Қонуни тиб

Аз ҳадд зиёд барои ҳаракати сахт кӯшидани ҳамаи ин андомҳо ба чаҳор сабаб аст: 1) Ё ба сабаби бузургии ҳоҷат аст, ки ба афрӯхтагии гармии атрофи дил ва шуш вобаста бошад. 2) Ё ба сабабест, ки андар мушакҳои ҳаракатдиҳанда ҷой дорад. Масалан, онҳо худ ба худ ва ё ба анбозии [андомҳои] асосии дигар суст шаванд, чунонки ҳангоми поён ёфтани [бемориҳои] диққ ва сил чунин бошад ва ҷамъ шудани рим низ қувватро суст кунад, ё вобаста ба иллати афзории хосси онҳост, ки ё худ ба худ ва ё ба анбозии дар боло ёдшуда падид омада, аз қабили ташаннуҷ, (215) ё фалаҷ, ё бадмизоҷӣ, ё омос, ё дард ва ё дигар бемориҳои онҳоро оризшаванда бувад; ё ба монеае вобаста бошад, ки мушакҳоро рӯй дода, фарохшавӣ нагузорад, масалан, пурии меъда аз ғизо ва ё бодҳо агар аз ҳад бигузарад, ҳиҷобро аз ҳаракати кушодашавӣ боз дорад ва он кушода шудан натавонад. 3) Ё ба сабаби тангии гузаргоҳҳои нафас, яъне ҳанҷара, ҷӯйчаҳои нои шуш ва шараёнҳо ва дигар гузаргоҳҳои ба онҳо пайвастае аз қабили ковокиҳои шуш алоқаманд аст. Дар ҳақиқат агар [ковокиҳои шуш] бо хилтҳо пур шаванд, андар онҳо судда зиёд бигардад ва ё омос падид ояд. Чунин ҳол худовандони дамкӯтоҳӣ, худовандони рими [шуш] ва худовандони омоси шушро рӯй диҳад. 4) Ё ба сабаби ғофил мондан аз нафасгирист, ки баҳуда ва ё беҳуда буда, бар асари он муддати миёни ду нафасгирӣ дароз бикашад ва бинобар он аз барои пур кардани камбудии пеш омада ба нафаси бузург кашидан ҳоҷат биафтад. Масалан, нафаси каси ақлаш парешон, ки сардии дилаш чандон зиёд нест, ҳамин гуна бувад. Вай аз нафас гирифтан ғофил монда, сипас бо кӯшиши зиёд нафас бигирад. Аз ҷумлаи ин гуна зарурат нафаси бузург кашидани шахси хобида мебошад, зеро ҳангоми хоб бухорҳои дудии зиёд ҷамъ шаванд, вале иродаи берун кардани нафас то замони афзоиш ёфтани зарурат аз нафасгирӣ ғофил монад. Бинобар ин ночор нафаси бузург бароварда шавад. Нафаси касоне низ чунин аст, ки мизоҷи дилашон на ба андозае гарм бошад, ки тақозои нафас кунад. Бинобар он нафасгирӣ то ҳангоми зарурат тарк карда шавад ва миқдори андар ин муддат нарасидани нафасро бо кашидани нафаси бузург пурра кунанд.
Нишонаҳо: Нишонаҳое, ки бо онҳо сабабҳои пурра ҳаракат кардани синаро аз якдигар фарқ кунанд, инҳост:
агар он ба сабаби бисёрии ҳоҷат буда, қувват қавӣ бошад, нафас чи ҳангоми даромадан ва чи ҳангоми дамидан зиёд буда, эҳсоси гармии сӯзон бидиҳад, набз низ бузург буда, бар гармӣ далолат кунад ва нишонаҳои афрухтагӣ андар сина, рӯй, чашмон, андар рангу дуруштии забон ва дигар [андомҳо] ҳувайдо бошанд. Агар чунин [ҳолатҳо] набошанд, қувват наафтида бошад ва агар чунин бинамояд, ки [андомҳои нафаскашӣ] пурра васеъ шудан наметавонанд, пас, сабаб тангие бувад, ки андар яке аз [афзорҳои] баршумурдаамон афтида бошад. Агар ҳамаи андомҳо кӯшиши ҳаракат кардан кунанд, вале сипас на чандоне ҳаракат кунанд, ки қобили эътибор бошад, ба тамоми кушодагӣ кушода нашаванд ва чуноне бошад, ки кори ношуданиеро хоста бошанд ва [изофа ба он] ҳамаи бори нафаскашӣ бар бинӣ буда, ҳангоми нафас баровардан дамандагӣ ҷой надошта бошад, пас, қуввае, ки мушакҳоро ба ҳаракат оварад, ба офат гирифтор шудааст.
Агар тангӣ аз сабаби тарӣ андар ной ва бахшҳои бад-он пайваста падид ояд, ба изофаи [дигар] нишонаҳо хур-хури нафас ҷой дошта, худованди он ба гулӯ равшан кардан ниёзманд бувад. Ин нишона изофа ба нишонаҳои тангии ҳамагонист. Агар ин [нишона] набошад, пас, сабаби [тангӣ] фурӯтар ҷойгир шуда бошад. Ҳар гоҳ тангии хур-хурнок якбора падид ояд, пас, ба шуш моддае аз қабили назлаҳо рехта бошад ва ё хуноба ва рими ягон андоме ба якборагӣ нахуст ба сӯи шуш рехта, сипас ба сӯи ной омада бошад.
Фасли нуҳум андар баёни нафаси сахт
Ин нафасест, ки ҳангоми он баробари бузургӣ қувват ба такаллуфи зиёде кӯшиши кашидани нафас кунад ва ҳангоми баровардан дамандагӣ ҷой дошта бошад. Яъне ҳамроҳи бузургӣ кӯшиши қавӣ мавҷуд бувад.
Фасли даҳум андар баёни нафаси баланди болораванда
Нафаси баланд синфе аз нафаси бузургест, ки ҳангоми он ба ҳаракат додани мушакҳои бахши барсӯвини сина эҳтиёҷ биафтад, вале ба ҳаракат додани ҳиҷоб ва мушакҳои поёнии сина эҳтиёҷе набошад. Аксар вақт ин навъи нафас ҳангоми табҳои вабоӣ падид ояд.
Фасли ёздаҳум андар баёни нафаси хурд
Донистани сабабҳои ин ба тариқи муқобала ба донистани сабабҳои нафаси бузург вобаста аст. Гоҳе хурдии нафас ба сабаби дард падид омада, дард миёни андомҳои нафасгирӣ ва ҳаракатҳои онҳо ҳоил биафтад ва гоҳе ба сабаби тангӣ нафас хурд шавад. Агар ноҳамвор омадани нафас297 қарини хурдӣ бошад, бар марги табиат гувоҳӣ диҳад, агар думодумӣ қарини он бошад, бар дарде аз қабили решҳо ва омосҳо гувоҳӣ диҳад, ки андар андомҳои нафаскашӣ ва андомҳои бад-онҳо наздик, мисли меъда ва монанди он, падид омада бошад.
Нишонаҳо: Нишонаҳои он сабабҳои нафаси хурд, ки муқобили сабабҳои нафаси бузурганд, ба ҳасби муқобала маълум бошанд. Аммо бар нафасе, ки хурдии он аз сабаби дард аст, на тангӣ, вуҷуд доштани дард гувоҳӣ диҳад ва агар худованди дард бардошту тоқат кунад, нафаси ӯ мумкин аст бузург бигардад. Бо вуҷуди он андар миёни нафасгирӣ гоҳе (216) ба тақозои зарурат, бардошти дард ва ё ба сабаби заруратан фаромӯш кардани дард, нафаси бузург ба амал ояд. Хурдие, ки аз сабаби тангӣ бошад, бар хилофи ҳамаи ин бувад.
Фасли дувоздаҳум андар баёни нафаси дароз
Ин нафасест, ки муддати ҳаракат додани ҳаво ҳангоми кашидан ва рондани он дароз бошад, то ки қувват имконият ёфта, ҳавои зиёдеро ба тасарруф бидароварад. Гоҳе мумкин аст [112] дарде ва ё тангие аз бузург ва тез нафас гирифтан боз дорад ва бинобар ин дароз нафас гирифтан ба кашидани он миқдор ҳавое бархезад, ки ҳангоми нафаси бузургу тез кашидан битавон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор