Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бештари барсом, ки рӯй диҳад ба хазон ва зимистон, хусусан баъд аз баҳори зимистонӣ рӯй диҳад ва андар баҳори зимистонӣ бисёр шавад. Вазидани боди шимолӣ фазлаҳоро афзоиш диҳад ва ё банд бисозад ва бинобар он ҳангоми он ва хусусан баъд аз боди ҷанубӣ дардҳои паҳлу ва устухони паҳлу бисёр рӯй диҳанд. Тобистон ва ҳангоми вазидани боди ҷануб [барсом] ниҳоят кам шавад, лекин агар тобистон ҷанубии серборон ва хазон ҳамчунин буванд, андар поёни хазон худовандони сафроро барсом биафзояд. Агар ба сурати дигар [баён кунем], барсом андар ҳавоҳо, кишварҳо ва бодҳои ҷанубӣ кам ба амал ҳамеояд. Вай инчунин андар заноне, ки ҳайз бинанд, кам рӯй диҳад, зеро мизоҷи эшон моил ба рутубат аст, вале на ба [рутубати] заҳравӣ. Агар [барсом] занони обистанро падид ояд, ҳалокатовар аст. Вай пиронро кам рӯй диҳад, вале агар рӯй диҳад, эшонро ба ҳалокат бирасонад, зеро қувваҳои эшон нотавон буда, қодири берун кардани [модда] ва пок кардани [шуш] нестанд.
Бисёр бошад, ки барсомро бо омоси ҷигар омехта кунанд, зеро меълоқҳо ҳар гоҳ ба сабаби омоси ҷигар кашида шаванд, ин ба сӯи ҳиҷоб ва парда гузашта, андар он ҷой дард ҳис карда шавад ва низ боиси зиқи нафас бигардад. Бинобар он эҳтиёҷ бад-он аст, ки фарқи миёни ин ду шинохта шавад. Гоҳе онро бо сарсом омехта кунанд.
Барсом гоҳе ба сабаби бузургии оризаҳояш бикушад, гоҳе бо хафа кардан бикушад ва гоҳе ба сабаби гузаштан ба омоси шуш, бемории сил, беҳушӣ ва ё дигар чизҳое, ки ёд шуданд, боиси марг бигардад.
Бидон, ин агар бо барсом хунпартоӣ ҷуфт шавад, мисли он бошад, ки бо истисқо таб ҷуфт бигардад. Бинобар ин якумӣ, ки барсом аст, ба доруе эҳтиёҷ дорад, ки бояд ба ҳасби хунпартоӣ қабзкунанда ва ба ҳасби барсом нармкунанда бошад, чунонки дуввумӣ эҳтиёҷ ба илоҷе дорад, ки бояд ба ҳасби истисқо гармиовар ва ё хушкифизои муътадил ва ба ҳасби таб сардифизою тарифизой бошад. Бисёр бошад, ки сабаби барсом ва омоси шуш хӯрдани ғизоҳои ғизоҳояшон ситабр ва хунро ситабркунандае аз қабили каранби румист, ки [чунин хун] ба ноҳияи буни пистонҳо ва паҳлу биравад. Илоҷи ин бо ёрии гармоба тунук сохтани модда аст ва баъди баромадан аз гармоба зуд ба [истеъмоли] сикангубин бипардозанд. [Низ] аз равған молидан бояд парҳез кард, зеро он кашандаи [модда] аст. Бисёр бошад, ки [гармоба] аз раг задан бениёз созад.
Нишонаҳои барсом: Барсоми холис дорои панҷ318 нишона аст. Аз ҷумла [яке аз онҳо] таби доимист, ки ба сабаби хамҷаворӣ бо дил падид ояд; (241) дуввум дарди халандаест, ки андар зери устухони паҳлуҳо ҳис карда шавад, зеро андом пардагист ва [хала] бисёр вақт ҷуз ба ҳангоми нафасгирӣ зоҳир нагардад. Гоҳе ҳамроҳи хала азҳамкашидагӣ ҳис кунанд ва он мумкин аст бештар [аз хала] бошад. Азҳамкашидагӣ бар бисёрии [модда] ва хала [125] бар қуввати нуфуз ва газандагии он далолат кунанд; севвум тангии нафас, ки ба сабаби ситабрии омос бувад ва хурдию думодумии он мебошад; чаҳорум набзи аррагиест, ки ба сабаби канда-канда омадан бувад.
Канда-канда будани набз андар поёни [беморӣ] ба сабаби нотавонии қувват ва бисёрии модда афзоиш ёфта, аз ҳолати муназзамӣ берун ояд; панҷум сурфа бувад. Андар ибтидои иллат сурфаи хушк падид омада, сипас бо балғам ояд. Гоҳе мумкин аст ин сурфа аз бози оғоз ҳамроҳ бо балғам ояд ва ин ниҳоят сутуда аст. Сурфа ба сабаби ранҷ кашидани шуш аз ҳамҷаворӣ [бо омос] падид ояд ва сипас ба сӯи шуш моддаи беморӣ битаровад. Бинобар ин, эҳтиёҷ ба партофтани он аз тариқи гулӯ ба миён ояд. Агар ҳамаи он ҳал шавад ва ё битаровад, рими ҷамъшуда пок хоҳад шуд. Ҳангоми барсоми холис дарди дилзананда ба амал намеояд, зеро ин андом шараёнҳои зиёд надорад.
Азбаски барсом ба сабаби сурфа, таб, тангии нафас, азҳамкашидагии меълоқҳо ва гузаштани дард ба остари сина омоси ҷигарро монад, воҷиб аст миёни ин ду фарқе ниҳода шавад. Инчунин вай ба сабабҳои мазкур ва ба сабаби балғам омадан аз гулӯ ба омоси шуш монандӣ дорад, ки миёни инҳо низ боистӣ фарқ пайдо кард. Фарқи миёни барсом ва омоси ҷигар ин аст, ки ҳангоми омоси ҷигар набз мавҷӣ, дард гарони бе хала, ранги рӯй ба зардии бад табдил ёфта ва сурфа бе балғам, балки хушки оҳисташаванда буванд. Гоҳе забон баъд аз зардӣ сиёҳ бигардад. Пешоб ситабри истисқоӣ ва бироз ҷигарӣ оянд.
Андар бари рост гароние ҳис карда шавад, вале онро бо ламс дарнаёбанд ва дард кунад. Гоҳе мумкин аст ҳангоми омоси ҷигар ба иллати нотавонии қувват исҳоле ояд, ки шабеҳ ба оби гӯшти тоза шуста бувад. Агар омос андар кӯжии ҷигар бошад, бисёр вақт онро бо ҳис андарёбанд ва агар андар бари фурӯрафтаи он бошад, нафаскашии душвор бо далолати худ бар чизи гарони овехтае онро ошкор созад. Тангии нафас ҳангоми омоси ҷигар андар ҳолатҳои [гуногун] якранг буда, чандон шиддат наёбад.
Каси ба барсом гирифторро сурфа бо балғам, дарди халанок, пешоб бо беҳтарин қивому ранг ва тангии нафас сахттар буда, пайваста андар афзоиш бошад ва ҳатто ҳар шаш соат ниҳоят дигар шудани зиёдии он мушоҳада карда шавад.
Фарқи миёни ин ва омоси шуш низ чунин аст, ки набзи омоси шуш мавҷӣ, дардаш гарон, тангии нафас шадидтар ва хушкии он гармтар буванд ва дигар нишонаҳо низ ҷой дошта бошанд. Азбаски баробари барсом мумкин аст аразҳои нохуби сарсом, мисли шӯридагии зеҳн, ҳазён гуфтан, думодумии нафас, хафақон, беҳушӣ ва ё [аразҳои] камтар аз онҳо [нохуш мисли] мушкил шудани тоса, шиддати беқарорӣ, шиддати ташнагӣ, ба рангҳои гуногун гардидани намуди зоҳирӣ, шиддати таб ва заҳра қай кардан ба амал оянд, ки сабаби ҳамаи ин аразҳо анбозӣ ва ҳамҷавории сина бо андомҳои сарвар бувад, бинобар ин, воҷиб аст миёни ду ҳол, яъне сарсому барсом фарқ ниҳода шавад. Яке аз фарқҳо ин аст, ки шӯридагии зеҳн ҳангоми сарсом нахуст ориз шуда, сипас дигар аразҳо шиддат ёбанд. Ҳангоми он нафаскашӣ дурусттар буда, табаҳ шудани он баъд аз шӯридагии зеҳн ба амал ояд. [Низ] ҳамроҳи сарсом аразҳои хоссе чун сурхии чашмон ва ба боло кашида шудани онҳо зоҳир гарданд. Ҳангоми барсом шӯридагии зеҳн ба охир ояд ва гоҳе мумкин аст то наздик расидани марг рӯй надиҳад, балки ақли солим ба ҷой бошад. Лекин ҳангоми он пеш аз ҳама тағйир ёфтани нафас ва бад гардидани он рӯй диҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ