Қонуни тиб

Фасли шашум
андар баёни доруҳои равоне, ки бар
бавосир биниҳанд ва ё бар он бирезанд
Аз ҷумлаи инҳо обҳои қавии тез ба шумор рафта, мисоли онҳо обҳоеанд, ки андар онҳо оҳаки ношукуфта, ишхор ва зирнихро ба такрор ҷӯшонида, сипас бо онҳо оҳаку ишхор сиришта бошанд. Обҳои замчӣ чи аз тариқи ошомидан ва чи аз тариқи шустушӯй яке аз василаҳои бастани сайлони бавосиранд. Тило: ҳанзали тарро гирифта, чаҳор пора кунанд ва андар ҷогаҳе ниҳода, бар вай пешоби шутурони чароӣ ва хусусан арабиро то паноҳ шудан бирезанд. Онро андар офтоби тафсон то вақти тафсон буданаш биниҳанд ва ҳар бор, ки бикоҳад, бар вай пешоб бирезанд. Ин бисёр судманд буда, ногузир бавосирро биафтонад. Гоҳе аз талхаҳо тило созанд, зеро онҳо бавосирро бихӯранд. Агар андар оби харнуби тар пашминаеро оғушта, бар бавосир бигузоранд, албатта, онро бартараф кунад. Агар бо ин пайваста бавосирро бисованд, низ чунин таъсир кунад, чунонки бо озахҳо ҳамин кор бикунанд. Хиёраки тари кабар ҳам ҳамин гуна аст.
Чарбҳое, ки [ба кор баранд], инҳост: равғани зарди куҳан; равғани донаи зардолу; равғани донаи шафтолу; пиҳи кӯҳони шутур; равғани хайрӣ; ва равғани ҳино.
Фасли ҳафтум андар баёни фатилаҳо ва доруҳои ба зер баргирфтанӣ
Пунбапораеро андар ангубин оғушта кунанд ва бар вай сиёҳдонаи сӯхта пошида, ба кор баранд. Гоҳе фатилаҳои сӯзандаеро ба кор баранд, ки аз ҳар ду навъи зирних ва монанди инҳо сохта шуда бошанд. Аз ҳамаи доруҳои пошиданӣ метавон бо ангубин фатилаҳо сохт. Яке аз чизҳои бисёр аҷиб, вале тези тоқатфарсо бад-ин гуна аст, ки бехи филгӯшро хурд пора карда, як шабу як рӯз андар шароб тар кунанд ва сипас то тавонистан ба зер гирифта, нигоҳ доранд. Бархеҳо чунин гуфтаанд, ки агар аз нилуфар фатила бисозанд, судманд аст, вале [ин судмандӣ] ба гумонам андар фурӯ нишондани дард бувад.
Фасли ҳаштум андар баёни доруҳои ошомиданӣ
Аз ҷумлаи онҳо ҳабби муқл, ки аз рӯи нусхаҳои маъруф сохта бошанд, ҳабби бо самғҳо сохташуда ва ҳабби бо каҷак сохташуда бидароянд. Аз ҳамин қабил ҳабби додист, ки нусхааш чунин аст: бахшҳои баробаре аз ҳалила, балила ва широмула (483) ва панҷ бахш аз додии басрӣ гирифта, бо равғани зардолу то равған ҷудо кардан тар кунанд ва сипас бо ангубин бисириштанд. Як ошомидании он аз ду дирам то се мисқол аст. Дигар аз ҳамин қабил ҳабби сандарус аст ва нусхааш чунин бошад: аз сандарус, пӯсти хояи мурғ, шитараҷ ва тухми гандано бахшҳои баробар, аз навшодир ним бахш ва аз рими оҳан чаҳор бахш гирифта, ба андозаи як донаи кунор ҳаббҳо созанд.
Як ошомидании он аз шаш то ҳафт дона буда, пагоҳиҳо биошоманд. Ин дору боҳангез бувад. Инчунин: даҳ [дирамӣ] ҳалилаи сиёҳ, балила ва омула, ҳафт [дирам] кадуи сӯхта, се [дирам] каҳрабо, ду дирам зог ва бист дирам муқл гирифта, андар оби гандано тар кунанд. Сипас аз он
ҳаббҳо бисозанд ва ба кор баранд. Яке аз доруҳои санҷидашуда чунин аст: ду дирамӣ тӯполи оҳан, тухми гандано ва тухми нонхоҳ ва се дирам меваи хушки кабарро бигиранд. Як ошомидании он як думушта ва бо оби ганданост. Низ, як бахшӣ аз ҳалилаи сиёҳи бо равғани гов бирёнкарда ва тухми бодиён ва ду бахш сипандонро гирифта, ҳар рӯз аз онҳо як кафча бо шароб биошоманд. Дигар: ҳалилаи сиёҳи бо равғани гов бирёнкардаро бо оби гандано ва равғани гавз, итрифали хурд ва итрифалро бо рими оҳан [ба кор баранд]. Инчунин: се дирам рими оҳани бехта ва кӯфтаро бо ду дирам сипандони сафед бигиранд ва онро ношито бо як уқия оби гандано ва ду дирам равғани гавз биошоманд. Дигар: зарованди дароз, оқирқарҳо, хори хасак, бодоми талх ва нонхоҳро гирифта, бар онҳо як думушта орди ҷав афкананд ва бо оби гандано ва равғани зардолу бисириштанд. Инчунин: даҳ дирамсанг абҳали нави поккардаро гирифта, рӯзгоре андар оби гандано тар кунанд ва сипас андар соя хушконида бисованд ва бар вай ҳашт дирамӣ тухми испанд, ангудони кирмонӣ, сипандони сафед, шанбалит ва нонхоҳ биафзоянд. Сипандону испандро бо равғани гавз ва равғани зардолу бирён кунанд ва дигарҳоро бикӯбанд ва ҳамаро андар косаи обгинагӣ ва ё кафлесе биомезанд. Як ошомидании он аз як то ду мисқол бувад. Яке аз доруҳои ихтиёр ва санҷидашуда ин аст, ки чун ду дирам борзади хушкро бо об [ба бемор] биошомонанд, ӯ шифо ёбад. Агар аз ин се бор ба бемор бидиҳанд, [беморӣ] дубора падид наояд. Сакбина ва майъа аз ҷумлаи доруҳоеанд, ки аз барои бавосир биошоманд.
Агар табиат нарм бошад, доруи кӯфтаи ҳалилае, ки бо тухмиҳо сохта бошанд, суд бахшад. Вай низ тозонандаи хун аст. Яке аз тадбирҳои аз барои чунин [беморон] судманд пайваста бо ангубин хӯрдани бехи филгӯш бувад.
Аммо итрифал бо рими [оҳан] хунро бибанданд ва бавосирро низ суд бахшанд.
Фасли нуҳум андар баёни доруҳое, ки дардро фурӯ нишонанд
Ду дирамӣ сакбина ва муқл, як дирам майъа, ним дирам афюн ва якуним уқия равғани донаи зардолуро гирифта, самғҳоро андар равған бигудозанд ва ба он ним дирам гунди бедастар ҳамроҳ кунанд. Низ як бахш нилуфари хушконида ва ним бахш хитмӣ бигиранд. Ё аз шоҳафсар ва наски муқашшар як бахшӣ гирифта, бо зардии хояи мурғ ва равғани гул якҷоя созанд. Низ, барги хитмӣ ва шоҳафсарро [ба кор баранд], ки ҳар дуро бо зардии хоя ва равғани гул сиришта бошанд. Агар бар [бавосир] диёхилунро бо равғани гул, андаке заъфарон, афюн ва майпухта бигузоранд, судманд бувад. Пиҳи мурғобӣ ниҳоят судбахш аст. Харчанги рудӣ, зуфои тар, пиҳи гурдаи буз ва муми сафед низ чунинанд. Хусусан ба ҳангоми омосидани [бавосир] доруи зерин [хуб аст]: бобуна, шоҳафсар ва андаке заъфаронро гирифта, бисованд ва бо луоби тухми катон ва мусаллас маъҷун созанд. Ба ин боб инчунин он доруҳоеро бояд афзуд, ки андар боби омоси мақъад овардем, зеро онҳо аз барои фурӯ нишондани дардҳои ҳангоми буридан, шикофтан ва аз омос падидоянда судманданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор