Қонуни тиб

Сипас аз он ба андозаи сад дирамсанг гирифта, андар он ба миқдори якуним дирамӣ ва ё ба ҳасби ҳоҷат камтару бештар сакбинаву муқл бигудозанд. Баъд, аз болои он даҳ дирам равғани нордин, ё равғани судоб ва даҳ дирам ангубин биафкананд.
Сифати як доруи кӯфта: ним дирамӣ зира, донаи даҳмаст, судоб ва нонхоҳ ва панҷ дирамсанг понизи санҷарӣ гирифта, аз онҳо доруи кӯфта бисозанд ва ин миқдор як ошомиданист. Низ, як мисқол қантуриюни ситабрро бо матбух гирифта, [доруи кӯфта созанд]. Яке аз чизҳое, ки ба ақидаи санҷишгарон суди аҷиб дорад, шитоланги сӯхтаи хук аст, ки онро ба худованди печиши нофи бодӣ бидиҳанд. Ё ин ки [ба ӯ] ду кафча донаи даҳмасти [232] хушкро танҳо бидиҳанд. Яке аз доруҳое, ки ин гуна печиши ноф ва печиши нофи балғамиро суд бахшад, донаи бон ва донаи баласон бувад, ки аз ҳар як якдирамӣ гирифта, саҳару бегоҳ бо оби гарм биошоманд. Аз ҷумлаи зимодҳои барои ҳар ду намуди [печиши ноф] муштарак фундуқи бо пӯсташ бирёнкарда мебошад, ки онро тафсон бар маҳалли [дард] зимод кунанд. Гармибандиҳои аз қабили бо шибит, судоб, марзангӯши хушк низ ҳамчунинанд. (451) Агар донаи даҳмастро кӯфта, бо шароб ва ё оби судоб сиришта, бар ноф зимод кунанд ва тамоми шаб бад-ин ҳол онро нигоҳ доранд, сахт судманд бувад.
Ҳангоми печиши нофи бодӣ ва балғамӣ ба бемор, масалан, аз оби шӯрбои чаковак ва пирхурӯсе ғизо бидиҳанд, ки бо шибити бисёр ва хушбӯиҳову дегафзорҳо хуб ҷӯшонида бошанд ва танҳо бо ҳамин оби шӯрбо кифоят кунанд. Нони [ин гуна беморон] бояд сернамаки хуб бошад. Нони хушкор ва шароби куҳани тунук аз барои эшон беҳтар буванд. Бояд пеш аз таом варзиши латифе бикунанд. Чунонки гуфтаанд, хорпушти бирён аз барои ҳар ду намуди печиши ноф судманд аст. Аммо илоҷи печиши нофе, ки аз балғами часпак бихезад, ба илоҷи печиши нофи бодӣ наздикӣ дорад, вале ба пок кардан ё аз зер ва ё аз забар бояд бештар диққат дода шавад. Яке аз доруҳое, ки ҳангоми набудани исҳол аз барои ин намуд судбахш аст, доруи кӯфтаи аз ҳамомо сохташуда мебошад. [Низ ба чунин бемор] додани тухми сипандон бо мавиз ва қурсҳои аз дегафзорҳо сохташуда судманд бувад. Ҳангоми печиши нофе, ки аз балғами шӯр бархоста бошад, бояд зуд онро бо ёрии, масалан, ҳуқнаҳои турбидӣ ва ё баспоягие берун сохт, ки бо сапистону бунафша барин чизҳо муътадил гардонида шудаанд. Низ, боистӣ, масалан бо ёраи фиқро ва ё [гувориши] биҳигӣ онро фориғ намуд.
Сипас, ғизоҳои хубкимусу хубравған истеъмол кунанд ва масалан, равғане, ки аз гӯшти барраҳои ширхор, мокиёнҳо ва чӯҷаҳои фарбеҳ мебарояд, ҳамин гуна аст. Ғизоро баробари хуб сохтан миқдорашро бикоҳанд ва каме шароби тунук биошоманд. Яке аз тадбирҳои ҳангоми ҳама гуна печиши нофи сард судманд ин аст, ки ба бемор оби ангубини сода ва мураккабро бо сипандон, анисун, ваҷ, донаи даҳмаст, барги даҳмаст, зарованд, қантуриюн ва чӯби баласон бидиҳанд.
Ҳангоми печиши нофи аз сафро падидомада бояд нигарист, ки агар андар ин ҳол қувват қавӣ ва модда зиёд бошад, онро, масалан, бо ҷӯшонидаи ҳалила, ё бо оби ҳар ду навъи анор ва ҳамроҳи андаке маҳмуда ва ё бидуни
маҳмуда ва танҳо истифроғ кунанд ва аз болои он оби гарм бидиҳанд. Ё масалан, бо ҷӯшонидаи тамри ҳиндӣ, хиёршанбар, ширхишт ва монанди инҳо [истифроғ намуда], сипас моддаро, масалан, бо аспғулу равғани гул ва ё оби анор, фишурдаи хиёри дароз ва равғани гул муътадил созанд. Шикамро бо зимодҳои сарде зимод кунанд, ки андар таркиби онҳо ангури сагак ва шукуфаи ток бидароянд ва ба инҳо бояд афсинтин низ ҳамроҳ намуд. Ғизоҳои [чунин беморон] аз наскво, тутумво исфонохво, зиришкво ва монанди инҳо иборатанд. Бояд аз иштибоҳе эҳтиёт шуд, ки андар ин ҳол рӯй диҳад ва бемориро қулинҷ пиндошта, бо илоҷҳои он муолаҷа кунанд ва бемор ҳалок шавад. Мо ҳар гоҳ андар баёни намудҳои қулинҷи заҳравӣ ба суханронӣ пардохтем, дубора ба сари муайян кардани ҳамаи он дармонҳое хоҳем баргашт, ки аз барои ин бахши печиши ноф лозиманд. Бинобар ин, гуфтори андар ин бора пурраро аз он ҷой чашмдор бош.
Илоҷи печиши нофи аз решҳо баамаломада бошад, айни илоҷи решҳост ва мо онро ёд кардем. Аммо ҳангоми печиши нофи аз сабаби омос падидомада омосро ва ҳангоми печиши нофи аз сабаби кирмҳо баамаломада кирмҳоро муолаҷа кунанд.
Фасли дуввум андар баёни қароқур ва нохост баромадани бод
Қароқур аз сабаби бодҳои зиёде падид омада, ин бодҳо аз ғизоҳои бодангези дамишовар ва ё ба яке аз сабабҳои бадгуворишие аз бадии гувориш зода шаванд, ки ё андар андомҳо ва ё андар ғизоҳо ҷой дошта бошанд. Аксар вақт ин [сабабҳо] андар ғизоҳо ҷой дошта, ба сардӣ ва ё ба афтидагии қувват вобастагӣ доранд, чунонки андар поёни бемории сил чунин ҳол рӯй диҳад. Бештар [қароқур] бо нармии табиат ва падид омадани ангезаи қазои ҳоҷат зоҳир гардад. Вай гоҳо андар рӯдаҳои барсӯвини борик рӯй дода, овози борик барорад ва гоҳе андар рӯдагони ситабр падид омада, овозаш гаронтар бувад. Агар [бод] бо рутубат омехта бошад, садои [қароқур] ба бақ-бақ бигарояд. Мумкин аст қароқур нишонаи буҳрон буда, аз исҳол ҳушдор бидиҳад. Вай гоҳе ба анбозии испурч рӯй диҳад ва бисёр бошад, ки ба сабаби сард шудани рӯдагон касони ба ярақони суддавӣ гирифторро ориз бигардад.
Гоҳе қароқур ҳангоме падид ояд, ки агар андар ҷигар заъф рӯй дода бошад.
Аммо нохост баромадани бод гоҳе ба иллати истирхои рӯдаи рост ва гоҳи дигар ба иллати истирхои рӯдаи тиҳӣ рӯй диҳад ва ин дуро аз тариқи мушоҳадаи камҳиссии мақъад ва ё баромадагии рӯдаи рост аз ҳам фарқ кунанд.(452) Илоҷ: Тадбири қароқур ин аст, ки аз ғизоҳои дамишоваранда ва зиёд парҳез кунанд, бар гуруснагӣ сабр кунанд, гуворишро бо он чи ки медонӣ, тақвият диҳанд ва бодҳоро бо доруҳое ҳал созанд, ки андар боби қулинҷи бодӣ ёд кунем. Андар бештари ҳолатҳо аз барои ин [маъҷуни] зирагӣ, инчунин [маъҷуни] мурчӣ ва ваҷи парварда низ хубанд. Агар қароқур бо исҳол ҷой дошта бошад, [гувориши] хузистонӣ судманд аст. Инчунин, аз зира, нонхоҳ, кошим ва каравиё як бахшӣ ва аз анисун ду бахш гирифта, судаи онҳоро бо панҷ дирам понизи санҷарӣ ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор