Қонуни тиб

Ба оғоз андар мароқ азҳамкашидагие ба сӯи боло ба амал омада, чунин бинамояд, ки гӯӣ ба сӯи омос кашида шуда бошад ва дарди халакунанда падид ояд. Яке аз фарқҳои ин ду [беморӣ] он аст, ки набз ҳангоми сарсом бузург буда, ба гоҳ-гоҳӣ бигарояд, вале ҳангоми барсом хурди моил ба думодумист, то ки қусури хурдиро барорад. Ҳар гоҳ барсом шиддат ёбад, баробари он аразҳои ёдшуда низ шиддат ёбанд ва забон хушкида, дурушт гардад. Агар аз ин ҳам бештар шиддат ёбад, сурхии рӯю чашм, бетоқатии сахт, табаҳ гардидани нафас, шӯрида шудани зеҳн ва арақи гоҳ-гоҳӣ ба амал оянд. Гоҳе он мумкин аст боиси шикамрави (242) баде бигардад.
Нишонаҳои намудҳои холис ва ғайри холиси [барсом]: Агар барсом на холис, балки андар пардаи устухонҳои паҳлуро пӯшида ва ё андар мушакҳои беруна [низ] ҷой дошта бошад, дорои нишонаҳо буда, ҳангоми он дард ва офат ба ҳадди муайяне бирасанд. Омосеро, ки андар пардаи берунист, ламс андарёбад ва гоҳе мумкин аст пӯст бо он анбозӣ намуда, андар ин ҳол вай ба чашм зоҳир бигардад. Гоҳе бошад, ки аз берун бикафад ва муҷиби аз гулӯ омадани чирк нагардад. Чунин кафидан гоҳе ба табъ ва гоҳе ба таври сунъӣ ба амал ояд. Он бахш аз барсом, ки андар мушакҳои берунӣ падид ояд, бо дарди дилзананда зуҳур кунад. Агар он ҳангоми кашидани ҳаво ҳис карда шавад, пас, омос андар мушакҳои густаришдиҳанда ҷой дорад ва агар ҳангоми баровардани ҳаво ҳис карда шавад, пас, барсом андар мушакҳои фишордиҳанда будааст. Ту худ ҳамедонӣ, ки ин ду гурӯҳ [мушакҳо] андар ҳар ду табақа – чи берунӣ ва чи дарунӣ ҷой доранд.
Аз тариқи фишурдан ҳам ин намуд барсомро, ки холис нест, дарёфтан мумкин аст. Ин барсоми ғайри холис аз қабили дарди халакунанда, тангии нафас, сурфа, сахтӣ ва аррагии набз, шиддати таб ва аразҳои он барин чизҳоеро ба амал нахоҳад овард, ки ҳангоми барсоми холис падид оянд. Гоҳе мумкин аст набз нарм бошад ва гоҳе ба сабаби омосе, ки андар ғайри ҷойҳои ёдшудааст ва ё ба сабаби дигар, аз қабили балғами назлавӣ ва ғайра, таб ба амал ояд. Агар дарди халакунанда, набзи аррагӣ ва дигар аразҳо набошанд, [беморӣ] барсом нахоҳад буд.
Ҳангоми бештари барсоми ғайри ростинӣ дард андар фурӯсӯви шонаи китф ҳис карда шавад. Он гунае аз барсоми холис, ки андар ҳиҷоби миёнгин биафтад, дард ба сӯи сари паҳлуҳо гароида, парешонии ақл бештар бошад, аразҳо ва дард шиддат ёфта, нафас душвор бигардад ва суръати шиддати таб на чандоне бошад, ки андар дигар намудҳост, балки то гандидани фазлаҳо ба таъхир афтода, сипас таби сахт қавӣ ба амал ояд. Агар андар остари сина ҷой дошта бошад, дард ба сӯи охурак бигарояд ва он ба сабаби ноҳамвор расидани бахшҳои парда бо охурак ва андар ҳис яксон набудани бахшҳо ноҳамвор ҳис карда шавад. Албатта, ҳангоми чунин [барсом] дилзанӣ нахоҳад буд. Дарде, ки моил ба ноҳияи сари паҳлуҳост, гоҳе ба сабаби омоси ҳиҷоб ва гоҳе ба сабаби падид омадани омос андар андомҳои гӯштии устухонҳои паҳлуҳо ба амал ояд ва ин чандоне хатарнок нест.
Нишонаҳои барсоми бад ва дуруст: Бар дурустии он ба осонӣ ва зуд омадани балғами пухта, яъне балғами
сафеди ҳамвори яксон, набзе, ки начандон сахту аррагӣ бошад, камии дард ва дигар аразҳо, дурустии хобу нафас, илоҷпазирӣ, тобоварии бемор ба дарди гирифтор омадааш, яксон будани гармии тан ва ба изофаи онҳо нармӣ, камии ташнагӣ, тоса ва бар ҳолати сутуда будани арақ, бироз ва пешоб далолат кунанд. Пухтагии пешоб андар ин ҳангом нишонаи хубест, чунонки бадии он нишонаи ниҳоят бад бувад. Бадгавҳарии бироз, бадбӯй ва сахт зард будани он нишонаи бад аст. Падид омадани хуни бинӣ ҳангоми барсом яке аз нишонаҳои хуб ва судманд бувад.
Барсоми бад чунон аст, ки аразҳо ва далелҳои он шадиди қавӣ бошанд, чизи аз гулӯ оянда банд бошад ва ё оҳиста омада нопухта, яъне ё сурхи холис, ё тира ва ё сиёҳ бувад. Часпакӣ, душворӣ ва ё хафакунандагии он зиёд гардида, бар хилофи дигар чизҳое бошад, ки мо аз барои барсоми хуб баршумурдаем. Яке аз нишонаҳои бад ин аст, ки андар ин ҳангом пешоб дурдноки норасида, яъне хунӣ, бошад. Ин бад буда, бар илтиҳоби дарзҳои мағз далолат кунад. Дигар аз нишонаҳои бад ин аст, ки хусусан баробари сардии дасту пой гармии шадид ва дарди ба сӯи пушт раванда ҳис карда шавад ва бемор ҳар гоҳ бар паҳлуи дардманд бихобад, дард зиёда бигардад.
Агар бемори [барсом] ва ё худованди омоси шушро андар поёни беморӣ шикамрав рӯй бидиҳад, ин гувоҳӣ аз он дорад, ки ҷигар заиф шудааст ва ин нишонаи сахт бад аст, вале андар оғоз хуб, балки гузашта аз он судманд ҳам бувад. Аммо дарунраве, ки баъди он падид омада, баробари он душвории [126] нафас ва тоса бартараф нагарданд, мумкин аст ин андар рӯзи чаҳорум ва ё пештар аз он [беморро] ба ҳалокат бирасонад. Паридани маҳалли зери сари паҳлуҳо ҳангоми барсом аксар вақт бар парешонии ақле далолат кунад, ки ба анбозии ҳиҷоб бо сар падид ояд ва ин гуна ҳаракат аз сабаби моддаҳои ҳиҷоб бувад. Ҳаракати онҳо андар бештари ҳол ба ҳангоми чунин иллат ҳаракати ба боло бароянда бувад. Яке аз нишонаҳои бад ин аст, ки хуроҷҳои аз сабаби (243) барсом падидомада аз ғайри паст шудани таб ва омадани балғами хуб бисёр фурӯтар ҷойгир шаванд. Ин бар фаро расидани марг далолат кунад, зеро баробари он ночор ба сӯи андарун баргаштани модда рӯй хоҳад дод. Аммо андар баёни он нишонаҳои хубу баде, ки баъди рим кардани [барсом] зоҳир шаванд, мо боби ҷудогонае хоҳем овард.
Бидон, ки ҳар гоҳ ба ҳангоми барсом балғам наояд, он ё ниҳоят заиф аст ва ё ниҳоят бади палид. Зеро ҳамроҳи он ё модда начандонест, ки қобили эътибор бошад ва ё чандонест, ки аз берун омадан рӯй битобад ва палид бошад. Буқрот гуфтааст, ки аксар вақт балғам хуб буда, ба осонӣ ояд ва нафас низ чунин бошад. Андар ин миён нишонаҳои дигари бад ва қаттоле падид оянд. Масалан, ҳангоми намуде [аз барсом] дарди ба сӯи пас гароянда ҷой дошта бошад, пушти худованди он чунин эҳсос бидиҳад, ки гӯё латхӯрда бошад ва пешоби [бемор] хунии римӣ ояд. Чунин [бемор] кам тасодуф биафтад, ки наҷот ёбад, балки андар миёни рӯзҳои панҷум ва ҳафтум бимирад ва бисёр кам рӯй диҳад, ки беморӣ то чаҳордаҳ рӯз бикашад. Аксар вақт чун аз рӯзи ҳафтум бигузарад, [бемор] наҷот ёбад. Бисёр бошад, ки миёни китфҳои худованди ин [беморӣ] сурхӣ падид омада, китфҳои ӯ битафсад ва нишастан натавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор