Қонуни тиб

Ё масалан, равғани зайтуне, ки андар он сир пухта, сипас полида бошанд, ё равғани зайтун бо мурч, ё фурбиюн ва гунди бедастар, ё ба андозаи як донг ғолия андар як мисқол равғани бон ва ё ягон равғанеро аз равғанҳои гарми хушбӯй [бояд ба кор бурд]. Гоҳе мумкин аст худованди ин гуна дард шароби холиси қавӣ ошомида, бихобад ва чун аз хоб бархезад, ӯро ҳеҷ иллате намонда бошад.
Агар сабаби [гӯшдард] бодҳои сард бошад, он доруҳое аз барои он суд бахшанд, ки андар боби садову бонг задани [гӯш] ёд хоҳем кард ва [низ] он доруҳое [судманданд], ки андар боби [гӯшдарди] ба сабаби хилти часпак буда ва [гӯшдарди] ба сабаби сардӣ бархоста ёд шудаанд. Аз ҷумлаи корҳои муносиби ин [дард] он аст, ки миҳҷамаеро бо оби гарм пур карда, бар атрофи гӯш бичаспонанд ва андар гӯш судоб ва ҳамомо бо ангубин, ё қайсуму марзангӯшро андар равғани савсан карда, ё гунди бедастарро (154) ҳамроҳи инҳо баъд аз он ки инҳоро андар гунди бедастар ҷӯшонида, полида бошанд, ё натрун ва сиркоро бо равғани гул ва ё фишурдаи филгӯшро бичаконанд. Агар ба доруи аз ин ҳам қавитаре эҳтиёҷ биафтад, пас, масалан ё фурбиюн ва гунди бедастар бо равғани қуст ва ё қусти дарёӣ ва зарованд ба кор бибаранд. Гоҳе аз барои ин [дард] бо говарс ва намади тафсонида гармибандӣ кардан судманд аст.
Агар табишҳо сабабгори [дард] бошанд, бояд бо он чизе муолаҷа кард, ки андар боби табишҳои гӯш ёд шудаанд. Агар сабаб кирмҳое бошанд, ки андар гӯш зода шудаанд, пас, боистӣ бо чизе муолаҷа кард, ки андар боби кирмҳои андар гӯш зодашуда хоҳем овард. Агар сабаби [гӯшдард] андаромадани чизе аз об ва ё сангреза андар гӯш бошад, инро бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки андар он ҷой ёд хоҳем кард.
Агар сабаби [гӯшдард] омоси гарми сахт фурӯрафта бошад, ки он то ҳангоми фароҳам омадану чирк карданаш ба сабаби наздик будан ба мағз мавриди хатар аст, пас, баъд аз раг задану истифроғ кардан бояд нахуст доруҳои нармкунандаи сардифизой ва хусусан то се рӯз пайдарпай шир ба кор бибаранд. Инчунин равғани гули бо сирко ҷӯшонида, ки андар ибтидо ёд шудааст, сипас луоби шанбалит, луоби тухми катон ва луоби тухми марвро андар шир [ба кор баранд]. Оби печак яке аз чизҳои андар ин гуна ҳолат судманд бувад. Аз барои ин гуна [гӯшдард] кунҷиди кӯфташударо санҷидаанд.
Баъд аз ҳамаи ин бояд пайваста бо равғани зайтуни то андозае гарм гармибандӣ карда шавад. Бояд ин равған хуш ва ба изофаи он нимгарм бошад. Андар он пунбаи андар сари мили борик печидаро оғушта сохта, думодум андар гӯш кунанд. Аз берун [гӯшро] бо доруҳои нармкунандаи пазонанда зимод созанд. Агар дард сахт қавӣ набошад ва агар аз марҳалаи оғоз ёфтан гузашта бошад, бояд андар гӯш пиҳи рӯбоҳ, ё варал, босалиқун бо равғани гул ва ё равғани ҳино, ё пиҳи мурғобӣ ва ё пиҳи мурдорхор бичаконанд ва ё марҳаме биниҳанд, ки аз пиҳи мурғ ва мурғобӣ сохта шуда бошад.
Ҳар гоҳ омос сахт гарм набошад, ба ҳангоми он доруеро ба кор баранд, ки аз пиҳи гудохтаи буз ва ба қадри баробар омехта бо ангубин, майпухта ва зуфо бисозанд. Аз ҳар кадоми [чизҳои ахир] ба андозаи гудохтаи пиҳ бигиранд. Баъд [ин доруро] андар гӯш резанд. Яке аз доруҳои қавитар аз ин ва сахт пазонанда он аст, ки як уқиягӣ аз мурдосанг ва сафеда, се уқиягӣ аз кундур, гарди осиёб ва сақизи санавбар, як ратл равғани зайтун, ду ратл пиҳи хук ва ё пиҳи тозаи буз ва ба андозаи кофӣ тухми катонро гирифта, аз ҳамаи онҳо марҳам бисозанд.
Гоҳе эҳтиёҷ ба доруҳои карахткунанда биафтад ва боистӣ аз онҳо ба наҳве истифода бурд, ки баъд баён хоҳем кард.
Ҳар гоҳ омос рим кунад, бояд луоби катон бо равғани гул, ё равғани бобуна ва дигар чизҳоеро ба кор бурд, ки мо онҳоро андар боби худашон ёд хоҳем кард.
Ҳар гоҳ агар омос аз беруни гӯш бошад, камхатар аст ва онро бо орди ҷав муолаҷа кунанд. Зимоде, ки аз орди боқилӣ бисозанд, ниҳоят хуб аст ва он [ба гунаи зерин] бувад: орди боқилӣ, бобуна, бунафша, орди ҷав, хитмӣ ва шоҳафсарро кӯфта, бибезанд ва бо оби нимгарм ва равғани бунафша тар созанд. Гоҳе бо ангури сагак, равғани кунҷид ва орди гандум кифоят кунанд.
Аммо ҳангоми табишҳое, ки андар гӯш бароянд, агар ҷӯшонидаи анҷирро бо гандум андар гӯш бичаконанд ва ё аз он ба тариқи фатила ба кор баранд, кифоят бошад.
Гоҳе ба кор бурдани найча ба наҳве, ки ёд кардем,229 дардро ором кунад. Гоҳе барои карахт кардан ва ором сохтани дард мумкин аст чизе кифоят бошад, ки мо онро андар ин фасл баъд аз зикри найча оварем.
Бархе аз доруҳои барои ҳамаи дардҳои гӯш муштарак ва хусусан барои дарде, ки ба сардӣ бигарояд, инҳост:
равғани зайтуни норасидае, ки андар он саргингардон, ё харотин ва ё кирме ҷӯшонида бошанд, ки андар зери кӯзаҳо падид ояд; ё заҳраи моҳӣ бо равғани зайтуни норасида; ё пиҳи варал, ё мурдорхор ва ё куланг; ё равғани каждум, ки ниҳоят нофеъ аст; ё оби марзангӯши тоза; ё ҷӯшонидаи баргу пӯсти ғарб; ё харотини андар оби ҷӯшонидаю полидаи мурре пухтагӣ, ки андар он пиҳи мурғобӣ гудохта бошанд. Агар гӯшдард ниҳоят сахт ба сӯи сардӣ бигарояд, бояд ҷӯшонидаи заҳраи говеро ба кор бурд, ки [бад-ин сифат аст]: онро андар равғани хайрӣ ба андозае биҷӯшонанд, ки заҳра ҳал ва нестшуда бинамояд. Сипас онро аз оташ бардошта, чун ба тариқи чаконидан ба кор баранд, сахт аҷиб бошад.
Гоҳе ҳангоми муолаҷаи дардҳои сахти гӯш эҳтиёҷ ба истеъмоли доруҳои карахткунанда биафтад. Мисоли ин андаке аз филуниё бо шир бувад. Ҳамчунин қурсҳои заъфарон, қурсҳои ситора, ё афюн, гунди бедастар ва заъфаронро бо шири зан [ба кор баранд], вале бояд истеъмоли инҳоро то падид омадани бими (155) беҳушӣ мавқуф гузошт. Хусусан агар хилтҳои сард ҷой дошта бошанд, ин [доруҳо] ниҳоят зиён хоҳанд овард. Ҳар гоҳ аз истеъмоли доруҳои карахткунанда зиёне бирасад, гунди бедастарро баъди онҳо танҳо ба кор бибар.
Гоҳе аз гунди бедастар бад-ин гуна қурсҳо бисозанд, ки онро нек бисованд, сипас бар вай афюни суда бипошанд. Баъд, аз он бо шароби холис қурсҳо созанд.
Агар андар [гӯш] реши ниҳоят дардманде ҷой дошта бошад, ҳузазу афюнро бо шир ба кор бибар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор