Қонуни тиб

Бояд ба қадри имкон андар кушодани бавосири сарбаста кӯшиш карда, то беҳол шудани бемор ва ё берун омадани хуни холиси бесавдо аз он хунро ҷорӣ намуд.
Агар ин суд набахшад, чора ин аст, ки аз тариқи буридан ва ё хушконидану сӯзонидан бо чизҳои дорои ин гуна таъсир бавосирро ҷудо кунанд ва ё бирезонанд.
Бидон, ки хуне, ки аз бавосир ва аз мақъад биравад, аз хӯра, девонагӣ, молихулиё ва саръи савдовӣ, сурхбод, [табишҳои] говарсӣ, саратон, пӯстбозшавӣ, гар ва парюнҳо, аз ҷузом, аз барсом, (480) омоси шуш ва сарсом раҳоӣ диҳад. Ҳар гоҳ хуни [бавосири] одатӣ баста шавад, бими падид омадани яке аз ин бемориҳо ба миён ояд, бими истисқо бувад, аз баҳри он ки андар ҷигар омоси бад ва сахт падид ояд ва мизоҷ фосид гардад ва бими сил ва дардҳои шуш бошад, аз баҳри он ки хуни бад ба сӯи шуш биравад. Агар сайлони хун беҳушӣ оварад, писти ҷавро бо табошир ва гили арманӣ гирифта, аз маҷмӯи он кам-кам ба бемор бидиҳанд, биошомад.
Доруҳои бавосир бархе бавосир бикушояд, бархе онро фароҳам оварад, бархе сайлони ба ифрот ояндаи хунро бибандад, бархе хунро қатъ кунад ва бархе дарди бавосирро фурӯ нишонад. Ин доруҳо ё ошомиданӣ, ё ба зер баргирифтанӣ, ё тило, зимод ва олуданӣ, ё хока, ё бахур, ё обҳое, ки андар онҳо нишинанд ва ё бандандаи сайлон буванд.
Ҳамаи инҳо ё сода ва ё мураккабанд. Бидон, ки суди ҳабби муқл аз барои бавосири дорои давраҳо намоён аст, вале аз барои бавосири доимии ғайри даврагӣ чандоне судманд нест. Ҳар гоҳ даридану (шиқоқ) омос [ба бавосир] изофа шуда бошанд, нахуст ин ду, сипас бавосирро дармон кунанд. Равғани донаи зардолуе, ки андар он муқлро ҳал карда бошанд, аз барои бавосир ва даридагӣ судманд аст.
Фасли севвум андар тадбири буридан ва шикофтани бавосир
Бавосирро ё аз тариқи буридан ва ё бо ёрии доруҳои тез биафтонанд. Агар бавосир якчанд адад бошад, набояд ҳамаро яксара бурид, балки ба андарзи [247] Буқрот гӯш фаро дода, яке аз онҳоро бояд боқӣ монд ва сипас муолаҷа намуд. Гузашта аз ин агар бемор тоб овардан битавонад ва агар ӯро аз тариқи яке аз паси дигарӣ буридани бавосир муолаҷа кунанд, беҳтар хоҳад буд ва ба охир якеро ба ҷой гузоранд, то хуни табаҳи андар табъ ба тариқи одат аз бавосир оянда аз он бирезад. Агар бавосири бурида намоён бошад, тадбири он саҳлтар аст, вале агар пинҳон бошад, тадбири он душвортар хоҳад буд. Бавосири намудорро беҳтар он аст, ки аз бун бо риштаи абрешимӣ, ё катонӣ ва ё бо мӯй сахт бибанданд ва бигузоранд. Агар бо ҳамин биафтад, хуб, вагарна доруҳои афтонандаро барояш бисанҷанд ва агар наафтад, бибуранд.
Бавосири пинҳонро лозим аст, ки нахуст бозгуна созанд ва сипас бибуранд. Гардониданро гоҳо ба воситаи
афзор ба амал оранд. Масалан, бо ёрии оташ ва ё ҳар гунае, ки бошад, бар мақъад миҳҷама гузоранд, то берун ояд ва онро бо колбад бидоранд. Агар бими зуд баргаштани мақъад бошад, миҳҷамаро соате бигузоранд, то маҳалли он варам кунад ва [мақъад] зуд барнагардад. Гоҳе онро зуд бо ришта чандоне сахт бибанданд, ки варам кунад ва бавосир берун бимонад. Гоҳе гардониданро аз тариқи доруҳои бозгунасозанда ба амал оваранд. Масалан, фишурдаи қантуриюну шибити тар ва мавизакро гирифта, ҳамаро бо ангубин бисириштанд ва бар мақъад тило кунанд ва ё андар пашминае ниҳода, ба зер баргиранд. Ин эҳсоси қазои ҳоҷат биангезад, мақъадро ба берун омадан майл диҳад ва берун шудани [бавосирро] осон кунад. [Инчунин], натрун ва талхаи гов, ё мурчу натрун ва ё бо онҳо фишурдаи бахури Марям ва ё мавизак ҳамроҳ карда ба кор баранд. Аз барои эҳтиёт пеш аз буридан ва ё шикофтан раги босалиқ бизананд.
Ҳар гоҳ бавосирро буридан бихоҳанд, аз чизи беруномада ва ё бо колбад беруноварда бахши буридашавандаро дошта, ба сӯи хеш бикашанд ва сипас онро бо тезтарин ва гузаротарин афзор аз бун бибуранд. Набояд аз буни он гузашта чизе фаротар аз он бурида шавад, зеро ин боиси офатҳо, омосҳо ва дардҳои бузурге хоҳад шуд ва гоҳе пешобро баста, қабз оварад. Хунро бигузоранд то бими беҳол шудани [бемор] ба миён омадан биравад ва сипас бо доруҳои хунбоздорандае, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард, хунро бибанданд. Агар хун чандон бисёр наояд, раги босалиқ бизананд. Агар бемор бардошт кунад ва бо доруҳои рагбозкунандаи ёдшуда хунравӣ ба амал оварда, бигузоранд, ки он биравад ва агар бими аз сабаби дард афтидани қувват набошад, хуб хоҳад шуд. Гоҳе аз барои ин ғараз ба кор бурдани, масалан, оби фишурдаи пиёз кифоят бошад.
Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки бавосир бишикофанд, хурди онро аз бун ва бузурги онро аз нима ва ё аз бахши дигари он бишикофанд ва чораҳои пешакӣ бинанд, то варам накунад ва ба дард наояд. Ин корро аз тариқи бар маҳалли дард ниҳодани пиёзи пухта ва ё ганданои пухтаи бо равғани зард омехта ба амал оваранд ва ё аз барои варам накардан шахси муолиҷашавандаро андар обҳои қабзкунандаи андар офтоба ҷӯшонидашуда ва ё андар сирко ва обе нишонанд, ки бо онҳо мозу ва пӯсти анор ҷӯшонида бошанд ва сипас бо марҳамҳое муолаҷа кунанд, ки рӯёнандаи гӯштанд. Ғараз аз шикофтан омода сохтани бавосир аст, то андар он қувваи доруҳои (481) бавосирафтонанда нуфуз кунанд. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки мақъад аз сабаби ин гуна дармонҳо омос карда, сахт ба дард ояд, бояд бо муқл ва [пиҳи] куҳани шутур дуд андозӣ ва бо зимодҳои ёдшуда зимод кунӣ ва ё аз нони сафед, зардии хоя бо андаке афюн ва заъфарон зимод сохта бимолӣ. Андар набизи додӣ нишастан барои ором сохтани дарди маҳаллии бурида ва ғайра суди шигифтоваре дорад. Андар обҳое нишастан ва бо онҳо шустани маҳалли дард низ чунин бошад, ки андар онҳо доруҳои нармкунанда ҷӯшонида бошанд. Ин гуна обҳо обҳоеанд, ки андар онҳо тухми катон, хитмӣ ва тухми он, каранб ва ғайра ҷӯшонидаанд. Яке аз доруҳои хосси омосҳои аз бавосир баамаломадаи мақъад чунин аст: се уқия сафе даи харсангӣ, як уқия сақулумус (кангар), ду уқия мурдосанг ва се дирам мастакоро гирифта, бо фишурдаи банг бисириштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор