Қонуни тиб

Фарқи миёни реши чиркнок ва хӯрдашуда он аст, ки хӯрдашуда сахттар дард кунад, чизи аз он берун оянда бадбӯйтар ва моил ба сиёҳӣ бувад ва [миқдораш] кам бошад, (428) вале ҳангоми реши чиркнок рими он обии моил ба сафедӣ буда, бӯи арақ (саҳукат) кунад.
Агар баъд аз тароша хуни бисёр берун ояд, далели он бошад, ки реш сахт нишастааст, иллат қавӣ гардидааст ва чизи бар рӯи рӯдагон буда адо шуда, [реш] ба ҷирми онҳо кора кардааст. Бисёр бошад, ки решҳо аз паси омосҳои пешомада падид оянд ва инҳо бо дардҳо ва дигар нишонаҳои мо ёд кардашаванда ба мавҷуд будани омосҳо далолат кунанд. Аксар вақт [низ] ба сабабҳои дигаре вобаста бошанд, ки мо ёд кардем. Агар саҳҷ ба иллати боз шудани рагҳо падид омада бошад, пеш аз он хуни холисе берун ояд, ки андаке омехта бошад. Баробари он мумкин аст гоҳе дард бошад ва гоҳе не. Гоҳе мумкин аст хуноӣ даврагӣ бошад, чунонки ба ҳангоми [саҳҷи] аз ғайри рӯдагон падидомада низ чунин бошад ва пеш аз ин нишонаҳои пурӣ зоҳир бигарданд. Агар аз сабаби бавосир ва чизҳои саратонии бахши барсӯвини рӯдагон падид омада бошад, гандида буда, баробари он хуни сиёҳ ояд ва андаку пайваста бувад. Гоҳе ба ҳасби пурии тан ва истифроғи он ба таври даврӣ зоҳир шавад.
Агар [шикамрав] аз сабаби рутубати шӯри буранок ва ё ситабри часпак ба амал ояд, истифроғи пешомадаи [чунин рутубат], падид омадани бодҳо ва қароқур, берангии бироз ва аз ҷояш канда шудани чизеро ҳис кардан бадон далолат кунанд. Дард баробари он қариб ба сурати лозим боқӣ монда, то муддате аз байн наравад ва баробари он як андоза гаронӣ ҳис карда шуда, тароша омехта бо балғам ояд. Агар [шикамрав] аз сабаби сафрое ба амал ояд, ки боиси саҳҷи рӯдаҳо гардидааст, истифроғи пешакии сафрое бад-он гувоҳӣ диҳад, ки агар тароша ҷой дошта бошад, бо он ва ё бо бироз биомезад ва бинобар он ранги бироз баланд бигардад.
[Шикамрави] савдовии бад низ ҳамин гуна аст. Бар [шикамрави савдовии] беосеб истифроғи пешакии ҳамон гуна савдо ва омехтагии он бо чизе гувоҳӣ диҳанд, ки бӯи туруш дошта, бар болои замин биҷӯшад ва ё дурдмонанди сиёҳ буда, на бӯи туруш дошта бошад ва на биҷӯшад. Баробари он тосаи шадид рӯй дода, гоҳе ба беҳушӣ бурда бирасонад. Бидон, ки агар сабаби саҳҷ ва зусанториё минбаъд ҳам бар ҷой буда, ҳамроҳи тароша, масалан, сафро, савдо, ё хуни гарм, ё балғами гандида, ё балғами обгинагун ва ё бирози хушк берун оянд, пас, беморӣ ба иллати боқӣ мондани сабаб андар роҳи афзоиш аст. Агар [сабаб] қатъ гардида, омадани тароша, пӯстлох, хун ва монанди инҳо давом кунад, пас, сабаб қатъ шудааст, вале оқибат ва асари аз он ҳосилшуда ҳанӯз боқист ва бинобар он бояд танҳо ба дармони он пардохт.
Нишонаи исҳоли рӯдагии хунии бад ин аст, ки аз паси саҳҷи дарднок ва ё исҳоли думодум падид ояд, сипас баробари он иштиҳо бекор ва нафс нимгардон шавад. Вай боиси харошидан ва тарошида шудани [рӯдагон] гардида, аксар вақт беморро ба ҳалокат бирасонад. Он [шикамраве], ки якбора бидуни дарди зиёде, офати иштиҳои баъ
ди он рӯйдиҳанда ва дигар [нишонаҳо] ба амал меояд, шикамрави беосеб бувад. Агар [шикамрав] аз сабаби ситабрии бироз падид омада бошад, ҳолати бироз, баробари берун омадани бироз рӯй додани он ва ором шудани дард ҳангоми нармии табиат ба он далолат кунанд. Аксар вақт он чизе, ки берун шавад, ба шакли шираи фишурда берун шуда, ҳангоми ситабр гардидан ва ба ягон сабаби хушккунандае хушк шудани бироз аз он ҷудо бигардад. Бинобар ин онро исҳол гумон карда, бибанданд, вале ин кор боиси ҳалокат бувад. Нишонаи ин [шикамрав] он бошад, ки ҳангоми нармии табиат чизе аз он зоҳир нашавад, бироз ҷудо аз он бувад ва ин гуна [шикамрав] пеш аз бироз омада, баъди он бирози хушк берун шавад. Аммо ҳангоми он бахш аз [шикамраве], ки пеш аз ин буд, бештари [моддаи беруноянда] баъд аз бирозе берун ояд, ки саҳҷовар бувад.
Бар фарқи миёни шикамрави аз лағжонии [рӯда] баамаломада ва лағжонии меъда гувориши андаке далолат кунад, ки андар таом дида шавад. Ҳар гоҳ ин [таом] аз меъда фуруд ояд, андар рӯда наистад, балки зуд рӯ ба берун рафтан ниҳад. Агар сабаби он решҳо бошад, бар вай саҳҷ ва он чизи беруншавандае далолат кунад, ки аз ҷумлаи далелҳои решҳост. Агар андар ин миён балғами часпаке ҷой дошта бошад, далели ин низ балғами баробари он берун оянда, бодҳо ва қароқур бувад. Ҳангоми [шикамрави] балғамӣ лағжидани чизи гароне ва ҳангоми шикамрави решӣ андар зери макони меъда дард ҳис карда шавад. Агар лағжонӣ на аз сабаби решҳо ва на аз сабаби балғам, балки аз сабаби бадмизоҷӣ падид омада бошад, бар ин адами вуҷуди нишонаҳои решҳо ва балғам андар чизи беруномада далолат кунад.
Бар шикамрави баданӣ61ва гудозишӣ худ ба худ саломат будани андомҳои андарунин, аз нишонаҳои муҷиби исҳол холӣ будани он, афрӯхтагию ҳарорати тан, ба таври доимӣ ҷой доштани таб, гуногунранг, гуногунқивом ва бадбӯй будани [бироз] гувоҳӣ диҳанд. Он [шикамраве], ки аз сабаби гудозиши хилтҳо ба амал ояд, римии обакӣ бувад ва оне, ки аз сабаби гудозиши гӯшти пиҳист, рими он, чунонки ҳангоми решҳост, ситабр ва равғанӣ буда, (429) ба рангҳои гуногун ояд, сипас қивоми он аз ғайри тафовуте мисли қивоми пиҳ бигардад ва бе бахши обӣ бувад. Ҳангоми гудозиши гӯшти сурх ҳол ҳамчунин бошад, вале он бидуни равғаннокӣ буда, андар охир ранги дурдро ба худ бигирад.
Аммо бар он шикамраве, ки аз фазлаҳо ва пурӣ вобаста буда, табиат онро ба сабабҳои ёдшуда ва падидоварандаи фазлаҳову пурӣ аз тан берун биронад, [худи ин] сабабҳо далолат кунанд ва низ чунин далел гувоҳӣ диҳад, ки чизи беруноянда хуни холиси пок буда, ба фаровонӣ, якбора ва бидуни дард берун ояд, аз паси он ҳеҷ гуна истирхо ва заъф ба амал наоянд ва дорои навбатҳо нахоҳад буд. Бар намудҳои гуногуни [шикамрави] заҳирӣ намуди чизи беруноянда ва сабабҳои мавҷудае аз қабили сардии расида, ё нишастан бар чизи сахт, ё бавосиру даридагӣ ва дигар чизҳо ва [инчунин] пеш аз ин ба амал омадани исҳолу саҳҷ ва ё ба амал наомадани онҳо далолат кунанд. Яке аз хатоҳои ҳангоми он рӯйдиҳанда ин аст, ки бироз банд гардида, дарду ранҷ оварад ва ши раи фишурдаи худро бифиристад, вале инро сайлон ва заҳир гумон кунанд ва гоҳе мумкин аст тарошае ба ранги балғам беруномада, гумон бурда шавад, ки заҳир балғамист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор