Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе додани ғизоҳои латифкунанда аз барои шифоёбии испурч кифоят бошад ва гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки аз барои он пеш гирифтани тадбири ғизоҳои фарбеҳкунандаи тан суд бахшад, ба шарте ки он судда наоварад, ё хунро ситабр насозад ва ё чунин кунад, лекин ҷигар онро ислоҳ кардан метавониста бошад. Зеро тадбири фарбеҳкунанда аз тариқи хунро тарӣ фузудан ва муътадилу дуруст кардани он савдоро бишканад. Гоҳе сахтии испурч ба дараҷае бирасад, ки ҳангоми муолаҷаи он танҳо ба доруҳои ошомиданӣ аз ғайри зимод такя намудан кифоят нахоҳад кард. Ҳама гуна шир ба ғайр аз шири шутур аз барои испурч бад аст.
Аз миёни доруҳои содаи аз барои ин сабаб ба кор раванда чунин ба назар бирасад, ки беҳтаринашон пӯсти бехи кабар аст, аз баҳри он ки вай аксар вақт, хусусан агар бо сикангубини бузурии турушмаза ошомида шавад, пешобу бирози хунии бад берун оварда, шифо бахшад. На танҳо ин, балки масалан, қантуриюн, фишурдаи он ва хусусан қантуриюни борик низ [чунин таъсир доранд]. Бехи савсан, шукуфаи намак, ҳар рӯз як кафча ваҷи бо ангубин сиришта, тухми панҷангушт, мӯрд, камофитус, камозариюс, сақиздона бо сикангубин, ганданои кӯҳӣ хусусан бо оби оҳангарон, ки мо онро баъд ёд хоҳем кард, [низ хубанд]. Пиёзи унсул ба ғоят хуб ва сикангубини он боз ҳам хубтар аст. Сақулуфандариюн бо фишурдаи газ, тухми сипандон, сиёҳдона, ғориқуни танҳо бо сикангубин ва [ё бо] қантуриюн [низ судманданд]. Кадоме аз ин [ду таркиби ахир] набошад, як ошомиданияш аз як мисқол то ду дирам бувад. Аз афитимун ба миқдори панҷ дирам бо як уқия сикангубин ба кор баранд. Агар инро ба такрор истеъмол кунанд, ҳар чизи андар испурч бударо ба исҳол берун карда, онро пажмурда созад. Уша, боқилии мисрӣ ва хусусан ҷӯшонидаи он бо сикангубин, ҷӯшонидаи шувайлоъ (бӯмодарон) бо оби холис, ки онро бо сикангубин ва ё бо оби ҷӯшонидаи гесугуна биошоманд, турушаи даштӣ бо сирко ва сикангубин, фишурдаи хори сабз, ё шибити хушк, ки аз он ҳар рӯз ба миқдори ду дирам истеъмол кунанд ва баъди он пешоби шутур [биошоманд] ва ё ду дирам фишурдаи алафи гулӯдард бо оби ҷӯшонидаи афсинтин [ҳама хубанд]. Фоидаи шири шутур ва пешоби он ниҳоят зиёд аст ва камқувват ва қавӣ ҳар кадом ба ҳасби ҳоли хеш аз он тановул кунанд. Беҳтарини он [шири] шутурест, ки ба он ваҷ, ғарб (маҷнунбед), карафс ва бодиён дода бошанд. Ҳар гоҳ аз ошомидани он омос ба гаштан сар кунад ва андар бироз исҳоли савдовӣ мушоҳада шавад, баъди ин ба тақвияти [испурч] бипардоз.
Ё хинҷакро андар сиркои қавӣ ҳафт рӯз тар кунанд ва аз он ҳар рӯзе се кафча тановул кунанд ва аз паси он сиркоро дам кашанд.
Ё [ба бемор] якуним дирамсанг тухми турбро бо сиркои қавӣ, ё ҷӯшонидаи гавзи тарро, ки андар сиркои исқил ҷӯшонида бошанд, ё оби барги кабарро бо сикангубин ва ё нординро бо сиркои унсул бидиҳанд. Аз ҷумлаи чизҳое, ки ба равиши доруҳои бо хосият амалкунан

даанд, ду дирам тухми хурфаро бо сирко ва ё як мисқол буссади ниҳоят сударо бо ягон доруи ошомидании испурч [ба кор баранд]. Ё аз суфли кадуи нарм ва ё аз худи каду, ки баъд аз хушконидан кӯфта бошанд, ду дирам бо сикангубин биошоманд. Тухми най, тухми зарпечак, барги бед ба сабаби талхӣ ва қабзкунандагияш, тухми туруша, тухми сармаҷ, самари газ ва барги он низ [судманд буванд]. Ё ду дирам аз шуши рӯбоҳ ва ё аз ҷигараш бо сикангубин ва ё аз испурчи гӯрхар ва ё испурчи (414) асп ва той – кадомаш, ки набошад, ду дирам гирифта, ба шакли хушк [ба кор баранд].
Ё кӯршабпараро гирифта забҳ кунанд, онро бихушконанд, бикӯбанд ва аз он ба қадри бардошти се ангушт гирифта, [биошоманд]. Ё ҳафт кӯршабпараи фарбеҳро гирифта, забҳ ва пок кунанд, андар деги сафолин ниҳода, то онро паноҳ кардан сиркои қавӣ бирезанд ва сари [дегро] гил андуда, андар танӯри тафсон биниҳанд. Ҳар гоҳ ки пухт, дегро андар он то сард шудан нигоҳ доранд.
Сипас [кӯршабпараҳоро] аз он берун оварда, андар сирко тар кунанд ва ҳар рӯз ду дирам аз он [ба бемор] биошомонанд. Ин дармон санҷидашуда аст. Амсоли ин доруҳои сода, ки ба оғоз ва анҷом ёд шуданд, беҳтар аст бо сикангубин ва сирко ошомида шаванд ва аз онҳо зимодҳои бо сирко қавӣ гардонида сохта шаванд.
Доруҳои мураккаби ошомиданӣ инҳост: масалан, аз сақулуфандариюн ва табошири сӯхта ба қадри ду дирам бо сикангубин истеъмол кунанд, ё қурсҳои кабарро, қурсҳои панҷангуштро андар сикангубин ва қурсҳои заровандро, ки бо пӯсти бехи кабар сохта шудаанд, андар сиркои ниҳоят туруш афканда, [ба бемор] бидиҳанд ва ин ба шартест, ки дамиш набошад. Низ қурсҳои рӯянро [ба кор баранд]. Тарёки чаҳордору ҳангоми набудани таб сахт хуб аст.
Ё як бахш тухми сипандон ва ним бахш сиёҳдонаро гирифта, бо ангубини кафкаш баргирифта маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он се дирам ва бо сиркои омехта бувад. Ё аз доруи кӯфтаи зарованд ва ҳалилаи кобулӣ як кафча бо пешоби шутур ва ё бо пешоби буз [ба бемор] бидиҳанд. Ё чаҳор дирам пӯсти кабар, ду дирам зарованди дароз ва шаш дирамӣ аз тухми панҷангушт ва мурч гирифта, аз онҳо қурсҳо бисозанд. Яке аз доруҳое, ки мо худ санҷидаем, ин аст, ки аз пари сиёвушон, пӯсти бехи кабар, тухми хурфа, тухми судоб, тухми панҷангушт ва зуфо бахшҳои баробар бигиранд. Як ошомиданӣ аз он се дирам ва бо сикангубин бувад.
Ё бехи кабар, мавиз, тухми шалғам ва зуфоро гирифта, ҳамаро бикӯбанд, андар сирко як шабу як рӯз тар кунанд ва андар оби бисёр то бахши ками он мондан биҷӯшонанд. Сипас бо он сикангубини қавии бузурӣ омехта биошоманд. Ё ба бемор сиркоеро биошомонанд, ки андар он абҳал ва гавзи сарвро нек ва то қисми ками он мондан ҷӯшонида бошанд. Аз он ба қадри тавоноӣ биошоманд ва дурдашро зимод кунанд. Ё шири шутурро мувофиқи шарти он бо ҳабби барги ғарб (маҷнунбед) ба бемор бидиҳанд. Инчунин дувоздаҳ дирам рӯян ва ду дирамӣ аз пӯсти бехи кабар, зарованди дароз ва бехи савсани осмонгун гирифта, нек бисованд ва бо сикангубини туруш сиришта, қурсҳо созанд. Як ошомидании он як мисқол ва бо оби афсинтин ва пӯсти бехи кабар бувад, ки ҳар дуро якҷоя ҷӯшонида бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ