Қонуни тиб

Гоҳе баъд аз пок кардани тан бо раг задан ва ғайра ва ҳосил кардани бовар ба покии он ба миҳҷама гузоштан пардозанд. Чаро ки агар бар маҳалли дард миҳҷама гузошта шавад, аз ин суди бузурге бардошта хоҳад шуд. Вай гоҳе дардро тамоман ором кунад ва гоҳе онро ба ноҳияҳои берунӣ бикашад. Агар андар ин маҳалл, масалан, зимоди хардал ба кор баранд, барои кашидани дард мисли миҳҷама таъсир дорад.
Баъди гузаштани рӯзи ҳафтум пешиниён доруи лесидании аз бодом, тухми қуррайс (газна), ангубин ва равғани зард сохташуда ва лесиданиҳои аз равғани зард ва сақизи хинҷак гирифтаро лесидан мефармудаанд. Гоҳе маъҷунҳои бузургеро аз қабили асоносиё ба кор мебурдаанд.
Ин тариқаи хуб буда, (255) онро касоне метавонанд ба кор баранд, ки андар пешаи пизишкӣ донишманданд ва тавассути дониши худ аз худ бовар доранд, ки зиёни бузурги аз ин тадбир пешомадаро бартараф кардан ҳаметавонанд. Бинобар ин эшон бо ёрии он ба андозаи кофӣ поксозӣ ҳосил кунанд. Аммо пизишкони ҳозиразамони буздили ба худ бовар надошта аз ангубин тарсида, ба ҷои он [андар асоносиё] шакар ҳамеафкананд. Пешиниён низ ба кор бурдани доруҳои ба таври қавӣ поксозандаеро маслаҳат медоданд, ки бо ангубин ба шакли ҳаббҳо сохта, зери забон бигиранд. Андар ин ҳангом маслаҳат медоданд, ки зимоди бо номи «бӯйнок» маъруф, зимоди аз марзангӯш сохташуда ва марҳами судобӣ ниҳода шавад. Умуман, ҳар кӣ ин равиши пешиниёнро пеш бигирад, бояд бо эҳтиёткорӣ, ҳушёрӣ ва бимнокӣ пеш гирад, то ки омос кафида, боиси ниҳоят баланд шудани ҳарорат нагардад.
Сипас баъди ин кор чунин шахс метавонад ба зуд муваффақ шудан бовар кунад. Агар иллат то рӯзи чаҳордаҳум боқӣ монад, аз ҳиҷомат кардан ва нарм сохтани тадбири ғизо чора нест. Агар чунин [беморонро] бехобӣ шиддат гирад, аз ошомидани шароби хашхош ва [худи] хашхош чора нест. Агар нафаси эшон думодум ояд, зиёни онро аз тариқи тарифизоӣ бо ёрии, масалан, луоби аспғул, ки онро пайдарпай як қултӣ биошоманд ва бо ёрии гулоб пешгирӣ кунанд. Гоҳе аз барои сабук сохтани дард агар бар паҳлу оби нимгарм бирезанд, судманд бувад ва думодумии нафасро бикоҳад, зеро чунонки донистӣ, ин зиён дорад.
Баъд аз паст шудани ба назар намоёни [беморӣ] гармоба ба кор баранд ва аз сардифизоии зиёд дурӣ ҷӯянд, вале на ҳангоми барсоме, ки аз ҷинси сурхбод аст. Низ аз тадбири ғизои ситабриоваранда парҳез намуда, ба латиф сохтани он бипардозанд. Ҳангоми ба поён расидани беморӣ андар обҳо ва шаробҳои ёдшуда гандано ва пудинаро биҷӯшонанд ва ба бемор тухми қуррайсро бо ангубин билесонанд. Агар омос саркашӣ намуда, рӯ ба рим кардан ниҳад, тадбиреро ба кор баранд, ки андар боби хос ёд кардем. Худовандони барсомеро, ки сиҳат шуда истодаанд, бояд аз чизҳои шӯру тез, пурии шикам, серӣ, офтоб, бод, дуд, баланд овоз баровардан, дамидан ва ҷимоъ кардан дур дошт, зеро агар дубора канда шаванд, бимиранд.
Ин буд гуфтаи мо оид ба барсоме, ки гарми холис аст, вале агар на чунин, балки гарми холис буда, чандон гарм набошад, бояд молишро ба кор бурда, бо ёрии, масалан, ҳулба ва зифт, зимодниҳӣ ва миҳҷама ба кор барӣ.
Зимоде, ки аз барои ин ғараз судманд аст: Хокистари бехи каранбро гирифта, бо пиҳ маъҷун созанд ва зимод кунанд. [Барсоми] балғамиро нахуст бо ҳуқнаҳои тез ва исҳол овардан муолаҷа кунанд, вале раг назананд ва доруҳои ҳалкунандаи аз қабили зимодҳову гармибандиҳои ёдшударо, ки қавиянд, ба кор набаранд. Таом аз чугундар, оби каранб, оби нахӯд, равғани зайтун ва ё равғани бодоми ширин ва ё талх кунанд, зимодҳову гармибандиҳои гарм ба кор баранд ва [ба бемор] матбухи Юсуфи Соҳирро бо равғани беданҷир бидиҳанд. Аммо [каси ба барсоми] савдовӣ гирифторро ошоме бидиҳанд, ки аз гандуми далида бо ангубину равғани бодом сохта бошанд, доруҳои лесидании нарми гарм билесонанд ва равғанҳои нармкунандае аз қабили равғани бодоми ширин ва ошоми нарме биошомонанд, ки аз боқилӣ ва андаке шанбалит сохта бошанд. Шири нав дӯшида ва хусусан шири хар барои чунин [беморон] судманд аст. Яке аз чизҳое, ки андар ин ҳангом нофеъ бошанд, ин аст, ки як дирам қустро бо як кафча оби ҷӯшонидаи шибит ва равғани баласон ва ё шароби ангубин гирифта, [ба кор баранд]. Ин дору инчунин барои сурфаи бад судманд бувад.
Аммо илоҷи обе, ки андар шуш ҷамъ шуда бошад, сабуктар аз илоҷи касони шушашон рим кардааст ва мо онро ёд хоҳем кард. Гоҳе мумкин аст ба нештар задан эҳтиёҷ биафтад, [вале андар ин хатар аст]325.
Фасли севвум андар илоҷи омоси шуш
Омоси шушро ба равиши барсом муолаҷа кунанд, вале зимодҳояш бояд қавитар буда, андар таркиби онҳо чизе дароварда шавад, ки [таъсирашро] фурӯтар бибарад.
Бояд кӯшиши аз роҳи балғамафканӣ пок сохтани шуш бештар бошад ва бояд ба ҷои бар паҳлу хобида, балғам овардан [бемор] бар пушт ва моил бад-он ҷиҳат бихобад. Агар ҳангоми ин [беморӣ] табиат сахт бошад, бояд [ба бемор] ҳар ду рӯз як бор шароби зеринро бидиҳанд:
аз ҳар кадоми хиёршанбар ва мавизи аз дона поккарда (256) се исторӣ гирифта, бар вай чаҳор сукарраҷа об бирезанд ва то ним шудан биҷӯшонанд. Сипас онро [аз болои оташ] бардошта, як сукарраҷа оби ангури сагак ба он изофа кунанд. [132 а] Ин як ошомиданӣ барои каси қавӣ буда, барои заиф ними онро бидиҳанд. Агар табиат нарми нотавонсозанда бошад, [ба бемор] рубби мӯрд, биҳии ширини бирёнкарда ва анори ширин бидиҳанд.
Агар [омоси шуш] аз ҷинси мошаро ва сурхбод бошад, илоҷи он, чунонки ишорат намудем, душвор аст. Агар ягон чизе онро суд мебахшида бошад, бояд бо фишурдаҳои ниҳоят сарди маълуми аз тараҳо, гиёҳҳо ва меваҳо гирифта [гармиро] хуб хомӯш кунанд. Ба бемор доруҳои сардифизои нармсозанда бидиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо, масалан, фишурдаи коснӣ ва монанди он мебошад. Агар сафроро бо мисли ширхишт, хурмои ҳиндӣ, тарангубин ва монанди он истифроғ кунӣ, равост. Ҳамчунин ҳангоми ин [беморӣ] агар пурӣ ҷой дошта бошад, мумкин аст ба раг задан туро эҳтиёҷ афтад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор