Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Низ набзи тез, хусусан ҳангоми рӯ ба фишурдашавӣ овардани дил ва думодумоии он [далели ин мизоҷ] аст. [Инчунин] нафаси бузург ва тез ва хусусан ҳангоми берун кардани ҳаво думодумоянда, хӯи душманӣ, бешармӣ, сабукии ҳаракатҳо, хунхорӣ, ба сабаби ҳарорат зуд хашмгин шудан ва ба сабаби хушкӣ дер розӣ шудан, сермӯии сина ва ба сабаби хушкии модда анбӯҳ ва гесугуна будани он ва эҳсоси гарми хушк додани тан [аз далелҳои ин мизоҷ] буванд.
Ҳангоми мизоҷи гарми тар мӯй камтар, сина фарохтар ва набз бузургтар, вале нармтар бувад. Суръату думодумии он камтар аз андозаест, ки ҳангоми мизоҷи хушк аст ва ин ба шартест, ки андар гармӣ баробари он бошад.
Ҳангоми ин [мизоҷ] хашм зуд ояд, вале ғайри қавӣ бувад. Тан эҳсоси гарми тар бидиҳад ва ин ба шарте бошад, ки ҷигар андар сардӣ муқовамати сахт ва андар тарӣ муқовамати начандон сахт накунад. Ҳангоми [мизоҷи гарми тар] бемориҳои уфунатӣ зиёд бигарданд.
Бар мизоҷи сарди тар набзе далолат кунад, ки на бузург, балки моил ба хурдӣ буда, нарм аст, вале на тезу думодум, балки ба ҳасби дараҷаи мизоҷ моил ба зидди ин ду ҳолат бувад. Худованди он ланҷ, тарсон, нотавон, мурдадил ва синааш бемӯй буда, на ҳасад барад ва на ба хашм ояд. Тан сарди тар бошад ва ин ба шартест, ки ҷигар бо гармии зиёд муқовамат наварзад ва кам ҳам бошад, хушкӣ наоварад.
Набзи худованди мизоҷи сарди хушк чандон оҳиста набошад ва худованди он дер ба хашм ояд ва кина гирад. Синааш бемӯй ва танаш сарди хушк бувад. Ин ба шартест, ки ҷигар бо гармифизоии зиёд ва андак ҳам бошад, бо тарифизоӣ муқовамат накунад.
Фасли панҷум андар нишонаҳои бемориҳои дил

Аз ин ҷумла далелҳои мизоҷҳои ғайри табиӣ бувад.
Мумкин аст бар бадмизоҷии дил нотавонӣ, ҳал шудани қувват ва гудозише далолат кунанд, ки ба ягон сабаби беруна, ё пешгузашта ва ё ба анбозии (265) андоми дигарбуда вобаста набошад. Агар хафақон ин далолатро тақвият диҳад, дурустии ин далел пурра ба исбот бирасад. Агар хафақон боиси беҳушӣ гардад, пас, ин ҳолат устуворӣ ёфтааст. Агар бар дил бадмизоҷии сард, ё гарм ва ё хушки бемодда ғолиб ояд, тан роҳи ба сил гирифтор шудану гудозишро пеш гирифта бошад. Аз ҷумла бадмизоҷии гарм бемории мутлақи диққ падид орад ва бадмизоҷии сард навъе аз диққро ба амал орад, ки мансуб ба пирон ва фартутист. Бадмизоҷии хушк боиси падид омадани навъе аз сил ва диққе бигардад, ки мухолифи ҳама гуна сили аз шуш баамаломада бошад, зеро ба ҳангоми ин [навъи сил] худи шуш беосеб буда, худованди он насурфад. Низ ба сабаби набудани гармӣ диққи гармро мухолафат кунад.
Нишонаҳои бадмизоҷии гарм инҳост: аз миқдори табиӣ бештар будани суръат ва думодумии набз; аз ҳолати табиӣ баромада рӯ ба бузургӣ, суръат ва думодумӣ ниҳодани нафас; шиддат ёфтани ташнагие, ки бо ҳавои сард паст шавад; майли осудагӣ доштан ба сардӣ; лоғарию гудохтагии ҳамагонӣ аз ғайри ягон сабаби дигаре; ва ғаму андӯҳи омехта бо афрӯхтагӣ.
Нишонаи бадмизоҷии сард ин аст, ки набз аз ҳолати табиӣ ба сӯи хурдӣ, оҳистагӣ ва канда-кандаоӣ майл кунад, магар ин ки қувват афтида, набз барои баровардани ҳоҷат аз дигар роҳ маҷбур ба думодумоӣ бигардад.
Ҳангоми ин [мизоҷ] нотавонии нафасгирӣ, ҳал шудани қувват, осудагӣ ёфтан аз чизҳои гуногуни ламсшаванда, бӯиданӣ ва чашидание, ки гармиовар бошанд, ҳаросидан, тарсидан, ба ифрот ғамхору бо раҳм будан низ ҷой дошта бошанд.
Нишонаи бадмизоҷии тар аз ҳолати табиӣ ба сӯи гармӣ майл кардани набз, аз чизҳои андар нафс таъсиркунанда зуд мутаассир шудан, ба изофаи он зуд аз байн рафтани ин таъсир ва бисёр рӯй додани табҳои уфунатӣ бувад.
Нишонаи бадмизоҷии хушк аз ҳолати табиӣ ба сӯи хушкӣ гароидани набз, ба душворӣ мутаассир шуда, бо вуҷуди он хоҳ қавӣ бошад ва хоҳ сабук, дер боқӣ мондани он ва гудохтагии тан бувад.
Бархе аз далелҳои омосҳо далелҳои омосҳои гарм буда, ҳангоми оғози онҳо андар набз ноҳамвории аҷиби ғайри чашмдошт зоҳир бигардад ва афрӯхтагии тан ва хусусан ноҳияҳои андомҳои нафасгирӣ бузург шавад. Каси нафасгирандаро чунин ҳол рӯй диҳад, ки ҳар чи ҳавои бештар ва сардтарро ҳам фурӯ набарад, чунон ҳис кунад, ки гӯё нафас нагирифта бошад. Сипас аз паси он беҳушии омадушуд кунанда падид ояд. Ҳангоми шинохтани ҳоли омосҳои гарми дил нишонаҳои сахтии набзро набояд чашмдор буд, чунонки андар мисли [чунин омосҳо] одатан чашмдорӣ кунанд, зеро ин омос дилро ба ҷое намерасонад, ки набзаш сахт шавад, балки пеш аз он бимирад.
Аммо оид ба [бемориҳои] гусастани ягонагӣ бошад, аз тариқи сабабҳои беруна аз онҳо воқиф шудан мумкин аст. Яке аз пизишкон гуфтааст: «Агар андар дил реше ориз бигардад, аз сӯрохи чапи бинӣ хун ҷорӣ шуда, худованди он бимирад». Нишонаи ин дард кардани пистони чап бувад.
Фасли шашум андар баёни сабабҳои ба дил таъсиркунанда

Сабабҳои ба дил таъсиркунанда бархе хосси диланд ва бархе миёни [дил] ва дигар [андомҳо] муштарак буванд.
Масалан, сабабҳои фоили мизоҷҳо, сабабҳои фоили омосҳо, [137] сабабҳои фоили гусастани ягонагӣ ва дигар чизҳои ба ҳаминҳо монанд, ки бароят андар Китоби [умури] ҳамагонӣ баршумурда шуданд, аз ҳамин қабил буванд. Лекин дилро сабабҳои хоссест, ки бархе аз сабаби нафас ва бархе аз тарафи инфиолоти нафсонӣ ориз бигарданд: [аммо нафас бад-ин гуна ки ҳар гоҳ танг, ё сахт гарм ва ё сахт сард бигардад, аз ин ба офат гирифтор шудани дил лозим ояд; ва аммо оид ба инфиолоти нафсонӣ]333 бояд ба гуфтаи мо оид ба куллиёт334 муроҷаат кард ва мо ба дил ба миёнчии рӯҳ таъсир доштани ин чизҳоро баён кардем. Ҳар чизе аз онҳо, ки ба ифрот таъсир кунад, гармии модарзодиро ба сӯи андарун фишор диҳад ва ё онро ба сӯи берун пароканда карда, мумкин аст ба ҷое бирасад, ки беҳушӣ оварад, балки гузашта аз ин ба ҳалокат бирасонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ