Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз шаробҳо ду дирам фишурдаи «забони барра», ду дирам фишурдаи забони гов, ду дирам фишурдаи хурфа ва як уқия фишурдаи шохаҳои тозаи гулро бад-ин гуна бигиранд, ки ин чизҳоро бе пошидани об кӯфта, обашонро полида бигиранд. Онро наҷӯшонанд, балки андар он андаке гили набишта гудохта ба бемор бидиҳанд. Ё фишурдаи шохаҳои тозаи гулро гирифта, андар он фишурдаи ҳибуқистидос, ё шодана ва шохи сӯхтаи гавазн биафкананд ва [ба бемор] бидиҳанд.
Аз қурсҳо қурсеро ба кор баранд, ки ба сифати зерин аст: аз ақоқиё, гулнор, гули сурх, фишурдаи (238) «риши буз», ҷафти булут ва пӯсти кундур миқдори баробар бигиранд. Низ зирних, пӯсти бехи луффоҳ, гили Буҳайра, кундур, ақоқиё, тухми хурфа, тухми бодруҷ, гулнор ва кофурро гирифта, аз онҳо қурсҳо бисозанд. Як ошомидании он ду дирам бо ним уқия об, ё шароби тунд ва ё оби бодруҷ аст. Инчунин тухми хашхош, гили набишта, ҳибуқистидос, кундур ва кофурро гирифта, бо оби бодруҷ биошоманд. Дигар қурсест, ки Ибни Сарофиюн ёд кардааст. Онро аз самғи бодом бисозанд. Аз равғанҳое, ки бар сина бимоланд, ба тобистон равғани биҳӣ ва ба зимистон равғани сунбул бувад.
Як қурси хубест [ба навъи зерин]: аз гили Буҳайра, буссад, «ситораи Шомус» ва гули хушк ду бахшӣ ва аз каҳрабо, самғ ва нашоста як бахшӣ гирифта, биомезанд ва қурсҳо созанд. Як ошомиданӣ аз он чаҳор мисқол буда, каси хунпартояндаи бо табро бо фишурдаи қабзкунанда ва бетабро бо шароб ва хусусан бо шароби қабзкунанда бидиҳанд.
Аз зимодҳои муштарак [инҳоро ба кор баранд]: орди

ҷав, кӯфтаи кундур, ақоқиё ва сафедии хоя. Ҳар гоҳ хун биистад, ба ҷамъ сохтани ҷароҳат ва гардонидани омос бипардоз. Ҷароҳатро бо доруҳое ҷамъ созанд, ки худ ҳамедонӣ ва аз қабили доруҳои часпакифизои қабзкунанда буванд. Омосро бо манъ кардани ғизо, ба сӯи атроф равона кардани модда ва сард сохтани сина бигардонанд.
Бояд сиркои омехтаро як чанд бор қулт-қулт биошоманд ва баъд аз истодани хун низ бояд аз рӯй овардан ба чизҳои ёдшуда эҳтиёт кунанд.
Аммо обе, ки меошоманд, бояд оби борон ва ё обе бошад, ки андар он гили арманӣ ва гул тар кардаанд. Оби оҳан, яъне обе, ки андар он оҳани тофтаро сард карда бошанд, аз барои нои шуш сахт судманд аст. Агар бими андар шуш сахт шудани хун бошад, бояд андар оғози [беморӣ ба бемор] сиркои омехта бо об бидиҳанд, вале агар сурфа ҷой дошта бошад, бояд аз сирко парҳез кунанд. Аз барои хуни сахтшуда ним дирам «данид куркумо»316 бо як миқдор аз оби гандано ва як кафча сикангубин фармудаанд. Аз доруҳои мураккаб барои ин ғараз [доруи зерин бувад]: ду дирам ҳулбаи пухта, як дирам зарованд, се дирам мурр, як дирам равғани савсан, як [дона] мурч, як [дона] банг ва ду дирам гулро гирифта, қурс бисозанд ва андар соя хушк карда, бо оби бодиён ва карафс [ба бемор] бидиҳанд. Низ панирмояи харгӯш, ё оби хокистари чӯби анҷирро бо ҳошо, ё саътарро бо ангубин [бидиҳанд]. Ё бо доруҳои истифроғоварандаи сода, ки андар Китоби дуввум ёд кардаем ва мураккаб, ки андар Қарободин ёд кардаем, исҳол оваранд.
Низ гуфтаи моро андар баёни ҳал кардани хуни баста, ки андар Китоби ҷаҳорум омада аст, бихон.

Мақолаи чаҳорум
АНДАР БАЁНИ АСЛҲОИ НАЗАРИЯВИИ ИЛМИ ОМОСҲОИ АНДОМҲОИ АТРОФИ СИНА ВА РЕШҲОИ ОН, АЗ ҒАЙРИ ҶИГАР

Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни дардҳои
атрофи сина ва паҳлу ва андар баёни
омоси паҳлу

Гоҳе андар пардаҳо, сифоқҳо ва мушакҳое, ки андар
сина, устухонҳои паҳлу ва ноҳияҳои онҳоянд, омосҳои
ниҳоят хунии дардноке падид оянд, ки «шавса» (сӯхта),
«барсом» ва «омоси паҳлу» ном доранд. Низ гоҳе андар
ин андомҳо дардҳое ба амал оянд, ки аз омос нестанд,
лекин аз бодҳоеанд, ки ситабр гардида бошанд. Ҳарчанд
гумон ҳамеравад, ки ин дардҳо аз ин иллатҳо падид омадаанд, вале чунин нест. Барсом омоси гармест, ки ба
ноҳияҳои сина падид ояд: вай ё андар мушакҳои андарунӣ, андар пардае, ки синаро аз дарун пӯшидааст ва ё ҳиҷоби миёнгин (андар ин ҳол омоси холис бошад) ва ё
андар мушакҳои зоҳирии берунӣ ва ё пардаи берунӣ ба
анбозии пӯст ва ё ба ғайри анбозии он падид ояд. Аз
ҳама бузургтару бимноктари инҳо онест, ки андар худи
ҳиҷоби миёнгин ба амал ояд. Ин мушкилтарин намуди

омос аст ва моддаи он аксар вақт заҳра ва хуни заҳравист, зеро андомҳои сифоқӣ андар вай ҷуз бахши латифи заҳравии [хун] ва хуни холис чизе нагузаронанд. Бинобар ин навбатҳои шиддатёбии таби он аксар вақт рӯзафкан буванд ва бинобар он [ин омос] касонеро, ки аксар вақт оруғи туруш биоваранд, (239) кам ориз бигардад, зеро чунин касон балғамимизоҷанд. Вале он бисёр вақт аз хуни сӯхта, гоҳе аз балғами гандида ва ба нудрат аз савдои гандидаи афрӯхта падид ояд.
Мо андар Китоби умури ҳамагонӣ баён кардем,317 ки аз балғам ва савдо набудан шарти омоси гарм нест, балки гоҳе мумкин аст аз балғам ва савдо ба ягон сифате бошад, вагарна [омоси] гарм нахоҳад буд, магар ин ки аз заҳра ва хун падид омада бошад. Агар омос аз ғайри ин ду падид ояд, доманадор бигардад. Ин чизест, ки бисёре аз мардумон ба дарки он нарасанд.
Модом ки ҳар як омос ё ҳал бигардад, ё рим кунад ва ё сахт бигардад, бинобар ин, ҳоли барсом низ чунин бувад, лекин сахтӣ ба ҳангоми барсом аз чизҳои кам рӯйдиҳанда аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ