Қонуни тиб

Гоҳе мумкин аст аз паси бадмизоҷии сард баъди якчанд муддат ба сабаби пазироии хуни тунуке, ки ӯро гандидагӣ ориз шуда бошад, табҳо падид оянд ва ин табҳо табҳои душворгузар буда, мо онҳоро андар боби табҳо ёд хоҳем кард6. Мумкин аст андар оғози [ин бадмизоҷӣ] рими тунук берун омада, сипас ситабр ва сиёҳ бигардад. Агар дарунрави шабеҳ ба оби гӯшти тоза шуста ояд ва он андар оғоз ҳамроҳ бо иштиҳо ҷой дошта бошад, ин далолат бар сардӣ дорад, вале агар баъди он афтидагии иштиҳо ориз гардад, ин мумкин аст ба иллати табоҳии хилтҳо ва ё ба сабаби дигаре аз қабили таб ва монанди он ба амал омада бошад ва бештар вақт бар заъфе далолат кунад, ки аз сабаби сардӣ бархоста бошад. Андар поёни [бадмизоҷӣ] иштиҳо бозояд ва аксар вақт ба ҳадди ифрот бирасад. Ҳангоми он мароқро ташаннуҷ ориз бигардад.
Гоҳе бар [бадмизоҷии сард] синну сол, одат, ғизо ва сабабҳои пешгузаштае аз қабили ошомидани оби сард ношито, ё аз паси гармоба ва ё аз паси ҷимоъ далолат кунанд, зеро ҷигари афрӯха обро зуд ва ба миқдори зиёд бипазирад. Агар ҳангоми [чунин бадмизоҷӣ] модда ҷой дошта бошад, инро ба ёрии туршии даҳон ва рутубати бироз дарёфтан битавонанд ва гоҳе бироз мумкин аст ба сиёҳию сабзӣ бигарояд, на ба зардию сурхӣ.
Гоҳе аз паси бадмизоҷии сард баъди чанд муддат ба сабаби пазироии хуни тунуки гандидае, ки ӯро гандагӣ ориз гардида бошад, табҳо ба амал оянд ва инҳо табҳои палид буда, мо онҳоро андар боби табҳо ёд хоҳем кард.
Бадмизоҷии хушк. Нишонаҳояш хушкии даҳону забон, ташнагии зиёд, сахтии набз ва тунукии пешоб буванд. Гоҳе пешоб мумкин аст сиёҳранг бошад. Агар савдо ва ё сафро ҷой дошта бошад, далелҳои онҳоро ба осонӣ ба ёрии он чизе хоҳӣ дарёфт, ки аз [бобҳои] асосӣ донистӣ.
Бадмизоҷии тар. Бар ин гуна бадмизоҷӣ бодгирифтагии рӯй ва чашм, нармии гӯшти сари паҳлуҳо ва камии ташнагӣ, ба шарте, ки гармӣ рутубатро наҷӯшонида бошад, рутубати забон ва сафедии ранг далолат кунанд.
Гоҳе ба изофаи ин андаке зардӣ мушоҳада шавад. Аммо агар сардӣ шиддат ёфта бар рутубат ғолиб ояд, ранг ба сабзӣ бигарояд. Гоҳе мумкин аст тан ба сабаби сустиоварии рутубат заиф бигардад.
Фасли шашум гуфтори ҳамагонӣ андар муолаҷаи ҷигар
Барои ҷигар аз қабили нигаҳдории тандурустӣ бо ёрии
чизҳои шабеҳи он, бартараф кардани беморӣ бо ёрии
чизҳои зидди он, дармон кардани [182] омосҳо, решҳо
ва офатҳои миқдорӣ, суддакушоӣ ва дигар чизҳое лозиманд, ки барои дигар андомҳо лозим бошанд. Беҳтарин
ҳангом барои ошомидани доруҳои бемориҳои ҷигар,
хусусан доруҳои аз барои суддаҳои ҷигар ва ғайра буда
ҳамон вақтест, ки ҳангоми он чизи аз меъда ба сӯи ҷигар гузашта ва андар он ҳосилшуда ба тахмин гуворида
шуда бошад, чизи аз он ҷудо шуданаш лозим ҷудо шуда
бошад ва бояд миёни ин ҳангом ва ҳангоми ғизо хӯрдан
як муддати мувофиқе аз вақт гузашта бошад. Андар одати мардум ин ҳамон вақтест, ки миёни бархостан аз хоб ва гармоба кардан ҷой дорад. Инчунин, бояд ҳангоми муолаҷаи ҷигар доруҳои ҳалкунандаи суддакушое, ки ба муқобили бемориҳои моддии ҷигар аз қабили бемориҳои суддавӣ ва омосӣ равона карда мешаванд, аз доруҳои гирандаи қависозанда холӣ набошанд, вале ба шарте, ки хушкии ба ифрот мушоҳада карда нашавад. Ҳар қадар, ки мумкин аст, набояд андар сардифизоии ҷигар муболаға кард, чаро ки ин боиси истисқо хоҳад шуд ва на низ андар гармифизоӣ бояд муболаға намуд, зеро ин боиси пажмурдагии [тан] бигардад. Бад-ин сабаб бояд андозаи мизоҷи табиии ҷигареро бидонӣ, ки ба муолаҷаи он пардохтанӣ ҳастӣ, то онро бад-ин андоза, ки расонидӣ, биистӣ.
Бидон, ки ҳар гоҳ ҳангоми [муолаҷаи] ҷигар хато кунӣ, ин хатоят ба (355) рагҳо гузашта ва сипас ба сӯи тан биравад. Яке аз хатоҳо ин аст, ки ҳар гоҳ исҳол бояд, пешоб битозонӣ ва ин ҳангоме бошад, ки модда андар бахши фурӯхамидаи ҷигар ҷой дорад ва ё ҳар гоҳ пешоб рондан бояд, исҳол оварӣ ва ин ҳангоме бошад, ки модда андар бахши кужии [ҷигар] ҷой дорад. Доруҳои ҷигар бояд нарм кӯфта бошанд ва бояд гавҳари доруҳои чи гарм, чи сард ва чи қабзкунанда латиф бошад, то ба ҷигар рафта бирасанд. Доруҳои латифкунандаро чунин хусусият аст, ки хунро тез бикунанд ва ҳар гоҳ агар ин гуна доруҳо судда мекушода бошанд, бояд ин хусусият ба эътибор гирифта шавад.
Масалан, оби бехҳо аз ҷумлаи доруҳои суддакушой ва латифсозандаи ҷигар буда, гоҳе андар ҷигар хилтҳои гуногуни ғайри созгор бизояд. Бинобар ин ҳар гоҳ дусе рӯз пайдарпай аз он ба бемор бидиҳанд, бояд аз паси он ягон чизи нармкунандаи табиат бидод. Аммо оиди пешоб тозондан [бояд гуфт, ки] худи ин оби бехҳо чунин кор бикунад. Ҳамаи намудҳои коснӣ ва хусусан он гунае аз он, ки талхи ба гармӣ гароянда бувад, ҳангоми дардҳои ҷигар судманд аст. Онро ба касони гарммизоҷ бо сикангубин ва ба касони сардмиҷоз бо оби ангубин бидиҳанд. Ҷигари гург аз рӯи хосият ва инчунин гӯшти лесак низ судманд буванд.
Фасли ҳафтум андар баёни чизҳои барои ҷигар зиёнкор
Бидон, ки рӯиҳам хӯрдани таом ва бадии тартиби он яке
аз зиёнкортарини чизҳо барои ҷигар бувад. Ношито, ё баъди ҷимоъ, ё гармоба ва ё варзиш якбора ошомидани оби
сард мумкин аст боиси ниҳоят сард шудани ҷигар бигардад, зеро ҷигари афрӯхта барои зуд ва ба миқдори зиёд аз
он ба худ кашидан ҳирси зиёд дорад, гоҳе мумкин аст ин
боиси истисқо шавад. Андар ин гуна ҳолатҳо бояд обро бо
шароб биомехт, чандон сард нанамуд ва ҳангоми ошомидан даҳонро чандон пур накард, балки андак-андак онро
бояд макид. Чизҳои часпак ҳамаашон аз он ҷиҳат ба ҷигар
зиён доранд, ки аз худ судда ба мерос бигузоранд ва гандум аз ҷумлаи он чизҳоест, ки андар қиёс ба ҷигар часпак
ба шумор бираванд, вале ҳар гоҳ андар ҷигар пухта бигарданд, андар қиёс ба андомҳои сипаси ҷигарбуда часпак
нахоҳанд буд. На ҳар гандуме чунин аст, балки [гандуми] ширадор чунин бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор