Қонуни тиб

Аз ҷумла хашм андар ин маънӣ камтарини онҳост, зеро кам бошад, ки хашм [одамро] ҳалок кунад. Аммо бехобӣ, варзиш ва амсоли инҳо аз тариқи ҳал кардан дилро нотавон созанд.
Фасли ҳафтум андар баёни қонунҳои ҳамагонии илоҷи дил
Моро андар баёни доруҳои дил мақолаи ҷудогонаест.335 Агар одам маърифати пизишкии худро бо маърифати аслҳо, ки умумтар аз пизишкист, ҷамъ созад, аз ин судҳо хоҳад бардошт. Аммо андар ин ҷой мо (266) ба қадре аз онҳо ишорат кунем, ки овардани ин миқдор андар китобҳои холиси пизишкӣ воҷиб аст. Яъне азбаски дил андоми сарвари бартар аз ҳар гуна сарварони дигар ва гиромитар аз онҳост, бинобар он воҷиб аст, ки бо доруҳо оҳанги муолаҷаи он кардан ба тавре бошад, ки хоҳ хилтеро аз он истифроғ кардан бихоҳем, хоҳ мизоҷи ӯро дигар карданӣ бошем, бо ҷазми беандоза таъйидёфта бошад. Ҳангоми истифроғе, ки аз тариқи раг задан ба амал оварда мешавад, мо бо чунин қатъияте онро пеш бигирем, ки чизе моро ба омехтани он бо дигар тадбирҳои поксозӣ маҷбур нахоҳад кард. Балки аз ҳама беш чизе, ки моро андар ин кор лозим аст, ин аст, ки набояд ба ифрот биравем ва ин кор боиси афтидани қувват бигардад ва ҳар гоҳ қувват андаке кам шуда ва ба сабаби мизоҷи сард ва ё гарм суст гардида бошад, бояд онро бо чизҳои ҷонноккунандаи қувват зиндатар созем. Ҳарчанд ки хун гирифтан чунин эҳтиётро беш аз ҳама воҷиб медорад, вале ин корест, ки на фақат хосси хун гирифтан аст, балки барои ҳамаи намудҳои истифроғҳо умумият дорад. Сабабе, ки баробари [хунгирӣ] аз ба кор бурдани дигар намудҳои тадбир бениёз ҳамегардонад, дигар чиз аст, зеро хун гирифтан доруе нест, ки ба дил рафта бирасад, вале бештари пуриҳои дил аз хун ва ё бухор буда, раг задан дилро аз зиёни ҳар дуи онҳо бираҳонад. Ҳангоми пурии хунӣ аз босалиқи рост ва ҳангоми пурии бухорӣ аз босалиқи чап хун бигиранд.
Аммо ҳангоми дигар намудҳои истифроғҳое, ки бо ёрии доруҳо ба амал оварда мешаванд, бояд бо тадбири ёдшуда дигар тадбирҳо омехта ба кор бурда шаванд. Аз баҳри он ки доруҳои истифроғоваранда зидди тананд, бинобар он бояд доруҳои дил онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.
Инҳо доруҳоеанд, ки бо хосияти худ андар дил қувват ба амал оваранд. Ҳатто доруе, ки барои истифроғи хилти дилӣ ба кор бурда мешавад, бояд бо доруҳои тарёкии подзаҳрии муносиби дил омехта бошанд. Бисёре аз ин доруҳо, балки аксарияти онҳо мумкин аст аз ҷиҳати дигаре суд бахшанд, яъне бад-ин гуна, ки изофа ба ин онҳо доруҳои истифроғоварандаро аз дигар [андомҳо] дур сохта, ба сӯи дил бигузаронанд.
Ҳангоми табдили мизоҷ тадбир ё ба сӯи дигаргун сохтани [мизоҷи] сард, ё дигаргун сохтани мизоҷи гарм, ё дигаргун сохтани мизоҷи тар ва ё дигаргун сохтани мизоҷи хушк равон карда шавад. Агар бихоҳем, ки мизоҷи сардро бигардонем, ба ин кор аз тариқи ба кор бурдани доруҳои гарми омехта бо доруҳои қалбии гарм ҷуръат
намуда, баробари он бояд эҳтиёт кунем, ки онҳо хилти андар дил бударо сахт ба ҷунбиш наоваранд, то ҷирми дил мисли аз ҳам кашидани бод ва ё мисли аз ҳам кашидани моддаи омосида ва ғайра азҳам кашида нагардад.
Ҳар гоҳ бихоҳем, ки мизоҷи гармро бигардонем, мо ҷуръати танҳо кифоят намудан бар доруҳои сардиоваранда нахоҳем кард, зеро гавҳаре, ки дил аз баҳри он офарида шудааст, яъне рӯҳи андар он резанда, гавҳари ба сони гармии модарзодӣ гарм буда, ғайри гармиҳоест, ки танро зиёнвар буванд. Вайро аз бадмизоҷии дил, агар гарм бошад, чунин рӯй диҳад, ки бикоҳад, ҳал шавад, дуд гардад ва тира шавад. Бинобар он ҳар гоҳ бар ҷирми дил чизи онро хомӯшкунандае ворид гардад ва агар он бо доруҳои гарме омехта набошад, ки хусусияти қавӣ гардонидани гармии модарзодӣ доранд ва ҳамаи ин на ба гармии онҳо, балки ба хосияти ҳамроҳи гармии онҳо буда вобаста аст, ҳарчанд ки ба фаръ, яъне ҷирми дил суд ҳамебахшад, вале мумкин аст ба асл, яъне рӯҳ зиён бирасонад. Аз дигар сохтани гармии ҷирми дил, модом ки баробари он гармии рӯҳ хасорат медида бошад, чи суд аст? Бинобар ин ҳеҷ набинӣ, ки донишмандони пешин бадмизоҷии гарми андар дил афтода ва ҳолати аз он оризшударо бидуни омехтани доруҳои сард бо доруҳои қалбии гарм муолаҷа карда бошанд [ва] эшон бовар доштанд, ки табиат агар қавӣ бошад, доруи сардифизойро ба сӯи дил ва доруи қалбии гармро ба сӯи рӯҳ хоҳад расонад ва бад-ин восита [дил] муътадил бигардад. Андар ин ҳангом агар эшон доруи муътадиле ва ё қариб муътадилеро меёфтанд, ки мисли забони гов бо хосияти худ тақвияти рӯҳ кунад, кӯшиш мекарданд ҳар чи бештар аз он кумак бигиранд. Вале агар табиат заиф бошад, ҳеҷ гуна тадбир суд надорад.
Гоҳе он чи ки аз гаронии гавҳари бештари доруҳои қалбии сард, кам гузаштани онҳо ва ба табъ майли истодан, на гузаштан доштани онҳо барои ин [доншимандон] маълум буд, эшонро ба истеъмоли доруҳои қалбии гарм водор мекард. Бинобар ин, маҷбур буданд, ки доруҳои қалбии гарми гузаронандаро бо доруҳои қалбии сард биомезанд, то ки ин табиатро барои расонидани [дору] ба сӯи дил ёрӣ диҳад. Масалан, эшон заъфаронро бо ҳамаи (267) омехтаҳои қурси кофур ҳамроҳ мекарданд, зеро [заъфарон] онҳоро ба дил бурда бирасонад. Сипас гардонидани он аз сӯи дил ё бо рӯҳ машғул доштани он ва барои муътадил сохтани мизоҷ кумак гирифтан аз доруҳои сардифизой кори қувваи табиист. Ин барои вай аз истеъмоли доруҳои сардифизойи холисе беҳтар аст, ки андар сари роҳ биистанд ва аз гузаштан рӯй битобанд.
Касоне, ки заъфаронро аз қурсҳои кофур афканда, бар пешиниён хӯрда бигиранд, ба ростӣ, хабар надоранд, ки худ қурсҳои кофурро камфоида кардаанд.
Сипас мизоҷи гармро бо додани руббҳои меваҳо (хусусан оби себ ва алалхусус себи шомӣ ва биҳӣ, ки аҷаб доруи хубест), бо василаҳои бад-он монанде, ки баъд ёд хоҳем кард ва бо тилоҳо ва зимодҳое муолаҷа кунанд, ки аз қабили чизҳои гармихомӯшкунанда буда, бо доруҳои қавигардонандаи дил омехта бошанд. Агар сабаб модда бошад, онро истифроғ созанд.
Мизоҷи сардро бо маъҷунҳои бузурге, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард, ё бо шароби райҳонӣ, бо варзишҳои муътадил, бо зимодҳову тилоҳои гарми хушбӯи қалбӣ ва бо ғизоҳое муолаҷа кунанд, ки ба қадри гуворидан дода шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор