Қонуни тиб

Агар модда ба сӯи обгаҳ бигарояд, умеди саломатист.
Фасли панҷум андар баёни омоси сахти шуш
Гоҳе андар шуш омоси сахт падид ояд ва бар вай тангии нафас ва рӯз ба рӯз андар афзоиш будани он гувоҳӣ диҳанд. Ҳангоми он гаронӣ, камии балғам, сахт хушк будани сурфа ва думодумии он, ки гоҳе сабук бигардад, баробари камии гармии сина ҷой дошта бошанд.
Фасли шашум андар баёни омоси нарми шуш
Гоҳе андар шуш омоси нарм падид ояд ва тангии нафас ҳамроҳи оби даҳони зиёд ва рутубати сина бар вай гувоҳӣ диҳанд. Вале гармӣ зиёд набошад ва ранги рӯй на сурх, балки арзизӣ бувад.
Фасли ҳафтум андар баёни табишҳои шуш
Гоҳе андар шуш табишҳо ориз шаванд. Нишонаашон ин аст, ки гаронӣ ва тангии нафас баробари тезию думодумии он, гармию афрӯхтагии аз ғайри таби умумӣ андар сина ҳис карда шавад.
Фасли ҳаштум андар баёни гирд омадани об андар шуш
Гоҳе андар шуш гавҳари обӣ гирд ояд ва далели он гармии дарунӣ, таби нарм, омосидани дасту пой, бадии нафас, балғами тунуки обакӣ ва ҳолатест, ки чун ҳолати шахси ба истисқо гирифтор бувад.
Фасли нуҳум андар баёни омос ва ҷароҳате, ки нои шушро рӯй диҳад
Нишонааш таби заиф, дил задани миёнҷои пушт ва дард кардан бувад, зеро ной андар ҳис накардан мисли шуш нест, лекин ин дард сабук бошад. Ба изофаи инҳо хориши ҷисм ва хастагии овоз падид оянд. Агар ной реш шавад, аз он бӯи моҳӣ ва балғами андак оянд.
Фасли даҳум андар баёни рим кардан ва фароҳам омадани хуноба
«Рим кардан» андар гуфтаҳои пизишкон бар ду маънист: яке онест, ки андар ҳама ҳолат ба кор баранд ва
он хуноба ҷамъ кардани омос бувад ва дуввум онест, ки
ба таври махсус ҳангоми бемориҳои сина ба кор баранд
ва мурод аз он пур шудани фазои миёни синаву шуш аз
римест, ки бад-он сӯй бирезад. Ин ё ҳар ду бар ва ё як барро рӯй диҳад. Сабабҳои ин пурӣ ё назлаест, ки ҳангоми
он модда якбора бирезад, ё решҳоест андар шуш, ки аз
онҳо хунобаву зардоб ҷорӣ шуда, аксар вақт баъди бист
рӯз бипазанд ва сипас аз тариқи гулӯ берун оянд ва ё
кафидани омосе андар ноҳияҳои сина аст, ки ин аз ҳама
бештар рӯй дода, аз он ё хунобаи пухта ва ё чизе дурдмонанд бирезад. Ҳамаи инҳоро чаҳор ҳолат бувад: ё бо
бисёрии хеш хафа карда бикушанд ва он бад-ин гуна
зоҳир гардад, ки нафаси [бемор] танг шудан гирад, вале балғам наояд, ё шуш пӯсида, ба сил гирифтор шавад, ё аз тариқи гулӯафшонии сабуки чорабинишуда пок бигарданд ва ё бо ёрии рондан аз роҳи шоҳраг ва шараёни бузург ба сӯи обгаҳ ва берун шудан ба шакли пешоби ситабр пок бигарданд. Роҳи онҳо нахуст аз раги варидӣ ба сӯи ҷигар ва сипас аз он ҷой ба сӯи гурда бувад. Гоҳе ба шакли бироз ба сӯи рӯдагон ронда шаванд. Ҳар дуи ин намуд сутудаанд.
Мо аз ин пеш андар баёни муддати кафидани [омос] ёд кардем. Онро ба ҳасби қуввати нишонаҳо ва ба ҳасби синну сол, фасл ва мизоҷ тавон шинохт. Пирон ба сабаби нотавонии ноҳияи дили хеш ҳангоми рим кардани [омосҳои сина] бештар аз барноён ҳалок бигарданд, вале барноён ҳангоми дардҳо бештар аз пирон бимиранд, зеро ҳисси эшон бисёр қавист.
Мо нишонаҳои рим кардан ва ҳамчунин нишонаҳои кафиданро андар боби нишонаҳои намудҳои гузариши барсом ёд кардем. Нишонаҳои аз рим пур шудани фазои сина инҳост: гаронӣ, сурфаи хушк, дамҳака ва дард.
Гоҳе андар бисёре аз ин гуна [беморон] (248) сурфаи таре падид ояд, ки баробари омадани балғам боиси гумони сабукӣ гардад. Нафаси эшон пайдарпай ояд ва бинобар он сухан гуфтанашон ҳам тез-тез бошад ва ҳангоми нафасгирӣ ватарҳои бинияшон кашида гарданд.
Эшонро таби диққие пайваста ҷой дошта бошад, ки боиси истисқо бигардад. Нишонаи ҷиҳате, ки андар он хуноба бувад, бад-ин гуна дониста шавад, ки беморро як бор бар як паҳлу, бори дигар бар паҳлуи дигар бихобонанд. Ҷониби муқобили он паҳлуе, ки андар он гаронии фишордиҳандаи овехтае ба ҳис андарояд, маҳалли хуноба аст. Аз овози хуноба ва аз ҷунбидану шир-шири он низ шинохта шавад. Бархеҳо бар сина ва атрофи он пораи катони андар гилобаи гили сурх оғуштаро ниҳода, бингаранд: кадом маҳалле, ки пеш аз ҳама хушкид, он маҳалли рим бувад.
Нишонаҳои кафидани дуруст ин аст, ки баъди он таб паст шавад, иштиҳо ояд ва нафасу омадани балғам осон бигарданд. Ё баробари он андар бар ва атрофи он хуроҷҳо баромада, ба носурҳо табдил ёбанд. Низ аз он [хуроҷҳое], ки онҳоро доғ ниҳанд ва ё бишикофанд, хунобаи поки сафед барояд. Нишонаҳои кафидани бад ин аст, ки нишонаҳои ихтиноқ, ё беҳушӣ, ё балғами бад омадан ва сил зоҳир бигарданд. Агар онро доғ монанд ва ё бишикофанд, аз он хунобаи гилмонанди бадбӯй берун ояд.
Нишонаи фарқкунанда миёни хуноба ва балғаме, ки аз гулӯ оянд ин аст, ки хунобаи аз гулӯ омада андар об нишинад ва ҳангоми бар оташ доштан бӯи бад диҳад.
Аммо балғам бар рӯи об бигардад ва ҳангоми бар оташ ниҳодан бӯи бад накунад. Вале хуноба гоҳе аз ғайри сил аз гулӯ ояд, чунонки мо инро андар бобҳои пешомада ёд кардем. Гоҳе каси [андар сина] рим дошта миқдори зиёде рим партояд. Ман шахсеро дидам, ки андар як соат ба мани хурд қариб ду ман ва ба мани [бузург] беш аз яку ним ман рим партофт. Ҷолинус чунин мушоҳада кардааст, ки гоҳе каси [синааш] рим карда андар як рӯз қариб панҷоҳ уқия рим партофтааст. Ин қариб ба нуҳ қутулӣ баробар аст. Ту фарқи миёни хуноба ва рутубатҳои дигарро ҳамедонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор