Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар реш палид бошад, аз ҳуқна рехтан бо намакоби андаронӣ чора нест. Сипас баъди он [228] агар эҳтиёҷ бошад, барои зоҳир сохтани гӯшти солим бо чизҳое [ҳуқнарезӣ кунанд], ки ниҳоят поккунанда буванд. Сипас, бо ҳуқнаҳои решфароҳамоваранда дармон кунанд. Аз барои ин [беморӣ] аз ҳуқнаҳои нарм, масалан ҳуқнаеро [ба кор баранд], ки андар таркиби он се бахш хори мисрӣ ва ду бахш харбақи сиёҳ биафзоянд ва ҳамаи онро бо оби намаки андаронӣ биҷӯшонанд. Агар ин суд набахшад, қурсҳои зирних ба кор баранд.
Саҳҷи аз бироз баамаломадаро бо доруҳое дармон кунанд, ки табиатро нарм созанд (443) ва нарм, равғаннок, часпакиоваранда ва лағжонанда буда, онҳоро пеш аз таом бидиҳанд. Мисоли онҳо зардии хояи нимбиришт, оби шӯрбои пирхурӯс, сапедбое, ки аз мурғчӯҷаҳои нарми фарбеҳ сохта бошанд. [Низ] ҳуқнаҳои нармсозандаеро ба кор баранд, ки аз фишурдаҳои часпакиоварандаи лағжонанда ва якҷоя бо равғани гул, зардии хоя ва монанди инҳо сохта бошанд. Агар ин гуна саҳҷ дер бикашад, [доруи зерин] онро суд хоҳад бахшид: зағир, аспғул, тухми марв ва тухми хитмиро бо луобаш гирифта, пеш аз таом [ба бемор] бидиҳанд, зеро инҳо якҷоя лағжиш оварда, дардро ором кунанд ва часпакӣ бибахшанд. Пеш аз таом тановул кардани олу гоҳе ин гуна оризаро аз байн бибарад.
Аз барои саҳҷе, ки пас аз ошомидани дору ба амал ояд, доруҳои ёдшудаи сардиоварандаи часпакиафзоянда судманданд ва [низ] касирои бирёне суд бахшад, ки аз он якуним дирам ва ё беш аз он бо роиб биошоманд.
Аз ин [беморӣ] ҳуқна рехтан бо равғани гови тозаи хубе сахт нофеъ аст, ки андар он миқдоре аз хуни сиёвушон афканда бошанд. Ба ҳангоми бархе аз намудҳои саҳҷи заҳравӣ гоҳе оби шӯрбои шикамбаи гов суд бахшад, вале ин доруи ҳамагонӣ нест.
Фасли ҳафтум андар илоҷи исҳоле, ки ба сабаби ғизоҳо падид ояд

Илоҷи маълуми он нахуст ин аст, ки то даме ҳайзаи
қавӣ ва беандоза ба амал наояд, [ғизоро] аз фуруд омадан
боз надоранд. Ин корро ҳангоме кунанд, ки агар [исҳол]
аз бисёрии ғизо рӯй дода бошад. Баъд аз он [роҳи] гуруснагиро пеш гиранд. Ҳар гоҳ [ғизо пурра] фурӯд ояд, ба
бемор баъзе руббҳои қабзкунанда бидиҳанд. Агар нотавонӣ ба амал ояд, ба бемор [гувориши] хузистонӣ ва ё
доруи кӯфтаи донаи анор бидиҳанд. Агар ба изофаи ҳолати аз бисёрии ғизо иттифоқ афтодае, ки аз он қароқуру
дамиши рӯйдода гувоҳӣ диҳанд, заъфи меъда ҳис карда
шавад, аз гулнор, кундур ва нонхоҳ бахшҳои баробар гирифта, бо мавизе маъҷун созанд, ки бо донааш кӯфта шудааст ва сипас аз он ҳар пагоҳӣ ба андозаи як ҷавза истеъмол кунанд. Низ, доруи аз ваҷ ва газмозак сохташудаеро ба кор баранд, ки андар Қарободин ёд шудааст. Агар
исҳол аз сабаби худ ба худ фосид будани ғизо, бе маҳал
[хӯрдани он], ба сабаби ягон кайфияти бад доштани он
ва ё ба сабаби зуд дигаргун шудани он ба амал ояд, бояд
баъди он [ба бемор] ғизоҳои хубкимуси гиранда бидиҳанд ва осори гармию сардии аз он боқимондаро бо он
гуворишҳои қабзкунандаи сард ва ё гарме муолаҷа со

занд, ки худ ҳамедонӣ. Агар сабабгори [исҳол] часпакӣ ва лағжонакии ғизоҳо бувад, аз онҳо парҳез карда, рӯ ба ғизоҳое оваранд, ки баробари сабукӣ дорои гирандагӣ буванд. Аммо сард ва ё гарми онро ба ҳасби тақозои ҳол [ба кор баранд].
Агар сабаби [исҳол] пеш хӯрдани ғизои лағжанда бошад, ғизои часпак пеш бихӯранд. Агар сабаби [исҳол] андар охир хӯрдани чизи зудгувор бошад, [низ] тадбири ғизоро тағйир бидиҳанд ва ба бемор табошир бо баъзе руббҳо бидиҳанд, то меъдаашро аз асари ғизои зиёнвар ва тағйирдиҳанда ба исҳол оварад. Чаро ки ин аксар вақт гармӣ ба амал биоварад. Агар гоҳе ба нудрат андар баъзе ҳолатҳо ба сабаби турушии таом ин гуна тадбир сардӣ ба амал оварад, табоширро бо [гувориши] хузистонӣ тановул кунанд. Агар сабаби [исҳол] камии ғизо ва ё латифии гавҳари он бошад, баъди он ба бемор ба миқдори зиёд гӯштҳои ситабре, ки аз онҳо масусҳо, қарисҳо ва таомҳои сиркозада сохта бошанд, моҳии шӯр ва монанди онҳоро бидиҳанд. Агар андар ин ҳангом бими заиф шудани гуворишро дошта бошанд, ба ин [ғизоҳои ёдшуда] дегафзорҳо бифкананд.
Фасли ҳаштум андар илоҷи исҳоли мағзӣ

Худованди он зинҳор бар пушт нахобад ва ҳар гоҳ ки
аз хоб бархезад, бояд қай ба кор барад, то ки хилти аз сар
ба сӯи меъда рехта ва ба амал оварандаи исҳол берун
ояд. [Низ] бояд он тадбирҳоеро ба кор барад, ки мо андар боби назла ёд кардем ва [ба таври зайланд]: тарошидани сар; молидани чизҳои дурушт бар сар; ба кор бурдани гармибандиҳои хосси сар; бар сар ниҳодани доруҳои сурхсозандаю доғниҳанда; ва тақвияти сар ва ислоҳ сохтани мизоҷи он. Гоҳе ба доғ ниҳодан эҳтиёҷ биафтад. Набояд бо ёрии доруҳои қабзкунанда ба боз доштани [исҳол] аз сӯи меъда машғул шуд, зеро ин хатари
бузург дорад, балки бояд ҳар чи, ки аз он андар боло
ҷамъ шудааст, бо ёрии қай ва он чи ки фуруд омадааст,
аз тариқи рӯдагон ва агарчи бо ёрии ҳуқнаҳо бошад ҳам,
берун карда шаванд. Он чи аз он, ки ба сӯи шикам фуруд
ҳамеояд, набояд бо ёрии [доруҳои] қабзкунанда баста
шавад, чаро ки вай андар шикам баста хоҳад шуд, балки
бояд бо ёрии, масалан, он доруҳое баста шавад, ки чунонки мо онҳоро андар боби худашон ёд кардем, [назларо] аз сӯи сина бибанданд ва он тадбирҳое ба кор бурда
шаванд, ки мо андар боби назла баён кардем ва аз қатъ
кардани сабабҳои мӯҷиби назла ва ислоҳ сохтани онҳо
иборатанд. (444)
Фасли нуҳум
андар илоҷи исҳоли суддавӣ

Исҳоли суддавӣ хоҳ аз сабаби тамоми тан, хоҳ аз сабаби суддаҳои ҷигар ва хоҳ аз сабаби суддаҳое падид омада бошад, ки андар миёни ҷигару меъда ҷой доранд, аксар вақт ба шакли даврӣ зуҳур кунад. Яке аз хатоҳо ин
аст, ки ба миёнчии доруҳои қабзкунанда суддаҳоро афзоиш бидиҳанд. Баръакс, бояд бо ёрии истифроғ чизи аз сабаби судда рондашавандаро кумак кард ва ҳар гоҳ ки
роҳҳо аз он холӣ шаванд, ба сӯи суддаҳо доруҳои кушо яндаро бифиристанд, то онҳоро бикушоянд.

пешина
аз 1215
навбатӣ