Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли шашум андар илоҷи саҳҷ ва решҳои рӯдагон

Ҳангоми [муолаҷаи] саҳҷ набояд хато кард. Зеро гоҳе он на он саҳҷ бошад, ки тақозои доруи ниҳоят қавӣ кунад ва андар ба кор бурдани ин гуна дору бими ҳалокат бувад. [Балки мумкин аст] як худи сахт сардсозӣ ва ба бемор додани (439), масалан, тарбуз, коҳу ва хурфа аз барои муолаҷа кифоят бошад. Агар ҳуқнаҳоеро ба кор барӣ, ки андар таркиби онҳо доруҳои доғниҳанда ҷой дошта бошанд, боиси ҳалокат бигардад. Он саҳҷеро, ки андар рӯдагони забарин ҷой дорад, бо доруҳои ошомиданӣ, онеро, ки андар рӯдагони зерин аст, бо ҳуқнаҳо ва онеро, ки андар миёнҷост, бо ҳар ду намуди муолаҷа дармон бикун. Сипас нахустин чизе, ки бояд риоя шавад, чигунагии ҳолати сабабест, ки ба амаловарандаи саҳҷ ва решҳои рӯдагон аст [ва бояд дониста шавад], ки сабаби он оё баъд аз рехтани [модда] вуҷуд дорад, ё пештар ҷой дошта, аз қабили даридан, пурӣ ва ё омоси боқимонда мебошад ва ё он баставу қатъ ва бекор шуда, вале асараш аз қабили саҳҷ ва реш боқӣ монда бошад. Мо нишонаҳои онро овардем.
Агар сабаб баъд аз рехтани [модда] ҷой дошта бошад, андар қатъ сохтану шикастани он бо доруҳое чора биандеш, ки андар ҷойҳои муносиб онҳоро донистӣ. Агар ба иллати бадии хилт истифроғ ногузир бошад, ин корро бо эҳтиёт ва оҳистакорӣ иҷро кун ва бикӯш, ки доруи исҳоловаранда ба саҳҷу реш сахт зиёнвар набошад, балки бояд он аз қабили ҳалила бошад ва ё онро аз тариқи омехтани масалан, ҳалила, касиро, каравиё ва монанди инҳо ба ислоҳ овар. Агар битавонӣ, ки ду рӯз [беморро] аз ғизо хӯрдан манъ созӣ, то танаш чизи аз хеш рехташавандаро ба кашидагӣ бирезад, низ чунин бикун.
Ҳар гоҳ бихоҳӣ, ки ба ӯ ғизо бидиҳӣ, ширеро бидеҳ, ки бо сангчаҳои тафсон ҷӯшонида бошанд ва ё тавре ҷӯшонида бошанд, ки андар боби худ ёд карда шуд. Ин ғизо ба тариқи дору буд. Аммо худи ғизо бошад, ба ҳангоми ниёзмандӣ ва падид омадани нотавонӣ бояд чизеро [ба бемор дод], ки ҳаҷмаш каму қувватбахшияш зоҳир бошад. Мисоли он ҷигари мокиёнҳои фарбеҳ, каме нони сафеди хамираш нимрасид, хояи хурӯс ва хояе бувад, ки аз нимбириштӣ гузашта, вале начандон сахт пухта бошад. Гоҳе моҳибирёни гарм сахт суд бахшад. Агар почаҳои [гӯспанди] андар ширу гуринҷи бирён ҷӯшонидаро бимаканд, аз барои чунин [беморон] ниҳоят хуб бувад. Инчунин, бояд қуввати [беморон] бо ёрии руббҳои меваҳо нигоҳ дошта шавад. Ғизоҳое, ки андар боби якум ёд шудаанд, аз барои эшон судманданд. Намаки эшон бояд намаки андаронӣ ва бирён бошад. Набояд шароб

биошоманд, вале агар гармӣ набошад, метавонанд андаке аз шароби сиёҳи қабзкунанда биошоманд. Оби бемор бояд оби сард бошад. Оғози муолаҷа нахуст бо доруҳои холисе, ки бо кайфиятҳои қабзкунанда, дурушт ва занандаи хеш газанд биоваранд, чандон хуб нест. Ҳар гоҳ дард шиддат ёбад, туро ногузир ба доруҳои часпакиоваранда эҳтиёҷ биафтад, то ки онҳо мисли парда гардида, рӯи ҷароҳатро бипӯшонанд. Ҳангоми ин [беморӣ] ҳамаи доруҳои сардиоварандаи қабзкунандае, ки бо доруҳои часпонанда омехтаанд, судманд буванд, вале агар хӯра падид омада бошад, мумкин аст моро эҳтиёҷ ба доруҳои зудоянда ва доғниҳандае биафтад, ки бо доруҳои бидуни сӯзиш хушкиовар омехтаанд. Ҳар чи ки аз қабили тухмиҳо ва дигар чизҳо ба худованди саҳҷ бидиҳанд, бояд бо оби сард, на бо оби гарм бидиҳанд. Ровандро хусусан агар бо оби «забони барра» ва каме шароби куҳан [ба бемор] бидиҳанд, аз барои решҳои рӯдагон ва исҳоли хилтҳои мухотӣ хосияти аҷибе дорад. Булути бирён ва ҷинҷак чи якҷоя ва чи ҷудо-ҷудо дорои қувваи қавӣ мебошанд. Тухми гул ниҳоят аҷиб аст ва мо онро санҷидаем. Бархеҳо чунин ёд кардаанд, ки агар ҳангоми оғози беморӣ [ба бемор] чаҳор дирам самғ бо оби сард бидиҳанд, иллат зоил шавад.
Аммо гили набишта аз барои ҳар гуна саҳҷ ва ҳатто аз барои хӯра ҳам ниҳоят судманд аст. Онро баъд аз пок кардани хӯра ва чирк бо ёрии ҳуқнаҳое, ки ёд хоҳем кард, ба бемор биошомонанд. Агар гили набиштаро бо фишурдаи «забони барра», «ситораи Шомус» ва бо фишурдаи хурфа ба тариқи ҳуқна ба кор баранд, низ ҳамчунин бувад. Яке аз доруҳое, ки низ аз барои ин [беморӣ] суд дорад, шираи фишурдаи тутест, ки ҳанӯз напухта бошад. Ошомидани гиёҳи асплунҷ ва ошомидану ҳуқна рехтани фишурдаи гул низ ҳамин гунаанд. Бархеҳо андар зимни доруҳои ин боб «пои ғулба»ро ёд кардаанд, вале ба гумонам, ин «пои зоғ» бошад. Чунин ёд кунанд, ки гӯё Буқрот ҳар боре, ки «пои ғулба» гуфтааст, муродаш барги анҷир будааст, вале ин на аз он чизҳоест, ки андар ин бобат созгоранд.
Ошомидани панирмояи харгӯш аз барои чунин [беморон] судманд аст ва панире, ки намаки онро, ҳамон тавре ки андар боби якум ёд кардем, гирифта бошанд, аз барои эшон, агарчи [саҳҷашон] ба дараҷаи хӯра расида бошад ҳам, ниҳоят нофеъ бувад.
Агар саҳҷ ба сабаби доруи ошомидашуда рӯй дода бошад, яке аз чизҳои судманд бо равғани зард ва хуни сиёвушон ҳуқна рехтан аст. Андар сиҳ дирамсанги равғани зард аз як то се дирамсанг хуни сиёвушон ҳамроҳ кунанд. Аз ҷумлаи доруҳои мураккаби аз барои эшон судманд қурсҳо ва хокаҳои сарди ёдшуда мебошад. (440) Яке аз хокаҳое, ки аз барои эшон хуб буда, бар болои нон пошида, ба бемор бидиҳанд ва аз болояш оби сард биошомонанд, [хокаи зерин аст]: чаҳор бахш аз хокистари каҷак, ду бахш мозу ва як бахш мурч гирифта, бисованд, бибезанд ва як дирамсанг аз онро аз болои таом бо оби сард [ба бемор] бидиҳанд. Агар филуниёро бо оби сард биошоманд, низ аз барои эшон судманд бошад.
Ҳуқнаҳо ва доруҳои ба зер баргирифтание, ки барои ин [беморӣ] созгоранд, масалан, он ҳуқнаҳо ва доруҳои ба зер баргирифтание мебошанд, ки аз барои исҳоли мутлақи хун созгоранд: ба оғози беморӣ ба онҳо доруҳои часпакиоварандаи қабзкунанда ва андар охир, агар беморӣ боиси хӯра бигардад, доруҳои поксозанда ва доғниҳанда биафзоянд.

пешина
аз 1215
навбатӣ