Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хуноба ҳангоми аз гулӯ омадан ва ҳангоми бар оташ ниҳодан бо бадбӯии худ фарқ кунад ва [андар об] ба зер биравад ва бар сари он наистад.
Нишонаи гузаштани римкунӣ ба сил ин аст, ки ранг тира шавад, пешонию гардан азҳамкашида бигарданд, [129] ҳамаи ангуштон бидуни тафовут битафсанд, агарчи аз касе бошанд, ки одатан ҳангоми таб дасту пояш сард бигардад, табе падид ояд, ки шаб ба сабаби ғизо афзоиш ёбад, андар нохунҳо ба сабаби об шудани гӯшти зери онҳо кӯзӣ ба амал ояд, чашмон равған гирифта, ба сафедӣ ва зардӣ бизананд ва дигар нишонаҳое падид оянд, ки андар боби сил ёд хоҳем кард.
Фасли ёздаҳум андар баёни решҳои сина ва шуш ва аз ҷумла, сил

Ин решҳо ё андар сина, ё андар ҳиҷоб ва ё андар шуш падид оянд ва бахши вопасин сил бувад. Ё мумкин аст онҳо андар нои шуш ориз бигарданд, ки мо инро ёд кардем. Аз ҳама беосебтари ин решҳо реши сина аст. Аз баҳри он ки рагҳои сина хурд ва бахшҳои онҳо сахтанд ва андар онҳо порашавии чандон бузурге ба амал наояд. Низ аз баҳри он чунин бошад, ки зардоб андар онҳо боқӣ намонад, балки ба фазои сина ҷорӣ бигардад, вале ҳоли шуш чунин нест. Дигар ин, ки ҳаракати [сина] ғайри қавӣ буда, чандоне нест, ки мисли ҳаракати шуш ҳис карда шавад, балки қариб ором ба назар бирасад ва инчунин сина гӯштист ва андоми гӯштӣ бештар пазирои фароҳамоӣ бувад. Бисёр бошад, ки решҳои сина, ки аз хуроҷҳои гандида падид омадаанд, устухонҳоро табаҳ сохта, ба ҷое бирасонанд, ки гоҳе эҳтиёҷ ба буридани бахши гандидаи онҳо биафтад, то ки бахши ҳамҷавори он солим бимонад. Гоҳе мумкин аст гандагӣ ба пардаҳои наздики он бигузарад. Он бахш аз решҳои ҳиҷоб, ки нуфузкунандаанд, албатта, фароҳам нахоҳад омад ва бахши нуфузкунандаи онҳо ё андар бахшҳои асабнок биафтад, ки ин низ нахоҳад сабзид ва ё андар бахшҳои гӯштӣ биафтад, ки ин агар андар оғоз пешгирӣ карда шавад ва ё нагузоранд, ки биомосад, мумкин аст бисабзад. Вале агар он биомосад ва ё куҳан бигардад, беҳ нахоҳад шуд.
Аммо андар баёни решҳои шуш [бояд гуфт, ки] пизишконро андар беҳ шудан ва ё беҳ нашудани онҳо ихтилоф аст. Гурӯҳе гуфтаанд, ки онҳо ба таъкид беҳ нашаванд, чаро ки фароҳам омадан ниёзманди оромист ва аммо андар [шуш] ҳеҷ оромие нест. Ҷолинус бо эшон мухолафат варзида, тасдиқ кардааст, ки ҳаракат ба танҳоӣ боиси боздошта шудани фароҳамоӣ намегардад, ба шарте, ки дигар монеаҳо бо он ёр нагарданд. Бад-ин далел ки ҳиҷоб низ ҷунбанда аст, вале бо вуҷуди он решҳояш беҳ шаванд. Аммо ақидаи худи Ҷолинус андар баёни решҳои шуш чунин аст: агар (249) ин [решҳо] аз сабаби гусехтани чизи ягонае падид омада бошанд, ки на ба иллати омос ва ё хӯрдани хилти хӯрандае, балки ба иллати дигаре ориз шудааст, то даме ки ба шакли ҷароҳатанд ва ба рим кардану омосидан нагузаштаанд, қобили беҳшавӣ буванд. Он решҳое, ки [шушро] сӯрох кардаанд,321 вале рим накарда бошанд, низ чунинанд. Вале он решҳое, ки аз омос ва ё хӯрда шудан падид омадаанд, беҳ на

хоҳанд шуд, зеро реши пухтаи римкарда ҷуз аз тариқи пок шудани хуноба беҳ нашавад. Ин [покшавӣ] ба миёнчии сурфа ба амал ояд ва аммо сурфа реш ва чоки онро фарохтар бисозад ва хор-хораки аз он баамалоянда дардро зиёда кунад. Дард кашида шудани моддаҳоро ба ноҳияи [шуш] афзоиш диҳад. Доруҳои хушконанда монеи аз тариқи гулӯ омадани чирканд ва доруҳои беруноварандаи чирк решро нарму тар созанд. Решҳои аз хилти хӯранда баамаломада бидуни дуруст кардани [хилт] беҳ нашаванд. Аммо [дуруст кардани хилт] ҷуз ба гузаштани муддате анҷом напазирад, ки андар ин ҳангом реш ё пора шуда, носур бигардад ва албатта, нахоҳад сабзид ва ё ба андозае фарох бигардад, ки як бахши шуш хӯрда шавад. Андар решҳое, ки аз омос падид оянд, гоҳе ин ҳолатҳо ҷамъ оянд.
Яке аз чизҳои барои мушкил шудани фароҳамоӣ ёварикунанда ҳаракат ва инчунин бузург, фарох ва сахт будани рагҳои шуш мебошанд, зеро инҳо яке аз он омилҳоеанд, ки фароҳамоии даридагиро мушкил созанд. Низ дурии масофа аз даромадгоҳи доруи ошомида то шуш ва то расидани дору ба реш боиси сустии қуввати он гардидани ин [масофа] яке аз сабабҳои ёридиҳандаи [мушкилии фароҳамоӣ] бувад. Он доруҳое, ки сарданд, оҳистаравандаи ногузароянд ва онҳое, ки гарманд, таби баробари решҳои шуш ҷой доштаро афзоиш диҳанд. Доруи хушкифизой бо овардани диққе зиён дорад, ки бе ҳамин ҳам ёри решҳост. Доруи тарифизой монеи фароҳамоии решҳост.
Илоҷи ҳамаи решҳо ва хусусан ин гуна решҳое, ки аз забару зер рутубатҳо ба сӯи онҳо ҷориянд, хушкифизоист. Гоҳе реши аз хӯра баамаломада агар нав оғоз ёфта бошад ва агар андар остари ной падид омада бошад, на андар гавҳари гӯштии шуш, зуд илоҷро бипазирад. Аммо агар андар худи куркуракҳо падид омада бошад, илоҷнопазир аст. Ҳангоми бемории сил синни аз ҳама илоҷпазир синни кӯдакист. Беосебтарини решҳои шуш онест, ки аз ҷинси хушкреша бошад, ба шарте андар ин миён андар мизоҷ ва ё худи хилт ягон сабабе набошад ва реши хушкро ба реши парюнӣ табдил надиҳад. Гоҳе бемори силро чунин ориз шавад, ки сили ӯ дароз бикашад ва андар миён гоҳе нест шавад. Ҳамчунин мумкин аст аз замони барноӣ то миёнсолӣ давом кунад. Занеро дидам, ки бо бемории сил қариб бисту се сол ва ё бештар аз ин зиндагӣ карда буд. Худовандони решҳои шуш аз хазон бисёр зиён бибинанд. Агар будани сил андар худованди он шубҳанок бошад, бо фаро расидани фасли хазон маълум бигардад.
Гоҳе «сил» гуфта, иллати дигареро гӯянд, ки ҳангоми он таб ба амал наояд, вале шуш пазирои хилтҳои ситабри часпаки назлавие бошад, ки пайваста ба сӯи он шорида, гузаргоҳҳои онро танг кунанд. [Беморонро] нафаси танг ва сурфаи сахт падид омада, ҳамаи ин боиси афсурдагии қувват ва гудозиши тан бигардад. Эшон ба ҳақиқат шабоҳат ба худовандони бемории дамкӯтоҳӣ доранд. Агар гармии кам ҷой дошта бошад, бояд эшонро сабуктар аз илоҷи худовандони дамкӯтоҳӣ муолаҷа кард.
Сабабҳои решҳои шуш: Сабабҳои решҳои шуш ё назлаи сӯзони хӯранда ва ё ба иллати ҳамҷаворӣ гандагиоварандаест, ки шуш то пухтани он дуруст нахоҳад шуд ва ё хунобае аз ҳамин ҷинс бувад, ки аз андоми дигар ба сӯи шуш бишорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ