Қонуни тиб

Ё бист дона бодоми муқашшар, якуним дирамӣ аз бура, афюн ва
кундур, шаш дирам заъфарон ва якуним дирамӣ аз борзаду мурр гирифта, ҳамаро ҷамъ созанд, бо сиркои қавӣ
совида хушк кунанд ва ба ҳангоми ҳоҷат бо равғани гул
тар карда, [андар гӯш] бичаконанд. Агар андар [гӯш] рим
бошад, ба ҷои сирко хамр, ё ангубин ва ё сикангубин ба
кор баранд.230
Фасли панҷум
андар баёни бонг, танин
ва ҳуштак кашидани гӯш
Ин чунин ҳолатест, ки инсон пайваста аз ғайри сабаби берунӣ овозеро шунида истад [80] ва қиёси ин нисбат ба биноӣ ҳамчун қиёси хаёлҳо ва торикиҳоест, ки инсон аз ғайри сабаби беруна онҳоро бибинад. Азбаски сабаби садо мавҷ заданест, ки ҳаворо ориз шуда, ба ҳосса ҳамерасад, пас, боистӣ ҳангоми ин ғараз, ки андар зимни он аз бонгу танин сухан ҳамегӯем, ҳаракати ҳаво ҷой дошта бошад. Чун ин ҳаво ҳавои беруна нест, пас, вай ҳавои дарунист ва ҳавои дарунӣ бухорест, ки андар тиҳигоҳҳо рехта шавад. Ин мавҷзанӣ ё мумкин аст чандон ноаён бошад, ки бухори андар шикамҳои [мағз] рехташуда қариб аз он ҷудо шудан натавонад ва ё мумкин аст бештар аз он [намоён] бошад. Агар он ноаён буда, аз ҷинси [ҳавое] бошад, ки аз он холӣ будани [тиҳигоҳ] душвор аст ва агар андар бархе аз танҳо чунин рӯй диҳад, ки мисли ин гуна бонгу танин шунида шавад, вале андар бархеи дигар чунин ориз нагардад, ин ё ба сабаби тезии ҳиссе ба амал ояд, ки андар бархе вуҷуд дорад ва андар бархеи дигар не ва бар қиёси он чизе бошад, ки ҳангоми баёни чӣ гуна пеши назар омадани хаёлҳои [дурӯғин] ёд кардем ва ё ба сабаби нотавонии хеш чунин буда, бар асари он аз камтарин мавҷзанӣ мутаассир бигардад, чунонки каси заиф бо андак сардӣ сардӣ ва бо андак гармӣ гармӣ ҳис кунад. Синфҳои нотавонӣ, чунонки ҳамедонӣ, аз синфҳои бадмизоҷӣ падид оянд.
Агар [мавҷ задани ҳаво] беш аз ҳавои ноаён ва беш аз дараҷае бошад, ки бо он қавию заиф аз ҳам фарқ кунанд, пас, сабабаш вуҷуд доштани чизест, ки бухорро беш аз ҷунбидану мавҷ задани муқаррарӣ биҷунбонад ва мавҷ бидиҳад. Мавҷдиҳандаи бухор ё бодест, ки андар ноҳияи сар зода шуда, андар он ҳаракат кунад, ё ҷӯшиши зардобест, ки гоҳе андар он [гӯш] зода шавад, ё ҷӯшиши чиркест, ки андар ноҳияҳои он ҷой дошта бошад ва ё ҷунбидани кирмест, ки бисёр вақт андар гузаргоҳҳои [гӯш] падид ояд. Сабаби пеш аз ин сабабҳо буда ё изтиробест, ки хилтҳои тамоми танро ба шӯр оварад, чунонки ҳангоми табҳо ва ҳангоми оғози навбатҳои табҳо чунин бошад, ё пурии ба ифроте андар тан ва ё хосси сар бошад, чунонки баъд аз мастии зиёд ҳамин гуна бувад ва ё изтиробе бошад, ки ба таври махсус ба сӯи мағз равона бошад, чунонки баъд аз қаи сахт овардан, ё баъд аз расидани садма ва ё кӯфт ҳамин гуна [ҳолат] падид ояд.
Бисёр бошад, ки [бонгу танин] на ба сабаби изтироби ҳаракат, балки ба сабаби моддаи часпаке ба амал ояд, ки оҳиста-оҳиста ҳал шуда, бод бигардад ва ин ҳол дер давом кунад. Гоҳе [бонгу танин] мумкин аст ба сабаби
ниҳоят холӣ шудани [шикам] ба амал ояд. Ин низ ба иллати изтиробест, ки андар рутубатҳои андар тан парокандаи оромхобида биафтад, зеро ҳар гоҳ табиат ғизо наёбад, ба ҳал кардану ба ҳаракат овардани онҳо бипардозад. Гоҳе бонгу танин аз паси доруҳое падид ояд, ки хосияти андар ноҳияҳои мағз банд гардонидани хилтҳову бодҳоро дошта бошанд. Сабаби ин гуна бонг гоҳе мумкин аст андар худи гӯш ҷой дошта бошад ва гоҳе мумкин аст ба анбозии меъда ва дигар андомҳе падид ояд, ки ин бодҳоро ба сӯи [гӯш] бифиристанд.
Нишонаҳо: Сабаби он [овозҳову бонгҳое], ки пайваста ва доимиянд, андар худи сар ҷой дорад, вале агар ба ҳасби пурию холигии шикам, ё ҳаракат ва ё ҳангоми шиддат ёфтани гармӣ ва сардӣ хомӯш шуда, боз баланд шаванд, пас, ин ба сабаби анбозӣ бувад.
Сипас ҳайъати садо низ бад-он гувоҳӣ диҳад. Гоҳе он чунон бошад, ки гӯӣ садои чизи ҷӯшишаш рӯ ба афзоиш аст ва бештари ин ба анбозии тан ва меъда бувад. Ё чунон бинамояд, ки гӯӣ садои чизи бар гирди худ чарханда буда, мисли шибир-шибири дарахтон аст. Ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки бод пинҳон аст. Агар андар ин миён таб ва дарде ҷой дошта бошад, ки боиси падид омадани фарошо бигардад, ин бар фароҳам омадани рим далолат кунад. Агар ба амал омадани [садо] ба тариқи дафъа-дафъа (156) ва пинҳони пайваста сурат гирад, ин ба иллати хилти часпак бувад.
Бар [садое], ки ба сабаби тезии ҳис ба амал ояд, набудани сабабҳои аз бодҳо ва пурӣ вобаста, покии шунавоӣ ва ҳангоми холигии шикам ва гуруснагӣ ба шӯр омадани он далолат кунанд. [Садое], ки аз хушкӣ падид омада бошад, пас аз истифроғҳо ва табҳо ба амал ояд. Аммо [садое], ки аз сабаби нотавонӣ бархезад, инро аз тариқи [ҳолатҳои] ифротии гузашта бидонӣ. Гоҳе мумкин аст [садо] баробари мизоҷи гарм вуҷуд дошта бошад, андар ин ҳол вай якбора ва бо афрӯхтагӣ падид ояд. Аммо ҳангоми [мизоҷи] сард баръакс бувад.
Илоҷ: Ҳамаи ин гуна [беморон] бояд аз офтоб, гармоба, ҳаракати сахт, қай, садои баланд ва шикампурӣ худро дур дошта, табиатро нарм кунанд. Аммо ҳангоми [садо], ки ба анбозист, бояд ба [муолаҷаи] андоми фоили он, хусусан меъда пардохта, онро пок сохт ва рӯй ба мағзу гӯш оварда, ҳар дуро қавӣ сохт. Масалан, мағзро бо равғани мӯрд ва гӯшро бо равғани бодом ва ғайра [қавӣ созанд]. Ҳангоми ин [беморӣ] бояд ба мизоҷи аввалӣ нигарист ва тибқи қонунҳои маълум ба ёрӣ додани он пардохт. Ҳангоми [садое], ки аз пурии шикам хезад, низ чунин кунанд. Бояд тану сар бо ёрии чизҳое пок сохта шаванд, ки худ ҳамедонӣ ва тадбири [ғизоро] латиф кунанд. Аммо ҳангоми бонгзании буҳронӣ набояд ҳаракат кард ва он баробари рафтани таб биравад.
Ҳангоми [бонгзание], ки ба сабаби шиддат ёфтани ҳис аст, баъзеҳо истеъмоли доруҳои карахткунанда фармоянд.
Масалан, равғани гули бо сирко ҷӯшонидаеро, ки сифати он ёд шуд, бо каме аз афюн ва ё омехта бо равғани банг ба кор баранд ва ё шавкарони бо гунди бедастар сударо бо равған [ба кор баранд]. Беҳтарин чизе, ки фармудаанд, доруи зерин аст: чилғӯза ва гунди бедастарро гирифта, ҳар дуро бо равған андар сирко суда, андар гӯш бичаконанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор