Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе аз он осудагӣ дарёфта шавад. Афзор чизест мисли лаҷом ва онро андар гулӯ бидароранд ва бахши даровардаро ба берун274 бикашанд. Фишурдан ҳангоми омосҳо сахт зиёнкор аст.
Ҳар гоҳ хуноқҳо шиддат ёбанд, доруҳо суде набахшанд ва ба ҳалок шудан бовар падид ояд, он чи ки метавон бадон умед баст, шикофтани нои шуш аст ва инро аз тариқи буридани пайвандакҳои миёни ду ҳалқаи ной ва аз ғайри расидан ба куркураки [он] ба амал оваранд, то ки аз тариқи он нафас бигиранд. Сипас баъд аз анҷом ёфтани тадбири омос чун он ҷойро бидӯзанд ва муолаҷа кунанд, беҳ шавад. Ҷиҳати муолаҷаи он чунин аст, ки сарро ба сӯи пас кашида бидоранд, пӯстро гирифта, пора кунанд, вале беҳтар он аст, ки пӯстро бо сардук бигиранд ва дур созанд. Сипас рӯи нойро кушода миёнҷои миёни ду ҳалқаро андар баробари чоки пӯст бишикофанд. Баъд чокро бидӯзанд ва бар вай хокаи зард бипошанд. Бояд лабҳои чоки пӯстро печида, алоҳида аз ғайри он ки осебе ба куркурак ва пардаҳо бирасад, бидӯзанд. Ҳукми ин гуна чок ҳамеша ҳамин тавр аст, агарчи на аз барои ин ғараз бошад ҳам. Агар чунин пиндошта шавад, ки андар худи он пайвандакҳо омосе ва ё офате ҷой дорад, андар ин ҳол набояд чок кардан ба кор бурда шавад. Агар бемор беҳуш шавад ва бими он бошад, ки ихтиноқи пурра ба амал хоҳад омад, зуд ба ҳуқнаҳои қавӣ рехтан, боз кардани раги зери забон ва раги пешонӣ ва бо буришу бе буриш миҳҷама ниҳодан бар пушт ва зери занах бипардозанд.
Агар сабаби ихтиноқ ва беҳушӣ ғарқ шудан бошад, чунин шахсро сарозер кунанд, то об берун ояд. Сипас ӯро бо чизҳое дуд андозанд, ки қавӣ ва хушбӯй буванд, то ба ҳуш ояд.
Шахсеро, ки аз (206) хуноқи аз фишурдани [гулӯ падидомада] раҳо ёфтааст, бояд раг бизананд, ҳуқнарезӣ кунанд ва якчанд рӯз ошомеро, ки аз орди нахӯд сохтаанд ва оби гӯштеро ба гулӯяш бирезанд, ки андар он нон ва зардии хояи мурғ ҳал карда бошанд. Бидон, ки ҳар киро андар гулӯ дард аст, аз кадом сабабе, ки набошад, беҳтар он аст, ки аз сухан гуфтан парҳез кунад.
Фасли ҳаштум андар баёни забонча ва бодомакҳо

Инҳоро гоҳе мумкин аст назлаҳо фуруд омада, ба ҳадде биомосанд, ки роҳи нафасро бигиранд. Гоҳе забонча аз ғайри омос дам карда, эҳтиёҷ ба доруҳои чи сард ва чи гарме падид ояд, ки онро қабз карда, хушкӣ физоянд ва гоҳе эҳтиёҷ ба буридани он ба амал ояд. Муолаҷаи он ба муолаҷаи хуноқҳо монандӣ дорад. Онро андар оғоз бо доруҳои олуданӣ муолаҷа карда, ба оҳистагӣ ба он бирасанд ва бо ёрии пар [дору] ба кор баранд, зеро бо ангушт бе маҳал расидан гоҳе боиси шиддат ёфтани [дард] бигардад. Агар забонча бузург ва кам афрӯхта бошад, бар вай [доруҳои] тунд бимоланд. Аммо [бисёр] афрӯхтаи онро чизе созгор бошад, ки мисли оби рӯбоҳразак ва мисли тухм ва барги гул беш аз ҳама сардифизост, зеро ин ду дору таъсири қавӣ доранд. Баъзе аз чизҳои андар ин бобат аз ҳама қавӣ самғи арабӣ, касиро, анзарут ва баспояанд, ки онҳоро ба намуди молиданӣ ба кор баранд.

Низ ду бахш гулнор ва як бахш замчи яманиро гирифта, онро бо пораи абрешимӣ бибезанд ва бо кафчаи сараш ба паҳноӣ бурида омехта созанд. Гоҳе андар онҳо заъфарон ва кофур афзуда, ба тариқи олудан ба кор баранд.
Инчунин мозуро бо сирко совида, бо ёрии пар [бар забонча] бимоланд. Низ оби анори турушро бо ҳамроҳии [доруҳои] гиранда ва инчунин санги шодана ва санги фарухиюсро275 ба тариқи сӯхта [ба кор баранд]. Низ сангеро, ки «оғиротус»276 ном дорад, санги афруҷ,277 табошир, гили набишта, гили арманӣ, рубби ғӯраи ангур, самари хори мисрӣ, замчи яманӣ ва тухми гулро гирифта, аз онҳо мисли аввала [дору] бисозанд. Бахур кардан бо мисли чӯбҳои шибит яке аз василаҳоест, ки забончаро ниҳоят қабз кунад. Низ фишурдаи анори ширини бо пӯсташ кӯфташуда [107] бо шашяки миқдори он аз ангубин, ки онро қивом дода, ситабр карда бошанд, олудании хубе хоҳад буд. Баробари ғарғара кардан бо доруҳои гиранда бояд пайваста ба оби гарм низ ғарғара карда шавад, зеро ин [забончаро] нарм сохта, аз барои пазируфтани таъсири доруҳои гиранда омода бисозад ва нагузорад, ки доруҳои гиранда онро сахт созанд. Агар доруҳои гиранда андар вай сахтӣ ва фишурдагии дардоваре аз худ ба ҷой гузоранд, луоб, самғ ва касиро, ё нашоста, анзарут, тухми хитмӣ, оби сабӯс ва оби ҷавро ба кор бибаранд ва ё фишурдаи навдаҳои авсаҷро бо панҷяки андозаи он аз ангубин ва ё бо як андозаи он аз рубб278 қивом кунанд ва ё ҷӯшонидаи гул ва тутумро бо шашяки андозаи он аз ангубин гирифта, онро биҷӯшонанд ва қивом дода, аз берун бо чизе тило кунанд, ки дорои хушкифизоӣ ва қабзи қавӣ бошад. Масалан, [бо доруе ба кор баранд], ки аз мозу, замчи яманӣ ва намак омода сохта бошанд ва чунонки гуфтаанд, ин бар ҳамаи дигар доруҳо пешӣ дорад.
Ҳангоми омоси савдовӣ як бахш мозуи норасида, аз зоги сурх ва тутум се бахшӣ ва сеяки як бахш ва аз намаки бирён бист бахш гирифта, ба кор баранд. Доруи [зерин] андар [ҳамаи] ҳолатҳову ҳангомҳо хуб аст: се бахш замчи яманӣ, ду бахш тухми гул ва як бахш қустро гирифта, бо паре онро ба тариқи зимод ба кор баранд, ки бо он забончаро бардоранд. Доруи [дигари зерин] бисёр хуб аст: фишурдаи анорро бо пӯсташ гирифта, бо баробари панҷяки миқдори он аз ангубин қивом диҳанд ва тило созанд. Низ як бахш замч, якуним бахш навшодир, ду сеяки як бахш мозуи норасида ва се бахш зогро гирифта, [ба кор баранд]. Агар беморӣ ҳар гоҳ ба марҳалаи ахир бирасад ва ё наздик ояд, мурр, заъфарон, мушки замин, чизҳои бад-инҳо монанд ва хусусан доришишиғон ба кор баранд. Шукуфаи гӯргиё, шохаҳои баласон ва ушнаро ба тариқи доруҳои олуданӣ ва обҳои онҳоро ба намуди ғарғара ба кор баранд ва хусусан агар онҳоро ғарғара кунанд, бо ҷӯшонидаи бехи ширинбаён,279 тухми гул ва ҳамроҳи ангубин ба кор баранд. Ҳар вақт андар гӯш равғани бодом бичаконанд, зеро он судманд аст.
Ҳар гоҳ бодомакҳо ва чизҳои бад-онҳо пайваста [рим] кунанд, ҷӯшонидаҳоеро ба кор баранд, ки андар боби хуноқ ёд шудаанд. Агар дард давом карда, ором нашавад, ба такрор исҳол ба кор бар. Агар бо ин кор ба охир нарасад, доруҳои ҳалкунандаи қавиеро аз қабили фишурдаи хиёри даштӣ, гӯгирд,280 қантуриюн ва натруни сурх бо ангубин ва ё танҳо ба кор бибар.

пешина
аз 1215
навбатӣ