Қонуни тиб

Номи ин рахна ақл, шуур, андеша, хирад, тафаккур ва ғайра мебошад. Инсон ҳамчун як ваҳдати мизоҷӣ аз тариқи шуур бо муҳит алоқаи бисёр наздик ва амиқ пайдо кард ва аз ин дарича ба олами берунӣ роҳ ёфт ва ҳастиро шинохт, вале аз тарафи дигар муҳит ҳам имконият дорад, ки аз тариқи ин рахнаи бузург, яъне шуур, ба ҳарими мизоҷии инсон бемалол сар дароварад ва тандурустии ӯро ҳар лаҳза дар хатар андозад. Бинобар ин, ҳар қадар шуурнокии инсон баланд шавад, сустии мизоҷи табиӣ ва иллатпазирии тан ҳамон андоза афзоиш хоҳад ёфт.
Агар мо бисёр бо диққат мулоҳаза кунем, тибқи усули синоии тиб сабабҳои беморӣ аз ду сабаби сода таркиб ёфтаанд. Яке сабаби мизоҷӣ ва дигаре сабаби берунӣ ё муҳит.
Яъне муҳит танҳо вақте муҷиби беморӣ мешавад, ки тан ё андом қобилияти иллатпазирӣ дошта бошад. Дар ин маҷмӯъи сабабӣ бахши мизоҷи фарогир ва асосӣ аст ва ҳатто, метавон гуфт, ки ба маънои ҳақиқӣ сабаб ҳамон аст. Дар сурати суст шудани мизоҷ инсон нафақат аз таъсироти манфии муҳит ба беморӣ гирифтор мешавад, балки он чизҳое, ки пеш барояш судманд буданд, низ боиси беморӣ хоҳанд шуд. Фарқи бемориҳои инсон аз ҳайвон ҳам миқдоран ва ҳам сифатан дар ҳамин аст. Ва ба ҳамон иллат бемориҳои ҳайвонӣ назар ба инсонӣ миқдоран кам, хеле сода ва қариб ҳамаашон муолаҷашаванда мебошанд.
Чунонки ёд кардем, маҳз ба иллати заъфи мизоҷ сабабҳои берунӣ дар андомгон муҷиби беморӣ мешаванд ва иттифоқи ҳар ду ба беморӣ хусусияти мушаххас мебахшад. Бинобар ин, ҳар як беморӣ дар андомгони гуногун аз табиб тақозо мекунад, ки ба донишу таҷрибаи қаблии худ кифоят накунад ва пайваста эҷодкору борикбин бошад ва ба ҳасби ҳар як шахс тадбиру чораҳои гуногуни мушаххас ба кор барад. Аз ин ҷиҳат, тафаккури табиб тибқи талаботе, ки дар пеши ӯ истодааст, то андозае ба тафаккури шоир монанд аст ва бесабаб нест, ки дар қадим ҳам табиб ва ҳам шоирони дараҷаи аввалро ҳаким мегуфтанд, зеро танҳо ҳаким касест, ки бо андешаи зиндаву эҷодкори худ фардият ва нотакрории ҳар як мавҷуди мавзӯъ қарор гирифтаро дарёфтан метавонад.
Тибқи назарияи мизоҷии Ибни Сино метавон гуфт, ки агар мизоҷи солим асоси тандурустӣ бошад, бадмизоҷӣ асоси тамоми бемориҳои андомгон аст. Ҳатто бемориҳое, ки ба мизоҷ бевосита алоқа надоранд ва сабабҳои онҳо аз берун аст, низ асоси онҳо бадмизоҷист, чунки ҳамаи сабабҳои берунӣ фақат аз тариқи бадмизоҷӣ овардан мӯҷиби беморӣ мегарданд. Бинобар ин, дар тибби синоӣ шарти асосии тандурустӣ мизоҷи танро ҳарчӣ бештар ба ҳоли муътадил нигоҳ доштан аст ва андомгон танҳо бо мизоҷи муътадил метавонад то поёни умр мувозанати худро дар муҳити ҳар лаҳза тағйирёбанда ба хубӣ нигоҳ дорад.
Хусусияти асри мо ривоҷи заъфи мизоҷӣ ва афзоиши бемориҳои хосси он аст. Ба ғайр аз иллати асосӣ ва умумиинсонӣ (яъне шуурнокӣ) боз омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки боиси сустии мизоҷ мегарданд. Масалан, яке аз талаботи назарияи мизоҷӣ барои нигоҳдории тандурустӣ ин риоя намудани диалектикаи миёни ҷабҳаҳои ғизоию доругии маводди хӯрокист. Хусусияти асосии дору ин мухолифат бо мизоҷ ва хусусияти асосии ғизо мувофиқат ба он мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат як чиз метавонад дар муносибатҳои гуногун ҳам ғизо ва ҳам дору бошад. Мо ба дору ҳангоме эҳтиёҷ дорем, ки мизоҷи мо аз эътидол берун рафта, муҷиби беморӣ шуда бошад, то дору аз тариқи мухолафат нишон додан ба мизоҷ онро ба ҳоли эътидол боз оварад. Вале дар ҳоли муътадил будани мизоҷ айни ҳамин дору ба иллати мухолафат мизоҷи моро аз ҳадди эътидол берун бурда, боиси оқибатҳои бад хоҳад шуд. Хулоса, дору ва ё ғизо будани як чизро мо аз рӯи чигунагии муносибати он ба мизоҷ муайян мекунем ва ҷиҳати доругии он танҳо дар ҳолати бадмизоҷӣ судманд аст.
Чунонки дар боло ёд кардем, маҳсулоти ҳар як минтақа мизоҷан муносиби мардумони худи ҳамон минтақа аст ва дар нисбати онҳо қариб ғизои мутлақ аст, вале ба иллати мухолифати мизоҷӣ нисбат ба мардумони минтақаҳои дигар на ҳама вақт ғизо хоҳад буд, балки бештар хусусияти доруӣ дорад, яъне қобили тағйири мизоҷ мебошад. Бинобар ин, ҳар гоҳ маҳсулоти як минтақаро мардумони минтақаи дигар ҳамчун ғизои маъмулӣ мавриди истеъмол қарор медиҳанд, ин ба иллати тазодди мизоҷӣ дар сурати муътадил будани мизоҷи он мардум боиси аз эътидол берун омадани мизоҷ ва рӯ ба бадмизоҷӣ ниҳодани тани эшон мегардад ва хоҳ нохоҳ заминаи бемориро ба вуҷуд меоварад. Ҳамин тариқ, омилҳои дигаре низ дар замони мо хеле ривоҷ доранд, ки рӯз ба рӯз заъфи мизоҷии инсонро афзоиш медиҳанд.
Тибби имрӯза ба тақозои замон дар такопӯст, имкониятҳои азими моддӣ ва маънавии худро ба кор даровардааст: дар тамоми нуқтаҳои характерноки сайёра, аз қаъри уқёнус то қуллаҳои Ҳимолой, аз қутби шимолӣ то қутби ҷанубӣ ва ҳатто дар фазои берун аз замин лабораторияҳои тадқиқотӣ дошта, намояндагони он дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат чигунагии тандурустӣ ва бемории тани инсонро мавриди муоина қарор додаанд ва аз тамоми ин нуқтаҳо маълумотҳои беҳадду ҳисоб пайваста ба марказҳои тадқиқотии тиббӣ расида меистанд, вале натиҷаҳое, ки аз ин далелҳо берун оварда мешаванд, дар қиёси миқдори далелҳо ва дар баробари он заҳматҳое, ки барои ба даст овардани ин далелҳо ба харҷ рафтаанд, хеле ночиз ва баъзан мухолифи якдигаранд ва ҳамвора тани инсон дар маърази бемориҳои чоранопазир қарор дорад. Мурод агар аз таҳлили доманадору амиқ натиҷаи дуруст ба даст овардан бошад, пас меҳнати фикрӣ вақте сермаҳсул ба шумор меравад, ки бо таҳлили ҳарчӣ камтар натиҷаи хубу дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Оре, тибби имрӯза аз имкониятҳои фаровон бархурдор аст, вале дар пайкари бошукӯҳи вай фақат як чиз намерасад – дар он рӯҳи зиндаи усули синоии тадқиқоту муолаҷа ба таври кофӣ ҳулул накардааст. Хулоса аҳаммияти усулии «ал-Қонун» бисёр бузургм ва ояндадор аст.
Аммо дар хусуси аҳаммияти хосси «ал-Қонун» мо дар зимни як гуфтори муфассале ба таври алоҳида таваққуф хоҳем кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё