Қонуни тиб

Мақолаи севвум
АНДАР БАЁНИ СУРФА ВА ХУНПАРТОӢ
Фасли нахустин
андар баёни сурфа
Сурфа яке аз ҳаракатҳоест, ки бо ёрии он табиат ягон ранҷеро аз ягон андоме биронад. Ҳангоми сурфа чунин андом шуш ва андомҳоест, ки бад-он пайвастаанд ва ё бо он анбозӣ доранд. Сурфа аз барои сина мисли атса аз барои мағз аст. Вай бо фарох ва фишурда шудани сина ва ҳаракати ҳиҷоб тамомият ёбад. Сурфа ё ба сабабе, ки хосси шуш аст ва ё ба тариқи анбозии [дигар андомҳо] падид ояд. Сабаби муҷиби сурфа ё берунӣ, ё расида ва ё гузашта бувад. Сабабҳои берунии сурфа қисме аз сабабҳои берунии [умумист], ки мизоҷ ва ҳайъати андомҳои синаро осеб бирасонанд. Ин мисли сардӣ, ё ҳавои кашидашуда, ё оби сарди ошомидашуда ва ё дигар чизҳоест, ки шуш ва мушакҳои синаро гирифтор оянд ва табиат барои рондани ин ранҷ ба ҷунбиш ояд. Ё [сурфа] ба сабаби ягон чизе аз ин сабабҳои беруна, ки ба шуш расида, онро ангехта бошад, ё ба сабаби чизи хушкиовар ва ё дуруштифизое аз қабили дуд, ё гард, ё таъми ғизои туруш, ё тунд ва ё тез ва ё ба сабаби афтидани чизи бегона андар маҷрое, ки ҷуз нафас чизе намепазирад, падид ояд, чунонки гоҳе ба сабаби ғафлат ва машғул шудан бо сухан баъзе аз таом ва шароб андар он маҷро биафтад ва боиси падид омадани [сурфа] бигардад.
Аммо сабабҳои расидаи сурфа аз қабили он сабабҳои бадании оризшавандаест, ки ё бе модда ва ё бо моддаи хунӣ, ё сафровӣ, ё балғамии тунук, ё [балғамии] ситабр ва ё савдовӣ, вале ин камтар бошад, мизоҷро ё гармӣ, ё сардӣ, ё тарӣ ва ё хушкӣ оваранд. Агар ин модда аз боло фуруд омада бошад ва то даме, ки чун лағжидани чиз аз болои девор бар девораи ной ҳамелағжад, чандон бисёр сурфаангез нест. Вале ҳар гоҳ андар фазои ной бирезад, ё бисӯзонад ва ё андар шуш ҷойгир шавад, боиси ангехтани сурфа шуда табиат ба рондани он қиём кунад. (229) Ё мумкин аст [модда] аз меъда, ё ҷигар ва ё аз бахше андомҳои сина ба бахши дигари онҳо ронда шуда бошад ва ё мумкин аст, ки андар худи онҳо падид омада бошад.
Гоҳе [сурфа] ба сабаби аз ҳам гусастани чизи ягона ва ба сабаби омосҳову суддаҳои ҳиҷоб, ё шуш, ё ҳалқум ва ё тамоми он ҷойҳое ба амал ояд, ки ин моддаҳову офатҳоро аз шуш, ҳиҷоби аз ҳам ҷудокунанда ва пардаи миёни дилу шуш бипазиранд.
Сабабҳои гузаштаи [сурфа] пурӣ ва он сабабҳои баданиеанд, ки пеш аз сабабҳои расидаи ёдшуда омада бошанд.
Сурфае, ки ба анбозист, масалан, он сурфаест, ки ба анбозии омоси ҷигар, ё офати он, ё ба анбозии омоси сурхной, ё даҳони меъда ва ё пистон падид ояд ва ё сурфае бошад, ки ба анбозии тамоми тан падид ояд, чунонки ҳангоми табҳо, хусусан таби сӯзон ё таби якрӯзие, ки аз мондагӣ ва монанди он падид омада бошад ва ё таби вабоӣ чунин бувад. Ё мумкин аст, сурфа ба анбозии [тамоми] тан, вале бе таб ба амал ояд.
Бархе аз сурфа хушк ва бархе тар бувад. Сурфаи хушк онест, ки ҳангоми он балғам наояд. Ин гуна [сурфа] ба сабаби бадмизоҷии ё гарм, ё сард ва ё хушки сода ба амал ояд. Гоҳе мумкин аст, ҳангоми оғоз ёфтани омосҳои гарм андар ноҳияҳои сина ориз шуда, то пухтани онҳо давом кунад. Гоҳе ҳамроҳи омоси сахт сурфаи ниҳоят хушк ба амал ояд. Ин гуна [сурфа] мумкин аст ба сабаби омосҳои ҷигар ва ноҳияҳои меълоқҳо ва гоҳо ба сабаби омосҳои испурч падид ояд. Ё мумкин аст ба сабаби хунобае ориз бигардад, ки фазои синаро пур карда бошад ва ҷуз ба ёрии сурфа ронда нагардад.
Бидон, ки гоҳе ба сабаби сурфа чизи санггардидае чун нахӯд ва ё жола берун ояд ва сабаби ин хилти ситабрест, ки гармӣ онро санг гардонида аст. Андар ин бора Искандар шоҳидӣ додааст ва Фулус ҳам шоҳидӣ дода гуфтааст, ки ин гуна чиз ҳангоми омадани балғам берун ояд. Мо низ инро мушоҳада кардем.
Сурфаи сахт аксар вақт боиси хун партофтан бигардад. Сурфа ҳангоми зимистон ва баҳори зимистонӣ ва гоҳе андар баҳори муътадил низ афзоиш ёбад. Аксар вақт ҳангоми вазидани боди шимолӣ ба амал ояд. Агар тобистон шимолии камборон ва хазон ҷанубии серборон ояд, андар зимистон сурфа зиёд шавад.
Нишонаҳо: Нишонаи сурфаи сард ин аст, ки бо афзудани сардӣ биафзояд ва бо коҳиш ёфтани сардӣ ва ҳангоми гармӣ бикоҳад, ранги рӯй арзизӣ ва ташнагӣ кам бувад. Гоҳе ҳамроҳи [сурфаи] сард назла падид омада, фуруд омадани чизе ба сӯи сина, густариш ёфтани он андар гулӯ ва ба изофаи ба сӯи бинӣ кашида шудани модда гаронӣ ҳис карда шавад. Он чи ки ба сӯи гулӯ ояд, бо гулӯ равшан кардан биафтад. [Низ] нишонаҳои назла аз қабили хор-хораки маҷроҳои назла, ё азҳамкашидагии бахшҳои ба пешонӣ пайваста, суддаи бинӣ ва дигар чизҳо мушоҳада карда шаванд. [Ҳангоми оғози сурфаи бо назла] балғам наояд, сипас чизи балғамӣ ва ё моил ба зардӣ ва сабзӣ партофта шавад. Гоҳе мумкин аст ҳамроҳи он таб падид ояд.
Нишонаи сурфаи гарм афрӯхтагӣ, ташнагӣ, аз об дида бештар аз ҳавои сард ором ёфтан, сурхии рӯй ва бузургии набз мебошад.
Нишонаи сурфаи тар рутубати гавҳари шуш, андар пирон ва касони тармизоҷ ориз шудани он ва бисёр хурхур кардан хусусан ҳангоми хоб ва баъди он мебошад.
Нишонаи сурфаи хушк ин аст, ки аз ҳаракату гуруснагӣ афзоиш ва аз оромию серӣ, гармоба кардан ва чизҳои тарифизой ошомидан коҳиш ёбад. Нишонаи сурфаи содаи ҳамаи ин намудҳо ин аст, ки ҳеч балғам наояд. Нишонаи он сурфае, ки бо модда аст, омадани балғам мебошад ва ҷинси балғам ба ҷинси модда далолат кунад. Нишонаи он сурфае, ки аз сабаби омосҳо ва ғайра падид омада бошад, вуҷуд доштани нишонаҳои омосҳои гарми паҳлу ва шуш ва дигар чизҳое бошанд, ки андар боби [омосҳо] ёд хоҳем кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор