Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар ин бархе аз нафас бузург, бархе хурд, бархе дароз, бархе кӯтоҳ, бархе тез, бархе оҳиста, бархе гуногун, бархе думодум, бархе танг, бархе фарох, бархе сабук, бархе душвор, бархе қавӣ, бархе заиф, бархе гарм, бархе сард, бархе ҳамвор ва бархе ноҳамвор буванд. Бархе аз синфҳои нафас дорои исмҳои махсусанд, масалан: нафаси бурида, нафаси дучандӣ, нафаси рост истода, нафаси хуноқӣ ва нафаси иҷбории фосиладор, чунонки ҳангоми сакта ва монанди он рӯй диҳад.
Офатҳое, ки андар андомҳои нафаскашӣ ориз шуда, аз сабаби онҳо андар нафас осеб ворид шавад, ё андар андомҳои нафаскашӣ, ё андар сарчашмаҳои онҳо ва ё андар [андомҳое] биафтанд, ки аз тариқи ҳамҷаворӣ бо [андомҳои нафаскашӣ] анбозӣ кунанд. Андомҳои нафаскашӣ ҳанҷара, шушу ной, рагҳои дурушт, шараёнҳо, ҳиҷоб, мушакҳои сина ва худи сина ба шумор бираванд. Гоҳе агар сина танги хурд бошад, офат мумкин аст андар худи он биафтад ва бар асари он андар нафаскашӣ халал ворид ояд. Аммо саргаҳҳои онҳо худи мағз ва ё ҳароммағз низ ба шумор биравад, зеро он сарчашмаи растани ҳиҷоб аст ва бештари он аз ҷуфти чаҳоруми асабҳои ҳароммағз растааст. Бо вай шохае аз ҷуфти панҷум ва шашум ва асаби ба сӯи онҳо оянда пайваста мебошанд. Аммо андомҳои аз тариқи ҳамҷаворӣ анбоз мисли меъда, ҷигар, раҳм, рӯдагон ва дигар андомҳои андарунӣ буванд.
Ин гуна газандҳо ё бадмизоҷии сустиоварандаи гарм, (214) ё сард, ё тар ва ё хушки сода аст ва ё бо модда. Вай аз хилти ё бандгардида, ё ба миқдори зиёд андар андом рехташуда, ё часпак, ё ситабр, ки чирку рим аз қабили он буванд, ё аз бод ва ё бухор падид ояд. Ё мумкин аст [сабаби офат] бемории афзорие аз қабили фалаҷ, ё ташаннуҷ, ё аз ҳам боз шудани чизи ягонае бошад, ки аз сабаби кафидани [раг], ё гандидан, ё реш шудан, ё хӯрандагии омоси чи сард, чи гарм ва чи сахт ва ё дард ба амал ояд.
Ту аз он чи ки мо бароят ҳикоят кунем, хоҳӣ донист, ки нафас ба таври қавӣ далолаткунанда буда, ба равиши набз аст, вале пеш аз ин бояд одати [беморро] ба эътибор бигирӣ, чунонки ҳангоми набз низ туро ба эътибор гирифтани ҳолати табиии муқаррарӣ воҷиб ояд.
Фасли ҳаштум андар баёни нафаси бузург ва хурд ва сабабҳову далелҳои онҳо

Нафаси бузург нафасест, ки ҳавои сахт зиёди беш аз
миқдори муътадилро фаро бигирад. Яъне нафасест, ки
баробари он андомҳои нафаскашӣ андар ҳамаи ҷиҳатҳо
ба таври зиёд фарох бигарданд, то ки чизи кашида ҳар
чи бузургтар бошад. Ҳангоми нафаси хурд ва танг ҳол

[111] бозгуна ва чизи кашидашуда хурд бувад. Ҳангоми берун рондани [ҳаво] низ чунин бошад.
Сабабҳои нафаси бузург айни сабабҳои набзи бузурганд, яъне се [сабаби] ёдшударо дар назар дорам.296 Гоҳе чунин гумон кунанд, ки нафаси хурд нафасест, ки бо ҳаракат додани танҳо ҳиҷоб тамомият ёбад, вале ин ба таври мутлақ дуруст нест. Нафасе, ки танҳо бо ҳаракати ҳиҷоб падид ҳамеояд, агарчи нафаси хурд бошад ҳам, гоҳе муътадил аст, зеро агар ҳиҷоб қавӣ бошад, нафаси муътадил эҳтиёҷ ба ҳаракати ғайри ҳиҷоб надорад. Гоҳе ба ҳангоми сустии ҳамаи андомҳо ҳар чанд ки ҳамаи онҳо ҳаракат кунанд, вале нафас хурд бошад. Андар ин ҳолат як ҳиҷоби танҳо барои нафасгирии мавриди эҳтиёҷ, агарчи ин эҳтиёҷ ба нафасгирии муътадил бошад ҳам, кифоят накунад, балки ба кумаки ҳамаи [андомҳо] эҳтиёҷ биафтад. Сипас бо ёрии ҳамаи онҳо низ мумкин аст аз уҳдаи чунин кашидани ҳаво ва берун рондани он, ки аз тарафи як худи ҳиҷоб ҳангоми солиму дуруст ва қавӣ будани он анҷом дода мешавад, баромада нашавад. Чунки ҳеҷ як аз он андомҳо кушодани пурраро ба амал намеоварад ва на ба қадре кушодан тавонад, ки ҳангоми ёрии дигарон аз дастиҷамъии ҳамаи онҳо кушодани кофӣ ва муътадили шуш ҳосил бигардад. Ин ба сабаби нотавонии қувваҳо ва ё ба сабаби тангии гузаргоҳ ба амал ояд, чунонки ҳангоми омоси шуш чунин рӯй хоҳад дод.
Бояд бузургии нафасро аз рӯи миқдори он ҳавои гирифтаву рондашудае ба эътибор гирифт, ки андар ин ҳангом сарф карда шавад ва [бояд дар назар дошт], ки ин кор ҷуз ба ҳаракати якҷояи мушакҳои сина ва мушакҳои аз паси онҳо буда тамомият намеёбад. Сипас [ин ҳукм] баръакс намешавад, то ҳар бор ки ҳамаи мушакҳо ба ҳаракат оянд, ин нафаскашии бузург бошад, балки ин ҳангоме мумкин аст, ки агар ҳамаи онҳо чунон ҳаракате кунанд, ки аз ҷиҳати фарохию тангӣ имконияти ба ҳавои зиёд тасарруф кардан бидиҳад. Нафаси хурд бар хилофи ин аст. Гоҳе шиддати ҳаракати андомҳои нафаскашӣ ҳангоми гирифтани ҳаво ба ҳадде бошад, ки ҳаракати кушодашавии онҳо аз сӯи пеш то устухони чанбари гардан, аз сӯи пас то устухони китфҳо ва аз ду бар то ба сергӯштии китф бирасад. [Ин мушакҳо] гоҳе аз ҳар ду сӯрохи бинӣ ёрӣ бигиранд, балки дурусттараш ин аст, ки онҳо андар аксари ҳолатҳо ёварӣ кунанд. Гоҳе ҳолати фишурдашавӣ ва кушодашавӣ аз ҷиҳати бузургию хурдии [нафас] аз ҳам фарқ кунанд. Гоҳе фишурдашавӣ ва гоҳе кушодашавӣ бузургтар бошад ва ин ба ҳасби моддаест, ки аз тариқи фишурда шудани [ҳаво] эҳтиёҷ ба баромадан дорад ва ба кайфияте [вобаста аст], ки аз тариқи кашидану васеъ шудан бояд муътадил бигардад.
Эҳтиёҷи кадоме аз ин ду заруртар бошад, ҳаракати муносиби он буда зиёдтар бошад. Ҳар гоҳ эҳтиёҷ ба рондани бухори дудӣ ба сабаби бисёрии миқдори он ва ё тезии кайфияти он бештар бошад, ҳаракати фишурдашавӣ бузурги даманда бувад. Агар эҳтиёҷ ба хомӯш кардани афрӯхтагии оташӣ ҷой дошта бошад, ҳаракати васеъшавӣ бузург бувад. Агар инсонеро чунин иттифоқ афтад, ки нафаси бузурггиранда набошад, балки хурд нафас бигирад, сипас ҳангоми баровардан бузургнафас бошад, ин далели он аст, ки гармии модарзодияш ноқис ва гармии бегона зиёд бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ