Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз чизҳое, ки хӯраро шифо бахшад, [доруҳои зерин аст]: лубон, мурр, «забони барра», тухми хурфа, бехи хитмӣ, қурсҳои ситора, ки ним бахш афюн ба он изофа карда бошанд ва доруҳои мураккабе, ки Фулус онҳоро ёд кардааст ва низ андар Қарободин зикр хоҳанд ёфт. Доруҳои барои он судбахш он доруҳоест, ки андар таркиби онҳо шодана, хуни сиёвушон, қаҳрабо, сандарус, гили набишта ва умуман ҳамаи он чизҳое бидароянд, ки хушкифизо, поксозанда, часпакиоваранда ва ҷамъсозандаи ҷароҳатанд.
Хунпартоии аз сина ояндаро бо зимодҳо ва доруҳое муолаҷа кунем, ки дорои гавҳари латифанд ва ё бо онҳо аз қабили чизҳои ёдкардаамон гавҳари латифе ҳамроҳ карда бошанд, то дору ба сина рафта бирасад. Оби бодруҷ ба нафси худ ин ду сифатро дорост. Агар чунин ҳадс зада шавад, ки сабаби аз гулӯ омадани хун гармист, пас, ҳамаи доруҳои ёдшуда аз барои он созгор буванд.
Агар чунин тахмин кунанд, ки сабаб сардист ва он бар ваҷҳи ёдшуда боиси аз гулӯ омадани хун гардидааст, илоҷи он ба гуфтаи Ҷолинус ин аст, ки агар каси барноро рӯй дода бошад, ӯро рӯзи якум раг бизананд ва рӯзи дуввум низ онро ҷуфт сохта, дасту пояшро бимоланд ва онҳоро ба тавре бандпеч кунанд, ки ҳангоми нигоҳ доштани хунравӣ лозим аст. Ӯро ошом ғизо кунанд ва бар синааш мумравғани аз софсиё сохташуда ниҳода, шомгоҳӣ бигиранд, то ки гармиоварии он ба беш аз андозаи дилхоҳ нарасад, сипас ӯро ошом дода, доруи аз тухмиҳо сохташуда биошомонанд. Чун рӯзи севвум бирасад, бар синаи ӯ мумравған ниҳода, се соат нигоҳ доранд. Сипас онро гирифта, аз оби ҷав ва сапедбои гӯшти мурғобӣ ғизояш бидиҳанд. Чун мизоҷи шушаш ба иътидол ояд ва бими падид омадани омос аз байн биравад, бо тарёки куҳан ва комил гардонидашуда ба поксозии шуш бипардозанд ва тадриҷан ӯро ба ошомидани шири хар ва дигар илоҷҳои хунпартоӣ омода созанд. Ҷолинус чунин тасдиқ кунад, ки ҳамаи чунин беморони андар рӯзи якум бо ӯ дучоромада шифо ёфтаанд, вале ҳолатҳои дигарон гуногун будааст. Мо низ аз ин қабилро дидаем, ки ин тариқа ва монанди он ӯро суд бахшид.
Агар ба ҳадс дарёбанд, ки сабаб рутубат ва истирхост, аз чизҳои дорои хушкифизоӣ, гармифизоӣ ва қабзкунандагӣ, масалан, доруҳои зеринро ба кор баранд: бехи гӯргиё, мастако, зираи бирён, пудинаи кӯҳӣ, қалқадис ва гунди бедастар. (237) Заъфаронро аз барои бурда расонидани [доруҳо] ба кор баранд. Гоҳе бо онҳо қабзкунандагони муътадилеро аз қабили шоҳбулут биомезанд. Аз инҳо доруҳои мураккабе бисозанд, ки андар Қарободин ёд шудаанд. Агар тахмин кунанд, ки сабаб хушкист, вале ин камтар рӯй диҳад, баъд аз тадбири муштараки гардонидани модда ба сӯи мухолиф доруҳои тарифизои маълумеро аз қабили ширҳо, равғанҳо ва фишурдаҳо ба кор баранд. Лекин он чи ки аз раг задан ва ғайра муносиби ин маҳал аст, камтар ва нотавонтар аз онест, ки ба ҳангоми дигар ҳолатҳо ба кор баранд.
Агар [хунпартоӣ] ба сабаби расидани садма бар ҷигар бошад, илоҷи он доруҳои кӯфтаи зерин аст: даҳ [дирам] рованди чинӣ, панҷ [дирам] лок ва панҷ дирам гили арманӣ. Як ошомиданӣ аз кӯфтаи инҳо якуним дирам аст.

Аммо доруҳои муштарак бад-ин гунаанд, ки содаи онҳо андар Китоби дуввум зимни ҷадвалҳои маълум навишта шудаанд. Яке аз онҳо, ки муносиби ин маҳал аст, шодана бувад. Агар онро мисли гард нек суфта, як мисқол аз онро андар зимни баъзе доруҳои қабзкунанда ва ё баъзе фишурдаҳо биошоманд, сахт судманд бошад. Гоҳе агар хурфаро хоида, обашро фурӯ баранд, мумкин аст, ки ҳолан хунро бибандад. Агар оби хиёр ва фишурдаи онро хусусан бо баъзе доруҳои часпакифизои ниҳоят қабзкунанда якқултӣ ва андак-андак бихӯранд, ё шохи сӯхтаи гавазнро агар бо доруҳо омехта кунанд [123] ва инчунин оби наъноро [агар ба кор баранд], суди зиёд доранд. Низ як дирамсанг самари ғарб (маҷнунбед) ва инчунин се дирам шукуфаи кашнизро бо оби сард агар бомдоду шомгоҳӣ [ба кор баранд], ниҳоят нофеъ бошад.
Буссад низ ҳамчунин буда, сахт судманд аст. Гили Шомус [низ хуб аст] ва чунин пиндоштаанд, ки онро ба юнонӣ «ситораи замин» хонанд, вале эҳтимол он ғайри талк бувад. Низ хуни бузғоларо пеш аз баста гардидан гирифта, се рӯз ним уқиягӣ аз он биошоманд, инчунин аз мурддона ва тухми «забони барра» ба қадри ду дирам, агар бо оби «забони барра» ва фишурдаи гул ба кор баранд, ба ғоят хуб бошад. Биҳӣ ва хусусан бирёнкардаи он нофеъ аст. Низ панирмояи харгӯшро бо оби гул, ё он ва дигар панирмояҳои ҳайвониро бо матбухи мозу, ё бо оби бодруҷ хусусан аз барои хунравии сина [ба кор баранд]. Ё гили набишта ва ё қоиммақоми он, яъне гили Шомусро бо андаке аз сирко ва инчунин сумфутун,315 ки гули ҳамешабаҳор аст, [ба кор баранд], вале марде андар бархе аз таълифоти хеш гуфтааст, ки он як навъи пудина буда, андар миёни харсангҳо бирӯяд ва онро совида бо намак бихӯранд. Ё он чизест, ки андар Мавсил «ябруҳи даштӣ» ва ё «луффоҳи баррӣ» гӯянд, вале ин мавриди баҳс аст. Ин доруро бо якчанди он аз нашоста ба кор баранд. Низ яке аз чизҳои фоиданок ин аст, ки замчи яманиро хусусан агар бо зардии хояи нимбиришти нимгарм ва сахт нашуда биошоманд, ба ғоят судманд бувад. Агар аз сирешми моҳӣ ба бемор бидиҳанд, низ судманд аст. Агар дард душвортар шавад, гоҳе ба қадри чаҳоряк дирам аз тухми бангро бо оби ангубин [ба бемор] бидиҳанд.
Бояд доруҳои бандандаи хунпартоиро бо шароби тунд биошоманд, то ки онҳо гузаро бошанд, вале агар таб бошад, онро бо дигар фишурдаҳо бидиҳанд.
Ҳангоми [хунпартоии] куҳан тухми ганданои набатӣ ва мурддонаро ба миқдори баробар гирифта, ду дирам аз онро бо оби садпайванд [ба бемор] диҳанд. Ё як уқия фишурдаи ганданои шомӣ ва ним уқия сиркоро гирифта, бомдодӣ [ба бемор] бидиҳанд ва ё сӯхтаи исфанҷро бо андаке набиз биошомонанд. Ҷолинус хунпартоиро бо тарёк, масрудитус ва доруҳои хушбӯй муолаҷа мекардааст, зеро онҳо табиатро барои сарфа кардани хун ва сабзондани ҷароҳат қавӣ бисозанд. Қурсҳои ситора ва доруи Андрумохус низ ҳамчунинанд. Қантуриюн ба изофаи бастани хун хусусияти поккунӣ дорад. Каси ба таб гирифтор бояд онро бо об ва дигар беморон бо шароб биошоманд. Сақлобиён [хунпартоиро] бо ҷӯшонидаи бехи қантуриюни бузург муолаҷа кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ