Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар шикамрави аз лағжонӣ баамаломада деррав буда, қувват қариб афтида бошад, ба ҳангоми [муолаҷаи] он лозим аст, ки нахуст ба гардонидани мизоҷ ва гарм сохтани он бипардозанд, агар бемор таҳаммул кардан битавонад, варзишаш бидиҳанд (436) ва ё ба гармобааш бурда, зоҳири танашро нарм бифишоранд ва молиш диҳанд. Сипас ба гулӯи ӯ миқдоре аз оби гӯшти қавӣ ва омехта бо шароби гиранда ва [нони] коки хушкро андар ҳоле бирезанд, ки хобида бошад, вале на рост, балки суринаш ҳангоми рост шудан баландтар аз дигар бахшҳое бувад, ки бар забари он ҷой гирифтаанд. Агар қувват ва мизоҷаш бардошти он дошта бошад, ки аз паси ин як миқдор чизи гузаронандае аз қабили каме [гувориши] мурчӣ ва [гувориши] пудинагӣ ба вай бидиҳӣ, низ чунин кун, то ки он [ғизоро] бигузаронад. Ҳар гоҳ агар ин гуна кор бикунӣ, ҷигар миқдоре аз он ғизоро ба худ кашида, аз он қувват бигирад. Бештари тариқаи дармони дигар намудҳои исҳоли меъдавӣ, ки аз ғайри лағжонӣ ба амал оянд, ба тарзи дармони лағжонӣ наздикӣ дорад.
Ҳангоми он шикамраве, ки зардаи сафровии ба миқдори зиёд ба меъдаву рӯдаҳо резанда сабабгори он мебошад, чунонки андар ҷои хеш донистӣ, бояд [кори] андомеро муътадил сохт, ки андар он зарда зода шавад ва аз сӯи он фиристода гардад, яъне ман ҷигар ва заҳрадонро дар назар дорам ва агар фазлаи сафровӣ бисёр бошад, онро бояд истифроғ намуд. Беҳтар он аст, ки агар мумкину осон бошад, аз тариқи қай ва ё агар қувват заиф нашуда бошад ва бими падид омадан ва ё вуҷуд доштани решҳо набошад, аз тариқи исҳол онро истифроғ кунанд.
Баъди он бояд бо доруҳои сардиоварандаи қабзкунандаи ёдшуда чорабинӣ намуд. Бисёр бошад, ки аз ин ранҷ ошомидани ҳалилаи зард шифо бахшад, аз баҳри он ки вай сафроро берун кунад ва аз паси хеш қувваи сардиоварандаи гиранда ба ҷой гузорад. Яке аз чизҳое, ки чунин [беморонро] суд дорад, истеъмол кардани роиб, хусусан бо табошир бувад. Оби писти ҷав низ чунин бошад.
Агар сабабгори [шикамрав] балғам бувад ва агар миқдори он ниҳоят бисёр бошад, онро бо ҳамон доруҳои ошомиданӣ ва ҳуқнаҳое муолаҷа кунанд, ки балғамро берун оваранд. Сипас бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки гиранда буда, ба таври муътадил гармӣ бахшанд. Аз ҷумлаи он чизҳое, ки аз барои ин созгоранд гувориши анордонае, қи бо зира бувад, гувориши хузистонӣ ва қурсҳои аз дегабзорҳо сохташуда мебошанд. Агар балғам обгинагӣ бошад, аз [истеъмоли], масалан, қурсҳои Асқлибиёдус79 чора нест. Аз доруҳои кӯфта онҳоеро [ба кор баранд], ки аз ангудон, нонхоҳ, зираи андар сирко хобондаи бирён, зағири бирён, сукк, гулнор, каравиё, мурр ва кундур бо табошир сохта бошанд. Миқдори инҳоро ба андозаи савобдид бигиранд. Агар ҳангоми [исҳол] балғаму зарда якҷоя вуҷуд дошта бошанд ва чизи беруноянда ва дигар нишонаҳо аз он гувоҳӣ диҳанд, [доруи] зерин судманд аст: як бахш аз ҳалилаи зард ва ним бахш сипандон гирифта, онҳоро бо шашяки як бахшӣ аз ҳар кадоми сукк, мӯрддона, тутум ва газмозак биомезанд.
Агар сабаби [шикамрав] савдои ба сӯи [рӯда] резанда

бошад, мо аз барои он як боби хоссе андар зимни боби исҳоли савдовӣ оварда, ба испурч нисбаташ хоҳем дод.
Он шикамраве, ки ба ҳасби таомҳо ва ғизоҳо рӯй диҳад, аз барои он низ боби алоҳидае мебахшем. Агар шикамрав ҷуз ба иллати заъфи қувваҳо ва бадмизоҷӣ ба амал наомада бошад, ту бадмизоҷиро аз тариқи нишонаҳояш мушоҳида хоҳӣ кард. Аксар вақт бадмизоҷии рӯда бо бадмизоҷии меъда анбоз аст ва нишонаҳояш нишонаҳои он буванд. Агар нотавонӣ танҳо андар қувваи гуворанда афтида ва ба иллати сардӣ падид омада бошад, гувориши хузистонӣ ва гуворише судманд бувад, ки аз мост ва ба сифати зерин аст: аз уди хом, зираи андар сирко хобондаи бирён, нонхоҳ, каравиё, мурр, занҷабили бирён, кундур, қоқула ва донаи кӯфтаи мавиз бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо доруи кӯфта бисозанд. Як ошомидании он то се дирам бувад. Агар андар ин миён бодҳои зиёд ҷой дошта бошад, андар он [дору] тухми шоҳисфарам ва тухми судоб биафканем. Инчунин таркиби зерин бархе аз беморонро ҳангоми ин гуна [исҳол] судманд аст: аз ҳар яки занҷабил, тухми бодиён, анисун, дорфилфил ва қоқула се дирамӣ, аз тухми нонхоҳ ва тухми карафс чаҳор дирамӣ, аз салиха, наи бӯё, мушки замин ва уди хом севуним дирамӣ, аз сукк панҷ дирам, аз заъфарон чаҳор дирам, аз мехак, нохуни дев [225] ва гавзи бӯё се дирамӣ ва шашяк ва аз мӯрддона бист дирам гирифта, аз [ҳамаи онҳо] қурсҳо созанд. Як ошомидании он ба андозаи мушоҳада аст. Андар ин ҳангом (437) ва хусусан агар қувваи ронанда низ заиф шуда бошад, қурсҳои марвхуш (мармохуз) судманданд ва аз барои он инчунин зимодҳои ёдшудаи гармифизоянда суд бахшанд. Агар [исҳол] бо заъфи қувваи ронанда ҷой дошта бошад, бо ин доруҳо афсинтин биомезанд.
Агар табоҳии гувориш ба иллати гармӣ рӯй дода бошад, доруҳои сардиоварандаи дорои як андоза гирандагиро ба кор бибар, ғизоҳои ситабр бидеҳ ва онҳоро аз чизҳои сарди ситабре бисоз, ки мо ёд кардем. [Низ] бояд аз чизҳое мадад ҷуст, ки мо андар боби бадгуворӣ ёд кардем. Агар нотавонӣ ба иллати гармӣ ва ё сардӣ андар қувваи нигоҳдоранда бувад, доруҳои қабзкунандаи гарм ва ё сардеро ба кор бибар, ки ба оғози боб ёд шудаанд. Агар қувваи ронанда низ заиф бошад, доруи кӯфтаи рими оҳанро бо гавзи бӯё андар шароби наъно ба кор бар ва зимодҳоро ба ҳасби зарурат бимол.
Фасли севвум андар илоҷи исҳоли заҳрагӣ

Мо инро андар боби меъда ёд кардем ва аксар вақт ба муолаҷаи ҳолатҳои ҷигар, заҳра ва меъдае алоқаманд аст, ки сафро бизояд. [Бинобар илоҷро] аз он ҷой бояд ҷуст.
Фасли чаҳорум андар илоҷи исҳоли савдовӣ, ки он исҳоли испурчии бе саҳҷ бувад

Бояд муолаҷаи испурчро пеш гирифт ва ҳолати онро
муайян намуда, бо [тадбирҳои] зарурӣ ба ин [беморӣ]
муқобалат кард. Агар савдо бисёру қувват хеле қавӣ бошад, бо ҷӯшонидаи афитимун ва монанди он истифроғ
соз. Агар исҳоли ситабри чун дурд берун ояд ва на аз
сабаби омос, балки аз сабаби ситабрии худи савдо ба амал омада бошад, ҳангоми қавӣ будани қувват доруи исҳоловарандаи зеринро ба кор бар: як бахш намаки андаронӣ, се бахш хори мисрӣ ва ду бахш харбақи сиёҳ бигир.

пешина
аз 1215
навбатӣ