае бошанд, ки ба истифроғ наоянд, бояд онҳо бо ёрии ғизоҳое аз ҷинси ошомҳои аз барои гурда ва омосҳо созгор шикаста шаванд, вале бояд онҳо аз ҷумлаи чизҳои ногазанда бошанд, то бо ёрии онҳо [хилтҳо] муътадил бигарданд. Бояд ҳолатҳои хилтҳоро аз ҷиҳати тунукӣ, ситабрӣ ва гавҳари онҳо бидонӣ, ки оё онҳо аз ҷинси фосиданд, ё дуруст ва ё ягон хилти дигаре ва низ аз ҷиҳати миқдор бояд донист, ки онҳо каманд ва ё зиёд, то бо кайфият ва ё камияти дору ба онҳо муқобалат нишон дода шавад. Модом ки бо доруи тезияш камтар имконияти муолаҷа кардан дорӣ, ба истеъмоли доруи тез нашитоб. Ҳар гоҳ омос пурра бипазад ва инро аз тариқи пешоб бидонанд, ба бемор доруҳои пешобтозонандаи ба монанди тухмиҳо ва фундуқакҳои аз онҳо сохтаро андар оби ҷав ва монанди он карда бидиҳанд. Вале пеш аз ин ва ё хусусан ҳангоме ки хилтҳои тан баданд, ба бемор доруҳои пешобтозонанда надиҳанд. Мумкин аст аз ошомидани онҳо гаронӣ падид ояд, вале ба ин зинҳор парво накун, зеро ба бемор додани айни ҳамон дору он гарониро бибарад.
Беҳтарин чизе, ки бо он ҳангоми ислоҳ кардани омос ва ба исҳол овардани хилти бад дармон кунанд, ҳуқнаҳост, на (494) доруҳои ошомиданӣ, аз баҳри он ки ҳуқнаҳо ба изофаи дер боқӣ мондани қувваташон хубтар ба маҳалли [омосҳо] бирасанд ва ба изофаи ин онҳо аз барсӯ ягон чизе фурӯ нахоҳанд овард, ки миқдоран баробари чизи ба ҳангоми доруҳои ошомиданӣ ва хусусан доруҳои исҳол фурудоянда бошад. Бояд ҳуқнаро бо ҳуқнарезаке бирехт, ки андар боби кулинҷ ёд шуд, то дору ҳамвор ва аз ғайри нороҳатию музоҳамат биравад, вагарна сӯзишу зиён хоҳад овард. Хиёршанбар ба ҳангоми дармони гурда аҷаб чизи хубест. Агар он андар таркиби ҳуқнаҳо ва доруҳои ошомиданӣ бидарояд, бидуни тундӣ истифроғ оварад ва омосро бипазонад.
Ҳар гоҳ бидонӣ, ки тан пок аст ва омос хурд, мумкин аст ба бемор додани оби ангубин ва ё оби шакари бисёр омехта туро кифоят бошад, чаро ки зудояндагӣ, латифиоварӣ ва бурандагии ин ду об гоҳе омосро бидуни задан ҳал кунанд. Чизҳое, ки ба оғози кор судманданд, оби ҷав бо ягон равғане, фишурдаи бед, фишурдаҳои сард, зимодҳои ҳароратпасткунанда ва ба бемор додани луоби аспғул буванд. Гоҳе ҳатто ба ҳолати афрӯхтагӣ ба бемор шир биошомонанд, вале бояд шир ба гунае бошад, ки тавсиф намудем. Баъди инҳо бояд ҳуқнаҳоеро ба кор бурд, ки аз хитмӣ, панирак ва тухми катон бо ягон доруи сарде ва равғани гул сохта бошанд ва низ боистӣ ба зимод ниҳодан бо орди ҷав ва ҳамроҳи бунафшаю боқилӣ пардохт. Андар поёни беморӣ доруҳои сардро барандохта, бештар ҳулба, бобуна ва монанди инҳоро ба кор баранд ва равған равғани кунҷиду равғани хасакдона бошад. Аз берун доруҳоеро зимод кунанд, ки пазонанда ва бештар гармиовар буванд. Аз ҷумла бо пораи пашминае гармибандӣ кунанд, ки андар равғанҳои гармиоваранда ва равғанҳои қувваи шибит ва хитмӣ дошта оғушта карда бошанд. Зимодҳоро аз орди гандум ва оби ангубини ҷӯшонида, аз барги шанбалит, каранб, бехи савсан, шибит, хитмӣ ва бобунаи ан дар равғани кунҷид таркарда бисозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор