Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Ё ин ки] бо сикангубин ва ё бо оби ангубин ғарғара кунанд.
Низ зимодҳое аз қабили зимоди шоҳтараро269 аз барои пазиш ба кор баранд. Чаконидани равғани бодом андар гӯш ба ин ҳангом судманд аст. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки [модда] намепазад ва агар сахтие низ бибинӣ, ки мавҷуд аст, бояд андар таркиби доруҳои он гӯгирд афзуда, ба кор бибарӣ. Агар [модда] пухта бошад, ба кафонидани омос пардохта, аз барои он доруҳои ғарғарашавандаеро ба кор бар, ки ба изофаи нармиоварӣ хусусияти кафониданро ҳам доранд. Мисоли ин баъзе доруҳои тезест, ки андар шир афканда, ғарғара кунанд. Агар [омос] зоҳир буда, дер бикашад ва сар наоварад, ба кор бурдани оҳан боке надорад.
Аз ҷумлаи доруҳои муътадиле, ки изофа ба он боиси зуд сар овардан бигарданд, ҷӯшонидаи анҷир бо шанбалиту хурмо, ҷӯшонидаи наск [106] бо гул, рубби ширинбаён ва тухми марв мебошанд. Баъди инҳо тадриҷан ба истеъмоли доруҳои қавитаре гузашта, бо рубби тут бура ва мурри зиёд270 биомезанд. Низ тухми марвро андар шири буз гудохта ва равғанҳои гармкунандаро хусусан бо ангубин ва шакар271 [ба кор баранд]. Гулӯро бо оби ангубине, ки андар он анҷир, пудина ва марзангӯш ҷӯшонида бошанд ва ё [бо оби] шибит, наъно, сисанбар ва бехи ширинбаён якҷоя ва ё танҳо ғарғара кунанд. Қуст ва хусусан қусти дарёиро андар ин гуна ҳолат суди азим аст. Ҳангоми ба поён расидани ростинӣ бо ёрии, масалан, натрун, бура, ангужад, мурр, мурч, гунди бедастар, саргини парасту ва саргини хурӯс оҳанги зудудани пурра ва кафонидани [омос] кунанд. [Доруҳои ёдшударо] бо рубби тут, балки бо навшодир, оқирқарҳо, тухми испанд ва хардал ва ё тухми турбро бо об ва сикангубин ғарғара кунанд. [Низ] ин доруҳоро ҳамчун доруҳои дамиданӣ ба кор баранд. Дамидани навшодир осудагӣ оварад. Ҳар гоҳ иллат паст шавад, шароб, гармоба ва дорурезиро ба кор хоҳанд бурд.
Сифати ҳаббе, ки ҳангоми интиҳои [беморӣ] судманд аст: чаҳор бахш бехи ширинбаён272 ва ним бахш ангужадро гирифта, бо фишурдаи каранб ва ё ширинии ангур ҷамъ созанд.
Яке аз илоҷҳои [омоси] балғамӣ ин аст, ки андар гулӯ химчаи пахш кардаи каҷкардаеро бидароранд, ки бар сари он пораеро печида бошанд ва бо ёрии он омосро тило кунанд ва рутубаташро пок созанд. Аз барои навъи куҳани он ангужадро бо дорчинӣ ба кор баранд, ё бо қуқиё, ё бо ёра ва монанди он исҳол оваранд ва бо хуқнаҳои тези сахт қавӣ ҳуқнарезӣ кунанд.
Ба ҳангоми муолаҷаи [омоси] савдовӣ нофеътарин дору доруи аз испанд сохташуда аст, ки онро аз дарун ва берун ба тариқи ғарғара ва молидан ба кор баранд. Аммо доруҳое, ки дорои хосият буда, ҳар вақте созгоранд, саргини сафеди саг ва гург буванд. Сагро гурусна бидоранд ва сипас ба он танҳо устухон бидиҳанд, то саргини сафед

орад ва камбӯй бошад. Низ бо саргини инсон ва хусусан кӯдак, чунин кунанд. Бояд кӯшиш кард, ки (205) ба андозаи гувориш таом бихӯрад. Беҳтарин ғизо барои ӯ нон ва андаке боқилии мисрист. Аз болои он шароби куҳан бидиҳанд ва сипас бирози ӯро гирифта, хушк кунанд ва он камбӯй бувад. Агар ӯ ба изофаи нон ягон чизи дигаре бихоҳад, бояд ғизоҳои хубгувори хубкимуси ба иътидол гарммизоҷе аз қабили гӯшти мурғ, кабк ва дасту пои буз бидиҳанд, зеро ин ғизоҳо ба изофаи хубгуворишӣ бирози камбӯй ҳосил кунанд.
Яке аз доруҳои бо хосият амалкунанда парастуи сӯхташудаест, ки ӯро нахуст забҳ кунанд, то хун бар болҳояш бирезад. Сипас бар вай намак пошида, андар кӯзаи гилкоришуда ниҳанд ва сарашро сахт баста, андар танӯр гузоранд. Вале агар онро андар кӯзаи обгинагии бо гили ҳикмат гилкорӣ шуда ниҳанд, ба наздики ман савобтар он аст. Саргини сахт сӯхтаи парасту низ [судманд бувад].
Гоҳе бар коми худованди хуноқ намакро бо ангубин, сирко ва равғани зайтун бимоланд. Ба ҳангоми омосҳои забонча низ чунин кунанд. Гоҳе заҳраи барзаговро бо ангубин, заҳраи сангпушт, шукуфаи мис, сарҳои моҳичаҳои намакхӯрдаро хусусан аз барои [омоси] забонча низ ба ком биниҳанд. Ғарғара кардан бо сикангубине, ки андар он тухми турб, қалқатор ва қалқадис ҷӯшонида бошанд, низ аз барои омоси гӯшти гирдогирди мулоза хуб аст.
Аз доруҳои мураккаб доруи тутро бо мурру заъфарон, доруи парасту, доруи испанд, доруи пӯсти гавзи тар, қурсҳои Андарун ва доруеро ба кор баранд, ки ба сифати зерин бошад: як уқия саргини сафеди сагро ба шакли андар сафол сӯхта ва ё носӯхта, ду дирам мурч, як уқиягӣ аз мозуи сӯхта, пӯсти анор, дандонхонаи хук, ё маймун ва ё кафтор ва ним уқиягӣ аз мурр ва қустро гирифта, андар [гулӯ] бидаманд ва ё бо ангубин бимоланд. Низ ба охири [беморӣ] ва ё ҳангоми шиддат ёфтани он бирози кӯдакро, ки аз хӯрдани нону боқилии мисрӣ ҳосил шуда бошад, саргини сӯхтаи саг ва парасту ва навшодирро андар рӯзе як чанд бор ба кор бибаранд.
Гоҳе забони худованди хуноқ низ ба ҳадде варам кунад, ки эҳтиёҷ ба муолаҷаи он ба миён ояд. Мо андар баёни омосҳои забон сухан рондем ва аз барои он чи ки хосси ин мавзеъ аст, бояд чизи андар он ҷой гуфташударо дубора ба такрор овард, бояд баъд аз раг задан кӯшид, ки бо ҳила моддаҳо ба сӯи поин кашида шаванд.
Гоҳе чунин кор андар ин мавзеъ аз ёраи фиқро ба амал ояд, зеро вай андар бобати паст фуровардани хилтҳое ба сӯи бахши барсӯвини даҳони меъда, сурхной ва гулӯ дорои хосият аст273. Сипас аз болои он доруҳои сардифизои пасгардонандаеро аз қабили фишурдаи коҳу ба кор баранд. [Фишурдаи коҳу] дорои хосиятест, ки аз тариқи хобҳои ростинӣ аз он огоҳӣ ёфтаанд. Сипас агар эҳтиёҷ ба ҳал кардани латифе ба миён ояд, низ чунин кунанд.
Аммо он чи ки аз барои тадбири хуноқи аз бе ҷой шудани муҳраҳо падидомада судманд аст, ин аст, ки бо ҳила он мавзеъро оҳиста ба сӯи пас бифишоранд ва бошад, ки муҳра ба ҷои хеш баргардад. Гоҳе ин гуна фишурданро бо ёрии афзор ва ё бо ангушт анҷом диҳанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ