Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли севвум
андар баёни он чи ки беморони қулинҷро зиён дорад

Чизҳое, ки касони ба қулинҷ гирифторро зиён доранд, бархе ғизоҳо ва бархеи дигар феълҳост. Аз ғизоҳо ҳама гуна гӯштҳои ситабри ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳатто гӯшти харгӯш, нахҷир, гов, шутури куштанӣ, хусусан моҳии бузурги чи тоза ва чи намакин, ҳар гуна гӯштҳои бирён ва кабобкарда, шикамбаҳои ҳамаи ҳайвонҳо, балки ҷирми тамоми гӯштҳо ба ҷуз он чи ки пеш аз ин истисно кардем, зиён доранд. Инчунин, эшонро нони сафед ва фатир, сикбо, мазира (мостоба), сирко, равғани зайтун, кашкво, ширбиринҷ ва лавзина зиёнваранд, вале кулчаҳои шакарӣ (қатоиф) камзиён буванд. Ҳамчунин ҳамаи намудҳои хушкнонак зиён доранд. Нони хушки совида, зулбиё, ширҳо, панири чи куҳан ва чи нав, ҳамчунин ҳар гуна ғизои бодовар, ҳамаи тараҳо, ба ҷуз он чи ки ёд кардем, масалан, чугундар, судоби хушк ва наъно, дигар ҳама мумкин аст ин гуна беморонро ба сабаби дамиш овардан зиён бирасонанд. Ҳамчунин, индов ва тархун низ барои эшон зиёнваранд. Зайтун ва ҳамаи меваҳо, ба ғайр аз зардолу ва олу, аз барои қулинҷи сафровӣ, қулинҷи гарм ва қулинҷи бирозии фақат намуди аз гармӣ ба вуҷудомада, на дигар намудҳои он, зиён доранд. Харбузаи ширин пеш аз таом андар ҳолати тандурустӣ барои бештари касони ба қулинҷ гирифтор бе зарар аст. Аммо каду ба таври махсус, хиёри дароз, бодранг, биҳӣ, [дилаи] сафеди каранб, [дилаи] сафеди шалғам, қуннабит, амруд, себ ва хусусан себи туруши гиранда, дӯлона, кунор, санҷид, кундушаи табарӣ, тути шомӣ, зиришк, тутум, ғӯра, чукурӣ ва ҳар чи ки аз инҳо бисозанд ва ҳар чи ки бад-инҳо монад, бадтарин душмани каси гирифтори қулинҷ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба кор бурда шаванд. Ҳамчунин, гавз ва бодоме, ки сахт таранд ва ё боқилии тар аз барои чунин [беморон] зиён доранд. Анори ширин камтар аз анори туруш зиёнвар аст.
Аммо феълҳое, ки бояд аз онҳо эҳтиёт шуд, масалан, инҳост: нигоҳ доштани бод; нигоҳ доштани бироз; хобидан ба ҳангоме, ки андар шикам хусусан бирози хушк мавҷуд бошад. Баръакс, бемор пеш аз ҳар як хоб рафтан бояд ба халоҷо биравад. Бидон, ки баста шудани бод азбаски бирозро ба боло бароварда, фишор диҳад ва онро ҳамчун як чизи ягона фишурда ҷамъ созад ва азбаски андар рӯдаҳо нотавонӣ ба амал оварад, [242] бинобар он, аксар вақт боиси қулинҷ бигардад. Гоҳе он ба истисқо расонад, гоҳе боиси торикии чашм, гижа ва сардард бигардад ва гоҳи дигар андар пайвандгоҳҳо дармонда, ташаннуҷ ба амал оварад. Аз паси таом ҳаракат кардан ин [беморонро] бад аст ва ошомидани оби сард ва шароби бисёр аз болои (471) таом низ чунин бувад.
Фасли чаҳорум андар баёни иловус ва он мисли қулинҷест, ки андар рӯдагони борик ориз бигардад

Иловус гоҳе аз сабаби ҳамаи он сабабҳое рӯй диҳад,
ки қулинҷ аз сабаби онҳо ба амал ояд. Бинобар он аз барои [донистани] сабабҳо, аразҳо ва дармонҳои он бояд

ба он чизе муроҷаат кард, ки андар боби қулинҷ ба таври муфассал баён карда шуд. Гоҳе мумкин аст ба сабаби ошомидани намудҳои гуногуни заҳрҳои иловусоваранда ба амал ояд ва гоҳе дигар мумкин аст ба сабаби шиддатнокии қувваи нигоҳдорандаи рӯда ориз шавад ва он [қувва] чизи андар рӯда бударо фаро гирифта, онро бибандад. Яке аз чизҳое, ки иловус андар ҳукм бо он чиз аз қулинҷ фарқ мекунад, ин аст, ки аз сабаби бадмизоҷии сода ба амал омадани иловус бештар аз қулинҷ аст. Аксар вақт аз сабаби мизоҷи сард хезад ва хусусан агар чунин иттифоқ афтад, ки меъда ниҳоят гарм бошад, рӯда бипечад ва боду балғам шиддат ёбанд. Гоҳе иловус ба сабаби бе маврид ошомидани оби сард ба амал ояд. Ба ҳангоми иловуси бодӣ дарди аз тариқи суддаоварӣ баамалоянда сахттар аз дардест, ки аз тариқи ошуфта сохтани табақаҳои [рӯда] ба амал ояд ва гузашта аз ин тамоми зиёни ин гуна [иловус] аз ҳамин ҷиҳат аст.
Ин ҳол бар хилофи он ҳолатест, ки ба ҳангоми қулинҷ ҷой дорад. Намуди омосии иловус бештар аз намуди омосии қулинҷ рӯй диҳад ва он сахт бад бувад. Иловуси фатқӣ низ бисёр рӯй диҳад. Намуди бирозии иловус ниҳоят дарднок аст. Бисёр бошад, ки қулинҷ ба иловус гузарад ва чунин ба назар бирасад, ки намуде аз ин [гузариш] аксар вақт ба амал ояд.
Иловус бештар вақт андар рӯзи ҳафтум бикушад. Вай аз тариқи ҳавои вабоӣ аз як одам ба одами дигар ва мисли бемориҳои гузаранда аз як кишвар ба кишвари дигар бигузарад. Буқрот гуфтааст: «Агар аз сабаби қулинҷи дубора ба амал омада қай, ҳукак, тирагии ақл ва ташаннуҷ рӯй диҳанд, ҳамаи инҳо далели бад хоҳанд буд». Ин аразҳо [қулинҷро] ба анбозии меъда ва анбозии мағз рӯй диҳанд. Буқрот боз гӯяд: «Агар ҳангоми иловус чакрачакра омадани пешоб рӯй диҳад, худованди он ба рӯзи ҳафтум бимирад ва ин ба шартест, ки таб ба амал омада, арақи зиёд ҷорӣ нашавад». Вале Ҷолинус сабаби инро намедонад. Иловуси балғамӣ ва бодиро низ таб судманд аст. Агар думодумии қаи палид, кузоз ва ҳукак шиддат ёбад, [иловус] беморро бикушад. Чун хубии пешоб ба ҳангоми ин иллат чандон далели некӣ нест, пас, чи ҷои он, ки агар пешоб бад бошад. Бадтарин иловус он аст, ки ба ҳангоми он аз барсӯ бироз гардонида шавад ва ин намудро «иловуси бадбӯй» хонанд. Сипас иловусест, ки ба ҳангоми он аз арақ бӯи бироз ояд, баъд иловусе биистад, ки ҳангоми он нафас бадбӯй бошад, сипас иловусе ояд, ки оруғ ба ҳангоми он бадбӯй бошад ва аз ҳама ахир иловусе бувад, ки ба ҳангоми он боди беруноянда бадбӯй бошад.
Нишонаҳо. Нишонаҳои иловус чунинанд, ки дард боло аз ноф бошад, ягон чизе ҳатман аз зер берун наояд ва чуноне ки Буқрот гуфтааст, ҳуқна чандоне суд набахшад. Гоҳе бироз ба барсӯ ронда шуда, бемор бироз, кирми рӯда ва кирми «кадудона» қай кунад, аз даҳон ва оруғаш ва гузашта аз ин гоҳе аз тамоми танаш бӯи бад ояд.
Инҳо далелҳои бехилофанд. Наомадани ягон чизе аз зер ба ҳангоми ин иллат ҳамешагист, вале шиддатнокии ҳолати бироз қай кардан ҳамешагӣ нест, балки ин ҳангоми хатар шиддат ёбад. Лекин ҳаракати қай ва маҳмезаи гардондан ба ҳангоми иловус бештар аз он аст, ки ба ҳангоми қулинҷ ҷой дорад, аз баҳри он ки ин [беморӣ] ан дар рӯдаи аз ҳама наздик ба меъда биафтад.

пешина
аз 1215
навбатӣ