Қонуни тиб

Аз ошомҳои барои эшон судманд онест, ки аз донаи анор бо мавиз сохта, бо дорчинӣ ва мурч хушбӯй гардонида бошанд. Мавизи фарбеҳ барои эшон сахт судманд буда, ҳатто исҳоли ба оби гӯшт монандро боз дорад.
Фасли дуввум андар баёни суддаҳои ҷигар
Суддаҳо андар фароғиҳои бахши гӯштии ҷигар ба иллати ситабрии хуне, ки ҷигар аз он ғизо бигирад, (364) ё ба иллати нотавонии қувваи ронандаи он ва ё ба иллати шиддатнокии қувваи кашандаи он ориз бигарданд. Гоҳе мумкин аст андар рагҳои ҷигар ё ба сабаби тангии онҳо, ки ё сириштист ва ё ба ягон аразе аз қабили қабзшавандагӣ ва монанди он вобаста аст, ё ба сабаби печидагие, ки сириштист ва ё ба сабаби ягон чизи андар онҳо ҷоришаванда вобаста аст, [суддаҳо] падид оянд. Бештари он чи, ки аз ин қабил ба амал меояд, андар шохаҳои дарвоза ба амал ояд, зеро моддаи суддаоваранда нахуст бо он пайваста, сипас аз он полида ва дурди худро андар он ҷой боқӣ монда, ба даҳони рагҳое ояд, ки аз раги бароянда панҷа зада паҳн гардидаанд. Бинобар ин бештари суддаҳо андар бари фурӯрафта бувад. Гоҳе мумкин аст ҳол ба ҷое бирасад, ки андар бари кӯжӣ низ судда ба амал ояд. Агар суддаҳо бисёр гарданд ва муддати дарозе андар ҷигар боқӣ бимонанд, боиси ориз шудани гандагиҳое шаванд, ки аз онҳо табҳо падид оянд, боиси омосҳое бигарданд, ки онҳо ба истисқо бурда расонанд ва ё боиси тавлид шудани бодҳое бигарданд, ки аз онҳо дардҳои душворе бархезанд. Судда яке аз бемориҳои асосии ҷигар аст.
Моддае, ки судда оварад, ё хилтест, ки ба иллати ситабрии хеш, ё ба иллати часпакии хеш, ё ба иллати бисёрӣ ва пурии хеш боиси судда бигардад, ё ягон омосест, ё бод аст ва ё ягон кайфияти қабзкунанда бувад. Аммо он чиро, ки аз қабили рӯидани гӯшт, ё озах ва дармондани ягон чизи ғайри хилти ситабр ёд кардаанд, аз ҳақиқат дур аст ва ё ниҳоят ба нудрат биафтад. Аз баҳри он ки даҳонҳои рагҳои варидӣ асабнок буда, бар болои ин гуна чизҳо ягон чизи дигар ба миқдори зиёд намерӯяд. Агар бирӯяд ҳам, вале ҳамаро бар як қиёс фаро нахоҳад гирифт. Фоили судда заъфи гуворишу ҷудосозӣ ва заъфи ронандагиест, ки ба сабаби бадмизоҷии гарм ва ё сард ва ба сабабҳои дигаре вобаста буда, ин [сабабҳо] ё андар худи ҷигар падид омадаанд ва ё аз берун ба сӯи ӯ омада расидаанд ва аз қабили ҳаво ва дигар чизҳо буванд. Аммо чизи мунфаил, ки аз қабили гӯштҳо ва хусусан гӯшти паранда ва аз қабили чизҳои дилкаши фосид, мисли ангишт, гач, ушнон, саморуғи футр, намудҳое аз амруд, дӯлона ва монанди инҳо мебошанд. Асли ин ситабрист. Гоҳе мумкин аст онҳо сарди латиф ва тунук буда, судда падид наоваранд ва гоҳе мумкин аст гарми ситабр буда, гармияшон ба сабаби ситабрӣ бошад ва дар натиҷа аз худ судда ба мерос гузоранд.
Мо [андар бобҳои] гузашта гуфтем, [187] ки як чиз мумкин аст ба қиёси ҷигар ситабр бошад ва чун андар
ҷигар гуворида гардад, ба қиёси [андомҳои] баъди ҷигар оянда ситабр набошад, чунонки гандуми серғоз чунин бувад. Бисёр бошад, ки табиат моддаҳои суддаоварро рондан битавонад. Ё андар ин кор ягон илоҷ ба ӯ ёварӣ намояд ва моддаҳо ё аз тариқи бироз, агар судда андар бари фурӯрафтаи ҷигар бошад ва ё аз тариқи пешоб, агар судда андар бари кӯжӣ бошад, берун оянд ва хилтҳои гуногуни ситабр намудор гарданд.
Нишонаҳо. Маҷмӯи нишонаҳои судда ин аст, ки ҷигар килусро накашад, аз баҳри он ки вай гузаргоҳ пайдо кардан натавонад ва ё аз баҳри он ки қувваи кашандаро ночор офате расида бошад. Инро ду ҳолат лозим ояд: яке ба чизи рондашаванда вобаста бувад ва дигарӣ ба чизе, ки банд бигардад. Оне, ки ба чизи рондашаванда вобаста аст, ин аст, ки он чиз тунуки килусии миқдоран зиёд бувад. Тунукияш аз баҳри он аст, ки бахши обӣ ва софи [хун] ба сӯи ҷигар роҳ наёфтааст, то онро аз ҳолати килусӣ ба хунӣ бигардонад ва бисёрии миқдораш аз баҳри он аст, ки бар он чи ки мебоист аз тариқи бироз ба шакли суфл ронда шавад, чизе изофа шудааст, ки мебоист ба сӯи ҷигар гузашта, бештари он хун мегардид, бештари дигараш ба шакли об аз он ҷудо мешуд, баъзеи он ҳамчун сафро ва баъзеи дигараш ҳамчун савдо ҷудо мегардиданд. Ҳамаи инҳо ба чизе изофа шудаанд, ки бояд ба шакли бироз берун ояд ва бинобар ин, ночор миқдори он зиёд гардида аст. Аммо оне, ки ба чизи андар ҷигар бандгардида вобаста аст, гаронии андар ноҳияи ҷигар ҳисшаванда мебошад. Ин аз баҳри он чунин аст, ки агар [килуси] ба сӯи ҷигар рондашаванда ҳангоме ворид шавад, ки ҳанӯз [килуси андар ҷигар буда] ба сӯи дигар андомҳо, агарчи ба шакли бироз ҳам бошад, ронда нашуда бошад ва ё агар ба дигар сӯй аслан ронда намешуда бошад, андар ин ҳол ин [килус] фузунӣ оварда, гузаргоҳро то ба ҳадди садди аз гузаштан боздоранда гардидан пур кунад ва бар ҷигар гаронӣ оварад. Чӣ гуна гаронӣ наоварад, ки ронда намешавад. Гаронӣ ҳангоми омос низ ба амал ояд, вале агар андар ҷигар омосе ҷой дошта бошад, танҳо андар паҳлуи он омос гаронӣ ҳис карда шуда, он на зиёд ва на ниҳоят сахт бувад. Лекин дард [ба ҳангоми омос] сахттар аз дарди суддаҳои холисе бувад, ки агар ҳамроҳи онҳо ягон сабаби дигаре набошад, дарди зиёд низ нахоҳад буд. Агар ба шарте бошад, ниҳоят андак бошад ва таб мавҷуд набошад. Бар омоси [ҷигар] далелҳои омос, чизи аз сӯи пешобу бироз беруноянда ва дигар чизҳое далолат кунанд, ки андар боби омосҳо гуфта хоҳанд шуд. Худованди суддаҳо камхуни табаҳранг бувад.
(365) Агар андар [ҷигар] бод мавҷуд бошад, бар ин ба изофаи гаронӣ азҳамкашидагии интиқолёбанда гувоҳӣ диҳад. Бар он суддае, ки ба тариқи қабзшавандагӣ ба амал ояд, пеш омадани сабабҳои қабзоваранда далолат кунад. Мисоли ин ошомидани обҳои сахт қабзкунанда бувад. Инчунин бар ин хушкии ошкорои тан гувоҳӣ диҳад. Гоҳе бар асари суддаҳо ба сабаби анбозии андомҳои нафаскашӣ бо ҷигар душвории нафас низ ба амал ояд.
Илоҷи суддаҳо. Доруҳое, ки ҳангоми муолаҷаи суддаҳои аз хилтҳо падидомадаи ҷигар мавриди эҳтиёҷ аст, инҳо доруҳои зудоянда ва доруҳое мебошанд, ки ба ҳасби ҳоҷат дорои хусусияти кушояндагии муътадил ва пешобтозониянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор