Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Решҳо аз сабаби [рӯдаро] пӯстрав кардани бироз, аз сабаби тезии талха ё шӯрии хилт, ё ба иллати часпакӣ сахт [ба рӯда] часпидани он, ки ҳар гоҳ канда шавад, реш кунад ва ё ба сабаби кафида ни омосҳо ва дигар истифроғҳои гуногуне, ки бо гузаштани худ аз он ҷой сӯзишоварандаанд, ба амал меоянд.
Он шикамраве, ки аз сабаби саҳҷи савдовӣ ҳамчун оғози [беморӣ] падид ояд, қаттол аст, аз баҳри он ки вай бар саратони гандида далолат кунад, вале агар андар охири табҳо падид ояд ва агарчи на ба шакли саҳҷ, балки ба шакли исҳоли савдовӣ ва хусусан [ба шакли] савдое зоҳир шавад, ки бар замин биҷӯшад ва бӯи туруш дошта бошад, низ ниҳоят қаттол хоҳад буд. Агарчи қувваи [бемор] боқӣ бимонад ва гузашта аз ин низ солим бувад ҳам, вале худованди ин гуна шикамрави савдовӣ шифо нахоҳад ёфт. Аммо агар [исҳол] ин хусусиятро надошта бошад, наҷӯшад ва бӯи туруш надиҳад, пас, он фазлаи савдовие бувад, ки табиат берунаш ронда бошад ва ба ҳангоми он умеди офият аст. Реш гоҳе аз паси омос зода шавад ва гоҳе андар ибтидо аз сабаби чизи харошандаю пӯстканандае падид ояд. Мисоли ин доруи шикаморанда, ғизои часпаке, ки [бар рӯда] часпида, сипас ҳангоми ҷудо шудан онро харошида, пӯсткан кунад ва ё ғизои сахте бувад, ки баробари гузаштан рӯдаро бихарошад.
Гоҳи дигар [реш] аз сабаби хилтҳое ба амал ояд, ки ба исҳол омада, [рӯдаро] реш кунанд. Ҳадди замони зода шудани реш, агар аз сабаби исҳоли заҳравӣ ба амал ояд, ду ҳафта, агар аз [исҳоли] бурагӣ бошад, як моҳ ва агар аз [исҳоли] савдовӣ бошад, чиҳил рӯз ва беш аз он бувад. Аксар вақт рӯдаҳои худовандони решҳо шикоф шаванд ва андар бештари ҳол бимиранд. Гоҳе бархе аз онҳо қавӣ буда, муддате бизиянд ва андар шикамашон бироз ҷамъ шуда, чун каси ба истисқо гирифтор бигарданд ва сипас бимиранд. Модом ки андар бештари ҳолатҳо ҳар гоҳ решҳо ба ҷое бирасанд, ки миқдори зиёде аз гавҳари рӯдаҳоро берун оранд, ин ба анбозии меъда боиси уфунат ва афтидани қувват гардида, ба марг бианҷомад, пас, агар [рӯдаҳо] ва хусусан рӯдаҳои барсӯвинро сӯрох кунанд, чӣ гуна чунин набошад?
Гурӯҳе ҳикоят кунанд, ки [як касро] бархе аз рӯдагони фурӯсӯвин сӯрох шудааст, сипас ба сабаби омосе, ки андар [мароқ] ва баробари сӯрох аз тариқи мушоракат бо ин гуна уфунат ва офат ба амал омадааст, мароқ сӯрох гардидааст. Дар натиҷа аз худи он ҷо шикам низ сӯрох шуда, бироз аз он ҷой мебаромадааст ва ин мард [бо ҳамин ҳол] зиндагӣ мекардааст. Ин [ҳодиса] ҳарчанд аз ҷумлаи чизи мумкин аст, вале аз мумкиноти дур [аз ҳақиқат] мебошад ва аз ин ҳам дуртар ин аст, ки бироз ба фазои шикам бирезаду кас зинда монад. Гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз баробари рӯдаи тиҳӣ рӯда ва шикам сӯрох шавад, гуруснагӣ ҳеҷ бартараф нашавад ва ягон чизе андар меъда наистад. Худованди он лоғар шуда, шикамаш дам кунад ва бимирад.
Намудҳои саҳҷ инҳост: саҳҷи хунӣ; саҳҷи зардобӣ; саҳҷи хунобагӣ; саҳҷи заҳравӣ; саҳҷи тарошагӣ; саҳҷи мухотӣ (хилмӣ); саҳҷи кафкӣ; ва саҳҷи қишрӣ. Саҳҷи заҳравӣ беосеб ва муолаҷашаванда аст. Он аксар вақт аз сабаби бемориҳои тез ва табҳои сӯзону рӯзафкан ба

амал ояд ва бисёр бошад, ки ҳамчун буҳрони ин гуна [бемориҳо] зуҳур кунад. Саҳҷи хунобагӣ ҳар гоҳ аз оғоз хунобагӣ бошад, сабаби он мумкин аст кафидани кафгиракҳо ва омосҳои андомҳои андарунӣ буда, табиат [хунобаи онҳоро] ба сӯи рӯдаҳо ронда бошад, ки ин беосебтар аст. Ин бахш ба ҳақиқат [саҳҷи] рӯдагӣ нест, вале бисёр вақт боиси саҳҷи рӯдагӣ бигардад ва андар поёни кор аз он фасод ба амал ояд. Бисёр бошад, ки аз паси он дарунрави хунобагӣ рӯй дода, баста нагардад ва аксар вақт ин римии хунобагӣ ва гоҳе омехта бо хун ояд. Ё мумкин аст сабаби [саҳҷи хунобагӣ] чунин набошад ва андар андомҳои дарунӣ ягон омоси пухтае набошад, ки бикафад, балки аз тариқи саратони андар рӯдаҳо гандида падид омада бошад. Ин гуна [саҳҷ] ба иллати бисёр совида шудан ва кам осуда будан ва ба иллати мушкилии худи беморӣ беҳ нахоҳад шуд.
Аммо саҳҷи зардобӣ бошад, ё аз сабаби гудохта шудан ва ё аз сабаби таровидани омос падид ояд, ки андар ҳоли пазиш аст. Бештари ин гуна [саҳҷ] рӯдагӣ нест. Саҳҷи хунӣ чунин аст, ки бархеи он якбора ва бархеи дигар оҳиста-оҳиста ба амал ояд. Сабаби намуди якум боз шудани рагҳо ва гусастани ягонагӣ мебошад ва хусусан агар нишонаҳои дигаре қарини он бошанд, пас, он на аз рӯдаҳо, балки аз андомҳои дигаре бувад. Гоҳе агар ба тариқи кушода шудани даҳонаҳои рагҳои рӯдаҳо ва аз ғайри сабаби дигаре падид омада бошад, мумкин аст, ки бидуни дард низ аз рӯдаҳо бошад ва ин гуна [саҳҷ] беосебтар аст. (424) Ҳар гоҳ зимистон хушки шимолӣ буда, сипас аз ақиби он баҳори серборони ҷанубӣ ояд, исҳоли хун зиёд хоҳад шуд. Агар зимистон ҷанубӣ ва баҳор шимолии камборон бошад, хусусан андар баданҳои тар ва баданҳои занон низ чунин бувад. Ҳар гоҳ [218] тобистон баъд аз баҳори шимолӣ ва зимистони ҷанубӣ ояд ва дер бикашад, исҳол ва саҳҷ бисёр бигарданд ва сабаби ин ду назлаҳои зиёд бувад. Гоҳе ба кишварҳои ҷанубӣ ҳангоми вазидани бодҳои ҷанубӣ ва [боридани] боронҳои зиёд, ки инҳо моддаҳоро ба ҳаракат оварда, масомҳоро ковок кунанд, хусусан аз паси назлаҳои шӯр исҳоли хун бисёр рӯй диҳад. Он исҳоли хуне, ки баъди исҳоли заҳравӣ ва саҳҷи заҳравӣ ба амал омада, бо дард бошад ва хусусан агар пеш аз он тароша ва сипас хуни холис ояд, аз ҳама бад бувад, зеро он бад-он далолат кунад, ки иллат андар ҷирми рӯда сахт кора кардааст.
Аммо саҳҷи тарошагӣ аз сабаби тарошида шудани чизе бувад, ки бар рӯи рӯдаҳо ҷойгир аст. Саҳҷи мухотӣ ба иллати рутубати ситабр ба амал ояд, дарунравии мухотӣ гоҳе ҳангоми табҳои мураккаб ва навъе аз табҳо, ки мо онро андар боби худ ёд хоҳем кард ва низ ҳангоми табҳои вабоӣ ба вуқӯъ пайвандад. Бештари он чи ки ҳангоми табҳои вабоӣ ба амал ояд, кафкист.
Саҳҷи қишрӣ гоҳе аз сабаби решҳои меъда ба амал омада, аз тариқи исҳол берун ояд ва андар ин миён саҳҷ нахоҳад буд, вале агар ҳамроҳ бо саҳҷ ба амал ояд, пас, ин аз худи табақаҳои рӯдаҳост. Бар [саҳҷи] рӯдаҳои ситабр ҳамеша ситабрии [тароша] ва аксар бузургии он ва бар [саҳҷи] рӯдаҳои борик аксар вақт зидди он гувоҳӣ диҳанд. Ин қишрҳо ҳангоми қазои ҳоҷат берун оянд, вале беруноии онҳо аз тариқи хуқнаҳои шӯянда бештар бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ