Қонуни тиб

Фасли чаҳорум
андар баёни римкунӣ
Ҳар гоҳ ҳангоми барсом ва омоси шуш нишонаҳои ёдшудаи ҷамъшавию римкунӣ зоҳир гарданд ва боло гиранд, баъд аз пок сохтани тан воҷиб аст аз тариқи ба кор бурдани зимодҳо ва гармибандиҳое ба пазиш ёрӣ дода шавад, ки масалан, аз орди ҷав, сақизи набатӣ, шароби сафеди ширин, хурмо ва анҷири хушк бисозанд. Аз ҳама қавитари онҳо навъест, ки бо он саргини кабӯтар ва натрун ҳамроҳ карда бошанд. Ба кор бурдани ин [зимод] андар охири римкунӣ наздики кафидан низ созгор аст.
Пеш аз фаро расидани вақти кафидан [бемор] бояд бар паҳлуи дардманд бихобад, зеро ин барои берун омадани балғам ва кафидан бештар кумак бирасонад.
Агар гармӣ зиёд бошад, [ба бемор] оби ангубинро бо оби ҷав ва ё оби ангубини тунукро танҳо бидиҳанд. Агар гармӣ қавӣ набошад ва қувват қавӣ бошад, бояд [ба бемор] ҷӯшонидаи зуфое бидиҳанд, ки андар он ба изофаи зуфо ҳошо, фаросиюн, анҷир ва ангубинро ҳам ҷӯшонида бошанд. [Низ] бояд [ба бемор] оби ҷаве бидиҳанд, ки бо бехи ширинбаён326 ҷӯшонида шуда бошад. Гоҳе мумкин аст аз барои пазонидан, масалан, ба масрудитус ва тарёк эҳтиёҷ афтад ва созгортарин ҳангом ин аст, ки баъд аз пазиши пурра дода шавад, то ки баробари кафидани [омос гармии] модарзодӣ нигоҳ дошта шавад. [Шароби] хурмоӣ андар ин ҳангом ва баъди ин низ ба ғоят хуб аст ва шароби фаросиюн ҳам ба ғоят судманд бувад.
Қурсе, ки пазонанда аст: тухми хитмӣ, панирак, бодранг, харбуза ва каду, рубби ширинбаён, шукуфаи шоҳафсар, бунафша ва касироро гирифта, бо луоби тухми катон қурс созанд ва бо оби анҷир [ба бемор] бидиҳанд.
Ҳангоми рӯ ба афзоиш будани [омос ба беморон] аз нони андар об ва ё оби ангубин тар карда, хояи нимбиришт ва монанди инҳо ғизо диҳанд, нуқлашонро аз чилғӯза, тухми ноҷу ва бодоми ширин кунанд ва ошоме бидиҳанд, ки аз орди ҷав, нахӯд ва боқилӣ бо равғани бодом, шакар ва ангубин сохта бошанд. Ҳар гоҳ вақти кафидан фаро расида, пухтан анҷом ёбад, бояд барои кафидан кумак карда шавад ва агар онро ба ҳоли хеш гузоранд, барои беморӣ душворию саргардонӣ хоҳад овард. Гулӯи чунин [беморонро] бо лабанӣ бахур кунанд, ба эшон шароби қавии зуфо бидиҳанд, ки мо онро ёд кардем ва бо зимодҳои қавии мо ёдкарда кумак кунанд. Агар андар ин ҳангом таб набошад ва [бемор] харобу лоғар набошад, ба ӯ додани масрудитус ва тарёк судманд аст. [Низ] ӯро моҳии шӯр хӯронанд ва ҳангоми хоб ҳабберо бояд андар даҳон бигирад, ки аз ёра ва дилаи ҳанзал сохта шуда бошад. Низ ҳангоми хоб ба ӯ ҳабби қуқиё биошомонанд ва гулӯяшро бо лабанӣ бахур кунанд.
Гоҳе [беморро] бар чорпоя нишонда ва аз китфҳояш гирифта, ҷунбонидан ҳангоми ин [омос] суд дорад. Ошомидани хардал бо оби ангубин ва низ ошомидани ангужад бо шир нофеъанд. Андар ин ҳангом агар кафонидан бихоҳанд, бар паҳлуи солим хобидан суд дорад. Андар мисли ин гуна ҳолат баъд аз шомгоҳӣ қай фармудаанд, вале ин хатарнок аст, зеро мумкин аст боиси якбора кафидани бузург гардида, аз он гирифтагии нафас ба амал ояд.
Агар кафидан ба амал наояд, аз ба кор бурдани доғмонӣ чора нест. Сипас бояд нигарист, агар хунобаи сафеди покиза берун ояд, мавриди умедворист ва агар не, набояд аз он умеди беҳӣ кард.
Агар [омос] хуноба карда, ҷорӣ шавад ва чунин ҳадс зада шавад, ки он андак ва ё муътадил буда, ба андозаест, ки то чиҳил рӯз аз тариқи балғамоварӣ шояд пок шавад, бояд баъди он доруи зудояндаи шӯяндаи поксозанда ба кор бибаранд ва инро баробари аз гулӯ омадани моддаи кафидашуда [ба бемор] бидиҳанд. Ин гуна [дору], масалан, ҷӯшонидаи зуфо бо бехи ширинбаён, бехи савсани осмонгун ва шароби ангубин ва [инчунин ҷӯшонидаи] каранб ва ошомҳои (257) ёдшудае бошанд, ки аз орди нахӯд ва дигар доруҳо сохта бошанд. Низ андар онҳо орди говдонаро ҳам ҳамроҳ кунанд. Лесидании аз пиёзи унсул сохташуда ва лесидании аз говдона буда судманд буванд.
Аммо доруҳои содае, ки моддаҳои асосии доруҳои барои ин ғараз будаанд, масалан, инҳо мебошанд: орди говдона, судаи савсан ва бехи он, ҳар ду навъи зарованд, се намуди мурч, хардал, тухми сипандон, ҳатто говшир низ, қуст, салиха ва сунбул. Гоҳе мумкин аст эҳтиёҷ бадон бошад, ки бо инҳо як миқдор аз доруҳои карахткунанда ҳамроҳ карда шавад. Яке аз ин доруҳо суқурдиюн аст, ки он андар ин бобат ниҳоят судманд аст. Ин доруҳо моддаҳои асосии доруҳоеанд, ки андар ин ҳангом судманд буда, аз онҳо бо ёрии исфанҷҳову равғанҳо ошомиданиҳо, зимодҳо ва пухтаковҳо бисозанд. Гоҳе равғанеро, ки андар он қуввати ин [доруҳо] гузашта бошад, ба кор баранд, масалан, равғани савсан, наргис, бобуна, ҳино ва нордин. Масалан, равғани даҳмастро хусусан ҳангоми пастравии [омос] ба кор баранд. Гоҳе равғани бунафшаро ба ҳасби ҳол ва вақти [беморӣ] ба кор баранд. Гоҳе андар ин равғанҳо ротинаҷ, пиҳҳо, борзад, шукуфаи гӯргиё, зуфои тар, шанбалит, барги даҳмаст, муқл ва монанди инҳоро афкананд.
Агар таб қавӣ бошад, андар гармиоварӣ ба ифрот амал накунанд, зеро ин ба иллати бадмизоҷӣ қувватро заиф созад ва он аз берун овардани балғам оҷиз ояд. Баъд аз кафида, ба сӯи сина [рехтани] рим ба рӯзгоре, ки бемор сабукие андар хеш пиндорад, бояд зуд ба тадбири берун кардани рим бипардохт. Агар ҳангоми барсом чунин тахмин карда шавад, ки модда зиёд аст ва андар чиҳил рӯз ва камтар аз он пок намешавад, балки эҳтимоли ба сил гузаштан дорад, аз доғ мондан бо афзори доғмонии борике чора нест, ки бо он синаро шикофида моддаро кашида андак-андак берун кунанд. Онро бо оби ангубин бишӯянд ва бар кашида шудани модда ба сӯи берун кумак кунанд. Ҳар гоҳ моддаро пурра берун кардӣ, ба истеъмоли доруҳои сабзонанда бипардоз.
Бояд ҷиҳате, ки андар он рим аст, аз тариқи ёдшуда, яъне аз тариқи овози рим ва ҷунбидани он, муайян карда шавад. Баъзеҳо бар сина пораи андар гили сурх ва об оғуштаро биниҳанд ва бингаранд, ки кадом маҳалле аз ҳама зуд ҳамехушкад. Бо ҳамин маҳалли римро муайян карда, он ҷойро ё доғ монанд ва ё нештар бизананд. Гоҳе мумкин аст доғ наниҳанд, балки бо нештар ҷарҳ зананд ва ҳолати истодро тавре доранд, ки хуноба [худ] берун ояд ва ҳар рӯзе онро кам-кам, на ба якборагӣ, берун кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор