Қонуни тиб

Қулинҷи аз омоси сард ба амал оянда ниҳоят кам рӯй бидиҳад ва яке аз роҳҳои хуби муолаҷаи он чунин аст, ки як бахш равғани даҳмаст ва як бахш ба қадри баробар аз равғани зайтун ва пиҳи ғоз бигиранд, ки ин доруи бисёр аҷиб бошад. Инро [низ] зимодҳои аз қайсум, шибит, гӯргиё, шоҳафсар ва дигар доруҳое сохташуда суд доранд, ки бо онҳо, чунонки андар ҳар бобе донистӣ, омосҳои сардро муолаҷа кунанд. Яке аз чизҳои андар ин ҳангом сахт судманд зимоди қайсумест, ки бо мумиёи яҳудӣ сохта бошанд.
Илоҷи қулинҷи савдовӣ. Бояд савдоро нахуст бо ёрии, масалан, ҷӯшонидаи афитимун, ҳабби ложувард ва монанди инҳо истифроғ намуд, сипас баъди он ба бемор ҳабби шибрам ва сакбина дод. Агар ба ҳуқнаҳо эҳтиёҷ биафтад, андар онҳо баспоя, афитимун ва устухудус ҳамроҳ кунанд ва андар таркиби доруҳои ба зер баргирифтанӣ санги ложуварди мисли гард суда ва ё санги арманӣ бидароранд. Гоҳе андар ҳуқнаҳои [чунин бемор] пӯсти бехи тут биафзоянд. Шиками ӯро бо ёрии, масалан, сиёҳдона, испанд, саътар ва пудинаи андар сирко ҷӯшонида зимод ва гармибандӣ кунанд.
Илоҷи қулинҷи бирозӣ. Ҳангоми он қулинҷе, ки аз сабаби ғизоҳо падид омадааст, агар миқдори андар меъда боқимондаи онҳоро гардондан битавонанд, бигардонанд ва рӯ ба ғизоҳое оваранд, ки ба ҳасби зарурат лағжонандаи ё сард, ё гарм ва ё муътадил бошанд. Яке аз ғизоҳои лағжонандаи сард, масалан, оби шӯрбои серравған ва хусусан оби шӯрбои пирхурӯс аст. Ин [хурӯсро] то аз пой афтидан ва ҳеҷ қувват намондан парво карда, сипас забҳ ва пора кунанд, устухонҳояшро шикананд ва андар оби ниҳоят зиёд бо намак, шибит ва баспоя то андар об ҳал шудан биҷӯшонанд. Сипас ин оби ба таври қавӣ [ситабро] дам кашанд ва гоҳо бар вай равғани хасакдона бирезанд. Мисоли [дигар] оби сапедбоҳои бо мурғчӯҷаҳои фарбеҳ сохташуда, ё оби олуво ва ё ғайри инҳо мебошад. Ин ғизоҳои лағжонанда [чизҳои хӯрдашударо] ё берун оранд ва ё нарм сохта, андар миёни онҳо ва ҷирми рӯда бидароянд ва ҳар дуро аз ҳам ҷудо ва бирозро аз барои лағжидан омода созанд. Сипас чун ягон доруи исҳолеро биошоманд ва ё ҳуқнаеро ба кор баранд, бирозро ба осонӣ берун хоҳанд овард. [Аз барои ин қулинҷ] ҳуқнаҳои сабуки андар боби [қулинҷи] сафровӣ ёдшуда ва ҳуқнаеро ба кор баранд, ки чунонки медонӣ, аз фишурдаи чугундар, (468) бунафшаи суда, обкома, равғани кунҷид ва бура сохта бошанд. Ҳуқнаи дигар ба сифати зерин аст: як қабза [пояи] чугундар, як думушта сабӯс, даҳ дона анҷир ва ҳафт ратл обро гирифта, андар он каме хитмии сафед афканда, ҳамаро то як ратл [об] мондан биҷӯшонанд. Сипас онро полида, бар вай даҳ дирам шакари сурх, як мисқол бура, ним уқия обкомаи набатӣ ва ним уқия равғани кунҷид афкананд ва ҳуқна бирезанд. Ин ҳуқнаро то пурра берун шудани ҳамаи фундуқакҳои [бироз] гаштаву баргашта такрор кунанд. Мисоли дигар ҳуқнаи зерин аст: аз ҳар кадоми хори хасак, баспоя, шибит ва хасакдонаи резакарда даҳ дирамӣ, аз олу даҳ дона, аз анҷир даҳ дона, аз бунафша як думушта, аз турбид ду дирамсанг, аз тухми катону тухми карафс се дирамӣ аз тарангубину хурмои ҳиндӣ сиҳ ди
рамӣ, аз ширхишт ва хиёршанбар дувоздаҳ дирамӣ ва аз пояи чугундар ва пояи каранб як қабза гирифта, ба усули маъмулӣ андар якчанди онҳо аз об биҷӯшонанд. Сипас бар оби полидаи онҳо понздаҳ дирамӣ обкома ва шакари сурх, як мисқол бура ва даҳ мисқол равғани кунҷид ҳамроҳ карда, бо он ҳуқна бирезанд. Агар ҳолат вазнин бошад ва ин гуна ҳуқна суд набахшад, ҳуқнаҳои қавиеро ба кор бибар, ки андар боби кулинҷи балғамӣ ёд шуданд ва гуфта шуд, ки онҳо аз барои кулинҷи балғамии ҳангоми бирози зиёд баамаломада судманданд. Аз ин ҷумла низ ҳуқнаи ушнонист.
Аммо доруҳои ошомиданӣ: мисоли онҳо [гувориши] хурмоӣ, шаҳриёрон, усқуфӣ ва биҳигист. Инҳоро танҳо ҳангоме ба кор баранд, ки агар чизҳои лағжонандаи андар боби кулинҷи сафровӣ ёдшуда чандон суде набахшанд. Яке аз доруҳои дорои ҳар ду қувва99 доруи зерин аст:
шакари сурх ва понизро андар якчанди онҳо аз равғани кунҷид гудохта, биошоманд. Ҳамчунин, ҷӯшонидаи анҷиру сапистонро бо мусаллас биошоманд. Агар на ин ва на гуворишҳои ёдшуда суд набахшанд, аз истеъмоли ҳаббҳо ва ошомиданиҳои қавие чора нест, ки андар боби қулинҷи балғамӣ ёд шудаанд ва сифаташон ин аст, ки аз барои бастагии шадиди аз сабаби балғам ва бирози зиёд ба амал омада ниҳоят судманд буванд. Яке аз доруҳои андар ин бора хуб ва қавӣ бад-ин гуна аст, ки мавиз, сапистон ва хиёршанбарро, ҳамчунон ки ҳол тақозо кунад, биҷӯшонанд ва оби онро полида, андар он се мисқол ёраи фиқроро бо андаке аз равғани беданҷир афкананд.
Инчунин, ду дирам ёраи фиқроро бо ҳафт дирам равғани беданҷир гирифта, андар ҷӯшонидаи шибит афкананд ва ба бемор биошомонанд. Низ, агар ягон кас, масалан, моҳии сард ва хояи беҳад сахт пухтаро бисёр хӯрда бошад, бояд миқдори зиёде аз намаки сударо хӯрда, аз болояш ба миқдори тавоноӣ оби гарм биошомад. Сипас, ҳаракат ва як андоза варзиши сахте бикунад. Бошад, ки ин [тадбир] андар ӯ исҳол оварад.
Агар сабаб ниҳоят ковок будани тан ва арақ овардан ва ё гармии шикам ва хушкӣ бошад, бояд дармонҳои сабуки андар боби [қулинҷи] сафровӣ ёдшударо ба кор баранд. Ин гуна беморон ва касони пеш аз эшон ёдшударо воҷиб аст, ки пеш аз таом чизҳои лағжонандае аз қабили олу, чугундари равғани зайтуни хуш задашуда, обкома, ширхишт, хояи нимбиришт, ангур, анҷир ва зардолу бихӯранд. Бояд ношито обкома ва ё ношито зайтуни андар намакоб парварда тановул кунанд, андар таомҳояшон равғанҳоро бисёр ба кор баранд, пеш аз таом оби каранберо дам кашанд, ки бо гӯшти барраи фарбеҳ ва ё мурғи фарбеҳ пухта бошанд. Агар ковокии тан ба ифрот бошад, бо ёрии, масалан, равғани гул ва равғани мӯрд аз тариқи ба шакли чарб ва ё мумравған ба кор бурдан [танро] фишурдатар кунанд ва ба изофаи ба кор бурдани дигар тадбирҳои ёдшуда гармоба карданро бикоҳанд, баръакс, чунин беморро бо оби сард шустушӯ кардан фармоянд. Агар сабаби [ин гуна қулинҷ] тохтани пешоб бошад, [241] бирозро бо ёрии он тадбирҳое берун овар, ки худ ҳамедонӣ. Сипас, [ба бемор бифармой], то масалан, хурмо, мавиз, ҳалвои тар, пониз ва он чизҳоеро тановул кунад, ки коҳишдиҳандаи пешоб ва нармсозандаи табиатанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор