Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Зимоди зерин аз барои ин ғараз хуб аст: аз ушна, зиришк, мастако, шоҳафсар, сунбул, бехи савсани осмонгун ва гул бахшҳои баробар гирифта, андар равғани мастако аз тариқи ҷӯшонидан онҳоро нарм созанд ва саҳару бегоҳ аз он нимгарм карда, зимод кунанд. Зимоди дигари хуб – аз шукуфаи гӯргиё, донаи бон, мастако, қардамоно ва ҳамомо се драхмигӣ, аз сабр, гиёҳи афсинтин ва шукуфаи он шаш драхмигӣ, аз сунбули хушбӯй ва салиха ду драхмигӣ, аз бехи савсани осмонгун ва барги марзангӯш ҳашт драхмигӣ, аз уша бисту чаҳор драхмӣ, [184] аз самғи хинҷак ва кундур дувоздаҳ драхмигӣ, аз мум якуним ратл ва аз равғани ҳино ба андозае бигиранд, ки бо он сириштан мумкин бошад. Инчунин як уқия ҳамомо, якуним уқиягӣ аз донаи баласон, муқл, қардамоно, ҳино, мурр, кундур ва заъфарон, ду уқия сунбули шомӣ ва шаш уқия самғи хинҷакро гирифта, кундуру муқлро андар шароб ҳал кунанд ва заъфаронро низ андар он ҳал карда, самғи хинҷакро андар нордин9 бигудозанд. Доруҳои хушкро совида, бо равғани нордин ва шароб маъҷун созанд ва бар онҳо андаке мум афканда, сипас онро ҳамчун зимод ба кор баранд. Низ биҳӣ, орди ҷав, мум, мағзи устухони гӯсола, равғани гул, афсинтин, ҳино, сунбул, заъфарон, асорун, бехи савсани осмонгун, қаранфул, уша, мастако ва сақизи набатиро бигиранд. Аз гарму сарди инҳо ба андозаи ҳоҷат гирифта, аз онҳо марҳам созанд.
Аз ғизоҳо бояд мағзи нони гарми андар шароб ва ё андар хандиқун таридкарда, гӯштҳои сабуке аз қабили (359) гӯшти гунҷишк, чаковак, дурроҷ, кабк, рӯдаву шикамбаи ғоз ва хусусан ҳамаи инҳоро ба шакли бирён бихӯранд. [Низ бояд] қаляҳои дегафзорафканда ва каранберо [истеъмол кунанд], ки андар об се бор ҷӯшонида шуда, бар вай дегафзорҳое аз қабили дорчинӣ, мурч, зира ва монанди инҳо пошида ва бар болои он судоб пора карда бошанд. Ошомҳое [низ хубанд], ки масалан, аз ҳулба ва аз мағзи [нони] гарм сохта бошанд. Гоҳе андар ғизоҳои чунин [бемор] коснӣ ва хусусан коснии ниҳоят талх биафзоянд. Бархе аз [пизишкон] гуфтаанд, ки говарси ниҳоят ҷӯшонидашуда ин гуна [беморонро] судманд аст, вале ин ба наздики ман дуруст нест. Нуқлро аз меваҳо ва монанди инҳо, масалан, аз шоҳбулут, мавизи фарбеҳ ва хусусан писта бигиранд. Аз миёни [пизишкон] бархе гуфтаанд, ки боистӣ аз писта ва бодом дурӣ ҷуст, зеро инҳо бар меъда гаронӣ оваранд. Набояд ба гуфтаи чунин касон оид ба писта эътибор дод. Яке аз чизҳое, ки эшонро суд бахшад, лесак ва хусусан дегафзорафкандаи он мебошад. Бояд аз ширҳо, моҳӣ, меваҳои тар ва гӯштҳои ситабр дурӣ ҷуст.
Тадбири мизоҷи хушк. Инро бо ғизоҳои тарибахшандаи маъруф, тараҳо, тилоҳо, зимодҳо ва шаробҳо тадбир кунанд ва бо ёрии онҳо ин [мизоҷро] муътадил сохта, ба қадри ҳоҷат ё ба сӯи гармӣ ва ё сардӣ бигардонанд. Ба изофаи он бояд андар кори тарифизоӣ набояд ба ифрот амал кард, то боиси бадпазирии ғизо, сустии [гӯшт] ва истисқои гӯштӣ нагардад.
Тадбири мизоҷи тар. Инро бо варзиш, коҳиш додани ғизо, тановул кардани он ғизоҳое, ки дорои хусусияти

латифисозӣ ва хушконидананд ва хусусан он ғизоҳое, ки ба изофаи хушконидан хушкиоварандаанд, бо коҳиш додани оби сард ошомӣ ва дурӣ ҷустан аз ширҳо тадбир кунанд, вале андар хушкифизоӣ набояд ба ғоят муболаға кард, чаро ки ин боиси пажмурдагии [тан] хоҳад шуд.
Тадбири мизоҷи гарми хушк. Худованди он ғизоҳои сарди тар, тараҳои сарди тар ва хусусан коснӣ истеъмол кунад ва аз чизҳое дурӣ ҷӯяд, ки дорои хусусияти қабзкунандагӣ ва сардии шадиданд. Яке аз чизҳое, ки барои ӯ сахт судманд аст, шири хар бувад. Каси заифҳол аз он то ҳафт истор бо андаке аз шакари табарзад ва начандон бисёр биошомад. Бояд марҳамҳо ва зимодҳои сарди тар ба кор баранд. Бо вуҷуди ҳамаи ин набояд андар тарифизоӣ муболаға карда, онро ба дараҷаи истирхо овардан бирасонанд. Бояд аз гуринҷ, зира, дегафзорҳо ва пистаи бисёр парҳез кард, вале андаке аз писта мумкин аст ба сабаби муносибат доштанаш зиён наоварад. Бояд аз гӯштҳои ситабр ва аз андомҳои ситабри хушгӯшти аз қабили ҷигар ва испурч буда дурӣ ҷӯянд.
Тадбири мизоҷи гарми тар. Аз ғизоҳо ва доруҳои сардифизоянда онҳоеро ба кор баранд, ки дорои хусусияти гирандагӣ ва хушксозиянд. Агар андар ин миён моддаҳо ҷой дошта бошанд, низ он чизҳоеро ба кор баранд, ки агарчи хусусияти хушккунандагӣ надошта бошанд ҳам, бояд он моддаҳоро латиф созанд. Мисоли ин оби панир ва шакари табарзад аст. Ё аз фишурдаи растании рӯбоҳразак ва кокана аз барои каси қавӣ ба андозаи аз панҷ то чиҳил ченаки вазнӣ ва аз сабр ду мисқол ва барои шахси заиф камтар аз он бигиранд. Ё ним мисқол ёраро бо ду истор хиёршанбар гирифта, андар як сукарраҷа оби рӯбоҳразак ва оби коснӣ бигудозанд. Ё оби хиёршанбарро танҳо гирифта, андар оби коснӣ ё оби бодиён ва ё оби рӯбоҳразак кунанд.
Тадбири мизоҷи сарди хушк. Аз миёни марҳамҳо ва дигар чизҳо зимодҳои гарми равғании нармро ба кор баранд ва аз маъҷунҳои гарм, масалан, доруи лок, доруи куркум, маъҷуни Кайқубод, амрусиё, асоносиё, қуқиё10 ва аз маъҷуни фандодиқун ба андозаи як ҳиммаса ва ё як боқилло бо оби бехҳое ба кор баранд, ки андар он равғанҳои тар воқеъ шуда бошанд. [Низ] шароби тунуки қавиро истеъмол кунанд. Агар андар ин миён бастагии табиат ҷой дошта бошад, ҳабберо ба кор бибар, ки ба сифати зерин аст: Аз сакбина, уша ва говшир бахшҳои баробар ва аз тухми карафс ва анисун ним ва чаҳоряки як бахшӣ гирифта, аз онҳо ҳаб созанд. Ё мумкин аст танҳо ба як сакбина ва ё ба ҳасби ҳоҷат якҷоя бо яке аз ин чизҳо кифоят кунанд.
Вазни якто ва ё ҳар дуи он бояд ба вазни маҷмӯи онҳо баробар бошад. Ин ба шартест, ки агар ҳамаи он доруҳо мустаъмал бошанд. Як ошомиданӣ аз он аз барои каси заиф як мисқол ва аз барои каси қавӣ ду мисқол бувад. Бояд эҳтиёт кард, ки то ин боиси сустии беандозаи [тан] нагардад.
(360) Тадбири мизоҷи сарди тар. Аз ғизоҳо ва доруҳо он чизҳоеро ба кор баранд, ки дорои гармӣ, қабзкунандагӣ, латифсозӣ ва хушккунандагиянд. Агар андар ин миён ягон моддае бошад, онро ба таври латиф, масалан, бо оби қавии бехҳо, бо кокана ва бо ёраи Аркоғонис истифроғ кун. Тадбири ғизоро латифтару гармтар соз.
Бигузор ғизои [бемор] аз гӯштҳои латифи дегафзораф канда ва [шаробаш] аз шароби қавии тунуки холиси андак иборат бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ