Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Нишони он сурфае, [119] ки аз чирк кардан падид ояд, нишонаҳои чирк, ки баъд ёд хоҳем кард ва дарду хушкӣ хоҳанд буд ва бисёр вақт чунин сурфа ба шакли тар зоҳир шавад. Нишонаи он сурфае, ки аз решҳост, ҳамон нишонаҳоест, ки андар боби решҳои шуш ёд шудаанд ва инҳо аз қабили [бо сурфа] партофтани хушкреша, ё рим ва ё чизҳои дигарест, ки аз гавҳари шуш ва ё ҳалқаҳои ной буванд ва низ аз паси назлаҳои хӯранда, ё баъди хунпартоӣ ва ё омосҳо падид омадани [сурфа] мебошад. Бештари сурфаи хушк ҳангоме ба амал ояд, ки ба иллати нотавонии қувваи ронанда ва ё поккунанда моддае андар [шуш] боқӣ монда бошад, чунонки инро андар боби он хоҳӣ донист.
Нишонаи сурфае, ки ба анбозии [дигар андомҳо] падид ояд: Анбозии меъда аз тариқи далелҳои бемории меъда ва аз он дониста шавад, ки баробари афзоиш ёфтани ҳолати муҷиби сурфа гардидаи меъда, хоҳ пурӣ бошад, хоҳ холигӣ ва низ ба ҳасби ғизоҳо сурфа афзоиш ёбад.
Аксар вақт ин ҳангоми пурии меъда ва ҳангоми гувориш авҷ бигирад.
Сурфае, ки ба анбозии ҷигар аст, бо ёрии нишонаҳои омоси ҷигар шинохта шавад. Агар омос гарм бошад, аз таб чора нест ва агар гарм набошад, аз гаронӣ чора нест.
Сипас дигар далелҳоеро тааммул кун, ки худ ҳамедонӣ.
(230) Бидон, ки чизҳои гарм моддаро тунук сохта, барои партофта шудан омода созанд, вале агар ба ифрот ба кор бурда шаванд, онро бихушконанд ва берун партофта нашавад. Чизҳои сард мисли шароби хашхош ва ҳарира (ордоб) моддаро барои партофтан ҷамъ созад, вале агар ба ифрот ба кор бибаранд, онро афсурда созанд. Шароби зуфо ҳангоме созгор аст, ки [моддаи] ситабри сурфаро зудоиш додан бихоҳанд ва ин аҷаб зудояндаи хубест. Аммо барои [моддаи] тунук чунин нест. Агар андар ин ҳангом на балғами тунук ва на ситабр берун наояд, пас иллати [сурфа] дуруштии сина аст. Илоҷи он доруҳои лесиданист. Гоҳе каси ба таб гирифторро сурфа падид ояд ва агар сурфа ором нагирад, таб аз сар боз ояд.
Доруҳои сахт гиранда гузаргоҳҳои балғамро танг кунанд. Оби ҷав чи хуб ҷамъкунандаест аз барои балғам.
Агар балғам банд бигардад ва шахсро таб падид ояд, пас, модда гандида аст ва боиси таби уфунатӣ ва ё диққ гардида бошад.
Илоҷ: Илоҷи мизоҷи сард ин аст, ки агар андак бошад ва аз сабаби сарди берунӣ падид омада бошад, андар хеш кашидани нафас онро беҳ кунад, зеро ин кор шушро ба осонӣ ва зуд гарм хоҳад кард. Агар ин навъ мизоҷи сард ва дигар навъи онро ба илоҷи аз ин ҳам қавитаре эҳтиёҷ афтад, бояд ба зери забон як фундуқи аз мурр, ё майъа ва бо ангубин сохтаро бигиранд, ё як кафча аз дурди қатрон ва ё аз сақизи хинҷак бо ангубин биошоманд ва ё то як мисқол равғани баласонро бо сакбина биошоманд. Каранб бо хояи нимбиришт низ чунин бувад. Доруҳои лесидании аз луобҳои гарм сохташуда ва говдона бо ангубин ва бо оби анори ширине, ки бар вай ангубин

ва ё пониз афзуда, қивом карда бошанд, [низ муфиданд].
Барои равғанмолии сина, масалан, равғани савсан ва равғани наргисро бо муми сурх ва касиро ба кор баранд.
Гулангубини ангубинӣ бо оби анҷир ва мавиз, низ бехи ширинбаён, пари сиёвушон, равғани бодом бо як мисқол қуфии андар он гудохта судманданд. Ҷӯшонидаи зуфо ва асорун бо анҷир ва дигар [доруҳо] нофеъ аст. Ғизои чунин [беморон] бояд ошоми гандумӣ бо шанбалит, равғани зард, анҷир, хурмо ва бехи ганданои шомӣ, аз равғанҳо равғани писта бошад. Барои чунин касон чилғӯза ва оши ришта бо пониз судманд аст. Аз гӯштҳо гӯшти чӯҷа ва хурӯс, сапедбоҳои онҳо ва гӯшти барраи яксола, аз нуқлҳо писта, чилғӯза ва мавиз бо шанбалит, найшакар, анҷир, кишмиш310 ва бодом [ба кор баранд]. Хӯрдани анҷири хушк бо гавз ва бодом сурфаи куҳанро бибарад. Шароби тунуки райҳонии куҳан ва оби ангубин [биошоманд].
Сурфаи гармро бо доруҳои маъруфи хомӯшкунандаи гармӣ аз қабили фишурдаҳо ва равғанҳо ба тариқи тило кардану равғанмолӣ муолаҷа кунанд. Гулоб низ барои чунин [беморон] нофеъ аст. Бояд бомдод ва шомгоҳӣ ба бемор ба ҳасби нусхаҳое, ки зикр хоҳем кард, диёқузо бидиҳанд. Инчунин доруи лесидании хашхошеро ба кор баранд, ки нусхааш чунин аст: понздаҳ ғӯзаи хашхошеро, ки начандон сабз бошад, гирифта, андар як қист оби чашма ва ё оби борон тар кунанд (хуб мешуд, ки як шабу як рӯз гузарад), сипас бо ҷӯшонидан онҳоро ҳал намуда, биполанд ва бар як бахш аз полидаи он ним бахш ангубин, ё шакар афзуда, ба дараҷаи лесиданӣ шудан қивом диҳанд. Як ошомиданӣ аз он як кафча пагоҳӣ ва як кафча бегоҳист. Дигар чизе, ки чунин касонро суд дорад, оби ҷав бо сапистон, шароби бунафша, бунафшаи парварда, ҷӯшонидаи сарди зуфо, хусусан ба ҳангоми пухтани беморӣ ва ё поён ёфтани он, инчунин оби анори қивомёфта, ки бар вай шакари табарзад пошида бошанд ва найшакар бувад. Барои эшон аз луоби аспғул, донаи биҳӣ, нашоста ва самғи арабӣ доруҳои лесиданӣ бисозанд. Низ ҳаббҳо ва дилаҳоеро ба кор баранд, ки андар боби ҳаббҳои сурфа ёд хоҳем кард. Гоҳе андар онҳо доруҳои карахткунанда ҳамроҳ кунанд.
Эшонро аз тараҳои сард, дилаҳои мисли хиёри дароз, каду, бодранг, ки бо равғани бодом сохта бошанд, боқилии кӯфта ва бо равғани бодом ва равғани каду нек пухташуда, оби ҷав ва ошоми аз ҷав, боқилӣ, тараҳо, нашоста ва оби сабӯс сохташуда ғизо бидиҳанд. Агар табиат рӯ ба ҳалшавӣ дошта бошад, писти ҷавро бо шакар ва оши ришта истеъмол кунанд. Агар ҳолат шиддат ёбад, бояд оби ҷавро бо харчанги пойҳояш чидашуда ва бо оби хокистару намак шусташуда истеъмол кунанд.
Нусхаи диёқузои сард: Хашхоши сабзро бо пӯсташ хурд ва аз тариқи ҷӯшонидан андар об ҳал карда биполанд ва бар вай шакар афканда, мисли қивоми гулоб қивомаш диҳанд. Агар хашхоши сабз набошад, (231) оби таркардаи тухми хушки он низ нофеъ аст. Онро кӯфта як шабу як рӯз андар об тар кунанд, сипас бо он об биҷӯшонанд.
Агар эҳтиёҷ ба доруи аз ин ҳам қавитар биафтад, пӯсти он ва хусусан пӯсти хашхоши сиёҳро ҳамроҳ кунанд. Агар беморӣ шиддат ёбад, ҳамроҳи он каме тухми банг изофа кунанд ва андар он андаке афюн бигудозанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ