Қонуни тиб

Низ, марҳами маъруфи сафеда [хуб аст]. Ё сафеда, сурби сӯхта, равғани гул ва сафедии хоя ва ё рими арзиз ва тухми гулро гирифта, бисованд ва ҳамчун марҳами чи хушк ва чи часпак ба кор баранд: як бахш аз он ва се бахш аз муми сафед гирифта, мумро бо равғани гул бигудозанд ва ҳамаро омехта созанд. Хайрии хушконида низ ҳамин гуна бувад. Яке аз доруҳое, ки ба равиши доруҳои хосиятист, чунин аст, ки аз хокистари садаф ва нашоста бахшҳои баробар ва аз барги зайтун ним бахш гирифта, бо он тило созанд. Яке аз доруҳои судманд низ доруи зерин аст: ба миқдори баробар мурдосанг, сафеда, сӯнеши арзиз, равғани банги сафед ва мум ва ба миқдори кифоя равғани гул бигиранд. Низ, пиҳи мурғобӣ, кундур, мағзи устухони гавазн, тухми гул, тӯтиё, иқлимиёи шуста, сафедаи арзизӣ, сурби сӯхтаи шусташуда, афюн, зуфои тар, фишурдаи коснӣ, фишурдаи ангури сагак, равғани гул ва каме мумро гирифта, аз онҳо мумравған рост кунанд. Ин дору ба изофаи он, ки ҷароҳатро дуруст кунад, омосро гардонда, ба ислоҳ орад ва дардро бартараф созад. Яке аз обҳое, ки беморро андар он нишонанд, оби офтобаест, андар он ангури сагак, наск, гул ва ҷави муқашшар ҷӯшонида бошанд. Агар хориш набошад, гили қимулиё бо равғани мурд судманд бувад. Доруе, ки қавӣ ва ҷомеи [ҳамаи хусусиятҳост], доруи зерин мебошад: ду дирамӣ аз равғани кунҷид, лубон (кундур), созаҷ ва замчи гирд, як дирамӣ заъфарон ва мурр ва дувоздаҳ дирамӣ сақизи набатӣ ва мум гирифта, бо тило ва равғани гул ҳамаро ҷамъ созанд. Аз ҷумлаи доруҳои ин боб доруҳоеанд, ки аз тариқи нармиоварию муътадилсозӣ суд бахшанд ва онҳо пиҳҳо, чарбҳо, луобҳо, фишурдаҳо ва равғанҳоянд. Мисоли доруҳои часпакиоваранда нашоста, гарди осиёб, касиро ва ғайра мебошанд. Аз инҳо барои кафидагӣ дармонҳо фароҳам оваранд.
Аз ҷумла нусхаи зерин аст: зуфои тар, мағзи сари гӯсола, нашостаи шусташуда, пиҳи мурғобӣ ва мокиён ва равғани гул. Аз ҷумла: мағзи соқи гов ва нашостаро ба миқдори баробар гирифта, тило кунанд. Ё марҳами муқлро бо [пиҳи] кӯҳони шутур [ба кор баранд]. Инчунин, ба миқдори баробар мағзи соқи гов ва хамирмояи ҷав санҷидашуда аст. Низ, аз мағзи соқи гов, мағзи соқи гавазн ва пиҳи гавазн як уқиягӣ, мумиё ним уқия, равғани кунҷид ду уқия, нашоста як уқия ва касиро як уқия бигиранд ва ҳамаро бо равғани кунҷид ҷамъ созанд. Равғанҳои аз барои кафидагие судманд, ки ба ҳангоми он на ҳарорати зиёд ва омос, балки хушкӣ ҷой дорад, равғани хайрӣ, равғани савсан, равғани донаи зардолу ва равғани донаи шафтолу мебошанд. Андар ин [равғанҳо] муқлро бигудозанд. Чунин [беморонро] бахур кардани муқле судманд аст, ки бо пиҳ омехта бошад. Аммо [дармонҳои кафидагиҳои] омосиро донистӣ. Андар таркиби онҳо гили қимулиё бо равғани мурд бидарояд. [Беморро] андар [обҳои] қабзкунанда ва равғани зайтуни норасид нишонанд ва инчунин мозуро бо тило ҷӯшонида бо он зимод кунанд. Ҳангоми кафидагиҳои бавосирӣ ба истеъмоли марҳамҳои нармкунанда ниёзмандӣ бувад. Аммо ҳангоми [кафидагиҳои] бирозӣ бояд табиатро пайваста бо ғизоҳои нармкунанда ва ошомиданиҳо нарм дошт ва ҳабби муқлро бо сакбина ба кор бурда, онро шабу рӯз
биошоманд. Ҳар гоҳ аз кафидагӣ ягон чизе ҷорӣ шавад, пунбапораеро гирифта, андар оби замч оғушта созанд ва фишурда, бо он мақъадро пок кунанд. Бояд аз чизҳои қабзкунанда ва хушконандаи бироз парҳез намуд.
(486) Ғизоҳои худовандони кафидагӣ. Бояд аз ғизоҳои туруш, қабзкунанда ва хушконандаи табиат дурӣ ҷуст ва бояд ба чунин [беморон] аз сапедбоҳо, ошомҳои исфонохӣ ва ошомҳои аз панираки бӯстонӣ сохташуда ғизо бидиҳанд. [250] Равғани эшон бояд аз пиҳи кӯҳони шутур, пиҳи мокиёну мурғобӣ иборат бошад. Эшонро кабарво, зардии хояи нимбиришт хусусан пеш аз дигар таомҳо ва хоягинае судманд буванд, ки аз зардии хоя, гандано, пиёз ва равғани гов сохта бошанд ва чандон баста набувад. Гавзи ҳиндӣ, бодом ва пониз барояшон судманд аст. Тариқи ғизо додан ба эшон мисли тариқаи ғизо додани худовандони бавосир бувад.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни нотавонии мақъад
Ин гоҳе аз сабаби мизоҷи фалаҷӣ ва ё на бад-он андоза сард будани он ба амал ояд. Мизоҷи фалаҷӣ аксар вақт аз сабаби рутубати сарди тунуки чидашуда ва гоҳе аз сабаби рутубате ориз гардад, ки ба гармӣ моил буда ва ин гармӣ сабаби чидашудани он гардида бошад. Ин гармиро бо ламс метавон дарёфт. Гоҳи дигар нотавонӣ ба сабаби реши равон, ё шикофтан ва буридани бавосире ба амал ояд, ки ба ҳангомӣ он мушакро газанди ҳамагонӣ расида бошад. [Нотавонии мақъад] мумкин аст ба сабаби бар пушт афтидан ва ё расидани зарбае бар саргаҳи асаб ба амал ояд, ки боиси зиён ва ё даридани он гардида бошад. Ин намуд ба якборагӣ рӯй диҳад ва онро ҳеҷ дармоне нест, вале нотавонии мизоҷии [мақъад] оҳиста-оҳиста ба амал ояд ва пазирандаи дармон бувад.
Аз сабаби нотавонии мақъад бе ихтиёр баромадани бироз рӯй диҳад. Гоҳе мумкин аст андар он ҷой азҳамкашидагие ба сӯи берун ҷой дошта, нотавониро монад, зеро аз паси ин низ бе ихтиёр берун омадани бироз рӯй диҳад.
Бисёр бошад, ки аз паси ин қулинҷ ба амал ояд, аз баҳри он ки мушаки бироз нигоҳдоранда ба азҳамкашидагӣ гирифтор ояд ва инро аз тариқи эҳсоси сахтӣ дарёфтан метавон донист. Гоҳе нотавонӣ бо вуҷуди ҳис ва гоҳе бидуни он ба амал ояд. Оне, ки бо ҳис аст, беосебтар бувад.
Илоҷ. Агар сабаби он сардии сахти бо модда ва ё бе модда бошад, [беморро] андар обҳои офтобае нишонанд, ки андар онҳо абҳал, қуст, гавзи сарв, сунбул, андаке мурр ва изхир ҷӯшонида бошанд. Агар ба доруҳои аз ин ҳам қавитаре ниёзмандӣ бошад, ба бемор бо доруе ҳуқнарезӣ кунанд, ки «уфурбиюн» ном дорад ва аз уфурбиюн созанд. Аз паси он равғани қуст ва ғайраро ба кор баранд.
Агар моддаи нотавонӣ оваранда рутубати дорои ҳарорат бошад, ки инро аз тариқи ламс метавон дарёфт, [беморро] андар обҳои доруҳои қабзкунандаи қавӣ ва моил ба сардӣ нишон ва ба он обҳо ягон чизи гармиоваранда ҳамроҳ бикун. Агар гумон барӣ, ки андар ин ҳол азҳамкашидагӣ ҷой дорад, равғанҳо, пиҳҳо ва дигар чизҳои молиданию нармсозандаро ба кор бибар. Андар охир бояд доруҳои газанда104 ва доруҳои ҳаракатдиҳандаеро ба кор бурд, ки дорои латифсозандагию ҳалкунандагӣ мебошанд, то ки қувват бедор бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор