Қонуни тиб

Зарурати ба забони тоҷикӣ гардондани «ал-Қонун»
Халқи тоҷик ба фазилати сохти сотсиалистӣ худованди тибби бисёр тараққикардаи ҳозиразамон шуд, сипоҳи бузурги табибони муҷаҳҳазро барои нигоҳ доштани марзҳои тандурустии худ дар ихтиёр дорад ва бисёре аз ин табибон бо ҳазоқату маҳорат дар миқёси мамлакат шинохта шудаанд. Аммо бо таассуфи бисёр шадид ин пешрафти беназири илми тиб ҳамсафар бо мушкилиест, ки ба иллати он мо наметавонем аз комёбиҳои бланди тиббӣ ба таври шоиста бархӯрдор бошем. Пешрафти рӯзафзуни илми тиб, ки муҳаррики он пешрафти илмию техникии аср аст, аз табиб тақозо мекунад, то ӯ ҳарчӣ бештар маҳдуд ба соҳаи хеш бошад ва ин дар навбати худ боиси тадриҷан паст шудани қобилияти басират (интуитивӣ)-и ӯ гардидааст.
Бояд ин нуктаро ёдовар шавем, ки интуиция яке аз заруриёти аввалии пизишкист ва аз миёни ҷумлаи табақаҳои башарӣ танҳо табиб беш аз ҳама бад-он муҳтоҷ аст. Яке аз шайхони аҳли тасаввуф, ки ба пешаи пизишкӣ низ шуғл доштааст, ба шогирдон бо ҳазл мегуфтааст: «Ҳар як табиб бояд валӣ бошад, вагарна табиби ҳақиқӣ нахоҳад шуд».
Чунонки мебинем, вазъи кунунии тиб ҳақ будани ин ҳазли сӯфиёнаро исбот мекунад. Оре, фазилати пизишкони пешин ва хусусан, Ибни Сино маҳз дар он буд, ки қобилияти баланди интуитивӣ доштанд ва аз ин рӯ бо дарёфтани маълумоти андак зуд ва ба таври дақиқ аз ҳоли бемор огоҳӣ пайдо мекарданд. Зеро онҳо ба сабаби сатҳӣ будани илм имконият доштанд, ки ҳамаи соҳаҳои онро пурра фаро гиранд ва бинобар ин куллиётро хубтар аз ҷузъиёт дарк мекарданд. Аксар вақт эшон робитаи байни аҷзои ҷисмро дар сурате пай мебурданд, ки аз худи ин аҷзо аслан хабаре надоштанд ва сипас кӯшиш мекарданд, ки дар асоси ин робитаҳо он аҷзои дур аз ҳиссу идрокро фарз кунанд. Бинобар ҳамин қобилият дар қадим масъулияти табобат пурра ба уҳдаи табиб буд ва бемор ҳамчун як унсури камфаъол якҷоя бо беморӣ дар муқобили табиб қарор дошт.
Омили дигаре, ки боиси мушкилии дар боло ёдшуда гардидааст, ба чигунагии ҷараёни инкишофи бемориҳои башарӣ дар вақти ҳозир вобастааст. Пешрафтатар ва фарҳангитар шудани инсон, хусусан дар бахши тараққикардаи ҷаҳон, аз як тараф агар бемориҳои анъанавӣ ва маъмулиро қариб ба нестӣ расонда бошад, аз тарафи дигар барои пайдоиш ва ривоҷ ёфтани бемориҳои хосси асрӣ заминаи бисёр мусоидро ба амал овардааст.
Имрӯз илми тиб барои мубориза бурдан бо бемориҳои вабоиву аз микроб ба амал оянда ва умуман ҳар беморие, ки иллати он сирф моддист, қудрати тамом дорад, вале дар муқобили бемориҳои асрӣ, аз қабили бемориҳои шараёнӣ-қалбӣ, омосҳои бадфарҷоми саратонӣ ва бемориҳои равонӣ бечораву нотавон аст. Ин ду гурӯҳ бемориҳо бо чигунагии сабабҳои худ аз ҳам фарқ мекунанд. Сабаби гурӯҳи якум аксар вақт содаи сирф моддист ва сабаби гурӯҳи дуввум мураккаб аз омилҳои моддӣ ва эҳсосотӣиҷтимоӣ буда, бахши дуввуми омилҳо ҳукми аксарӣ доранд. Ё агар ба гунаи дигар баён кунем, сабабҳо дар ҷисми инсон на ҳамчун дар ҷисми умуман зинда, яъне ҳайвон, балки дар ҷисми зиндаи маҳз иҷтимоӣ, яъне, инсон, муҷиби беморӣ мегарданд. Аз ин ҷо пайдост, ки ҷараёни инкишофи бемориҳои инсонӣ аз умум рӯ ба хусус дошта, бемориҳо торафт табиати инсонӣ мегиранд.
Сабаби моддии бемориро бо микроскоп таҳқиқ ва кашф кардан мумкин аст, вале сабабҳои эҳсосоти иҷтимоии онро ҳатто (ҳадди ақал дар ҳоли ҳозир) бо дастгоҳҳои электронӣ ҳам наметавон кашф кард. Инро танҳо басират ва қобилияти баланди инсоншиносии табиб метавонад дарёбад. Чунонки мебинем, динамикаи инкишофи бемориҳо беш аз пеш аз табиб он чизеро тақозо дорад, ки ба иллати торафт маҳдуд шудани ихтисос рӯ ба коҳиш аст.
Омили севвум, ки ба фикри мо субъективист ва чандон асосӣ нест, ба як ҷиҳати ташаккулёбии муносибати табиб дахл дорад. Маълум аст, ки дар қадим ҷисми инсон бисёр муҳтарам ва дахлнопазир будааст ва ҳатто баъд аз марг ҳам ҳар гуна дахолатро ба он раво намедоштанд.
Бинобар ин, табиб ҳуқуқи комили тасарруфи ҷисми инсонро надошт. Ин гуна муносибат аз як тараф монеи инкишофи илмҳои тиббӣ шуда бошад, аз тарафи дигар табибро водор мекард, ки нисбат ба пешаи худ бисёр масъул бошад. Бад-ин сабаб ӯ кӯшиш мекард, ки ҳарчӣ дуртар аз ҷисм истад ва бо дахолати ҳарчӣ камтар ба ҷисм беморро муолаҷа кунад. Табиб аксар вақт бо одамони зинда сару кор дошт, на бо ҷасадҳои мурда. Ин бешубҳа, боиси инкишофи қувваи басират ва одамшиносии ӯ мешуд. Вале бояд қайд кунем, ки чунин муносибат ба масъалаи сабаби бемориҳо тарафи манфӣ низ дошт ва табибро имконият медод, ки дар ҳолатҳои ноилоҷӣ ба ҳадсу тахмин такя кунад. Ин албатта, рахнае буд барои ба тиб роҳ ёфтани ҳар гуна хурофоту фолбиниҳо ва аз ин роҳ табиби нолоиқ ба осонӣ метавонист пешаи худро ба арсаи хурофотҳои гуногун табдил диҳад.
Равандҳои муояна ва муолаҷа дар қадим (ба сабабҳои муайян) аз ҳам ҷудо ва дур набуда, балки ҳар ду баробари ба доираи назари табиб афтидани бемор оғоз меёфтанд.
Ин ҷиҳат ба беморӣ фурсат намедод, ки ба марҳалаи ниҳоии худ бирасад ва кори муолаҷаро мушкилтар гардонад. Дар гузашта аксар вақт дар маркази диққати табиб муолаҷа меистод, на муайян кардани иллати беморӣ, зеро хишти аввали бинои тафаккури ӯро тадбирҳои дармонӣ ташкил медоданд, на чигунагӣ ва барои чӣ рӯй додани беморӣ. Аз таърихи тиб маълум аст, ки башарият дар бештари ҳолатҳо нахуст дармонро меёфт ва баъд аз гузаштани муддате сабаби беморӣ барояш маълум мешуд ва ҳатто баъзан сабаби бемориро танҳо ба воситаи дармон муайян мекард. Бинобар ин, метавон гуфт, ки таърихи тибби башарӣ бо дармон оғоз ва бо шинохтани сабаби беморӣ такмил ёфтааст.
Тибби қадим аз сабаби содагӣ ва дар дараҷаи умумии инкишоф буданаш характери энсиклопедӣ дошт, соҳаҳои ба он вобаста ба шакли сода ба оҳистагӣ камол меёфтанд, вале дар ҳама ҳолат тобеъ ва хидматгори содиқи ӯ буданд.
Анатомия ва физиологияи чӣ ҷисми солим ва чӣ ғайри солим ҳанӯз ба шакли илми ҳақиқӣ ва мустақил надаромада буданд ва дар оғуши модари худ – илми тиб марҳалаи ширхорагиро аз сар мегузаронданд.
Ба вуҷуд омадани тибби навин як навъ инқилобе буд, ки теғи он ба муқобили ҷиҳатҳои манфии тибби кӯҳан, ал алхусус, ба муқобили бар ҳадсу тахмин, на бар таҷриба, асос ёфтани беморишиносӣ ва дар дараҷаи дуввум гузоштани ин амр равона карда шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё